САБАҚ

Осмон тира, ҳаво хунук. Зоғу зоғчаҳо қар-қаркунон аз ин сў ба он сў мепаранд. Гўё аз хунукии даҳшатнок хабар медиҳанд. Роҳгузарон парешонҳол, саросема. Марди миёнсоли чорпаҳлу дар қатори дигарон, ниҳоят ғамгин, сари хам ғарқи дарёи хаёлу андеша, вазнин-вазнин қадам монда мерафт. Ба назари ў ҳеҷ чиз наметофт. Ҷавони газгўште, ки аз қафои ў меомад, мардро шинохт ва хурсандона:

– Акои Мирзо! – гуфта овоз дод.

Мард истоду қафо гашт.

– Э!.. – гуфт ў. – Ин туӣ, Азиз…

Аз ин вохўрӣ Азиз беҳад хурсанд шуда, саросема саломалек кард, ҳолу аҳвол пурсид. Баъд маънидорона ба ў нигариста, суол дод:

– Хўш, ба тарафҳои мо кадом шамол паронд?

Мирзо сар ба зер афканд. Зоҳиран, ин пурсиш ба ў хуш наомад.

– Акои Мирзо, ягон гап шуд?

Мирзо сар бардошта, ба рўи Азиз нигарист. Чунин менамуд, ки аз чизе дар хиҷолат аст.

– Азиз, медонӣ… Ман… ба кор даромаданиам…

Ва ў боз сар ба зер афканд.

– Ба кор? Ба заводи мо? Чӣ, аз заводи яхдон рафтед магар? – тааҷҷуб кард Азиз.

– Пеш карданд.

– Пеш карданд? Э не-е? Шўхӣ накунед.

– Не, шўхӣ не, – ҷиддӣ рад кард Мирзо.

– Кӣ? – бетоқат пурсид Азиз.

– Давлатқабул.

– Давлатқабул? – ҳайрон шуд Азиз.

– Ҳа, – ҷавоб дод ў. – Чӣ нашунидаӣ магар?

– Ҳа-а, шунидам. Чанд корхона ба қабули давлатии маҳсулот гузаштааст. Мегўянд, ки кор бениҳоят душвор шуда истодааст. Хело сахтгир аст.

– Ҳа, бо давлатқабул шўхӣ нашояд…

Онҳо маънидорона ба ҳам нигоҳ карданд. Баъд рўи харак барии якдигар нишастанд.

*      *      *

Коркуни давлатқабул Раҳим Исломов ба кабинети сарвараш Барышников сари хам ворид гашт. Ҳушаш парешон, қавоқаш гирифта. Барышников пеш ўро дар ин ҳол надида буд. Тааҷҷубомез ба чеҳраи ў назарее андохту пурсид:

– Ман туро ғамзада мебинам, Раҳим. Ягон воқеа рўй дод?

Раҳим ба ў нигоҳ накард, посухе ҳам надод. Гўё суханони ўро нашунид. Андешаманд рў-рўи кабинет мегашт.

– Чӣ гап?!

– А?..  – Раҳим беихтиёр чашмонашро мутаваҷҷеҳи симои сардор сохт ва ғақи андеша шуд.

– Боз ҳам ба фикр фурў рафтӣ?

– Бале, ҳамин тавр аст.

– Хуб, чӣ фикр мекунӣ?

– Ман… худам ҳам ҳеҷ сарфаҳ нарафта истодам…

Ва ў аз шубҳаи худ нақл намуд. Ҳамон пагоҳӣ ў ба кор омада дид, ки ба ду яхдон мўҳри давлатқабул задагӣ. Моту мабҳут гашт. Охир онҳоро дина напазируфта буд-ку? Ноқисӣ доштанд. Ислоҳ кунед гуфта буд. Хуб гуфта буданд. Дар ҳолати ногувор монд. Чунин мўҳрро танҳо ў дорад. Ва инашро ҳам хуб дар хотир дорад, ки ин ду яхдонро қабул накарда буд.

– Шояд фаромўш карда бошӣ? – гуфт сардор аз нақли ў шубҳа намуда.

– Алҳол аз хотираам шикоят надорам, – ранҷидахотир инкор намуд ў.

– Бубахш, ман туро ранҷониданӣ набудам…

– Ҳа, ана боз як детали аҷиб. Одатан барои мўҳр задан ман коғази кабудчатоб истифода мебарам. Дар ин ду яхдон бошад, коғази сафед ширеш кардагӣ.

– Аҷоиб,  – ҳайрон  мешавад сардор. – Аз ин мебарояд, ки касе мўҳри туро дуздидааст…

– Не, не, ин тамоман номумкин аст, – ҷиддӣ гуфт ў. – Мўҳр ҳамеша бо ман аст.

– Ба ягон кас надода будӣ?

– Не.

– Пас…

– Пас касе мўҳр дорад.

– О-о… О ин қаллобӣ-ку!

– Бале!

– Аз ақл берун!

Дар ҳақиқат ба ин бовар кардан маҳол буд. Лекин далел далел аст. Ҷои чашмпўшӣ нест.

Раҳим оҳе кашиду ҷиддӣ гуфт:

– Мўйро аз хамир ҷудо кардан лозим аст.

– Бале, ҳатман! Охир ин барои хадамоти мо доғ аст. Ҳмм… Ин кори кӣ бошад-а?.. Шояд?.. Не-не…

– «Дузд яктою гумонбар садто» гуфтаанд.

– Исто! Исто! Ба фикрам… Ёфтам! Ин кори Николай аст.

Раҳим бо ҳайрат ба Барышников нигарист.

– Чаро ҳайрон мешавӣ? Ёд дорӣ, чанд бор ў бо ту дастбагиребон шуда буд.

– Ёд дорам. Не, кори ў не. Ў кинагир нест. Аз дасташ бадӣ намеояд. Ин кори коргари баландихтисос аст.

– Аз куҷо медонӣ?

– Чунки чунин мўҳрро танҳо усто тайёр карда метавонад.

– Фикрат дуруст, – андешманд гуфт Барышников ва ғарқи андеша шуд.

– Ғусса нахўред, ҳатман ба даст меафтад. Давидани гўсола то каҳдон.

*      *      *

Кор чун ҳамеша ҷараён дошт. Раҳим сир бой надод. Гўё воқеае нашуда бошад, яхдонҳои нав пешниҳодшударо аз назар мегузаронад. Мирзо ба димоғи чоқ ба васли яхдон пардохту заҳрханда карда, худ ба худ ғурунгос зад:

– Ҳоло бо собуни ман ҷома нашустаед!

Аз бист яхдони пешниҳодшуда давлатқабул чортояшро гардонд. Раҳим камбудиҳои яхдонҳоро як ба як гуфт.

– Фаҳмидед?

– Бале!

– Ислоҳ кунед.

– Хуб!

*      *      *

Басти корӣ ба охир расид. Ҳамаи коргарон тараддуди хона рафтан доштанд. Танҳо Мирзо ҷумбуҷул дошт.

– Акаи Мирзо, шуморо интизор шавем?

– Не, не, биравед, – ҷавоб дод ў. – Ман боз камтар кор мекунам.

– Қандаша занад, ғами истеҳсолота мехўрад.

– Фидоӣ аст…

Ҳама аз сех баромада рафтанд. Мирзо танҳо монд. Ба чор тараф дуздида нигоҳ кард. Кассе нест. Шод шуд. Фурсатро ғанимат дониста мўҳрро баровард. Ба яхдони якум пахш намуд. Қадаме қафо гузошту ба мўҳр зеҳн монд.

– Олиҷаноб!

Курта-курта гўшт гирифт. Мўҳрро ба яхдони дуюм зер кард.

– Э бале! Монда набошӣ?!

Аз ин овоз Мирзо як қад парид. Дилаш таҳ нишаст. Базўр ба қафо нигарист. Директори корхона, сардори давлатқабул ва Раҳимро дид.

– Ба давлатқабул ёрӣ дода истодаам гўй?!

Мирзо моту мабҳут шуд. Рангаш пахта барин канда, лабонаш пир-пир париданд. Мўҳр аз дасташ афтод.

– Ту аз даҳон сақичро мезадагӣ шудаӣ, – гуфт директор. – Қоил ман ба ту.

Мирзо ба монанди одами маст калавида-калавида берун рафт.

*      *      *

Мирзо нигоҳашро аз дуродур ғундошт. Хомўш монд.

– Баъд чӣ шуд? – бетоқат пурсид Азиз.

– Баъд? Чӣ мешуд? Аз корхона ронданд.

– Даҳ соли кор, хизмату ҳамин қадар мукофотҳоро ба инобат нагирифтанд?

– Не.

– Оҳ-ҳа, ана гапу мана гап! – дар тааҷҷуб монд Азиз. – Ҳо-о, бераҳмҳое…

– Не-не, онҳо бераҳм не.

– Чи хел бераҳм не?

– Замона  дигар шудагӣ Азиз, замона. Ҳа, давр даври ҳалолкор!..

28 декабри соли 1987

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …