Главная / Илм / СИСТЕМАИ МАЪЛУМОТДИҲАНДАИ WINDOWS

СИСТЕМАИ МАЪЛУМОТДИҲАНДАИ WINDOWS

Системаи оператсионии Windows бо системаи маълумотдиҳандаи мукаммал ва пуриқтидоре муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки истифодабарандагони компютер дар вақти дилхоҳ ба таври автоматӣ оид ба паҳлўҳои фаъолият ва имкониятҳои система ва замимаҳои он маълумотҳои заруриро дастрас намуда метавонанд.

Дар Windows роҳҳои бисёри дастраскунии маълумотҳои информатсионӣ пешбинӣ карда шудааст. Аз маълумотномаи система махсусан ҳангоми кор бо элементҳои идоракунии равзанаҳои робитавӣ хеле зиёд истифода мебаранд. Бо ин мақсад, дар кунҷи рости сатри сарлавҳаи ин равзанаҳои робитавӣ дар паҳлўи тугмаи тугмаи ҷойгир карда шудааст. Ҳангоми пахш намудани тугмаи нишондиҳандаи муш шакли -ро мегирад. Агар дар ин маврид нишондиҳандаи мушро ба болои ягон элементи идоракунии равзана гузошта тугмаи чапи мушро пахш кунем, он гоҳ дар экран оид ба функсияҳои он элемент маълумоти информатсионӣ пайдо мешавад.

Дар аксарият равзанаҳои робитавӣ ва баъзе равзанаҳои замимавии Windows барои гирифтани маълумоти информатсионӣ аз усули маълумотгирии контекстӣ истифода мебаранд. Моҳияти ин усул дар он аст, ки нишондиҳандаи муш ба болои ягон элементи идоракунӣ гузошта мешавад ва тугмаи рости он пахш карда мешавад. Дар ин маврид дар паҳлўи элементи интихобкардашуда тугмаи ва сабти Что это такое? (Ин чист?) пайдо мешавад. Агар тугмаи пахш карда шавад, он гоҳ оид ба функсияҳои элементи қайдкардашуда маълумот пайдо мешавад.

Усули аз ҳама асосӣ ва классикии истифодабарии системаи маълумотдиҳандаи Windows – ин истифодабарии командаи Менюи асосии система ПускСправка (ОғозМаълумотнома) ба шумор меравад. Ба ғайр аз Менюи асосӣ дар менюи равзанаи папка ё программаи дилхоҳ банди Справка (Маълумотнома) пешбинӣ карда шудааст, ки пас аз пахши он дар экран равзанаи системаи маълумотдиҳандаиWindows кушода мешавад .

Равзанаи системаи маълумотдиҳанда ба мисли равзанаи Роҳбалад аз ду панел иборат аст. Панели чапи он, ки панели навигатсионӣ ном дорад, аз се тугмаи қабатии Содержание (Мундариҷа), Указатель (Нишондиҳанда) ва Поиск (Кофту- ков) иборат аст. Панели навигатсионӣ барои кофтукови сарлавҳаи бобҳо ва мавзўъҳои системаи маълумотдиҳанда хизмат мерасонад. Панели рости равзана – панели моҳият ва мазмун ном дошта, барои инъикос намудани матни мавзўи интихобкардашуда хизмат мерасонад.

Ҳангоми фаъол будани тугмаи қабатии Содержание (Мундариҷа), бобҳои системаи маълумотдиҳанда ба мисли бобҳои китобҳо дар шакли иерархӣ дар экран инъикос карда

мешаванд. Бобҳоро ба воситаи пахшкунии тугмаи чапи муш кушодан мумкин аст. Ҳар як боб метавонад, дар навбати худ, зербоб ва мавзўъҳои алоҳидаи худро дошта бошад, ки онҳо низ бо ҳамон усул кушода мешаванд. Ҳангоми интихобкунии мавзўи мушаххас, мазмуни он дар панели рости равзана инъ икос меёбад. Дар мавриди фаъол будани тугмаи қабатии Указатель (Нишондиҳанда) маълумотҳои система аз рўи алифбо. Равзанаи системаи маълумотдиҳандаи Windows шакли рўйхат (пай дар пай) пайдо мешаванд. Аз ин тугма вақте истифода бурдан қулай аст, ки агар ба мо ягон маълумоти мушаххас лозим бошад. Ҳангоми ёфтани маълумоти зарурӣ (мафҳум, калима ва ғайра) ва пахши дукаратаи он дар панели рост матни мавзўе пайдо мешавад, ки ин маълумот дар он истифода шудааст.

Агар ба мо доир ба ягон мафҳум маълумот зарур бошад, вале мо пешакӣ надонем, ки он ба кадом боб ва мавзўъ тааллуқ дорад, он гоҳ аз тугмаи қабатии Поиск (Кофтуков) истифода мебарем. Барои ин калимаи заруриро дар майдончаи дохилкунӣ сабт менамоем ва тугмаи командавии Разде лы (Бобҳо)-ро пахш мекунем. Агар калимаи сабтшуда дар ягон мавзўъ истифода бурда шуда бошад, он гоҳ рўйхати ин гуна мавзўъҳо ба экран бароварда мешавад. Барои дидани матни мавзўе, ки дар он калимаи зарурӣ маҳфуз аст, пахши дукаратаи номи он ё пахши тугмаи командавии Вывести (Хориҷ карда шавад) кифоя аст.

Саволҳо:

  1. Кадом усулҳои дастраскунии маълумоти информатсиониро дар Windows медонед?
  2. Дар равзанаҳои робитавӣ барои дастрас намудани маълумоти зарурӣ оид ба вазифаҳои ягон элемент кадом тугма хизмат мерасонад?
  3. Усули маълумотгирии контекстӣ гуфта кадом усулро мегўянд?
  4. Системаи маълумотдиҳандаи асосии Windows-ро чӣ гуна ба кор медароранд?
  5. Оё ба воситаи менюи равзанаи папкаҳо ва программаҳо низ имконияти маълумотгирӣ мавҷуд аст ё не?
  6. Равзанаи системаи маълумотдиҳанда ба равзанаи кадом программа бештар шабоҳат дорад?
  7. Панели чапи равзанаи системаи маълумотдиҳанда чӣ ном дорад ва барои чӣ хизмат мерасонад? Панели рост чӣ?
  8. Функсияҳои тугмаҳои қабатии Содержание (Мундариҷа), Указатель (Нишондиҳанда) ва Поиск (Кофтуков) аз чӣ иборат аст?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед, мазмуни мухтасари онро дар дафтар нависед ва онро нақл кунед.
  2. Бо усули классикӣ (анъанавӣ – истифодабарии Менюи асосӣ) равзанаи системаи маълумотдиҳандаи Windows-ро кушоед ва онро муоина намоед.
  3. Пай дар пай тугмаҳои қабатии Содержание (Мундариҷа), Указатель (Нишондиҳанда) ва Поиск (Кофтуков)-ро пахш намоед ва бинед, ки дар экран кадом информатсия пайдо мешаванд.
  4. Аз тугмаи қабатии Содержание истифода бурда, оид ба тарзи кори программаи стандартии Игры барои худ маълумот гирд оваред.
  5. Барои пайдо намудани маълумотҳо доир ба ягон элементи равзана аз банди менюи равзана – Справка, усули контекстии маълумотгирӣ ва аз нишонаи истифода баред.
  6. Аз тугмаҳои қабатии Указатель ва Поиск истифода бурда, доир ба ягон мафҳуми компютерӣ маълумот ҷўстуҷў намоед.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …