СЎ3АНӢ

Сузанӣ аз Насаф будааст. Ба таҳсил ба Бухоро омад ва бар шогирди сўзангаре ошиқ шуд ва ба шогирдии устоди вай рафт ва дар он маҳорате тамом ҳосил кард ва ҳазл бар табиати вай ғолиб буд ва бинобар он ҳазёноти бисёр гуфтааст ва ин ду байт аз қасидаест, ки дар эътизор 105 аз онҳо мегўяд:

Қ и т ъ а
То кай зи гардиши фалаки обгинаранг
Бар обгинахонаи тоат занем санг?
Бар обгина санг задан — кори мову мо.
Тўҳмат ниҳем бар фалаки обгинаранг.

Ва ин чанд байт аз қасидаи дигар аст, ҳам дар он маънӣ:

Қ и т ъ а
Зи ҳар бадӣ, ки ту донӣ, ҳазор чандонам,
Маро надонад аз ин гуна кас, ки ман донам.
Ба ошкор бадам, дар ниҳон зи бад бадтарам.
Худой донаду ман ошкору пинҳонам.
Ба як сағира маро раҳнамой шайтон буд,
Ба сад кабира кунун раҳнамойи шайтонам.

Ва дар қасидае дигар, аз ин услуб, мегўяд:

Н а з м
Чу тири ғамза ба нозу карашма андозӣ,
Нишона аз дили мискини ман кун, Ай ғозӣ.
Нахуст бо ту ба дилбозӣ андар омадаам,
Чу дил намонад, тан дардиҳам ба ҷонбозӣ.
Чу ҳеҷ захми ту, Ай дўст, бе навозиш нест,
Маро ба ғамза бизан, то ба бўса бинвозӣ.
Ҳазор ошиқ дорию ман ҳазору якум,
Ба ман наёӣ, то з-он ҳама напардозӣ.

Дар мадҳи Ҳамидуддин Муставфии Ҷавҳарӣ, ки аз фузалойи Мовароуннаҳр буда, қасидае гуфтааст мавқуф. Мегўянд, ки он мухтареъи хотири вай аст ва матлаъаш ин аст:

Ш е ъ р
Зиндагонии маҷлиси мустав-
Фии давлат Ҳамидуддин ал-Ҷав-

Ва пўшида намонад, ки агар дар ин алфоз, ки аз он дар ҳар мисраъ ҷузве меафтад, чунон риоят кунанд, ки баъзе аз он аҷзоро фӣ нафсиҳӣ маънии мустақил бошад муносиби мақсуд,аз латофате холӣ нест.

Чунончӣ, дар ин қитъа:

Дӣ фиристод қитъае сўйи ман
Нуктадоне зи зумраи фузало.
Карда лафзе се-чор аз он ба ду ним,
То кунад оҷиз аз ҷавоб маро.
Гуфтам андар ҷавоби вай, к-Ай маф-
Хари халқи Худову қозии ҳо-
Ҷатиасҳоби муттасиф ба фази-
Лати бисёр хоҳамат ба дуъо.

Ва ин рубоии дигар:

Р у б о ӣ
Ай шодии ид, чун ба коми дил аъ-
доям шуда маҳбус дар ин ғамкада маъ-
зурам бар аҳли дил, гар озоди маҳ-
бўсият ба расми идиям аз ту тамаъ.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …