Главная / Варзиш / РЎЗИ ДАВИ МИЛЛӢ

РЎЗИ ДАВИ МИЛЛӢ

Дар байни дигар намудҳои оммавии варзиш, Дави миллӣ ғолиби бебаҳс мебошад, ки солҳои охир дар ҷумҳурии мо бо суръати ҳайратовар инкишоф меёбад.

Ҳазорон ширкаткунандагон барои давидан (дар фосилаҳои мухталиф), фосилаи тўлонӣ, эстафетаҳо ҷамъ меоянд.

Сирри чунин муваффақият дар чӣ аст мепурсед шумо? Мо посух медиҳем – дар дастрасии умумӣ.

Дави солимӣ, ки боз номҳои дигар–давидани олимпӣ, давидани миллӣ ҳам дорад, дунёро тасхир карда, дар ҳама ҷо чун воситаи беназир нигаҳдорӣ ва барқароркунии саломатӣ, обутобёбии ҷисмонии хуб шинохта шудааст.

ҚАҲРАМОН МЕШАВАМ

Варзишгарони худро
Ман худро обутоб дода
Чолок дидам ман ҳоло
Ба машқи пагоҳӣ машғулам
Ана аҳамият машқкунӣ
Ва чемпиони чусту чолок
Дараҷаи олӣ
Ман ба воя мерасам, рафиқон!
Пеш аз давидан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон, президенти Кумитаи миллии Олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев ва раиси Кумита доир ба варзиш ва спорти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Абдулвоҳидович Абдулвоҳидов Аз рўи анъана марафонро дар рўзи Дави олимпӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов сарварӣ мекунад.

Аллакай Дави миллӣ дар ҷумҳурии мо решаҳои амиқ дорад ва имрўз имконияти пурраи паҳншавӣ ва афзоиш дорад. Таъсисидиҳандагони он Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумита варзиш ва спорти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Аввалин рўзи Дави олимпӣ дар соли 1993 қайд барпо гардида. дар он зиёда аз 500 нафар ширкат варзиданд.

Дар солҳои баъдина ин рақам афзуд.  Бинобар содир шудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон № 1740 аз 26 апрели соли 2006 рўзи Дави олимпӣ эҳёи нави миллиро касб кард ва рўзи Дави миллӣ номгузорӣ шуд.

Дар соли 2006 дар рўзи Дави миллӣ 110 ҳазору 537 нафар одамон ширкат варзиданд. Ба Дави миллӣ одамони хурду калон баромада буданд.

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …