Главная / Илм / ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, СОХТ ВА РУКНҲОИ ДАВЛАТДОРИИ ОН

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, СОХТ ВА РУКНҲОИ ДАВЛАТДОРИИ ОН

Давлатдории халқи тоҷик дар замони қадим, асрҳои миёна ва давраи нав Анъанаи давлатдории тоҷикон таърихи беш аз дуюнимҳазорсола дорад, ки таърихшиносон онро шартан ба замони қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҷудо кардаанд.

Бинобар маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ҳанўз дар ҳазорсолаи III пеш аз милод дар ҷанубу ғарби Эронзамин давлати Элам вуҷуд дошт, ки дар қатори давлатҳои тараққикардаи замони қадим – Бобул ва Шом (Ассирия) меистод. Дар асри ХVI пеш аз милод дар саргаҳи дарёҳои Даҷла ва Фурот давлате бо номи Митан, дар асри ХII пеш аз милод дар шимолу ғарби Эронзамин давлати Мана ба вуҷуд меоянд. Дар яке аз сарчашмаҳои мўътамади адабиву таърихии халқи тоҷик – «Авасто» мафҳумҳои «даҳю» ба мазмуни вилоят ва «даҳюсасти» ба маънии иттиҳоди вилоятҳо дучор мешавад. Манбаъҳои асотирӣ пайдоиши аввалин нишонаҳои маъмурияти давлатиро ба давраи Кайқубод нисбат медиҳанд.

Дар асрҳои Х-IХ пеш аз милод подшоҳии Бохтар бо иқтидори иқтисодиву ҳарбиаш дар радифи давлатҳои Мод ва Ассирия қарор дошт. Давраи мушаххаси ташаккули аҷдоди халқи тоҷик дар ҳазораи якуми то солшумории мо, пеш аз ҳама дар каламрави

аввалин давлати умумиэронии Ҳахоманишиҳо (соли 550 пеш аз милод) ҷараён ёфтааст. Дар ин давлат тамоми халқиятҳои қадими эронӣ, ки баъдан дар асоси онҳо халқи тоҷик ташаккул ёфт, – суғдиён, бохтариҳо, тахориҳо, хоразмиҳо, марғониён, портҳо, сакҳо ва ғайра зиндагӣ мекарданд ва асосгузорони ин давлат – Куруши Кабир ва Доро буданд. Ин давлат минтақаи хеле васеъро аз Халиҷи Форс дар ҷануб то дарёи Сир дар шимол, дар шарқ аз Бадахшон ва дар ғарб то баҳри Хазар ва Шарқи Наздик дар бар мегирифт. Мақсади лашкаркашиҳои Куруши Кабир, чунонки таърихшиносон хулоса кардаанд, на мақсади истилогарона, балки дар ҳайати як давлати мутамарказ муттаҳид намудани халқиятҳо ва қавму қабилаҳо буд. Сохти давлатдории империяи Ҳахоманишиҳо барои ҳамон давра намунаи олии давлатдорӣ ба ҳисоб мерафт.

Ҳокимияти олӣ дар дасти шоҳаншоҳ буда, ҳукми ў тағйирнопазир ва иҷрои он ҳатмӣ буд. Шўрои машваратӣ вуҷуд дошт, ки масъалаҳои фавқулоддаи давлатдорӣ, аз қабили эълони ҷангу сулҳ ва интихоби вориси тахту тоҷро ҳал мекард. Артиши доимамалкунандаро бевосита худи шоҳ идора мекард. Идораи маъмурӣ аз се девон ё вазорат – девони молия, суд ва артиш (корҳои ҳарбӣ) иборат буда, сарварони онҳоро худи шоҳ таъин менамуд. Тамоми қаламрав ба 24 воҳиди марзиву маъмурӣ тақсим мешуд, ки онҳоро хшатрапия ё сатрапияҳо меномиданд. Чунин сохтори сиёсиву маъмурӣ хеле самаранок буда, ба туфайли он империяи Ҳахоманишиҳо 200 сол арзи вуҷуд кардааст.

Нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар ба Куруши Кабир тааллуқ дорад, ки таърихи 2500-сола дорад. Маҳз дар ҳамин санади қадимаи ҳуқуқӣ бори нахуст арзишҳои башарие, аз қабили манъ будани ҷабру ситам, барҳам додани ғуломӣ, бе пардохти арзишивоқеӣ нагирифтани моли каси дигар, озодии интихоби дину мазҳаб, фардияти ҷиноят ва ҷазо, ҳуқуқи озодона интихоб намудани ҷои зист, хусусияти инфиродӣ доштани амали ҷинояткорона ва сазовори ҷазо эътироф намудани танҳо шахси содирнамудаи ҷиноят ва ғайра инъикос шудаанд, ки то ҳол қимати худро гум накардаанд. Меъёрҳои ин Эъломия бо ибораҳои «ман то рўзе, ки зинда ҳастам» ё «то рўзе, ки подшоҳ ҳастам» оғоз ёфта, сипас андешаҳои арзишманди марбут ба ҳуқуқи инсон ифода карда мешаванд.

Иқтибоси зерин аз матни Эъломияи Куруши Кабир ифодакунандаи моҳияти низоми демократии давлатдорӣ аст: «Ман эълон мекунам, ки ҳар касс озод аст, ҳар дину оинро, ки майл дорад, баргузинад (интихоб кунад) ва дар ҳар ҷо, ки мехоҳад, сукунат намояд. Ва ҳар касбу кореро, ки мехоҳад, интихоб намояд, танҳо ба шарте ки ҳаққи касеро поймол нанамояд ва зараре ба ҳуқуқи дигарон нарасонад» .

Дар ин меъёр се арзиши демократӣ – озодии дину мазҳаб, озодии интихоби ҷои зист, поймол накардани ҳаққу ҳуқуқи каси дигар инъикос ёфтааст.

Ин меъёрҳо мундариҷаи асосии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10-уми декабри соли 1948-ро ташкил додаанд, ки барои тамоми кишварҳои узви СММ сарчашмаи арзишҳои инсонӣ ва раҳнамои ҳуқуқӣ ба шумор мераванд.

Аз ҷумлаи давлатҳои қадими аҷдодони мо – Бохтар буд, ки дар асрҳои VII-VI пеш аз милод вуҷуд дошта, қисми ҷанубии Тоҷикистони имрўза ва вилояти Сурхондарёи Ўзбекистон, шимоли Афғонистон, хулоса, беш аз 27 шаҳр – давлатҳои хурдро дар бар мегирифт. Кишти ғалладона, боғу токпарварӣ, оҳангарӣ, заргарӣ, бофандагӣ ва обёрии сунъӣ шуғли асосии бохтариҳои қадим буданд.

Бохтар ба музофотҳои хурд-хурд тақсим шуда, ҳокимони он дар масъалаҳои идоракунӣ соҳибихтиёр буданд, аз номи худ пул сикка мезаданд ва дастаҳои ҳарбӣ низ доштанд. Дар асри IV милодӣ Бохтар аз ҷониби Искандари Мақдунӣ забт карда шуд ва дар ҳудуди он давлати Юнону Бохтар ба вуҷуд омад.

Тахминан дар як замон бо давлати Бохтар, яъне то аввалҳои асри VI пеш аз милод дар ҳудуди имрўзаи Осиёи Миёна давлати Суғд арзи вуҷуд дошт, ки то асри IХ милодӣ побарҷо буд. Ин давлат дар ҳавзаҳои Зарафшон ва Қашқадарё воқеъ гардида, пойтахташ Мароқанд (Самарқанд) ба шумор мерафт.

Шакли давлатдории Суғд конфедеративӣ буд, яъне Суғд аз иттиҳоди шаҳр – давлатҳое иборат буд, ки дар атрофи як марказ муттаҳид шуда буданд, ба монанди Мароқанд, Бухоро, Насаф, Яғноб, Масхо (ҳозира Мастчоҳ), Шош (Тошканд), Марғиён (Марғе-лон), Диззак ва ғайра. Шоҳи тамоми Суғдро ихшид меномиданд. Тарзу усули давлатдорӣ дар Суғд хеле пешқадам буд. Ташкили корҳои идорӣ ва хоҷагӣ дар асоси қонунҳои умумидавлатӣ сурат мегирифт.

Тамоми фаъолияти идораҳо чи дар марказ ва чи дар маҳалҳо ба қайд гирифта мешуд, ҳуҷҷатҳои давлатӣ дар хазинаҳои махсус – бойгониҳо нигоҳ дошта мешуданд.

Қонунгузории ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои вазнин ва дуздӣ ҷазоҳои сахтро пешбинӣ мекард. Масалан, барои куштор на фақат худи ҷинояткор, балки тамоми авлоди ўро ба қатл мерасониданд, барои дуздӣ дасту по мебуриданд ва ё бадарға мекарданд.

Аз кўҳи Муғ (ҳудуди ноҳияи имрўзаи Айнӣ) бисёр ҳуҷҷатҳо пайдо карда шудаанд, ки мувофиқи хулосаи таърихнигорон он ҳуҷҷатҳоро ҳокими Панҷакент – Деваштич ҳангоми ҳуҷуми арабҳо бо мақсади аз нобудшавӣ эмин доштани ба он ҷо бурда будааст.

Яке аз намунаҳои аҳднома эмин доштан никоҳ, ки дар садаи ХХ дастоварди муҳими ҳуқуқи оила ба шумор меравад, аз ҳамин кўҳи Муғ дарёфт шудааст.

Эҳсоси ватанхоҳӣ ва ҷасорати суғдиён ба дараҷае буд, ки ҳатто Искандар бо урдуи бешумораш натавонист онро тасхир кунад. Оқибат ў духтари яке аз ашрофони бонуфузи Суғд Оксиарт – Рухшонаро ба занӣ гирифта, қаҳрамони мардумӣ Спитаменро ба воситаи як гурўҳ массагетҳои хоин ба қатл расонид ва соли 327 Панҷакент – охирин паноҳгоҳи суғдиёнро ишғол кард.

Дар радифи Бохтар, Суғд, Хоразм ва Марғиён Уструшана (Сурушана, Истаравшан) низ давлати қадими аҷдодони тоҷик ба шумор мерафт, ки дар «Авасто» ҳамчун кишвари дурахшон зикр шудааст.

Ин давлат аз қадим аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар чорраҳаи корвонгузар воқеъ гардида, дар давоми 1500 сол самти шимолии «Роҳи абрешим» аз ҳудуди он мегузашт.

Давраи муҳими таърихи давлатдории тоҷикон ба замони Сосониён (солҳои 226-651 милодӣ) рост меояд, ки 425 сол давом кардааст. Ин империяи бузург аз Халиҷи Форс то дарёи Ому доман паҳн карда буд. Давраи аввалини ташаккули забони адабии имрўза – форсии дарӣ ва ташаккули халқи тоҷик дар қаламрави давлати Сосониён сурат гирифтааст.

Шаҳрҳои Бухорову Самарқанд, Хуҷанду Марв, Балху Ҳирот гаҳвораи ташаккули халқи тоҷик, забон, адабиёт, фарҳанг ва давлатдории миллӣ ба шумор мерафтанд. Маҳз дар ин давра Борбади Марвазӣ, ки соли 1990 1400-солагии зодрўзаш дар кишварамон бошукўҳ қайд карда шуд, гули сари сабади дарбори Сосониён буд. Матни пурраи «Авасто» низ дар ҳамин давра тартиб дода шудааст.

Давлати Сомониён – нахустин давлати мутамаркази тоҷикон (солҳои 819-999) ба шумор меравад.

Саромади ин сулолаи ҳукмрон – Сомонхудот буда, набераҳои ў – Нўҳ дар Самарқанд, Аҳмад дар Фарғона, Яҳё дар Чоч ва Истаравшан ва Илёс дар Ҳирот солҳои 819-820 ҳоким таъин шуда буданд. Ташаккул ва ба авҷи баланд расидани ин давлатдорӣ бо номи Исмоили Сомонӣ (Исмоил ибни Аҳмад (849-907) алоқаманд аст. Маҳз тавассути маҳорати баланди давлатдорӣ, адолатпешагӣ ва донишу заковат Исмоил тавонист, ки солҳои 892-907 давлати бузургеро барпо намояд, ки ба ҳайати он Мовароуннаҳру Хуросон, ҳавзаи дарёҳои Ому, Зарафшону Сир (аз Афғонистони Марказӣ ва Хуросони Эрон дар ҷануб, Хоразму Исфиҷобу Ҳафтруд дар шимол, дар ғарб то баҳри Хазар, дар шарқ то Помиру Олой) ворид гаштанд.

Сомониён дастгоҳи мутамаркази давлатиро бунёд карда буданд, ки иборат аз 10 девон буда, идоракунии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, корҳои шаҳрвандию ҳарбӣ, хазинаи давлатӣ, алоқа ва ғайраро дар бар мегирифт ва сарвари девонҳоро «Ҳоҷиби бузург» меномиданд. «Савон-ул-ҳикмат» – китобхонаи бузурги аҳди Сомониён шўҳрати ҷаҳонӣ дошт. Зиндагӣ ва эҷодиёти Абўабдулло Рўдакӣ, Ибни Сино, Фирдавсӣ, Балъамӣ, Берунӣ, Закариёи Розӣ, Муҳаммади Хоразмӣ ва даҳҳо шахсиятҳои барҷастаи илму адаби тоҷик дар ҳамин айём сипарӣ гаштааст. Забони давлатӣ – забони тоҷикӣ буда, ҳатто баъди таназзули давлати Сомониён то асри ХIХ низ дар таркиби давлатҳои дигар ҳамчун забони коргузории давлатӣ мавриди истифода қарор доштааст.

Давраи шўравии рушди давлатдории тоҷикон Давраи дигари давлатдории тоҷикон аз нимаи дуюми асри ХIХ то соли 1991- марҳилаи нави эҳёи давлати миллии тоҷиконро фаро мегирад. Чунон ки дар боло зикр намудем, баъди таназзули Давлати Сомониён халқи тоҷик аз давлатдории миллӣ маҳрум монда буд ва дар ҳудуди давлатдориҳои бегона зиндагӣ мекард. То замони ҳамроҳ шудан ба Россияи шоҳӣ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ се давлати истибдодии феодалӣ – Аморати Бухоро, хонига риҳои Қўқанд ва Хива вуҷуд доштанд ва аҳолии ин давлатҳоро асосан тоҷикон ташкил медоданд. Дар нимаи дуюми асри XIX Россияи подшоҳӣ ба забти сарзаминҳои Осиёи Марказӣ машғул шуда, хонигарии Қўқандро барҳам дод ва Аморати Бухоро ва хонигарии Хиваро вассали худ эълон намуд.

Соли 1867 дар заминҳои ба ихтиёри Россия ҳам- роҳшуда генерал – губернатории Туркистон таъсис дода шуд. Ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон ва қисми зиёди Бадахшон, инчунин вилоятҳои Самарқанду Фарғона ба генерал – губернаторӣ муттаҳид шуда, Бухорои шарқӣ ва қисмати ғарбии Бадахшон ба ҳайати Аморати Бухоро ворид карда шуданд. Баъди шикасти Империяи Россия ва ғалабаи Инқилоби Октябр масъалаи эҳёи давлати миллии тоҷикон бо сабаби вазъи мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ, ҷанги дурударози гражданӣ ва афзалияти сиёсати пантур кистӣ, бесаводии қисми зиёди сокинони ин сарзамин ва паст будани худшиносии иҷтимоӣ зери хатари ҷиддӣ қарор гирифта буд.

Дар ҳудуди Осиёи Марказӣ соли 1918 аввал Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Туркистон ва соли 1920 ҷумҳуриҳои Халқии Шўравии Бухоро ва Хоразм таъсис ёфтанд. Моҳи октябри соли 1924 Иҷлосияи дуюми Комитети Иҷроияи Марказии ИҶШС қарор кард, ки дар ин сарзамин бо мақсади ташкили ҷумҳуриҳои миллӣ тақсимоти милливу ҳудудӣ гузаронида шавад.

Дар натиҷаи ин тақсимот бо қарори КИМ ИҶШС аз 27 октябри соли 1924 дар қаламрави Осиёи Марказӣ ҶШС Ўзбекистон, ҶШС Туркманистон, Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ўзбекистон, Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Қазоқистон, вилояти мухтори Қароқирғиз (Қирғизистон) дар ҳайати ҶШСФР ва вилояти мухтори Қароқалпоқистон дар ҳайати ҶМШС Қазоқистон таъсис дода шуданд.

Ҳамин тавр, санаи таъсиси ҶМШС Тоҷикистон 27-уми октябри соли 1924 мебошад. Ба ҳайати он вилоятҳои Душанбе, Қўрғонтеппа, Кўлоб, Панҷакент, Ўротеппа, Ғарм (водии Рашти имрўза) ва ВМКБ дохил шуданд ва ҳамон вақт аҳолии ҶМШС Тоҷикистон 739,5 ҳазор нафар ва масоҳаташ 135,6 ҳазор километрро ташкил медод.

Бояд гуфт, ки дар ин тақсимоти милливу ҳудудӣ дар масъалаи ба назар гирифтани манфиат ва талаботи воқеии тоҷикон ба давлати миллӣ ва шумораи аслии тоҷикон ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ дода шуд.

Сиёсати нодурусти миллӣ ба дараҷае буд, ки ҳатто Комиссариати корҳои миллии ҶМШС Туркистон барои амалӣ намудани тақсимоти миллӣ ба ҷуз шўъбаҳои ўзбекиву туркманӣ, қирғизӣ ва миллатҳои хурд ташкили шўъбаи тоҷикиро раво надид .

Ҳамагӣ се рўз пеш аз ҳалли тақдири миллати тоҷик Тоҷикистон бо овози машваратӣ дар ҳайати Ч. Имомов, А. Ҳоҷибоев ва М. Саидҷонов ба комиссияи тақсимот дохил карда шуд ва ба намояндагони зикршуда аз ҷониби пантуркистон фишори зиёд оварда мешуд.

Марказҳои фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик – Бухорову Самарқанд, сарзаминҳои дар тўли садсолаҳо тоҷикнишин ба эътибор гирифта нашуданд, аҳолии тоҷикро дар баъзе шаҳрҳо дар ҳуҷҷатҳо саросар ўзбек нишон дода, дар натиҷа ҳуқуқи мардуми тоҷик ба худмуайянкунии миллӣ поймол карда шуд.

26-уми ноябри соли 1924 дар Тошканд мақоми роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Мухтор – Кумитаи инқилобӣ дар ҳайати раис – Нусратулло Махсум ва муовинонаш – Б. Додобоев ва Р. Бобоҷонов таъсис ёфт ва Душанбе пойтахти ҷумҳурӣ интихоб карда шуд.

Дар таърихи давлатдории нави тоҷикон санаи 28-уми апрели соли 1929 бо қабул шудани нахустин Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон хотирмон аст.

Инчунин дар моҳи сентябри соли 1929 бо қарори Анҷумани III Шўроҳои ҶШС Ўзбекистон округи Хуҷанд бо ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодому Ашт ва Исфара ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон дохил карда шуд ва бо ҳамин шумораи аҳолӣ ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар расид, ки ин барои таъсиси ҷумҳурии мустақили иттифоқӣ асос гардид. 16-уми октябри соли 1929 Анҷумани сеюми фавқулоддаи Шўроҳои Тоҷикистон дар бораи ташкили ҶШС Тоҷикистон қарор ва изҳорот қабул намуд ва ниҳоят бо қарори Aнҷумани VI Шўроҳои ИҶШС моҳи марти соли 1931 Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии иттифоқӣ ба ҳайати ИҶШС пазируфта шуд.

Аз моҳи октябри соли 1929 то рўзи эълон шуда-ни Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24-уми августи соли 1990 – марҳилаи инкишофи Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шўравӣ буд. Бо вуҷуди набудани истиқлолияти давлатӣ дар ин давра ҳама соҳаҳои ҳаёти кишвар – илму маориф, фарҳанг, иқтисоду иҷтимоиёт, сохтмон, тиб ва ғайра инки- шоф ёфтанд. Таҳлили муфассали ин давраро Шумо метавонед аз китобҳои таърих мутолиа кунед. Аз ислоҳоти давра ба давраи ҳуқуқ танҳо ҳамин далел шаҳодат медиҳад, ки вобаста ба давраҳои тараққиёти иҷтимоиву иқтисодии ИҶШС дар Тоҷикистон 4 маротиба солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978 Конститутсия қабул шудааст.

Дар оғози солҳои 90-ум дар саросари Иттиҳоди Шўравӣ ҷунбиши истиқлолхоҳӣ ва мубориза барои бунёди давлатҳои миллӣ авҷ гирифт ва ҷомеаи Тоҷикистон низ аз ин ҳаракати умумииттифоқӣ дар канор намонд. Тоҷикистон бештар ба давлатдории нав эҳтиёҷ дошт, зеро баъд аз таназзули охирин давлати мутамаркази тоҷикон – Давлати Сомониён миллати тоҷик ҳазор сол аз давлату давлатдорӣ маҳрум буд. Ба қавли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов «мо дар тўли ҳазор сол сиёсати давлатии ҳифзи тамомияти марз ва сиёсати ваҳдати миллӣ надоштем, зеро давлат надоштем. Дар чунин вазъ давлати мо ҳамон маҳалли мо буд ва сиёсати давлати мо ҳифзи якпорчагии маҳалли мо ва суннатҳои хоси маҳаллӣ буд» . Ҳамин тавр, таърих имконияти хубе фароҳам овард, ки тоҷикон дубора соҳиби дав лати миллии худ шаванд ва имрўз мову шумо дар чунин давлати соҳибистиқлол, ки номаш Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, зиндагӣ мекунем.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …