Главная / Ҷамъият / РОҲ БА СУИ БИҲИШТ

РОҲ БА СУИ БИҲИШТ

Рӯзе яке аз саҳобагон, Муоз (р) аз ҷаноби Пайғамбар (с), пурсид:

– Ё Расулаллоҳ! Ба ман бигӯ, ки кадом аъмол ба ман иҷозаи вуруд ба Биҳиштро медиҳанд ва аз Дӯзах дар амон мемонанд? Пайғамбар (с) ба мо посух дод:

– Ту дар бораи кори бузурге мепурей. Вале Аллоҳ ба касе, ки хоҳад онро осон мегардонад: танҳо ба Аллоҳ саҷда кун ва ҳеҷ касро шарики ӯ нашумор. Ба тарзи дақиқ намозро гузор. Закот деҳ. Дар МОҲИ шарифи Рамазон рӯза бигир. Агар қудрат ва тавоной дорй, ҳаҷ кун.

namoz1

Сипас, афзуд:

– Акнун мехоҳӣ, ки ба ту дар бораи дарвозаҳои хайру накӯӣ хабар диҳам?

Руза сипарест зидди Дӯзах ва гуноҳҳо. Садақа (бахшиш) азоби гуноҳонро аз байн мебарад, ҳамчунон, ки об оташро хомуш
мекунад. Намозе, ки инсон нимашаб мегузорад, гуноҳонро кам мекунад.

Сипас, Пайғамбари Худо (с) ин ояҳоро қироат кард:

«Онҳо нисфи шаб танҳои худро аз бистар берун мекашанд, ки намози таҳаҷҷудр. бигузоранд, бо таре ва умед ба худой худ рӯ меоранд ва аз он чй ки мо барояшон ато кардаем, дар роҳи Аллоҳ сарф мекунанд. Касе аз одамон намедонад, ки барои ин амалҳояшон барои онҳо чӣ неъматҳоро тайёр намудаем.

(Сураи Саҷда-16,17).

Сипас, пурсид:

– Ба ту дар бораи отози ҳамаи корҳо, асоси ҳамаи корҳо ва аз ҳама кори бузург бигӯям?

Муоз гуфт: Бале, бигӯед ё Расулаллоҳ (с)!

Пайғамбар (с) гуфт:

-Оғози ҳама корҳо Ислом, асоси ҳама корҳо намоз ва аз ҳама кори бузург ин ҷиҳод аст.

Боз илова намуд: «Бароят бигӯям, ки кувваи ҳаракатдиҳандаи ҳамаи ин чист?»

  • Бале, бигӯед, ё Расулаллоҳ хоҳиш намуд Муоз (р).

Пайғамбар (с) ба забонаш ишора кард ва гуфт: «Онро нигоҳдор!»

Муоз пурсид:

  • Ё Расулаллоҳ (с)! Магар барои гуфтаҳоямон ҳам пурсида хоҳем шуд?

– Бигзор Аллоҳ ба ту неъмат ато фармояд, Муоз! Чизе, ки инсонҳоро бо рӯяшон ба Дӯзах мепартояд, ин фақат аз ҷиҳати он аст, ки забонҳои онҳо тайбат мекунанд.

(Тирмизй, Имон, 8).

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …