Главная / Гуногун / Ривоят оиди Абдуллоҳ ибни Умар

Ривоят оиди Абдуллоҳ ибни Умар

Абдуллоҳ ибни Умар (раз) ривоят кунад аз Расулуллоҳ, (с), ки: “Ҳар кӣ ба зиёрати қабри модару падари худ равад, фариштагон ба зиёрати қабри вай оянд».

Абуҳурайра (раз) аз Расулуллоҳ (с) ривоят кунад ки: “Ҳар кӣ дар рӯзӣ ҷумъа як бор ба зиёрати қабри модару падари худ равад, омурзиш ёбад ва номи ӯ аз аброр[1] шавад»[2] .

Дар зиёрат ба такбиру салавот ва дуо ва тиловати Қуръони Маҷид машғул шавад, на ба навҳаву суханони носавоб, ки эшон (мурдагон)-ро аз он ранҷу азоб бувад. Дар тафсири «Муғнӣ» омада, ки: Ҳар кас, ки зиёрати қабри модару падари худро кунад ва эшонро дуо кунад, Ҳақ таоло ҳамаи гуноҳони вайро биёмурзад ва бар падару модари вай раҳмат кунад.[3]

[1] Аброр – некӯкорон.

[2] Ҳамчунин дар китоби «Хайрату-л-фуқаҳо» меорад, ки: “Ҳар кӣ дар рӯзи ҷумъа қабри падару модарро зиёрат кунад, Ҳақ таоло ӯро савоби даҳ ҳаҷ бидиҳад».

[3] «Риёзу-н-носеҳин». Саҳ 199.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …