Главная / Гуногун / РИШТАИ УМЕД

РИШТАИ УМЕД

Мебоист ба шаҳри Қурғонтеппа мерафтам ва азбаски рўз аз нисф гузашта буду дигар ба он тараф автобус намерафт, дар канори Душанбе ба як мошини сабукрави роҳгузар нишастам. Ронанда марди тахминан чил-чилу панҷ солаи чеҳракушод ва хушсўҳбате буд. Аз пасту баландии зиндагӣ суҳбат карда, роҳро кўтоҳ мекардем. Пас аз хеле роҳ паймудан ронанда мошинро дар назди дарвозаи канори роҳ воқеъ буда нигоҳ дошт. Ва аз мошин фаромада сандуқи ақиби онро боз намуду баргашта ба назди ман омада, хоҳиш кард, ки ба ў кўмак кунам. Мо ҳарду аз дохили сандуқи мошин як халта ва ду қуттии андарунаш анвои хўрока доштаро берун оварда, ба ҳавлӣ даровардем.

Ҳавлии на он қадар васеъ ду дар хона ва айвони кушод дошт. Дар таги айвон пиразане рўи намадпорае нишаста ресмон мересид. Каме дуртар аз ў ду-се нафар кўдакон машғули бозӣ буданд. Яке аз онҳо, ки нисбат ба дигарон калонсол менамуд, баробари чашмаш ба мо афтидан “Амаки Фазлиддин омад!” гўён, тозон  зинаҳои сангинро поин шуд. Кампир аз ресидан бозистод ва ҷониби дарвоза рўй оварда, гўш ба қимор шуд. Нигоҳаш бефарқ – яқин чашмонаш хира буданд. Мо бори дастамонро болои кати чўбин, ки ду-се қадам дуртар аз зинапоя гузошта шуда буд, мондем.  Ронанда аз зинаҳо боло шуда, назди кампир рафт.

– Салом, оча!

– Ваалайкум ба салом,  бачам! Сиҳат – саломат ҳастӣ? – ба пурсупос даромад кампир. – Бачаҳакот нағзанд? Чанд вақт боз бедарак будӣ, алағда шудам. Ягон хату хабар овардӣ? Гуфта будӣ, ки то иди Наврўз меояд, наомад-ку! – гуфт кампир гилаомез.

– Меояд, оча. Ҷойи кори нағз ёфтааст, агар онро партофта биёяд, дигарон соҳиб мешаванд. Дирўз як нафар шиносам омад, ба дасти ҳамон барои шумо савғо фиристодааст.

– Бечора бачаҳакам, дар мусофирӣ саргардон шуд. Мегўянд, ки он ҷойҳо бисёр хунук, мардикорҳо азоби гўра мекашанд. Кошки сиҳату саломат тезтар бармегашт.

– Албатта, меояд, оча. Шумо бехуда алағда нашавед. Ҳозир биёяд ҳам, дар ин ҷо ҷои кор ёфтан мушкил.

– Мефаҳмам. Ҳаргиз аз ин савғотии фиристодааш ношукрӣ намекунам, болои дида мегузорам онро. Агар вай намебуд, дар ин чанд соли нодориву дармондагӣ азоби сага мекашидем. Худат хабар дорӣ, соли гузашта пул фиристод, боми хонаамро шиферпўш карда, фасли боронгарӣ аз азоби чак-чак холос шудем… Аммо ёд кардам бачама. Ғами бародараш гаронӣ дорад, чашмонам хира шудаанд. Мехоҳам дар барам бошад, рўзи марг мурдаамро соҳиб шавад. Охир, ман дар ин дунёи равшан ғайри ў дигар ҳеҷ кас надорам. Кўдаконаш низ ўро ёд кардаанд.

Ронанда аз чи бошад нигоҳашро аз кампир гурезонда, дуру дароз гарди орди ба остини пиҷакаш нишастаро такид.

–  Ман ҳам тобистон ба Руссия меравам, оча. Ба додарам таъин мекунам, ў аз ҳоли шумо хабар мегирад… Баъд акаи Акобирро ҳамроҳ гирифта меоям…

Мо бо кампир хайру хуш карда, роҳамонро давом додем. Ронанда хомўш буд. Аз он ҳолати хуши пештарааш осоре намонда буд. Андешамандона мошинро идора мекард.

– Ин кампир кӣ буд? – пурсидам ман.

– Модари дўстам, – ҷавоб дод ронанда аз тасмаи роҳ чашм наканда.

Боз хомўш хеле роҳ паймудем.

– Ман бо писари ин кампир ҳангоми гуреза буданамон дар Афғонистон шинос шудам, – ба сухан оғозид ронанда. – Акобир буд номаш. Бисёр ҳам инсони меҳрубон, дидадаро ва дилёб буд. Вақте аз дарё мегузаштем, ҷони худашро зери хатар гузошта, маро, ки захмӣ шуда будам, аз ғарқшавӣ наҷот дод. Тўли чанд моҳи дар Афғонистон буданамон бо мардуми таҳҷоӣ забон ёфта, бароямон шароит муҳайё кард, илоҷи ҳарчи зудтар ба ватан баргаштанамонро меҷуст. Аммо бадбахтона чанд рўз қабл аз бозгашт ба дарди кўррўда мубтало гашта, фавтид. Пеш аз ҷон додан ба ман васият кард, ки агар зиндаву саломат ба ватан бирасам, ба деҳаашон рафта модари ўро пайдо кунам. “Аммо нагўй, ки писарат фавтид, – гуфт вай дами вопасин. – Як бародар доштам дар оғози ҷанг кушта шуд. Метарсам, ки модарам марги маро таҳаммул карда наметавонаду кўдаконам дар дашт мемонанд. Модарашон чандин сол инҷониб бемори рўи ҷогаҳ. “Писаратонро дар Русия дидам гўй, мардикорӣ мекунад, гўй. Агар тавонӣ ба модарам ва бачаҳоям кўмак кун. Некиатро ман баргардонида натавонам ҳам, Худованд подоши онҳоро бармегардонад.”

– Дами вопасин ҳамин гапҳоро дар ҳолати назъи равон ба забон оварда, дар сари зонуям ҷон ба ҷонофарин таслим кард вай.

Ронанда чанд лаҳза хомўш монд. Ва пас аз қитъаи ноҳамворӣ роҳро гузаштан суръатбардорро ба пеш тела дода, ҳикояашро идома дод.

– Баъд аз ба ватан баргаштан ба ҳамин деҳа омада, кампирро ёфтам. Бемор буд, аз бистар хеста наметавонист. Вақте хабар расондам, ки писарат зиндаву саломат асту ўро дар Русия вохўрдам, ба тани кампир гўё ҷони тоза дамида, ба назарам чеҳраи пажмурдааш аз нав шукуфт. То дер дастамро раҳо накарда, дуо мекард, ки бо ин пайғоми худ ўро аз лаби гўр бозгардондам…

Баъд аз он рўз мунтазам аз аҳволаш хабар мегирифтам. Ҳарчанд ман дар ноҳияи дигар зиндагӣ мекунаму роҳ ҳам хеле дур аст, ҳамин ки фурсат ёфтам, ба аёдаташ меомадам. Рўз аз рўз аҳволаш беҳ мешуд. Гўё дурўғи сафеди ман ба тани дардмандаш марҳам гашта буд. Азбаски рўзҳои аввал зиндагии худам низ бисёр вазнин буд, наметавонистам ба ў кўмак кунам. Зеро баъди гуреза шудани мо ҳавлиамонро талаву тороҷ карда, оташ задаанд. Мисли навхонадорон зиндагиро аз нав оғоз кардан рост омад. Бо як азоб хона сохтам, ҷиҳози рўзғор ҷамъ овардам. Ана дар ҳамон рўзҳои ниҳоят мушкил шунидам, ки дар Душанбе ташкилоти башардўстонаи эрониён бо номи Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ ба фаъолият оғоз кардаасту ба мардуми бечораву бепарастор, ятимону бенавоён дасти кўмак дароз мекардааст. Ба назди онҳо рафта ёрӣ хостам. Аҳволи кампирро низ , ки хеле вазнин буд, ҳикоя кардам. Як нафар намояндаашон ба хонаи кампир омада, аз аҳволаш огаҳӣ ёфт ва инак чанд сол аст, ки ҳар сари чанд вақт барояш кўмак мекунанд ва ман онро аз номи писараш ба ў оварда месупорам. Ҳозир худат шоҳид будӣ… Боми хонаашро низ бо кўмаки кумита шиферпўш кардем.

– Ба ҳар ҳол кампирро аз марги писараш огаҳ кардан лозим, – гуфтам ман маслиҳатомезона, – беҳуда шабу рўз роҳ напояд. Охир, аз тақдир ҷойи гурез нест.

– Наметавонам, – гуфт ронанда. – Рўзи аввал ҷуръат накардам… акнун… намехоҳам он риштаи охирине, ки ўро ба зиндагӣ мепайвандад, канда шаваду наберачаҳои хурсолаш бесаробон монанд. Охир, кампир маҳз ба ёди писараш зинда аст, ба ёди дидори рўи ў нерўи тоза мегирад.

Ронанда чанд лаҳза хомўш монд.

– Рости гап, рўзи аввал хостам бо ягон роҳ марги писарашро ба ў фаҳмонам. Аммо, чи хеле гуфтам, дар ҳолати назъи равон буд, нахостам руҳашро озурда созам. Ором ҷон диҳад гуфтам. Намедонам Худованд ин дурўғи маро меомурзад ё не, аммо дигар наметавонам он ҳақиқати талхро ифшо кунам. Ҳар гоҳе хайрияи Кумитаи Имом Хумайниро ба хонааш меорам, кампир то дер дуои ҷони писарашро мекунад, ки барои таъмини рўзгор дар мулки бегона заҳмат мекашад. Бегумон дуои ўву набераҳояш ба кормандони ин кумита мерасад. Зеро кори хайре, ки онҳо мекунанд, ба ҳазорон ҳазор дуову таҳсин меарзад. Ё не?

– Дуруст, – тасдиқ кардам ман.

– Дар ин замона баъзан писар ба волидайнаш кўмак намекунад. Нафареро медонам, ки падари мўйсафедашро ба хонаи пиронсолон бурда супоридаасту дар як сол як бор ҳам аз аҳволаш хабар намегирад, – гуфт ронанда бо таассуф сар ҷунбонда. – Писари аз камараш рўида, а! Аммо кумитаи мазкур аз кишвари дигар омада, ғами ятимону бепарастонро мехўрад. Доираи меҳру шафқат ҳамин қадар мешудагист?!

Мошин бо суръат пеш мерафт. Роҳ баланд буд, паст буд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …