Меъроҷиддини Камол менависад:
Ба хоб оро диҳӣ ришат ба нохун
Маризӣ биниву гардӣ ҷигархун.
Агар риши калон ояд ба хобат,
Ғаму андуҳ бошад дар ҳисобат.
Чу бинӣ риши мардонро бурида,
Зиёне мерасад, эй нури дида.
Ба хобат бинӣ гар риши сафеде,
Барори кор ҳасту ҳам умеде.