Главная / Илм / БРАУН Александр Абрамович

БРАУН Александр Абрамович

imagesБРАУН Александр Абрамович (1904, ш. Днепропетровск, – 1984, ш. Москва), гистолог, доктори илми биология (1940), проф. (1947). Факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Ленинградро с. 1928 ба итмом расонда, дар ҳамон ҷо ба сифати ассистенти кафедраи анатомия кор кардааст. С.-ҳои 1935 – 50 ходим ва мудири шӯъбаи Пажӯҳишгоҳи тибби таҷрибавии АИТ ИҶШС, 1950 – 64 мудири кафедраи гистологияи Донишкадаи тиббии Қирғизистон буд. Аз с. 1964 мудирии кафедраи гистологияи ДДТТ-ро ба зимма гирифта, то ба нафақа баромадан (с. 1972), дар тарбияи духтурони ҷавон саҳм гузоштааст. Хидматаш дар пешбурди соҳаи ситология калон аст; перомуни физиологияи ҳуҷайраҳо, гистологияи муқоисавии таҷрибавӣ, муолиҷаи захм ва ғ. қариб 150 асару мақолаҳо навиштааст. Таҳти раҳнамоии Б. зиёда аз 20 наф. олимони ҷумҳурӣ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намудаанд.
Ос.: Восстановительные процессы в тканях после лучевых повреждений, М., 1959; О единстве формы и функции в гистологии, Фрунзе, 1960; Что такое жизнь и смерть и возможно ли жизнь после смерти?, Фрунзе, 1961; Об имплантации формалинизирований кожы, М., 1963; Что известно о жизни после смерти, Д., 1967; Частная гистология, Д., 1970.

Ё. Назармамадов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …