Главная / Биология / Растаниҳои мевадиҳандаи Тоҷикистон

Растаниҳои мевадиҳандаи Тоҷикистон

Мевапарварӣ дар хоҷагии халқ аҳамияти калон дорад. Меваҷоти дарахтию буттагӣ маводи пурқимати ғизоӣ мебошанд. Онҳо манбаи қанд, кислотаҳои органикӣ, намакҳои маъданӣ ва дигар моддаҳои пурарзиши ғизоӣ ҳастанд. Хусусан, меваҳои тару тоза аз витаминҳои барои организм ниҳоят зарурӣ бой мебошанд. Бисёр меваҷот ҳамчун ғизои шифобахш барои табобати касалиҳои ҷигар, фишори хун ва ғайраҳо истифода бурда мешавад. Аҳамияти онҳо чун ашёи хом барои саноати консервабарорӣ хеле калон аст. Аз онҳо шарбату ҷӯшоба, полудаву афшурда, повидло, мураббо, мусаллас ва меваи хушк тайёр мекунанд.

napaleon_chereshnya-2

Бисёр намуди дарахтону буттаҳои мевадор барои сабзпӯш намудани хиёбону гулгаштҳои шаҳру марказҳои ноҳияҳо ва дигар маҳалҳои аҳолипишии мавриди истифодаанд. Онҳо вазъи санитарию гигиении муҳити атрофро беҳтар мекунанд. Боғпарварӣ боз фоидаи калон меоварад. Бисёр хоҷагиҳои кишоварзӣ, корхонаҳо, хоҷагиҳои шахсӣ тавассути инкишофи соҳаи боғдорӣ даромади калон ба даст меоваранд. Аз шаҳди гули қариб ҳамаи растаниҳои мевадор занбӯри асал ҳосили фаровон ҷамъ менамояд.

Дар ҷумҳурии мо дар айни замон зиёда аз 100 навъи меваҷот парвариш карда мешавад, ки майдони нашъунамои онҳо тақрибан 42,3 ҳазор гектарро ташкил мекунад.

Аз рӯи шакл ва сохти меваашон меваҷотро ба гурӯҳҳои зайл: тухмдорҳо (себ, нок, биҳӣ ва ғайраҳо), донакдорҳо (зардолу, шафтолу, олу, гелос, олуболу ва ғайраҳо) ва буттамеваҳо (шоҳтути заминӣ, қоти сиёҳ, сурх, сафед, бектошӣ, тамашк ва ғайра) ҷудо мекунанд.

Зиёда аз 45 фоизи боғоти ҷумҳуриро дарахтони мевагии тухм- дор ташкил медиҳанд. Дар байни онҳо дарахти себ бештар маъмул аст.

С е б навъҳои зиёде дорад, ки онҳо аз рӯи хосияти дарозумрӣ мӯҳлати бороварӣ, ба хунукӣ тобовар буданашон аз якдигар фар! мекунанд. Себ то ба хунукии – 30°С тоб меоварад. Меваи себрс ба таври тару тоза ё хушккондашуда (қоқи себ) истеъмол менамо- янд.

Вобаста ба вақту мавсими пухтанаш навъҳои себ тобистонӣ, ти- рамоҳӣ ва зимистонӣ мешаванд. Навъҳои себи тобистонӣ (Попи- ровка, Себи моҳтобӣ) моҳи июл-август, тирамоҳӣ (Дорчинисеби Рахш, Тирамоҳии Рахш, Антоновка, Қорчсеб, Аниси Рахш) моҳи сентябр мепазанд. Себҳои зимистонӣ (Пепинкаи литвагӣ, Ренети Симиренко, Розмарини сафед)-ро моҳи октябр аз дарахт мечинанд ва дар давоми зимистон нигоҳ медоранд (дар ҷойҳои махсус тай-ёркардашуда).

Дар вақти нағз нигоҳубин кардани боғоти себ аз ҳар гектари он зиёда аз 200 сентнерӣ ҳосил меғундоранд.

Гули себ тавассути ҳашарот аз гули навъи дигари себ гардолуд мешавад. Бинобар он, дар боғ бояд камаш се навъи себи дар як вақт гулкунанда мавҷуд бошад, то ки онҳо аз гарди гули якдигар гардолуд шаванд.

Бисёр дарахтон, аз он ҷумла себро низ бо роҳи пайванд зиёд мекунанд. Мутахассисони соҳаи боғпарварӣ дар солҳои охир ба си- фати пайвандшаванда навъи қадпасти себро истифода бурда, дарахти себи қадпастро ба вуҷуд овардаанд. Парвариш ва ҳосилғундории он осон буда, вай дар муддати кӯтоҳ (3-4 сол) ба ҳосилбандӣ шурӯъ мекунад.

Д.арахти нок нисбати себ ба хунукӣ тобовар буда, баландқад ва дарозумр мебошад. Дар Тоҷикистон 13 навъи он (Дилафрӯз, Ноки Гармӣ, Береи Боск, Береи Жиффар, Береи Лигел, Ласточка, Лесная Красавитса ва ғайраҳо)-ро парвариш мекунанд.

Биҳӣ меваҷоти паҳншуда буда, дар саноати консервабарорӣ аҳамияти калон дорад. Биҳӣ ба гармй талаботи калон дорад. Вай дарахти начандон калон ё буттаи калонҷусса мебошад. Мевааш ба себ ё нок монанд аст. Меваи онро дар шакли тару тоза кам истеъмол карда, онро асосан барои тайёр кардани мураббо, афшура, обҷӯш истифода мебаранд. Баъзан дар таомҳо низ истифода мебаранд.

Дарахтони мевагии донакдор дар ҷумҳуриамон тақрибан 45 фоизро ташкил медиҳанд.

Олуболу дарахти мевадори маъмул аст. Дар аксари ноҳияҳоч Ҷумҳурии Тоҷикистон парвариш карда мешавад. Аз 20 то 30 «. умр мебинад. Бо тезӣ дар давоми 3-4 сол ба ҳосилбандӣ шурӯъ мекунад. Дарахти серҳосил аст.

Гелос дарахти калонҷусса ва нисбати олуболу дарозумр аст. Нисбати дигар растаниҳои мевагӣ мевааш пешпазак аст. Дар шароити мамлакатамон баъзе навъҳояш ҳатто дар аввалҳои мохи май мепазад. Ба ҷуз навъҳои маҳаллиаш дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ боз навъҳои аврупоии онро (Денисони зард, Бигарро, Наполеон, Франс -Иосиф, Багратион, Дейберои сиёҳ ва ғайраҳо), парвариш мекунанд ш м.

Зардолу дарахти баландкад мебошад (то 10 м қад мекашад). Ба хушкӣ тобовар аст. Вай аввали баҳор гул мекунад. Дар ноҳияҳои гуногуни кӯҳии Тоҷикистон зиёда аз 90 навъи зардолуи маҳаллӣ (арзанӣ, аштақӣ, аҳрорӣ, бибинигорӣ, бобоӣ, ворухй, исфарак, ленинободӣ, луччак, ниёзӣ, олимӣ, паррак, сафедак ва ғайраҳо) парвариш карда мешаванд.

Шафт о л у дарахти начандон калони кӯтоҳумр мебошад. Дар соли 3-4 уми ҳаёташ ба мевабандӣ оғоз мекунад. Шафтолу низ да- рахти ба хушкӣ тобовар буда, тақрибан 5 ҳазор навъҳои он маъ- луманд. Дар Тоҷикистон навъҳои маҳаллии шафтолу, аз қабили шафтолуи сафед, равғанӣ, говшафтолу, анҷиршафтолу, луччак, чиллагӣ, шафтолуи сурх ва ғайраҳо парвариш карда мешаванд.

Ниҳолҳои навраси дарахти мевадиҳандаро одатан охирҳои ти- рамоҳ ва аввали баҳор кӯчат мекунанд. Барои шинондани нихол пешакӣ чуқурӣ мекобанд. Барои ниҳоли дарахтони тухмдор (себ, нок, бихӣ) аз рӯи тартиби 60×60 см ва барои дарахтони мевадонак (олу, олуболу, гелос ва дигарҳо) аз рӯи тартиби 40×60 см чуқурӣ кофтан лозим аст. Дар вақти кофтани чуқурӣ хоки ҳосил

Расми 80. Шафтолу

хези қабати болоиро ба як тараф ва хоки қабати поёниро ба тарафи дигар ҷамъ мекунанд. Пеш аз шинондани ниҳол ба чуқурӣ 1-2 кг пору 200 — 300 г нурии фосфордор В! 150 — 200 г нурии калийдорро ба хоки қабати болоӣ омехта карда меандозанд. Инчунин, назораз бояд кард, ки гарданаки бехи ниҳох 3—5 см аз сатҳи хок болотар бошад. Баъд аз он чукуриро хокгӯш карда, бехи ниҳолро зер мекунанд. Барои обмонӣ бошад, атрофи ниҳолро чуқурча карда, ба он 2—3 сатил об мерезанд.

Баҳорон пеш аз ба нумӯ сар кардани ниҳол навдаву шохаҳои зиёдатиро мебурранд, то ки ниҳол шакли муайянро гирад. Ҳар сол бехи танаро кофга, пору ва ну- риҳои маъданӣ меандозанд. Дар баробари ин дарахтонро аз ҷон- варони хоянда ва дигар зараррасонҳо бояд муҳофизат кард.

  1. Меваи дарахтону буттагиҳо дар ҳаёти инсон чӣ аҳамият дорад?
  2. Аз рӯи шакпу сохт растаниҳои мевадорро ба кадом гурӯҳҳо ҷудо мекунанд?
  3. Кадом навъҳои себро медонед?
  4. Кадом навъҳои маҳаллии ниҳоят маъмули зардолуро дар Тоҷикистон парвариш мекунанд?
  5. Барои шинондани ниҳол чӣ хел корҳоро анҷом медиҳанд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …