Главная / Гуногун / РАШИДИДДИНИ ВАТВОТ

РАШИДИДДИНИ ВАТВОТ

Рашиди Ватвот аз шуарои Мовароуннаҳр аст. Дар вақти худ устоди шуаро ва муқаддаму пешвои он табақа буд ва китоби «Ҳадоиқ-ус-сеҳр» дар саноеъи шеър таснифи ўст. Ва дар мухотабаи баъзе аз вузаро мегўяд:

Қ и т ъ а
Ту вазирию мадҳгўйи ту ман,
Дасти ман бе ато раво бинӣ?!
Ту вазорат ба ман гузору маро
Мадҳате гўй, то ато бинӣ.

Ва ин ду рубоӣ аз зодаи табъи ўст.

Р у б о ӣ
Бар ёди рухи ту ин ҷаҳони гузарон
Бигзоштам, Ай моҳу ту аз бехабарон.
Даст аз ҳама шустаму нишастам ба карон,
Чун бе ту гузашт, бигзарад бе дигарон.

Р у б о ӣ
Чашме дорам ҳама пур аз сурати дўст,
Бо дида маро хуш аст, чун дўст дар ўст.
Аз дидаю дўст фарқ кардан на накўст,
Ё дўст ба ҷойи дида, ё дида ҳам ўст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …