Главная / Биология / Растаниҳои сабзавотии Тоҷикистон

Растаниҳои сабзавотии Тоҷикистон

Растаниҳои сабзавотӣ хеле гуногун буда, дар байни онҳо ҳам растаниҳои худрӯй ва кишта вомехӯранд. Дар айни замон, тақрибан 1200 намуди растанихои сабзавотӣ маълуманд ва аксари онҳо худрӯянд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 25 намуди растаниҳои сабзавотӣ парвариш карда мешаванд.

sabz

Сабзавот барои саломатии инсон аҳамияти калон дорад. Дар таркиби растаниҳои сабзавотӣ, ғайр аз моддаҳои ғизоӣ боз ба миқдори зиёд витаминҳои гуногун, намакҳои маъданӣ ҳастанд, ки онҳо дар инкишофи мӯътадилу таъмин кардани тандурустии инсон яке аз маводҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд. Зеро истеъмоли витаминҳо барои кори мӯътадили узвҳо хеле муҳим буда, дар мавриди норасоии онҳо инсон ба касалиҳои гуногун дучор мешавад. Чунончи, норасоии витамини А дар озуқавориҳо агар боиси бемории чашм (шабкӯрӣ) гардад, норасоии витамини С касалии зангила (синга)-ро ба миён меоварад, ки дар натиҷа организм заиф гашта, тобовариаш нисбат ба касалиҳои сирояткунанда хеле кам мешавад.

Чи тавре ки аллакай қайд карда шуд, дар таркиби сабзавот ба микдори зиёд намакҳои маъданӣ мавҷуданд. Дар организми инсон барои мӯътадил гузаштани мубодилаи моддаҳо ва сабзиши устухонҳо иштироки намакҳои маъданӣ бисёр зарур аст. Лекин ҳангоми дар об пухтани сабзавот миқдори муайяни витаминҳо нобуд мегарданд ва намакҳои маъданиаш ба намакҳои дар об ҳалнашавандаи барои организм дастнорас табдил меёбанд. Аз ин рӯ, тару тоза истеъмол кардани сабзавот бештар ба мақсад мувофиқ аст.

Инчунин, чи тавре ки олимон муқаррар кардаанд, дар таркиби бисёр растаниҳои сабзавотӣ моддаҳои махсусе вомехӯранд, ки онҳоро фитонсидҳо меноманд. Фитонсидҳо хосияти нобуд кардани бактерияҳои касалиангезро доранд.

Растаниҳои сабзавотӣ таомҳоро хеле болаззату хуштаъм карда, ҳазмшавии онҳоро дар организм метезонанд. Дар корхонаҳои консервабарорӣ бошад, растаниҳои сабзавотӣ масолеҳи (ашёи) хоми зарурӣ ба ҳисоб мераванд.

Ба гурӯҳи зироатҳои сабзавотӣ миқдори зиёди растаниҳои баргу пояашон сершира (карам, испаноқ, қоқу, шибит, кашниз, ҷаъфарӣ, райҳон, пиёзи сабз, шилха, ревоҷ, карафс ва ғайраҳо), мевадор (помидор, қаламфур, бойимҷон, тарбуз, харбуза, каду, лӯбиё, нахӯд, ҷуворимакка ва ғайраҳо) ва растаниҳое, ки мевағӯраи ҷавонашон (бодиринг, таррак, патиссон, мушунг, лӯбиё), бехмеваашон (шалғам, сабзӣ, лаблабу, турб, шалғамча), пиёзакашон (бехпиёз, сирпиёз, пиёзи анзур), хӯшагулашон (гулкарам, брокколӣ, расан) ва ғайраҳо мавриди истеъмол қарор доранд, дохил мешаванд.

Растаниҳои сабзавотӣ мансуби оилаҳои гуногунанд ва аз рӯи сохт, давомнокии сабзишашон ва талаботашон нисбат ба муҳити сабзишу инкишоф аз якдигар ба куллӣ фарқ мекунанд.

Растаниҳои сабзавотӣ яксола, дусола ва бисёрсола мешаванд. Растаниҳои яксолае, ки дар соли аввали инкишоф сикли (давраи) тараққиёти ҳаётиашон ба охир расида, тухму мева ҳосил мекунанд, инҳоянд: помидор, қаламфур, бойимҷон (аз оилаи авранҷиҳо), бодиринг, каду, тарбуз, харбуза, патиссон, таррак (аз оилаи кадугулон), мушунг, лӯбиё, нахӯд (оилаи лӯбиёиҳо), райҳон (оилаи лабгулон), шибит, кашниз (оилаи чатргулон) ва ғайраҳо.

Ба гурӯҳи растаниҳои сабзавотии дусола карам, турб, шалғам (аз оилаи чилликгулҳо), пиёз, сирпиёз (оилаи пиёзиҳо), сабзӣ (оилаи чатргулҳо) дохил мешаванд. Дар соли аввали инкишофи ин растаниҳо узвҳои нашвӣ сабзида инкишоф меёбаид ва дар онҳо моддаҳои ғизоӣ захира мешаванд. Дар соли дуюм баъди аз сар гузарондани фасли зимистон дар онҳо дар давоми нашъунамои навбатиашон пояи гулдор ва дар он меваю тухм ҳосил мешавад.

Растаниҳои сабзавотии бисёрсола — шилха, ревоҷ, торон (оилаи торониҳо), ботунпиёз, пиёзи анзур (оилаи пиёзиҳо), сарсабил
(оилаи занбақиҳо) мебошанд, ки ҳар сол қисми рӯизаминиашон (дар тирамоҳ) нобуд шуда, пиёзак ё решапояи зеризаминии онҳо баъди зимистонгузаронӣ ҳар фасли баҳор аз сари нав навдаҳои ҷавони нав пайдо мекунанд.

Ватани аслии бисёр растаниҳои сабзавотӣ мамлакатҳои гарми тропикӣ ва субтропикӣ мебошад. Аз ин рӯ метавон кайд кард, ки растаниҳои бодиринг, помидор, каду, тарбуз, таррак, харбуза, лӯбиё ба хунукӣ тобовар набуда, дар ҳарорати то +10°С нашъунамояшон хеле суст мешавад.

Растании карам, бехмеваҳо, мушунг, пиёз, испанок чунин растаниҳои сабзавотие мебошанд, ки ба хунукӣ тобоварии зиёд дошта баръакс ба гармии зиёд (аз +25°С боло) тоб оварда наметавонанд Ҳарорати нисбатан баланд ба сабзиши мӯътадили онҳо монеъ ме шавад.

Дар Тоҷикистон сабзавотро дар заминҳои кушод ва гармхонаҳс парвариш мекунанд. Дар гармхонаҳо ба таврӣ сунъӣ барои нашъунамои хуби сабзавот шароити мусоид (гармӣ, намӣ, равшанӣ ва ғайраҳо) муҳаё мекунанд. Дар гармхонаҳо бештар бодиринг, помидор, нешпиёз, гулкарам, кашниз, шибит ва ғайраҳо парварип карда мешаванд.

Парвариши растаниҳои сабзавотӣ дар гармхонаҳо имконияг медиҳад, ки аҳолиро дар давоми тамоми сол бо сабзавоти тару тоза таъмин намоем.

Дар сабзавоткорӣ асосан тухми зироатҳо ва кӯчати онҳоро исти фода мебаранд. Сараввал, кӯчатро аз тухм дар парвардахонаҳо саб зонда, сипас онҳоро дар заминҳои кушод кӯчат мекунанд. Бароз сабзонидани кӯчат тухми растаниҳои сабзавотиро дар вақти 16-20°( гарм будани қабати болои хоки парвардахона дар чуқурии 1,0-1,. см мекоранд ва об пошида болояшро бо пардаҳои синтетик! мепӯшанд.

  1. Растаниҳои сабзавотӣ чӣ аҳамият доранд?
  2. Кадом растаниҳои сабзавотиро медонед?
  3. Растаниҳои сабзавотӣ ба кадом оилаҳо мансубанд?
  4. Растаниҳои сабзавотиро дар чӣ гуна шароит парвариш мекунанд? Аз рӯи давраи тараққиёти инкишофашон растаниҳои сабзавотиро ба кадом гурӯҳҳо ҷудо мекунанд

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …