Главная / Гуногун / РЎДАКӢ – Дар Баҳористони Абдураҳмони Ҷомӣ

РЎДАКӢ – Дар Баҳористони Абдураҳмони Ҷомӣ

Вай аз Мовароуннаҳр аст ва аз модар нобино зодааст. Аммо чунон закӣ ва тезфаҳм буд, ки дар ҳаштсолагӣ Қуръонро ба тамом ҳифз кард ва қироат биёмўхт ва шеър гуфтан гирифт ва ба воситаи ҳусни савт дар мутрибӣ афтод ва ўд биёмўхт ва дар он моҳир шуд ва Наср ибни Аҳмади Сомонӣ 28 ўро тарбият кард.
Гўянд, ўро дувист ғулом буд ва чаҳорсад шутур дар зери рахту бори ў мерафт ва баъд аз вай ҳеҷ шоирро ин мукнат29 набуда. Ва ашъори вай, ал-ўҳдату-ала-р-ровӣ30, сад дафтар баромадааст ва дар «Шарҳи Яминӣ»31 мазкур аст, ки ашъори вай ҳазор ҳазору сесад байт будааст. Ва аз суханони вай аст, дар сифати шароб:

Он ақиқӣ мае, ки ҳар кӣ бидид,
Аз акиқи гудохта нашнохт.
Ҳар ду як ҷавҳаранд, лек ба табъ
Ин бияфсурду он дигар бигдохт.
Нобисуда ду даст рангин кард,
Ночашида ба торак – андар тохт,

Ва дар насиҳат гўяд:

Қ и т ъ а
Замона панде озодвор дод маро,
Замонаро чу накў бингарӣ, ҳама панд аст.
Ба рўзи неки касон, гуфт, ғам махўр зинҳор,
Басо касо, ки ба рўзи ту орзуманд аст.

Ва дар баъзе таворих чунон мазкур аст, ки Наср ибни Аҳмад аз Бухоро омад ва ба Марви Шоҳҷон нузул фармуда буд ва муддати макси32 вай он ҷо мутамодӣ 33 шуд. Аркони давлатро хотири Бухоро ва қусуру басотини 34 он мекашид. Аз Рўдакӣ чизи бисёре тақаббул карданд35, то байте чанд мушаввиқ 36 ва мурағғиби37 вай ба Бухоро бигўяд ва дар маҳалле муносиб бар оҳанги ўд бар он тараннум кунад. Ва дар саҳарӣ, ки подшоҳ сабўҳӣ карда буд, ин абётро бар оҳанги ўд соз кард ва бихонд:

Қ и т ъ а
Боди ҷўйи Мўлиён ояд ҳаме,
Бўйи ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омўву дуруштиҳои ў
Зери по чун парниён ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳуну шигарфиҳои38 ў
Хинги моро то миён ояд ҳаме.
Ай Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Шоҳ наздат меҳмон ояд ҳаме.
Шоҳ моҳ асту Бухоро осмон,
Моҳ сўйи осмон ояд ҳаме.
Шоҳ сарв асту Бухоро бўстон,
Сарв сўйи бўстон ояд ҳаме.

Чунон дар нафси вай таъсир кард, ки бо шиққаи39 хос ва кафш савор шуд ва як манзил бирафт.
Ва дар баъзе таворих ин ҳикоятро ба султон Санҷару амир Муиззӣ нисбат кардаанд. Валлоҳу таоло аълам40.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …