Главная / Без рубрики / ҚОНУНИ МАҲДУД НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ МАҲСУЛОТИ ТАМОКУ

ҚОНУНИ МАҲДУД НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ МАҲСУЛОТИ ТАМОКУ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҲДУД НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ МАҲСУЛОТИ ТАМОКУ

Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамокуро муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба истифода, истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши маҳсулоти тамоку танзим менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

nos-tamoku

– тамоку – растании буттагӣ, ки таркибаш никотин ва моддаҳои дигари ба саломатии инсон зараровар дошта, бо мақсади гирифтани ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулоти тамоку коркард  мешавад;

– маҳсулоти тамоку – маҳсулоте, ки барои кашидан, хоидан, макидан, таги забон мондан ё бӯй кашидан пурра ва ё қисман аз баргҳои тамоку тайёр карда мешавад, аз ҷумла сигаретаҳо бо дудполо (филтр), сигаретаҳо бе  дудполо (бе филтр), папирос, сигор, сигарила, тамокуи кашиданӣ, ҳама намуди тамокуи ғайрикашиданӣ, чилим, нос, инчунин сигори электронӣ, чилими электронӣ ва ҳама намуди воситаҳои электронии таъминкунандаи никотин;

– никотин – моддаи таркиби тамоку (алкалоиди дар таркиби растаниҳои оилаи «Никотиана» мавҷудбуда), ки боиси гирифтор шудани шахс ба бемориҳои гуногун, аз ҷумла сактаи дил, сактаи майна ва саратон мегардад;

– истифодаи маҳсулоти тамоку – кашидани тамоку (нафас кашидани моддаи аз сӯзондан ё гарм кардани тамоку ҳосилшуда), хоидан, бӯй кашидан, макидан ё таги забон мондани маҳсулоти тамоку, ки вобастагии организми инсонро аз никотин ба вуҷуд оварда, ба саломатии истифодабарандагон ва шахсоне, ки маҳсулоти тамокуро истифода намекунанд, таъсири манфӣ мерасонад ва муҳити зистро ифлос мекунад;

– қатрон – қисмати асосии дуди тамоку, ки дар таркибаш  никотин надошта, дорои хусусияти кансерогенӣ мебошад;

– ҷузъи таркибӣ (ингредиент) – моддае (ба ғайр аз барг ва қисмҳои дигари тамоку), ки ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти тамоку истифода мешавад  ва дар таркиби маҳсулоти тайёри тамоку, аз ҷумла дар шакли тағйирёфта, вуҷуд дорад;

– борпечи истеъмолӣ – борпечи барои фурӯш пешбинигардидаи маҳсулоти тамоку, аз ҷумла қуттӣ ва блок ё борпечи аввалияи маҳсулот, ки ба истеъмолкунандаи охирон фурӯхта мешавад;

– регламенти техникӣ – санади меъёрии техникӣ, ки дар ҷараёни бамеъёрдарории техникӣ таҳия шуда, талаботи техникии риояашон ҳатмиро вобаста бо бехатарии маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар қисми бехатарӣ муқаррар мекунад;

– чилим – асбобе, ки аз қисмҳои пайвастшавандаи асосӣ: сархона, муштук ва зарф иборат буда, барои тамокукашӣ ё истифодаи омехтаҳои гуногуни кашидании дар таркибашон барги тамокунадошта истифода мешавад;

– сигори электронӣ – намуди воситаи электронии таъмини никотин, ки ба сигори ҳақиқӣ монанд аст (новобаста ба андоза ва шакл), он метавонад дорои қисми барҷастаи ба полои сигор монанд ва ҳаври ба дуд шабоҳатдошта бошад;

– нос – омехтае, ки дар таркибаш тамоку, ишқор (оҳак ё  моддаи дигар) ё моддаҳои дигар омехта шудаанд ва бо роҳи ба зери забон, байни лабҳо ё бехи дандон гузоштан истифода мешавад. 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТ ОИД БА МАҲДУД НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ МАҲСУЛОТИ ТАМОКУ 

Моддаи 3. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият оид ба истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт

ва чаканаи маҳсулоти тамоку

Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият оид ба истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад.

Моддаи 4. Танзими фаъолият оид ба истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку

  1. Истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамокуе, ки миқдори моддаҳои зараровар дар онҳо аз меъёрҳои гигиении тасдиқшудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ зиёданд, манъ аст. Нишондиҳандаҳои моддаҳои зараровар дар таркиби маҳсулоти тамоку барои сигорҳо бо дудполо ва бе дудполо мувофиқан аз 10 миллиграмм қатрон ва 1,0 миллиграмм никотин ба як дона сигор зиёд буда наметавонанд. Нишондиҳандаҳои моддаҳои зарарнок дар таркиби намуди дигари маҳсулоти тамоку набояд аз меъёрҳои муқаррарнамудаи регламенти техникӣ, стандарт ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии дахлдор бештар бошанд.
  2. Борпечи истеъмолии маҳсулоти тамоку, аз ҷумла чилим ва носи дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшуда, аз хориҷа воридшуда ва ё дар асоси талаботи регламенти техникӣ барои савдои озод пешбинигардида, бояд оид ба зарари истифодаи маҳсулоти тамоку маълумоти огоҳкунандаи асосӣ ва иловагӣ дошта бошад.
  3. Ҳар борпечи истеъмолии маҳсулоти тамоку бояд маълумоти огоҳкунандаи асосиро оид ба зарари истифодаи он, ки ба талаботи зерин ҷавобгӯ аст, дошта бошад:

– аз матн ва акс таркиб ёфта бошад;

– дар қисмати болоии зиёдтари рӯи борпечи истеъмолӣ, дар ҳар ду тарафи он ва на кам аз 75 фоизи сатҳи умумии ҳар як тараф ҷойгир бошад;

– матн дар қисми поёнии тарафи пеш бо забони давлатӣ ва дар қисми поёнии тарафи муқобил бо забонҳои дигар дарҷ карда мешавад.

  1. Маълумоти иловагии огоҳкунанда дорои матн оид ба мавҷуд будани ингредиентҳо, пайвастагии заҳрҳо, моддаҳои кансерогенӣ мебошад ва дар паҳлӯи борпечи истеъмолии маҳсулоти тамоку бо ранги аз навиштаҷоти борпечи истеъмолӣ равшантар дарҷ гардида, на камтар аз 17 фоизи сатҳи  паҳлуии борпечи истеъмолии маҳсулоти тамокуро ишғол менамояд.
  2. Ангораи аксҳо ва матни маълумоти асосии огоҳкунанда оид ба зарари истифодаи маҳсулоти тамоку ва мазмуни матни огоҳкунандаи иловагӣ оид ба зарари тамоку аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ карда мешавад.
  3. Маълумоти дар борпечи истеъмолии маҳсулоти тамоку, аз ҷумла чилим ва нос дарҷ гардида, набояд истилоҳот, тавсифҳо, нишонаҳо, рамзҳо ва дигар аломатҳоро, ки бавосита ё бевосита оид ба камзарар будани маҳсулоти тамоку нисбат ба дигар маҳсулоти тамоку таассуроти бардурӯғ ба вуҷуд меорад, дар бар гирад. Маълумоти зикргардида бояд чунин калимаҳо ё ибораҳоро, ба мисли «дорои миқдори ками қатрон», «сабук», «хеле сабук», «камтаъсир», «экстра», «ултра», ҳамчунин калимаҳо, нишонаҳо ва рамзҳое, ки маҳсулоти тамокуро бо маҳсулоти хӯрокворӣ (иловагиҳои ғизоӣ) шабоҳат медиҳанд ё бавосита ё бевосита вобаста ба таъми маҳсулоти хӯроквориро  (иловагиҳои ғизоӣ) доштани маҳсулоти тамоку таассуроти бардурӯғ ба вуҷуд меоранд, дар бар нагирад. Маълумоте, ки дар борпечи истеъмолии маҳсулоти тамоку дарҷ гардидааст, набояд дорои акси маҳсулоти хӯрокворӣ, доруворӣ, гиёҳҳои шифобахш, инчунин калимаҳо ё ибораҳое бошад, ки бавосита ё бевосита маҳсулоти тамокуро бо маҳсулоти хӯрокворӣ, доруворӣ ё гиёҳҳои шифобахш шабоҳат медиҳанд.
  4. Дар борпечи истеъмолии маҳсулоти тамоку дарҷ намудани чунин маълумот манъ аст:

– истифодаи маҳсулоти тамокуи мазкур (намуди маҳсулоти тамоку) хавфи пайдоиши бемориҳои вобаста ба истифодаи маҳсулоти тамокуро кам мекунад;

– маҳсулоти тамокуи мазкур (намуди маҳсулоти тамоку) нисбат ба маҳсулоти дигари тамоку (дигар намуди маҳсулоти тамоку) ба саломатӣ зарари камтар дорад;

– хавфи пайдо шудани бемориҳои ба истифодаи маҳсулоти тамокуи мазкур (намуди маҳсулоти тамоку) вобаста бо сабаби хориҷ шудани моддаи махсус ҳангоми истифодаи маҳсулоти тамоку кам карда шудааст.

  1. Нисбат ба навиштаҷоти дар борпечи истеъмолии маҳсулоти тамоку, аз ҷумла чилим ва нос дарҷшаванда, талаботи зерин пешниҳод карда мешавад:

– навиштаҷот бояд бо забони давлатӣ возеҳу хоно дарҷ шуда бошад;

– навиштаҷот бояд тавре ҷойгир шуда бошад, ки ҳангоми кушодани борпечи истеъмолӣ пуррагии он таъмин гардад;

– навиштаҷот набояд дар пардаи борпечи шаффоф ё маводи бастабандии дигар чоп ва бо маълумоти дигари чопшуда пӯшонда шавад.

  1. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти тамоку ба сифати ҷузъи таркибӣ (ингредиент) истифода бурдани моддаҳо мувофиқи номгӯе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ таҳия ва тасдиқ карда мешавад, иҷозат дода намешавад.

Моддаи 5. Манъи фурӯши маҳсулоти тамоку

  1. Фурӯши маҳсулоти тамоку дар дохили биноҳо ва ҳудуди онҳо, инчунин бо истифодаи дастгоҳҳои автоматӣ дар масофаи на камтар аз сад метр аз ҳудуди муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, низоми маориф, фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ ва иттиҳодияҳои динӣ манъ аст.
  2. Фурӯши маҳсулоти тамоку дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсоне, ки ба синни 18 нарасидаанд, иҷозат дода намешавад. Дар сурати шубҳа пайдо кардани фурӯшанда оид ба синну соли шахсе, ки маҳсулоти тамокуро мехарад, фурӯшанда уҳдадораст, аз харидор ҳуҷҷати тасдиқкунандаи синну соли ӯро талаб намояд. Агар аз ҷониби харидор ҳуҷҷати тасдиқкунандаи синну соли ӯ пешниҳод нагардад, фурӯшанда фурӯхтани маҳсулоти тамокуро ба ӯ рад мекунад.
  3. Фурӯши сигарету папирос, ки дар борпечи истеъмолӣ аз бист дона кам мебошанд, фурӯши  сигарету папирос ба таври донабайъ, инчунин фурӯши маҳсулоти тамоку бе борпечи истеъмолӣ ва ҳуҷҷатҳои  тасдиқкунандаи сифати маҳсулоти тамоку манъ аст.
  4. Истеҳсол, фурӯш ва паҳнкунии маҳсулоте, ки ба маҳсулоти тамоку монанд мебошад, манъ аст.
  5. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн кардани маҳсулоти тамоку дар байни аҳолӣ ба таври ройгон ё ба ивази ягон мол, хизматрасонӣ ва ё фурӯши он дар дохили маҷмӯи маҳсулоти ғайритамоку манъ аст.
  6. Бар ивази пардохти музди меҳнат додани тамоку ва маҳсулоти тамоку манъ аст.
  7. Фурӯши чаканаи маҳсулоти тамоку дар объекти тиҷоратӣ тариқи берун мондан ва намоиш додани он, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 8 моддаи мазкур пешбинишуда,  манъ аст.
  8. Маълумот дар бораи маҳсулоти тамоку, ки барои фурӯши чакана пешкаш карда мешавад, аз ҷониби фурӯшанда тариқи ҷой додани номгӯи маҳсулоти тамоку дар объекти тиҷоратӣ ба маълумоти харидор расонда мешавад. Номгӯи маҳсулоти тамоку бо истифодаи ҳарфҳои андозаашон якхелаи ранги сиёҳ дар коғази сафед бо тартиби алифбо тартиб дода шуда, дар он бояд нархи маҳсулоти тамокуи ба фурӯш гузошташуда бидуни истифодаи тасвирҳои графикӣ ва аксҳо нишон дода шавад. Намоиши маҳсулоти тамоку дар объекти тиҷоратӣ ба харидор тибқи хоҳиши ӯ пас аз шиносоӣ бо рӯйхати маҳсулоти тамокуи ба фурӯш гузошташуда, бо назардошти талаботи моддаи мазкур, амалӣ карда мешавад.
  9. Маҳсулоти тамоку бевосита дар ҷойҳои фурӯш дар ҷевонҳои маҳкам, ки ба харидор дастрас нестанд, нигоҳ дошта мешавад. Ҷевонҳои мазкур аз ҷиҳати сохт бояд чунин бошанд, ки ҳангоми кушодани онҳо намоиши маҳсулоти тамоку ба харидорон ғайриимкон гардад. Дар ҷевонҳои барои нигоҳдории маҳсулоти тамоку пешбинишуда ҷой додани маълумоте, ки истеъмол ва харидорӣ намудани маҳсулоти тамокуро реклама ва ҳавасманд мекунад, аз ҷумла тариқи истифодаи калимаҳо, ороиш, тасвирҳо, рангҳо, номгӯи фирмавӣ, тамғаи тиҷоратӣ, рамзҳо (логотипҳо), номгӯи ширкатҳои тамокубарорӣ ё таҳвилкунандаи онҳо, инчунин истифодаи ранг ё таркиби рангӣ, ки бо маҳсулоти тамоку, истеҳсолкунанда ё таҳвилкунандаи он алоқаманд аст, манъ мебошад.

Моддаи 6. Тадбирҳои аз таъсири маҳсулоти тамоку ҳифзкунанда

  1. Истифодаи маҳсулоти тамоку, аз ҷумла чилим, нос ва сигори электронӣ дар дохили биною иншоот, инчунин дар ҷойҳои зерин қатъиян манъ аст:

– дохили бино ва ҳудуди муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  фарҳангӣ,  варзишӣ, сайёҳӣ, динӣ ва илмию таълимӣ;

– дохили биноҳои маъмурӣ,  утоқҳои кории  ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

– дохили иншооти муассисаҳои хӯроки умумӣ (тарабхона, ошхона, чойхона, қаҳвахона, буфет ва ғайра);

– дохили бинои осоишгоҳҳо ва иншооте, ки дар онҳо чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва фарҳангию фароғатӣ гузаронда мешаванд;

– дохили бинои меҳмонхонаҳо ва хобгоҳҳо;

–  дохили ҳама намуди нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла таксӣ, истгоҳҳои барои нақлиёти ҷамъиятӣ таҷҳизонидашуда, биноҳо ва дар ҳудуди фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ;

–  майдончаҳои кӯдакон;

–  нақлиёти истифодаи шахсӣ,  ки дар он  кӯдакони то 16-сола ҳузур доранд;

– даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматӣ, лифт, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва биною иншооти дигаре, ки барои одамон дастрас мебошанд.

  1. Барои таҷҳизонидани ҷойҳои махсуси истифодаи маҳсулоти тамоку дар маҳбасхонаҳо, беморхонаҳои бемориҳои рӯҳӣ, хонаҳои пиронсолон ва маъюбон аз рӯйи дархост мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ё сохторҳои маҳаллии он  иҷозат медиҳад.
  2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколати худ ҳуқуқ доранд истифодаи маҳсулоти тамокуро дар боғу гулгаштҳо, ҳудуди канори дарё ё кӯлҳо ва ҷойҳои дигаре, ки чорабиниҳои оммавӣ гузаронда мешаванд, ба таври муваққатӣ ё доимӣ манъ намоянд.
  3. Моликон ва шахсоне, ки дорои ҳуқуқи истифодаи бино, ҳудуду иншоот ва муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда нишондодашуда мебошанд, вазифадоранд риояи меъёрҳои моддаи мазкурро таъмин намоянд ва барои риоя накардани онҳо масъул мебошанд.
  4. Роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, берун аз биноҳо ҷойҳои махсуси истифодаи маҳсулоти тамокуро муайян менамоянд.

Моддаи 7. Тарғиби зарари истифодаи маҳсулоти тамоку

  1. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва илм, варзиш, сайёҳӣ ва оид ба дин вазифадоранд, тавассути воситаҳои  ахбори омма, филмҳои таълимӣ, воситаҳои аёнӣ ва буклету расмҳо иттилоотонии аҳолиро оид ба зарари истифодаи маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон ва оқибатҳои ногувори он ба генофонди миллӣ мунтазам ба роҳ монанд.
  2. Дар барномаи таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот мавзӯъҳои дахлдор вобаста ба таъсири манфии истифодаи маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон пешбинӣ карда мешаванд.
  3. Барномаи таълимӣ дар самти омодасозӣ ва бозомӯзии кормандони соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва илм, варзиш, сайёҳӣ ва дин бояд фарогири мавзӯъ дар бораи иттилоотонии аҳолӣ оид ба зарари истифодаи маҳсулоти тамоку ва усулҳои мусоидат намудан ба пешгирии истифодаи маҳсулоти тамоку бошанд.
  4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ барои дар муассисаҳои тандурустӣ амалӣ шудани хизматрасонӣ доир ба ташхис, машваратдиҳӣ, пешгирӣ ва табобати шахсони ба тамоку вобастагидошта мусоидат менамояд.

БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ 

Моддаи 8. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур             

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 9. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №12, қ. 1, мод. 811; с. 2013, №3, мод. 192) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 10. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

           Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                      Эмомалӣ Раҳмон

 

       ш. Душанбе

2 январи соли 2018,

          №1484

 

Инчунин кобед

tajhizot

Таҷҳизот барои ошхона

Аз куҷо дар Душанбе таҷҳизот барои ошхона, кафе, ресторан, ки аз пулоди зангногир — металли …