Чӣ гуна фаришта Азроил, алайҳи-с-салом, дар як вақт метавонад рўҳи ҳазор шахсро қабз намояд?
Дўстони азиз! Инро шумо низ бояд бидонед. Биёед рў–ҳамонро дар шакли як чароғаки барқии фурўзон тасаввур менамоем ва маргро – монанди онро хомўш кардан. Ҳамаи симҳои ба хонаи мо дароянда ба як истгоҳи барқӣ васл карда шудааст. Ҳоло тасаввур намоед, ки агар муҳандиси корман–ди он ба коргарони худ дар бораи хомўш намудани қувваи барқ дар як ноҳияи шаҳр фармон диҳад, чӣ воқеа рух меди-ҳад? Вақте ки коргар ин фармонро иҷро мекунад, дар як лаҳ–за дар ҳазорон хонаҳо чанд ҳазор чароғак хомўш мегардад.
Ҳамин гуна рўҳҳои мо бо симҳои диданашаванда бо туг–мачаҳое пайвастанд, ки идора кардани онҳо дар ихтиёри фаришта Азроил, алайҳи-с-салом, қарор дорад. Ва бо як ҳа–ракати ангушти ў дарҳол ҳазор рўҳ метавонад ҷасади худро тарк кунад.
Ба ғайр аз ин, дар тобеияти Азроил, алайҳи-с-салом, мил–лионҳо фариштагони дигар ҳозиранд. Ва ягон мушкилие ву-ҷуд надорад, ки онҳо дар як вақт бо фармони Азроил, алай–ҳи-с-салом, рўҳи садҳо ҳазор ҷони зиндаро қабз намоянд.