Главная / Биология / ҚОНУНИ БИОГЕНЕТИКӢ

ҚОНУНИ БИОГЕНЕТИКӢ

Тамоми организмҳои серҳуҷайра аз ҳисоби тухми бордор ё бордорнашуда инкишоф меёбанд. Инкишофи ҷанин дар ҳайвоноти мансуби як тип монанд аст. Дар ҳамаи ҷонварони хордадор дар давраи ҷанинӣ камонаки скелети пайдо мешавад, масалан, хорда, найчаи асаб, ҷавфи ғалсама.

dugonikДар зинаҳои аввали инкишофи ҷанинӣ ҳайвоноти мўҳрадор ба ҳам бисёр монанданд (расми 7.10). Ин далелҳо дуруст будани қонуни монандии ҷанинро, ки К.Бэр пешниҳод карда буд, тасдиқ мекунанд. Дар ҷанин аз ибтидо баъзе аломатҳои ба ҳамон типи ҷонварон хос мушоҳида мешаванд.

Ба ҳам монандии ҷанини гурўҳҳои гуногуни ҳайвонот нишонаи асосии пайдоиши умумии онҳост. Дар оянда дар сохти ҷанин аломатҳои синф, авлод, намуд ва дар охир аломатҳои худи фард зоҳир мешаванд.

Дуршавии аломатҳои ҷаниниро дар рафти инкишоф дивергенсияи ҷанин меноманд. Он таърихи инкишофи ҳамон намуд буда, дар он таҳаввулоти (эволютсияи) ин ё он гу-рўҳи ҳайвонот инъикос ёфтааст. Монандӣ дар давраи аввали инкишофи ҷанин ва пайдо шудани фарқиятҳо дар давраи охир сабаб дорад. Тағйирпазирӣ дар ҳамаи зинаҳои инкишоф ба амал меояд. Раванди мутатсионии генҳо ба амал меояд, ки он хосият, сохт ва мубодилаи моддаҳоро дар ҷанин назорат мекунад.

Вале структураҳое, ки дар давраи аввали инкишофи ҷанин (аломатҳои қадима, ки ба пешгузаштагон хосанд) пайдо мешаванд, барои инкишофи ояндаи онҳо аҳамияти калон доранд. Чуноне ки қайд шуда буд, аз ҳуҷайраҳои ибтидоӣ хорда ва найчаи асаб пайдо мешаванд. Дар сурати нест шудани онҳо инкишоф қатъ мегардад. Мисолҳои муҳим будани ин сохторҳои функсионалӣ дар давраҳои аввали инкишоф хеле бисёранд.

Аз ин ҷост, ки тағйироти дар зинаҳои аввал пайдошаванда, дар бисёр мавридҳо ба номукаммалӣ ё марг оварда мерасонад. Баракс, тағйироте, ки дар зинаҳои охир пайдо мешаванд, қисми ками аломатҳоро дар бар гирифта, барои организм (фард) мусоид мебошанд ва дар ин ҳолатҳо зери таъсири интихоби табиӣ мемонанд.

Зуҳуроти аломатҳои ҷонварон дар давраи инкишофи ҷанин, ки ба пешгузаштагони онҳо хосанд, исботи дигаргунии эволютсионии сохти узвҳо мебошад. Организмҳо давраи инкишофи якҳуҷайрагӣ (давраи зигота)-ро аз сар мегузаронанд, ки он такрорёбии зинаи филогенезӣ ном дорад.

Ин давраи ба амёба монандро ба хотир меорад. Дар ҳамаи мўҳрадорон, аз ҷумла, намояндагони олии онҳо, ибтидои хордаро дидан мумкин аст, ки дар рафти инкишоф ба мўҳраҳо табдил меёбад. Вале дар аҷдоди онҳо, агар нештаршаклҳоро ба назар гирем, хорда дар тамоми ҳаёт боқӣ мемонад. Дар рафти инкишофи ҷанини паррандагон ва ширхўрон, аз ҷумла одам, дар гулў сўрохиҳои ғалсама пайдо шуда, ба хоначаҳо ҷудо шудаанд.

Пайдо шудани дастгоҳи ғалсама дар мўҳрадорони хушкигард шояд далели аз моҳишаклони қадима ба вуҷуд омадани онҳо бошад. Сохти дили ҷанини одамизод дар давраи аввали ташаккул ба сохти дили моҳӣ монанд аст, яъне аз як

пешдил ва як меъдачаи дил иборат мебошад. Дар наҳангҳои бедандон, дар давраи ҷанинӣ нишонаҳои дандон мавҷуд аст, вале он набаромада нест шуда меравад. Ҳамаи ин исбот мекунад, ки дар байни инкишофи фардӣ ва таърихии организмҳо алоқаи зич вуҷуд дорад. Ин алоқамандӣ дар қо-нуни биогенетикӣ, ки аз ҷониби Ф.Мюллер ва Э.Геккел дар асри ХIХ пешниҳод шуда буд, инъикос ёфтааст. Онтогенези (инкишофи фардӣ) ҳар фард такрорёбии кўтоҳ ва тези филогенези (инкишофи таърихӣ) намуд мебошад. Дар пешрафти минбаъдаи қонуни биогенетикӣ олими рус А.Н.Северсов сахми калон гузоштааст. Вай муайян намуд, ки дар инкишофи ҳайвонот дар давраи ҷанинӣ на аломатҳои фардҳои болиғи аҷдод, балки аломатҳои ҷанини онҳо такрор мешавад.

Саволҳо барои санҷиш:

  1. Мисолҳое оред, ки монандии хусусиятҳои сохтро дар ҷанини ҳайвоноти гуногуни мўҳрадор нишон диҳанд.
  2. Диверегенсияи ҷанин чист?
  3. Чаро дар ҷанини ҳайвоноти ҳозира аломатҳои сохти аҷдоди онҳо пайдо мешаванд? Онро шарҳ диҳед.

 

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …