Главная / Илм / ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНДар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНДар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №3, мод.194; с.2013, №7, мод.525)

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 997, аз 2.01.2018 № 1502)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва тартиби бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, ҳуқуқҳо ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқӣ ба онро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эътироф ва ҳимояи давлатии тибқи Қонуни мазкур бақайдгирифтаи ҳуқуқҳо ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқӣ ба молу мулки ғайриманқулро муқаррар менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ Борбардории ҚОНУН дар формати PDF

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда мешаванд:

– молу мулки ғайриманқул – қитъаҳои замин, ҳамчун моликияти давлатӣ, бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот, объектҳои сохтмони нотамом, ниҳолҳои бисёрсола ва дигар молу мулки ғайриманқуле, ки ба замин алоқамандии мустаҳкам дорад, яъне объектҳое, ки интиқолашон бидуни расонидани зиёни воқеии беҳисоб ба таъиноташон имконнопазир аст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1502);

– феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он – маҷмўи маълумот ва ҳуҷҷатҳои мураттабгардида нисбат ба объектҳои бақайдгирифташудаи молу мулки ғайриманқул;

– маълумоти мушаххас – насаб, ном, номи падар, рўз, моҳ, соли таваллуд, шаҳрвандӣ, рақами шиноснома, суроғаи ҷои истиқомати шахси воқеӣ, номи пурра, рақам ва рўзи додани ҳуҷҷат дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда, суроғаи ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1502);

– бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии ҷудогона – қисми дохилии бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, ки аз дигар қисмҳои ҳамҳудуди бино бо деворҳо, тавораҳо ҷудо гардида, даромади алоҳида аз бинои ёрирасон (даромадгоҳ, даҳлез, галерея, қатораи поймонакҳо ва майдонҳо, толори лифт ва ғайраҳо) ё ин ки аз ҳудуди истифодабарии умум (ҳудуди назди хона, кўча ва ғайраҳо) бевосита ва ё бавоситаи бинои ҳудуди дигар бо роҳи муқаррар намудани сервитут дорад, таъинот, ҷойгиршавӣ дар дохили бино, ки майдони он дар ҳуҷҷатҳои феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он сабт шудаанд. Бинои истиқоматии ҷудогона метавонад аз бинои ёрирасон, баромадгоҳ (даҳлез, даромадгоҳ ва ғайраҳо) иборат бошад;

– харитаи кадастрӣ – ҳуҷҷати феҳристи ягонаи давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он мебошад, ки дар он нақшаи графикии ҳудуди дахлдори минтақаи бақайдгирӣ, сарҳади қитъаҳои замин, сервитутҳо, ҳудуди муҳофизатшаванда, ҷойгиршавии бинои истиқоматӣ ва ғайриистоқаматӣ, иншоот ва объектҳои сохтмонии нотамом дар қитъаи замин. инчунин маълумот дар бораи рақамҳои кадастрии қитъаҳои замин, бинои истиқоматӣ ва ғайриистоқаматӣ, иншоот ва объектҳои сохтмонии нотамом, дигар маълумот мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта шудааст;

– рақами кадастрии объекти молу мулки ғайриманқул- рақами ягонаи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон такрорнашаванда ва ивазнашавандае, ки дар тамоми давраи мавҷудият ва барҳамхўрии мавҷудияти молу мулки ғайриманқул нигоҳ дошта мешавад;

– бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ- ҳамагуна объекти дар боло ва зери замин сохташудае, ки сохтмони он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуда, барои истифодаи дарозмуддат пешбинӣ гардидааст ва бо замин алоқамандӣ дошта, бе расонидани зарар интиқоли он имконнопазир аст, таъинот, ҷойгиршавӣ ва андозаи он дар ҳуҷҷатҳои феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он сабт шудааст;

– объектҳои сохтмонии нотамом – объекти сохтмонаш мавқуфгузошта, ки барои ба вуҷуд омадани он ҳамчун бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, вале нотамом мебошад, бо замин алоқамандии мустаҳкам дошта, таъинот, ҷойгиршавӣ ва андозаи он дар ҳуҷҷатҳои феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он сабт шудааст;

– объекти таъиноти махсус – объекти молу мулки ғайриманқуле, ки ҳангоми паҳн гардидани маълумот дар бораи он метавонад ба амнияти миллӣ, иқтидори мудофиавӣ ва манфиатҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расад;

– маҳдудияти (гаронии) ҳуқуқ – ҳуқуқи шахс нисбати молу мулки мушаххаси ғайриманқул, ки молик ё истифодабарандаи он намебошад, аз ҷумла сервитут, ипотека, иҷора, истифодаи беподош, шарт ва ё манъкуние, ки соҳибҳуқуқро маҳдуд мекунад, аз ҷумла ҳабс, эътирофи молу мулки ғайриманқул ҳамчун объекти меросии таърихию фарҳангӣ, маҳдудият нисбати молу мулки ғайриманқули вобаста ба хизматрасонии хатҳои барқдиҳӣ, қубурхатҳо ва дигар иншоотҳои муҳандисӣ;

– маълумоти асосии объектҳои молу мулки ғайриманқул рақами кадастрӣ, таъинот, тасвирҳо ҳудудҳо, ҷойгиршавӣ, майдони қитъаи замин, мавҷуд будан ё мавҷуд набудани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он, майдон ё дигар андозаҳои бинои истиқоматӣ ва ғайриистоқаматӣ, иншоот ва объектҳои сохтмонии нотамом, бинои истиқоматии ҷудогона, инчунин дигар тавсифи объектҳои молу мулки ғайриманқул дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1502);

– варақаи бақайдгирӣ – ҳуҷҷати феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он буда, навиштаҷот оид ба иҷрои амалиёти бақайдгирӣ ва дигар навиштаҷот нисбати объектҳои молу мулки ғайриманқулро дар ҳудуди дахлдори минтақаи бақайдгирӣ дар бар гирифтааст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1502);

– парвандаи бақайдгирӣ ҳуҷҷати феҳристи ягонаи бақайдгирии давлатӣ ва ҳуқуқ ба он буда, аризаҳои асл, аз ҷумла ариза оид ба бақайдгирии давлатӣ, инчунин нусхаи ҳуҷҷатҳо, ки асос барои бақайдгирии давлатӣ нисбати объекти мушаххаси молу мулки ғайриманқул, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо дар бар гирифтааст;

– минтақаи бақайдгирӣ – қисми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарҳадҳои як ва зиёда воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, ки дар он ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии дахлдори давлатӣ фаъолияти бақайдгириро анҷом медиҳанд;

– маҳалли кадастрӣ – қисми таркибии ноҳияи маъмурӣ, ки рақами худро дорад ва дар асоси он рақами кадастрии объекти молу мулки ғайриманқул муайян карда мешавад. Ҳангоми тағйир ёфтани сарҳади маъмурии ноҳия сарҳад ва коди маҳалли кадастрӣ тағйир дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1502);

– феҳристи ҳудудии молу мулки ғайриманқул- қисми феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он буда, дорои маҷмўаи маълумот ва ҳуҷҷатҳои мураттабгардида нисбати объектҳои молу мулки ғайриманқули бақайдгирифта мебошад, ки дар ҳудуди дахлдори бақайдгирӣ ҷойгир аст;

– барўйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул – ҷамъ, барқароркунӣ ва таҳрири маълумот оид ба мавҷудият, ҷойгиршавӣ, таркиб, майдон ва дигар хусусиятҳо, ҳолатҳо, арзишҳои молу мулки ғайриманқул дар асоси таҳқиқи воқеии молу мулки ғайриманқул (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1502);

– шиносномаи техникӣ – ҳуҷҷати техникие, ки дар натиҷаи барўйхатгирии техникӣ ва (ё) санҷиши ҳолати воқеии молу мулки ғайриманқул тартиб дода шуда, маълумот дар бораи масоҳат ва дигар тавсифҳои он, рақами кадастрӣ, рақами барўйхатгирӣ, суроға (ҷойгиршавӣ) ва маълумоти дигарро дар бораи молу мулки ғайриманқул дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1502);

– ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда – ҳуҷҷате, ки пайдоиш, гузаштан, қатъи ҳуқуқ ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқро ба молу мулки ғайриманқул муқаррар менамояд (қонун, қарори мақоми ваколатдори давлатӣ, шартномаҳо, аҳдҳо, қарори суд ва ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаи дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон) (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1502);

– бозори аввалияи замин – аз давлат ба шахсони воқеию ҳуқуқӣзаминистифодабарандагон гузаштани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1502);

– бозори дуюмдараҷаи замин – аз ҷониби заминистифодабарандагон -шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ фурўхтани ҳуқуқҳои онҳо барои амалӣ гардидани аҳдҳои ҳуқуқию гражданӣ вобаста ба ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замин бо ҳуқуқи бегона намудани он тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1502);

– хатои техникӣ – ҳато дар варақаи бақайдгирӣ ё харитаи кадастрӣ, ки ислоҳи он ба мазмуни ҳуқуқ, соҳибҳуқуқ ё тағйири миқдори саҳм дар ҳуқуқ таъсир намерасонад. Ба хатои техникӣ, аз ҷумла саҳв дар калимаҳо, калимаҳои ихтисоршуда, адад, хатоҳои имлоии ҳисобҳо дохил мешаванд;

– хатое, ки хусусияти техникӣ надорад- хатое, ки дар варақаи бақайдгирӣ ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳуқуқҳо, маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқҳо ба молу мулки гайриманқул роҳ дода шудааст ва дар натиҷаи ислоҳ кардани он мазмуни ҳуқуқ, соҳибҳуқуқ ё тағйирёбии ҳуқуқ ба миқдори саҳм иваз мешаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …