Главная / Ҷамъият / ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ (2011 сол)

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ (2011 сол)

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  ДАР БОРАИ АВФ 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 618)

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи авф” қабул мекунад.

avf-amnistiya 

Моддаи 1

Шахсони ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумкардашудае, ки аз чор се ҳиссаи ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд, аз адои ҷазо озод карда шаванд. 

Моддаи 2

Аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста ба мӯҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкумшудагони зерин озод карда шаванд:

1) Занон.

2) Ноболиғон.

3) Мардони аз синни 55 – сола боло.

4) Маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили узвҳои нафас ва пошхӯрдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил – стенокардияи фаъолияти ҷисмонии ІІІ ва ІV мансуб донисташуда.

5) Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ва иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд.

6) Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд.

7) Шахсоне, ки аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, худсарона қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизматро тарк кардаанд, аз қисми ҳарбӣ ё аз ҷои хизмат бо роҳи худсарона баромада рафтан фирор кардаанд ё шахсоне, ки аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи узвмаъюбкунӣ ё усули дигар саркашӣ кардаанд.

8) Шаҳрвандони хориҷӣ. 

Моддаи 3

Маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазои таъиншуда аз адои ҷазо озод карда шаванд. 

Моддаи 4

Маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо барои қасдан содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ва ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда таъин карда шудаанд, аз адои ҷазо озод карда шаванд. 

Моддаи 5

Маҳкумшудагони зерин аз ҷазо ё адои ҷазо озод карда шаванд:

1) Агар нисбати  онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шуда бошад.

2) Агар нисбати  онҳо ҷазо шартан татбиқ накарда шуда бошад.

3) Агар онҳо шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ озод шуда бошанд ё ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо карда истода бошанд.

4) Агар онҳо шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод шуда бошанд.

5) Агар онҳо ба ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шуда бошанд.

 

Моддаи 6

Шахсоне, ки нисбати онҳо барои бори аввал содир кардани ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 307 қисми 1, 3071, 3072 қисми 2 ва  3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ва ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда таъин карда шудааст, аз адои ҷазо озод карда шаванд.

 

Моддаи 7

Пешбурди парвандаҳои ҷиноятии зерин, ки таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд ё аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда шаванд:

1) Оид ба ҷиноятҳое, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур аз тарафи шахсони дар моддаи 2 ҳамин Қонун пешбинишуда содир гардидаанд.

2) Нисбати шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд.

3) Нисбати шахсоне, ки қасдан ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд.

4) Нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 245, 246, 247, 253 ва 257 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) – ро содир карда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ намудаанд.

 

Моддаи 8

Мӯҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати маҳкумшудагони зерин, ки таҳти амали моддаҳои 1, 2 ва 4  Қонуни мазкур қарор намегиранд, ба истиснои маҳкумшудагоне, ки дар моддаҳои 11 ва 21 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, кам карда шавад:

1) Ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст – аз се як ҳисса.

2) Ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст – аз  чор як ҳисса.

 

Моддаи 9

  1. Нисбати шахсоне, ки барои иштирок дар фаъолияти ҳизбҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ва ё дигар ташкилоте, ки аз ҷониби суд бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ фаъолияташон манъ ё барҳам дода шудааст, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст, ба истиснои ташкилкунандагон ва роҳбарони онҳо, агар дар кирдорашон ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104, 179, 185, 187 қисмҳои 1 ва 3, 188 қисми 1, 195 қисмҳои 1, 2 ва 3, 1951, 305, 306, 307 қисмҳои  2 ва 3, 3072 қисми 1, 3073 қисми 1 ва 308 – 310 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) набошанд ва онҳо аз се ду ҳиссаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ва дигар ҷазоҳои ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабударо адо карда бошанд, озод карда шаванд.
  2. Мӯҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, ки таҳти амали он қарор намегиранд, се солӣ кам карда шавад.

 

Моддаи 10

  1. Парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати шахсоне, ки дар исёнҳои мусаллаҳонаи моҳҳои июн – ноябри соли 1997 дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Варзоб ва шаҳри Турсунзода, инчунин дар ҳуҷуми мусаллаҳонаи моҳи ноябри соли 1998 дар вилояти Суғд иштирок намудаанд ва айни замон пешбурди ин парвандаҳо нисбати онҳо дар асоси бандҳои 1 ва 3 қисми 1 моддаи 195 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) ва сархатҳои якум, дуюм ва чоруми қисми 1 моддаи 230 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 2009) боздошта шудаанд, ба истиснои ташкилкунандагон ва роҳбарони ин исёнҳо ва ҳуҷуми мусаллаҳона, қатъ карда шаванд.
  2. Парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, ки таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд ё аз ҷониби судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда шаванд.
  3. Шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, ки онҳо ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ва ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум карда шудаанд, агар аз ду як ҳиссаи ҷазоро адо карда бошанд, озод карда шаванд.

 

Моддаи 11

Муқаррароти моддаи 8 Қонуни мазкур нисбат ба маҳкумшудагони зерин татбиқ карда намешаванд:

1) Шахсоне, ки бо моддаҳои 61-70, 74, 104 ва 105 (ба истиснои суиқасд ба ҷиноятҳои дар моддаҳои 104 ва 105 пешбинишуда) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) маҳкум шудаанд (ба истиснои занон ва ноболиғон).

2) Шахсоне, ки бо моддаҳои 104 (ба истиснои суиқасд ба одамкушӣ), 1301, 179, 1791, 1792, 1793, 186 қисмҳои 1 ва 3, 187 қисмҳои 1 ва 3, 188, 249 қисми 4, 305-310, 313, 3351 қисми 2, 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористидошта вобаста бошад), 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) маҳкум шудаанд (ба истиснои занон ва ноболиғон).

3) Шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд.

4) Шахсоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст.

5) Шахсоне, ки пештар тариқи бахшиши ҷазо ё бо татбиқи қонунҳо дар бораи авф аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё аз ҷазои ҷиноятӣ озод карда шудаанд ва боз қасдан ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин содир намудаанд, агар мӯҳлати ҷазое, ки аз рӯи он қонунҳо дар бораи авф ё бахшиши ҷазо татбиқ карда шудааст, нагузашта бошад.

6) Шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд.

 

Моддаи 12

  1. Муқаррароти моддаҳои 1, 2, 4 ва 7 Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои зерин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум гардидаанд, ба истиснои занон ва ноболиғон, татбиқ карда намешаванд:

1) Барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 61-70, 74, 75, 76 қисмҳои 3 ва 4, 90 қисми 4, 91, 95 қисми 3, 104, 105 (ба истиснои сӯиқасд ба ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104 ва 105), 111 қисми 2, 121, 1341, 135 қисми 3, 154 қисми 4, 155, 156, 160 қисми 3, 227 қисми 3, 233 қисми 3, 234 қисмҳои 1 ва 2, 2341, 240 қисми 2, 2401, 241 қисми 3, 249 банди “в”, 250 бандҳои “б” ва “в”, 252 банди “б”, 270 банди “в” ва 277 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961).

2) Барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104 (ба истиснои сӯиқасд ба одамкушӣ), 110 қисмҳои 2 ва 3, 130 қисмҳои 2 ва 3, 1301 қисмҳои 2 ва 3, 131 қисми 3, 132 қисми 3, 137 қисми 2, 138, 139 қисмҳои  2, 3 ва 4, 167 қисми 2 бандҳои “г”, “д”, “е”, “ё” ва қисми 3, 179, 1791, 1792, 1793, 181, 184 қисмҳои 3 ва 4, 1841 қисмҳои 4 ва 5, 1842 қисмҳои 3 ва 4, 1843 қисмҳои 3 ва 4, 1844, 185, 186, 187 қисмҳои 1 ва 3, 188, 189 қисми 1 (агар барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ ба терроризм вобаста бошад), қисмҳои 2 ва 3, 193 қисмҳои 2, 3 ва 4, 195 қисмҳои 1, 2 ва 3, 196 қисмҳои 2 ва 3, 199, 200 қисми 4, 201 қисми 4, 202 қисмҳои 2 ва 3, 2021 қисми 3, 2022 қисми 3, 203 қисми 3, 204 қисмҳои 3 ва 4, 205 қисми 2, 206 қисмҳои 2 ва 3, 237 қисми 3, 244 қисми 4, 248 қисмҳои 2, 3 ва 4, 249, 250, 252 қисмҳои 2 ва 3, 262 қисмҳои 2 ва 3, 289 қисмҳои 2, 3 ва 4, 305-310, 313, 319 қисми 4, 329, 331 қисми 3, 332 қисми 2, 335 қисми 2, 3351 қисми 2, 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористидошта вобаста бошад), 365 қисми 2, 375 қисмҳои 3 ва 4, 382, 383, 384, 385, 386 қисми 4, 391 қисми 4, 393,  395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998).

3) Шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд.

4) Шахсоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст.

5) Шахсоне, ки ҷинояти қасдонаро дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ содир кардаанд.

6) Маҳкумшудагоне, ки мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ретсидивисти махсусан хавфнок эътироф шудаанд ва ё ҷиноятро дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир кардаанд.

7) Шахсоне, ки пештар тариқи бахшиши ҷазо ё бо татбиқи қонунҳо дар бораи авф аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё аз ҷазо озод карда шудаанд ва боз қасдан ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин содир намудаанд, агар мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ё ҷазое, ки аз рӯи он қонунҳо дар бораи авф ё бахшиши ҷазо татбиқ карда шудааст, нагузашта бошад.

  1. Муқаррароти моддаҳои 2 ва 7 Қонуни мазкур нисбати занон ва ноболиғоне, ки қасдан ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104 (ба истиснои сӯиқасд ба одамкушӣ), 1301, 167 қисми 2 бандҳои “г”, “д”, “е”, “ё” ва қисми 3, 179, 1791, 1792, 1793, 305, 306, 307 қисмҳои 2 ва 3, 3072 қисми 1, 3073 қисми 1 ва 308-310 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (таҳрири соли 1998) содир намудаанд, татбиқ карда намешаванд.
  2. Муқаррароти моддаҳои 1, 2, 4, 5 ва 7 Қонуни мазкур нисбати маҳкумшудагоне, ки ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 245, 246, 247, 253 ва 257 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (таҳрири соли 1998) содир карда, ҷазоро дар муассисаҳои иҷрои ҷазо адо мекунанд, ба шарте татбиқ карда мешаванд, ки агар онҳо дар давоми се моҳ баъд аз мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ намоянд

 

Моддаи 13

Мӯҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии маҳкумшудагоне, ки ҷиноятҳои дар бандҳои 1) ва 2) моддаи 11 ва бандҳои 1) ва 2) қисми 1 моддаи 12 Қонуни мазкур пешбинишударо содир кардаанд, ба истиснои маҳкумшудагони дар банди 3) қисми 1 моддаи 12 ҳамин Қонун нишондодашуда, новобаста аз маҳдудиятҳо ва манъкуниҳои дар Қонуни мазкур пешбинигардида, ду солӣ кам карда шавад.

 

Моддаи 14

  1. Амали Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки то мавриди амал қарор додани он ҷиноят содир кардаанд ё аз ҷониби мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё парвандаи ҷиноятӣ нисбати онҳо дар суд мавриди баррасӣ қарор дорад ё баррасӣ нагардидааст ва ё аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки аз ҷониби судҳои давлатҳои хориҷӣ маҳкум шуда, барои минбаъд адо намудани ҷазо ба Тоҷикистон оварда шудаанд, паҳн мегардад.
  2. Татбиқи Қонуни мазкур доғи судии шахсро намебардорад.

 

Моддаи 15

  1. Иҷрои Қонуни мазкур ба зиммаи мақомот ва муассисаҳои зерин гузошта шавад:

1) Мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ – нисбати шахсоне, ки мавод ё парвандаи ҷиноятии онҳо таҳти баррасии ин мақомот қарор доранд.

2) Судҳо:

– нисбати шахсоне, ки мавод ё парвандаи ҷиноятии онҳо дар суд таҳти баррасӣ қарор дошта, то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур баррасӣ нашудаанд, инчунин шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо баррасӣ гардида, вале ҳукм нисбати онҳо қувваи қонунӣ пайдо накардааст;

– нисбати маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукм нисбати онҳо мавқуф гузошта шудааст ва маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо бо ҳукми суд ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст (бо пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳие, ки рафтори маҳкумшударо назорат менамояд, аз ҷониби суди маҳалли иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда);

– нисбати маҳкумшудагоне, ки аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ шартан пеш аз мӯҳлат аз ҷазо озод шудаанд ё қисми адонагардидаи ҷазои нисбати онҳо таъиншуда то мавриди амал қарор дода шудани Қонуни мазкур ба ҷазои сабуктар иваз карда шудааст  (бо пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳӣ аз ҷониби суди маҳалли иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда);

– нисбати шахсоне, ки ба ҷазои ҷарима маҳкум шудаанд (бо пешниҳоди иҷрочии суд аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст).

3) Муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– нисбати шахсоне, ки ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанду дар ҳабс нестанд ва ҳукм нисбати онҳо қувваи қонунӣ пайдо кардааст;

– нисбати шахсоне, ки ҷазоро дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ дар ҷои корашон ё дар ҷойҳои дигаре, ки мақомоти иҷрокунандаи ҳукм муайян менамоянд, адо мекунанд, инчунин шахсоне, ки ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян маҳкум карда шудаанд;

– нисбати маҳкумшудагоне, ки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ буда, ҳукм нисбати онҳо қувваи қонунӣ пайдо кардааст;

– нисбати маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд.

4) Фармондеҳони қисмҳои ҳарбии интизомӣ – нисбати хизматчиёни ҳарбие, ки ба нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ маҳкум шудаанд.

  1. Тибқи талаботи моддаҳои 6, 9, 10 ва 13 Қонуни мазкур аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё аз ҷазо озод кардани шахсони ҷиноят содирнамуда мувофиқан аз ҷониби мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ, фармондеҳони қисмҳои ҳарбии интизомӣ ва муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иҷозати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва прокуророни вилоятҳо сурат мегирад. Амали   бандҳои 1), 3) ва 4) қисми 1 моддаи мазкур нисбати онҳо татбиқ намегардад.
  2. Оид ба масъалаҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур, ки дар мавриди баррасии судии онҳо пайдо мешаванд, қарор дар бораи татбиқи Қонуни мазкур аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе мувофиқан бо иштироки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокуророни вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва нақлиёти Тоҷикистон ва муовинони онҳо қабул карда мешавад. Амали банди 2) қисми 1 моддаи мазкур дар мавриди татбиқи муқаррароти ҳамин қисми моддаи мазкур паҳн намегардад.

 

Моддаи 16

Озод намудани маҳкумшудагон аз ҷазоҳои иловагӣ, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур иҷро нашудаанд, ба зиммаи он мақомот ва муассисаҳое гузошта мешавад, ки масъалаи аз ҷазои асосӣ озод намудани чунин маҳкумшудагон ба салоҳияти онҳо вогузор шудааст.

 

Моддаи 17

Қарор дар бораи татбиқ кардан ё рад кардани татбиқи Қонуни мазкур нисбати ҳар як шахс алоҳида қабул карда мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани маълумоти зарурӣ муҳокимаи масъалаи татбиқи авф тибқи Қонуни мазкур то дастрас гардидани ҳуҷҷатҳои иловагӣ, вале ба мӯҳлати на дертар аз як моҳ мавқуф гузошта мешавад.

 

Моддаи 18

Мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, фармондеҳони қисмҳои ҳарбии интизомӣ, муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни мазкурро бо иҷозати прокурори дахлдор татбиқ менамоянд. Қонуни мазкур аз ҷониби судҳо бо иштироки ҳатмии прокурор татбиқ карда мешавад.

 

Моддаи 19

  1. Ҳангоми татбиқи Қонуни мазкур ҳолатҳои зерин бояд ба назар гирифта шаванд:

1) Бандҳои 1) ва 2) моддаи 2 Қонуни мазкур нисбати занон ва ноболиғон ба шарте татбиқ мегарданд, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ҷиноят содир кардаанд ва ҷинояти содиркардаашон ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104 (ба истиснои сӯиқасд ба одамкушӣ), 1301, моддаи 167 қисми 2 бандҳои “г”, “д”, “е”, “ё” ва қисми 3, 179, 1791, 1792, 1793, 305, 306, 307  қисмҳои 2 ва 3, 3072 қисми 1, 3073 қисми 1 ва 308-310 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) набошад.

2) Амали банди 2) моддаи 2 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки то рӯзи содир кардани ҷиноят ба синни 18-солагӣ нарасидаанд.

3) Амали банди 3) моддаи 2 Қонуни мазкур нисбати мардоне татбиқ мегардад, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба синни 55-солагӣ расидаанд.

4) Банди 4) моддаи 2 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ карда мешавад, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур маъюбони гурӯҳҳои I, II ва ё III дониста шудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи  байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили узвҳои нафас ва пошхӯрдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии ІІІ ва ІV буда, то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур бо тартиби муқарраршуда дар муассисаҳои тиббӣ ба қайд гирифта шудаанд.

5) Таҳти амали банди 5) моддаи 2 Қонуни мазкур иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар ва иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, қарор мегиранд.

  1. Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо шахсоне шуморида мешаванд, ки дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои маҳалли зисташон ба қайд гирифта шудаанд.
  2. Иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон онҳое шуморида мешаванд, ки дар дафтари махсуси бақайдгирии комиҷроияҳои Шӯроҳои депутатҳои халқии шаҳру ноҳияҳо (ҳоло – мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ) мувофиқи Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 1993, №312 номнавис шудаанд, инчунин кормандони сохторҳои қудратие, ки дар ин муқовиматҳо иштирок кардаанд ва собиқ силоҳбадастони нерӯҳои Иттиҳоди оппозитсиони тоҷик, ки дар рӯйхати бо қарори Комиссияи Оштии Миллӣ аз 3 марти соли 1999, №15 тасдиқгардида номнавис шудаанд.
  3. Шахсони бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарардида онҳое дониста мешаванд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд” ба ин гурӯҳ дохил карда шудаанд.

 

Моддаи 20

Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои дар моддаҳои 343, 374, 375 ва 376 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинишударо содир намудаанд, инчунин дигар шахсоне, ки кирдорашон таҳти амали ҳамин Қонун қарор мегиранд ва берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, аз тарафи мақомоти тафтишоти пешакӣ ва суд дар сурати мавҷуд будани асосҳои кофӣ бе даъват намудани ин шахсон ва пурсиши онҳо татбиқ карда мешавад.

 

Моддаи 21

  1. Қонуни мазкур, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи 13 ҳамин Қонун пешбинигардида, нисбати шахсоне татбиқ карда намешавад, ки барои содир намудани маҷмӯи ҷиноятҳо айбдор дониста шудаанд ва ё маҳкум шудаанд, агар яке аз ин ҷиноятҳо дар бандҳои 1) ва 2) қисми 1 моддаи 12 Қонуни мазкур пешбинӣ шуда бошад.
  2. Мӯҳлати адои ҷазои шахсоне, ки таҳти амали қисми якуми моддаи мазкур қарор мегиранд, бо тартиби пешбининамудаи моддаи 8 Қонуни мазкур, ба истиснои шахсоне, ки ҷиноятҳои пешбининамудаи бандҳои 1) ва 2) моддаи 11 Қонуни мазкурро содир намудаанд, кам карда мешавад.

 

Моддаи 22

  1. Мутобиқи моддаи 8 Қонуни мазкур қисми мӯҳлати ҷазои адонагардида, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур боқӣ мондааст, кам карда мешавад.
  2. Нисбати шахсоне, ки пештар мӯҳлати ҷазояшон бо тариқи бахшиши ҷазо ё авф кам карда шуда буд, авф бо дарназардошти мӯҳлати ҷазои адонагардида татбиқ карда мешавад.

 

Моддаи 23

Шахсоне, ки нисбати онҳо Қонуни мазкур татбиқ карда мешавад, аз барқарор намудани товони зарари моддии бо кирдори ҷиноятӣ расонидаашон озод карда намешаванд.

 

Моддаи 24

Шахсони мувофиқи Қонуни мазкур авфшаванда ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам аз ҷазои иловагӣ озод карда мешаванд. Маҳкумшудагоне, ки мӯҳлати адои ҷазояшон мутобиқи моддаи 8 Қонуни мазкур кам карда мешавад, аз адои ҷазоҳои иловагӣ озод карда намешаванд.

 

Моддаи 25

Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои давомдор ё дарозмуддат содир кардаанд, танҳо дар мавриде татбиқ карда мешавад, ки агар ин ҷиноятҳо то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур анҷом ёфта бошанд (ба истиснои шахсоне, ки дар банди 7) моддаи 2 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд).

 

Моддаи 26

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вазифадоранд:

1) Барои расонидани кӯмаки иҷтимоӣ, бақайдгирии саривақтии шахсонеро, ки аз адои ҷазо тибқи Қонуни мазкур озод шудаанд, таъмин намоянд ва рафтори онҳоро таҳти назорат гиранд.

2) Назорати ноболиғони мутобиқи Қонуни мазкур озодшударо ба падару модарон ё шахсони ивазкунандаи онҳо вогузор намуда, дар мавриди зарурӣ барои дар мактаб-интернатҳо ҷойгир кардани ноболиғони бесаробон чораҳо андешанд.

3) Ҷойгир кардани шахсони озодгардидаи беморро дар муассисаҳои тиббӣ ва маъюбону пиронсолони яккаю танҳоро дар интернат ва хонаҳои пиронсолон ташкил намоянд.

 

Моддаи 27

  1. Иҷрои Қонуни мазкур дар давоми се моҳ таъмин карда шавад.
  2. Агар масъалаи татбиқи Қонуни мазкур пас аз мӯҳлатҳои семоҳаи пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда, банди 4) моддаи 7 ва қисми 3 моддаи 12 Қонуни мазкур ба миён ояд, татбиқи он бо тартиби умумӣ аз тарафи мақомоти дар моддаи 15 ҳамин Қонун нишондодашуда амалӣ карда мешавад. 

Моддаи 28

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот баъди се моҳи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур дар хусуси иҷрои он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.

 

Моддаи 29

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                              Эмомалӣ РАҲМОН

 

ш. Душанбе, 20 августи соли 2011,

№ 764

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …