Главная / Ҷамъият / Қиёфашиносӣ – Баҳо додани одам азафту андом

Қиёфашиносӣ – Баҳо додани одам азафту андом

Магар шахсро аз шакли руй, ки будани онро гуфтан мумкин аст?  Баҳо додани одам аз нигоҳи илм!

Аз замонҳои хеле қадим мардум ва донишмандон ақида доштанд, ки чеҳраи инсон аз рафатор ва кирдори одамӣ ҳикоятмекунад. Борҳо пмзишкони муолиҷ дар ҳини амал ташхис дода буданд, ки вазъи қарор гирифтани ҳар як аъзои бадан чи дар хориҷ ё дохили бадан дар рӯҳияи бемор таъсир дорад ва вобаста ба андоми ӯст. Чунонки якдастҳо ё якчашмҳо ё кӯтоҳқадҳо ва хиплаҳо ҳар кадом аз як навъ ноҳамоҳангии ахлоқӣ ва сириштӣ бархурдор ҳастанд.

Доктар Курмон чеҳраи одамиро поя ва асоси ин назария қарор медиҳад ва онро ба ду қисмат ва ё ду гурӯҳ тақсим мекунад:

Чеҳраи гушода ва дуввум чеҳраи дарҳам ва печида.

psihologiya

Акнун бубинем чеҳраи фарох ва гушодаро чи гуна мешиносем?  Ибтидо ин ки чеҳраи фарох ва гушода гоҳе мумкин аст ариз ё гирд ва ё тақрибан мураббаъшакл бошад.

Пӯсти бадан, ранги он шаффоф ё сурх ё моил ба гилӣ аст, зеро хун ба осонӣ дар ҳама ҷои бадан гардиш мекунад.

Гоҳе шакли сурат аз хутути кӯтоҳ ва амиқ ташкил шуааст ва аъзои гиранда ё ҳиссии ин навъ чеҳраро доктар Курмон дастгоҳи эҳсос номгузори кардааст.

Ин навъ чеҳраҳо соф ва дурахшон, чашмон бузург ва аз ҳам дур, бинии ӯ каме баланд бо минҳарайни (сурохиҳои бинӣ) фарох ва даҳон бузург ба тавре ки мавқеи ҳарф задан бо лабҳои гӯштолу ҳарф мезанад.

Чеҳраи гушода

Касе ки дорои чеҳраи гушод бошад бинанда аз дидани ӯ маҳзуз (хурсанд) мешавад, аз ӯ хушаш меояд. Бо майл ва рағбат бо вай ҳарф мезанад. Суханонаш дар дили ӯ менишинад. Дорандаи чунин чеҳрае бо мардум меҳрубон аст. Чунин менамояд, ки ғаризаи дӯст доштан ва муҳаббат кардан дар қиёфааш монанди як эҳсоси гӯё инъикос дорад.

Ӯ қиёфаи башшош дорад, ҳамеша бо табассуми ширин аз дустони худ истиқбол мекунад ва мисли ин аст, ки қиёфаи хуб ва матбӯи у намояндаи куниш ва сиришти поки ӯст.

Чеҳраи фарох мутааллиқ ба касонест, ки ғолибан майл раванд, ҳарф бизананд, биханданд ва махсусан муҳаббат ва нишоти онҳо гоҳе ба ҳадди ифрот мерасад, қалбаш дар дасташ аст, ҳама қалби ӯро мебинанд ва дӯсташ доранд, эҳсосоти ӯро ҳама мебинанд ва худаш ҳам эҳсоси хешро ба ҳама нишон медиҳад, дӯстони зиёде барои худ фароҳам мекунад, дар синни ҷавонӣ издивоҷ мекунад, зиндагиро ба аёшӣ намегузаронад ва ҳама чизро ба назари хушбинӣ талаққи мекунад ва ба таври куллӣ бо дунёи хориҷ марбут аст. Ҳақиқат гувоҳ аст ва дар зиндагии иҷтимоӣ ҷои худро боз мекунад ва ғолибан дар корҳо бо суҳулати тамом пирӯз мешавад. 

Чеҳраи тира ва тор

Чеҳраи тира ва тор дорои чашмони фурӯрафта ва тира, абрувони барҷаста бинии паҳн, сурати фурӯрафта, чонаи (манаҳи) дароз ва гоҳе ба шакли мусаллас дароз аст. Чунин кас дорои қиёфаи нописанд ва гиреҳхӯрдаву устухонӣ, рангаш ба мисли ин ки хун ба сахтӣ дар он ҷараён дорад парида аст. Андомаш кӯчак ва ба худ фурӯрафта мисли ин ки намехоҳад бо дунёи хориҷ бастагӣ дошта бошад. Чашмон даргудие дар ҳалқаи ба ҳам наздик қарор дорад, фосилаи ду чашм хеле ба ҳам наздик аст. Чашмон низ аз ҳадди маъмул ба ҳам наздикӣаранд. Бинии ӯ ё кӯчак ё хеле хипла, минхарайн фарох, лабҳо бисёр кулуфт ва ғайритабиӣ аст.

Чунин одам аз нируи худ сарфаҷӯӣ мекунад, худро аз дигарон кӯчактар ва нотавонтар медонад ва мехоҳад аз дигарон тавонотар бошад.

Аз лиҳози иҷтимоӣ одами мармуз ва канорагир аст. Ғайр аз иддае маҳдуд, ки аз онҳо итминон дорад аз дигарон худро дур медорад ва аз дӯстӣ бо мардум гурезон аст. Танҳоӣ ва гӯшагириро дар ҷамъ шудан бо онҳо тарҷеҳ медиҳад.

Равобити ӯ бо хориҷ маҳдуд ва кантрулшуда аст ва монанди чеҳраи фарох боирода нест. Аммо бидуни тардид аз лиҳози хуш ва фаросат нисбат ба ӯ бартарӣ дорад.

Дар зиндагӣ фоқиди созиш ва нармӣ ба истилоҳи авом зиёд қотии дигарон намешавад. Аз он чӣ дар атрофи ӯ мегузарад розӣ ва хушнуд нест. Дар баробари музоҳир хориҷ ё набард мекунад ва ё ба худ фурӯ меравад.

Соҳиби чеҳраи баҳамрафта ва мунқабиз издивоҷро бо қиёфаи гушуда истиқбол намекунад, барои худ дӯстоне надорад, зеро касеро дӯст надорад. Пирӯзии ӯ монанди соҳиби рӯи ҳила ва дурӯғгӯӣ ва зоҳирсозӣ аст.

Пешрафт дар корҳои ӯ асоситар аст, зеро ақлро бо ҳавасҳои гунаҳкорона ба кор меандозад.

Дар таърихи Эрон Ҳасан Сабоҳ пешвои исмоилия аз ин намуна буд. Ба тавре ки Мурхин менависад чеҳраи дароз, ҷонаи дарози баргашта, чашмони фурӯрафта ва ҳилагар, минхарайни гушода, лабҳои нозук ва баргашта дошт. Ин мард бинобар ривояти таърих бо Хоҷа Низомулмулк – вазири Олбарслон ва Маликшоҳи Салчуқӣ ва Умари Хайём дӯст буд ва ба номи се ёри дабистонӣ дар таърих шинохта шудаанд.

Чеҳраи одамӣ хулосае аз кирдор ва рафтори ӯст. 

Бо таваҷҷӯҳ ба он чи гуфтем се навъ қиёфаро дар назар мегирем. Кӯдак аз рӯзе ки ба дунё меояд то даврони пирӣ қиёфааш иваз мешавад. Доктар Курмон дар ин замина се давра барои кудак то синни пирӣ қоил шудааст.

  1. Чеҳраи ҷавон то ҳудуди чиҳилсолагӣ ва дар ин даврон қиёфаи кӯдак ба ашколи гуногун дармеояд, ҳутути чеҳра хамида ва уфтода ва гоҳе дар ҳамаи пешонӣ хам шуда ва бинии мутамоил ба ҷилӯ, монанди ин аст, ки қисмати сурат дар ҳоли ҷилӯ рафтан аст.
  2. Баъд аз чиҳилсолагӣ чорукҳо (ожангҳо) дар пешонӣ зоҳир мешавад. Дар ин ҳол ними рух худро нишон медиҳад. Баъзе аз андомҳо монанди чеҳра ва пешонӣ ва чона тағйир мекунанд.
  3. Дар даврони шастсолагӣ ба баъд чуруқ куллӣ дар чеҳра пайдо мешавад, сурат ба гудӣ меравад, як навъ адами таносуб дар бинӣ, ки дар ҳоли худ боқӣ монда ва соири қисматҳои чеҳра зоҳир мегардад.

Агар дар муддати ин солҳо пешонӣ дорои чуруқ бошад, ин чурук агар чи намояндаи умр аст, вале аз тарафи дигар намояндаи фикр ва андешаи уст.

Қисматҳои сегонаи сурат ҳар кадом ҳикоят аз як табиат ва сиришт мекунад, аз тарафи дигар бояд бидонем, ки ахлоқ ва одоби мо марбут ба вазъи зоҳири чеҳра нест. Агар ин тавр мебуд ҳар кас метавонист аз чеҳра ва чашму бинӣ ва азалоти (мушакҳои) одамӣ ба ахлоқ ва кирдори вай пай бибарад.

Днишмандон дар асари озмоишҳои зиёд пай бурдаанд ва мегӯянд, вазъи қарор гирифтани ҳар як аз андомҳои бадан, ки бо ҳам мутафовитанд, дар тағйири ҳолат ва одатҳо муассир аст. Ин таҳти таъсири се дастгоҳи омил дар бадан ба вуҷуд меояд, яке аз онҳо силсилаи аъсоб, дуввум силсила маҷораи хун ва саввум силсила азалот аст, ки бо ҳам равобите доранд.

Аввал сиссилаи аъсоб

Павлов донишманди рус сагҳоро ба се даста тақсим мекунад:

Аввал – сагҳои ҳор (девона) ва гиранда навъе ҳастанд, ки ҳамеша ҳолати ҳамла доранд. Мумкин астсоҳиби худро гоз бигиранд.

Дуввум – сагҳои тарсу, ки агар ба сарашон бизанед ва ё даст ба руяшон баланд кунед, фавран таслим мешаванд. Гоҳе ҳам аз тарс идрор мекунанд. Ин навъ сагҳоро ҳайвоне тарсу меноманд.

Саввум – ҳайвоноти мутаъодил, ки каме ором, ҳушёр ва зарнг  ҳастанд монанди сагҳои пулис.

Аз ин тақсимбандӣ натиҷае, ки ба дасти мо меояд, ки агар дар инсон ҳам онро ба маърази озмоиш қарор диҳем, ҳақиқат барои мо собит ва равшан мешавад.

Дар инсон ҳам ин озмоиш дуруст меояд. Гурӯҳҳои писар ва духтарро агар бо ҳам дар як ҷо ҷамъ кунем, гурӯҳе ором ва фармонбардоранд ва аз қонун таҷовуз намекунанд. Гурӯҳи дигар худро қаҳрамон медонанд ва мехоҳанд бар дигарон тасалут дошта бошанд ва гурӯҳи саввум ҷавонони таҷовузкор, дурӯғгӯй ва ғолибан хиёнаткор аз об дар меоянд.

Дастае аз инсонҳо бо имони комил аъмоли хуб анҷом медиҳанд ва гурӯҳи дигар сиришти ҷудогона аз худ нишон медиҳанд.

Иҷтимоъро агар фоктургирӣ кунем, ҳам кадом дорои хусусиёте ҳастанд, ки бо анвои дигар тафовут доранд. Ахлоқ ва одоб ва ғароиз ва идрок ва хостаҳои онҳо бо ҳам мутафовит аст ва ҳар кадом аз лиҳози равонӣ ва тарзи тафаккур навъ ва воҳидеро ташкил медиҳанд.

Бинобар ин тамоми мардуми ҷаҳонро метавон байни ин се гурӯҳ миқёс гирифт. Ахлоқи ҳар кадом бо дигаре марбут ба сиссилаи аъсоб ва шароити бархӯрди онҳо муҳит аст.

Қисматҳои сегонаи сурат ҳам ҳар кадом ҳикоят аз як сиришт ва сифати махсус мекунад, бо ин тартиб ки андомҳои қисмати поини сурат монанди чона ва даҳон ва дандонҳо хокӣ аз сифати ғаризӣ ва табақаи мутавассит шомили бинӣ ва гунаҳо намояндаи таъсироти дарунӣ ва авотифи инсонӣ ва тарзи зиндагии иҷтимоӣ ва қисмати болои сурат шомили пешонӣ, абрувон, мижгон ва чашмҳо ҳокӣ аз одат ва ҳаводиси зиндагӣ аст. Бинобар ин метавонем бигӯем:

  1. Чеҳраҳои гушода бо чашмони дурушт ва қиёфаи матбуъ, ки ба шарҳ ва тавсифи он пардохтем мутаалиқ ба касоне аст, ки дорои ҳуши вофир, табъи меҳрубон ва инсондӯст ҳастанд. Ғолиб риҷол ва бузургони машҳур аз ин табақаанд. Мумкин аст меҳрубон набошанд, аммо дорои фикри баланд ва нубуғ ва шахсияти мумтоз ҳастанд.
  2. Бар хилофи он чеҳраҳои убус ва дарҳам ва нозебо ва гирифта, ки дидани он танаффуровар аст ва дорои афкори палид ва паст ва аз дастаи афроди дуруғгӯ ва номеҳрубон ва хашмгин ва асабонӣ ва ҷоҳталаб ҳастанд.
  3. Чашмони дурушт ва зебо ва бидуни барҷастагӣ мардумони меҳрубон ва дорои авотифи хуб ҳастанд, меҳр ва утуфат доранд, ба суханони дигарон гӯш медиҳанд, ба шахсияти афрод эҳтиром мегузоранд ва бар хилофи он чашмони фурӯрафта, ки дорои барқи шайтанат аст, афроди ҳилагар, дурӯғгӯ ва фиребкоранд ва агар чашмон нисбат ба ҳам фосилаи зиёд дошта бошад, ки дар нигоҳ кардан махсус бошад, боз ҳам ҳокӣ ва авотифи инсонӣ аст, вале агар фосилаи чашмон кам бошад дар истилоҳ ононро тангназар мехонанд. Ин афрод дорои ҳасти табъ, пулпараст ва дунёпараст ва зоҳирбин ҳастанд ва ончиро дар зоҳир мегӯян ғайр аз он аст, ки дар ботин фикр мекунанд. Баъзе афроди зишт ва нозебо ҳам мумкин аст қиёфаи фарох дошта бошанд.

ПЕШОНӢ

  1. Пешонӣ агар баланд ва фарқи сар имтидод дошта бошад мардумони факкур ва аз касоне хоҳанҳд буд, ки аз роҳи фикр худро ба мақоми олимӣ мерасонандю Ғолиб дорандагони пешониҳои баланд ва гушода мутааллиқ ба сиёсатмадорон ва раҳбарон ва касоне ҳастанд, ки иддаеро зердасти худ идора мекунанд. Пешонии афроде, ки қисмати зиёде аз болои сарро шомил шавад ва дорои ҳутути зиёд бошад, дорои сифати зайл хоҳанд буд:

Равшанфикр, яъне ба дунболи хурофот намеравад ва афкори онон комилан мунтабақ бо воқеиёт ва бар пояи усули илмӣ аст.

  1. Умри онҳо кӯтоҳ, аз сарват ва манол баҳрае надорад. Зеро афкори баланд доранд ва пулу сарват арзиш қоил намешаванд. Ғолиб онҳо мумкин аст гӯшагир бошанд, вале дар танҳоӣ бо таровишоти фикрӣ ба дигарон баҳра мерасонанд.
  2. Агар ин пешонӣ дорои хутути зиёд бошанд, ин хутут зиёд амиқ нестанд монанди хати бисёр нозуке аст, ки гоҳ дар пешонӣ дида мешаванд ва агар аз ду тараф мӯи сарашон каме ақиб рафта бошад соҳиби мақоми баланд ва ғолибан аз афроде нороҳат ва инқилобӣ ҳастанд. Умри онҳо дароз, дорои таҳаммул ва бурдбории зиёд ё мизоҷи солим. Афроди нотарс ва боирода, шӯришталаб. Дар сахтиҳо муқовимат доранд. Гуруснагӣ ва ташнагӣ чизе нест, ки онҳоро аз по дароварад ва фақат шикастҳои пайдарпай дар тазъифи онон муассир аст.

Пешонии баромада

            Афроди пуштикордор, боистиқомат, аммо бефикр ва дамдамимизоҷ, дар ҳар коре тардид доранд ва агар ин афрод дорои чашони бузург ва равшан бошанд тардиди рои онон камтар, вале бо истиқомат ва пойдорӣ пирӯз мешаванд.

ПЕШОНИИ КӮЧАК ВА ФИШУРДА

  1. Пешонии кӯчак ба он маъно аст, ки аз ҳудуди болои абрӯ то фарқи сар бисёр камъарз ва беш аз чанд сантиметр нест ва дар зимни он пешонӣ дорои чинхӯрдагиҳои зиёд аст. Ин афрод каме боҳуш, аммо мардумони беистиқомат ва буздил ҳастанд.

Пешонии пурчурук ва хатҳои зиёд ва шулуқ афроде танбал, бефикр камзарф ва беистиқомат.

  1. Гоҳо пешониҳо бадқавора ва ноҷӯр аст. Қисмате аз он баромада ва қисмати дигаре аз он фурӯрафта аст. Ин қабил пешониҳо далолат бар камин ақл ва ҳуш мекунад. Ва ғолиб онҳо парешони хаёл ва зуд таҳти таъсири гирифториҳо қарор мегиранд, зеро ҳеҷ гуна истиқомат ва ирода надоранд.

ЧАШМОН

Дар бораи чашмон гуфтаниҳо бисёр аст, зеро чашм чун ойинае аст, ки вуҷуди инсон дар он мутамарказ мешавад ва тамоми афкор ва ҳолат ва равониро чашм метавонад ҳикоят кунад.

ЧАШМОНи дурушт ва баромада

Таваҷҷӯҳ кунед чашмони дурушт бо чашмони дурушт ва баромада мутафоит аст. Чашмони дурушт ва баромада чашмони ғайритабиӣ аст. Дорандаи он  одами шулуқ ва пурсарусадо аст. Бефикр ва зоҳирбин аст, наметавонад дурандеш бошад. Аз озор кардани дигарон лаззат мебарад, одами бераҳм ва нодон аст, муболиғагӯ, пурҳарф, худсито, дурӯғгӯ, зоҳирсоз, ҳиллагар, бадбин ва бадхоҳ ва аз касоне аст, ки барои нафъи худ дунёро ба ҳам мезанад. Аммо мард бошад шавҳари номуносиб ва агар зан бошад хиёнаткор ва риёкор аст. Аз хиёнат рӯгардон нест. Таҷаммулпараст аст, ҳатто ба фарзандони худ меҳрубон нест ва агар ҳам меҳрубон бошад дилсӯз нест. 

ЧАШМОНи дурушт ва хуштаркиб

Соҳиби он марди ростгӯ ва меҳрубон, салимулнафс, дорои эҳсосоти зариф, зудранҷ, ҳамаро дӯст дорад, нисбат ба ҳама хушбин аст ва зуд фиреб мехӯрад.

Чашмони кӯчак ва фурурафта

Дорандаи ин чашм агар фосилаи ду чашмаш камтар аз маъмул бошад, олами дурӯӣ ва бадҷинс ва зоҳирсоз ва аз афродест, ки наметавонад касеро дӯст дошта бошад.

Чашмони бодомшакл

Дорандаи ин чашм мутамиллиқ ва чоплус ва риёкор ва фикри кӯтоҳ ва аз афродест, ки бо риёкорӣ ва зоҳирсозӣ барои худ дӯстоне фароҳам мекунад ва дорандаи ин чашм агар чашмонаш хеле рез бошад дар сурате ки гунаҳояш баромада бошад аз афроди хатарнок аст, ки бояд аз ӯ дурӣ кард.

Лака (хол)-и сиёҳ

Агар лакаи (холи) сиёҳе дар чашми чап ё рост (ва ё яке аз онҳо) бошад, дорои сарнавишти талх ва ногувор ва зиндагии у ҳаводиси ваҳшатнок ҳамроҳ аст ва гоҳо ба нестии ӯ тамом мешавад. Аммо ба таври умум лакаи сиёҳ дар чашмон нишонае аз бадҷинсӣ ва пастӣ ва табаҳкорист.

Чашмони ҷаззоб ва гиро

Ин навъ чашм дар мард ва зан тафовут мекунад.  Чашмони ҷаззоб ва гиро дар занон нишонае аз лутф ва сафои ботин аст. Занест меҳрубон ва бо муҳаббат ва нисбат ба хонаводааш алоқаманд, шавҳардӯст, аммо дар мардон нишонаи зоҳирсозӣ аст. Чунин марде бо чашмони гирои худ дигаронро фиреб медиҳад, ростгӯй нест. Ғайр аз дурӯғу тазвир ва фиребкорӣ пуштибоне надорад.

Чашмони зебо

Чашмони зебо, ки фосилаи ду чашми онҳо зиёд аст, афроди дурусткор ва ростгӯй ҳастанд. Ба шарте ки ин чашм зиёд дурушт набошад, дар ин сурат ин имтиёз аз ӯ гирифта мешавад.

Чашмони маъюб

Дорандаи чунин чашмоне ки масалан лавч (олус) ё чам бошанд мардумони нодуруст ва ҳасуд, бадбин. Ва ин яке аз далоили маҳрумият аст. Касоне ки нуқси узвӣ доранд умуман меҳрубон ва ростгӯ нестанд ва нисбат ба дигарон ҳасад меварзанд ва касеро дӯст надоранд.

Чашмони лавч (олус)

Дорандаи чунин чашмон бисёр меҳрубон ва мардумдӯст ва ин аз он истисноҳост, ки чашмони лавчро наметавон ҷузви чашмони маъюб қарор дод.

ЯкЧашм

Якчашм, ки онро воҳидулайн мегӯянд мардумони лаим ва паст, бадхоҳ ва ба истилоҳ бар хилофи соирин, ки дунёро дуто мебинанд нисфи ҷаҳонро ва ғолибан афроди аҳмақ ва нодон ва кӯтоҳфикр ҳастанд.

Абрӯвон

  1. Абрӯвони пурпушт ва захим.

Ба таври куллӣ мардумони хушбин  ва хушмаҳзар ва баракси онҳо абрӯвони нозук ва касонӣ афроде бадҷинс, вале пуштикордору боирода ҳастанд. Онҳо бо ин абрӯвони камонӣ мардумро гул мезананд, вале худашон бештар гул мехӯранд.

  1. Абрӯвони дароз.

Ҳам мардумоне хушбахт ҳастанд, зеро на риёкоранд ва на дурӯғгӯ. Дорандаи чунин абрӯвон мардумро дӯст доранд. Дар иҷтимооти хонаводагӣ шӯх ва базлагӯ ҳастанд.

  1. Абрӯвони каҷ ва муъавваҷ.

Дорандаи чунин абрӯвон мардумоне бадҷинс ва бадхоҳ ҳастанд. Ба ҷаҳон ва авотифи инсонӣ бо дидаи тамасхур нигоҳ мекунанд. Ҳеҷ касро дӯст надоранд ва аз худашон низ безоранд ва аз онҳое ҳастанд, ки бояд гуфт “охир қадами рост биниҳӣ ҳамаҷо каҷ”.

  1. Абрӯвони кӯтоҳ ва каммӯй.

Дорандаи чунин абрӯвон хеле эҳсосоти ҳастанд, ҳофизаи хубе доранд, аммо агар ин абрӯвон ба ҳам пайваст бошанд мардумони ҳилагар ва зоҳирсоз мешаванд.

  1. Абрӯвони часпида ба чашм.

Манзур аз ин навъ абрувон ин аст, ки фосилаи байни чашмон ва абрӯвон ба қадре кам аст, ки гӯй ба ҳам часпидаанд. Дорандаи ин навъ абрӯ ҳилагар ва пурифода ва мағрур ва худхоҳ.

Абрӯҳои боҳолат

Абрӯвоне, ки фосилаи аз чашм зиёд ва мутаносиб ва зиёди пурмӯ нест, аммо ҳолати хуше дорад. Ғолибан мардумони меҳрубон ва ростгӯй ҳастанд.

бинӣ

  1. Бинии паҳн ва мусаттаҳ.

Одаме  шаҳвонӣ, пурмудао, ҳарис ва бадахлоқ ва ғолибан ин қабил биниҳо бо мардум наметавонанд меҳрубон бошанд.

  1. Бинии хобида ва баистилоҳ бинии пах.

Пурҳарф, иғроқгӯ, хандарӯ ва одамҳои бисёр хаҷул, ки аз иҷтимоот фосила мегиранд.

  1. Бинии баланд.

Дорои сарнавишти дурахшон, сарватманд ва ончиро , ки бихоҳанд ва ирода кунанд бо ақл ва тадбир ба даст меоваранд. Онҳо камшаҳват ва агар пешонӣ хуб бошад ҳамеша дар корҳо ба пирӯзӣ мерасанд.

  1. Бинии саркаҷ.

Одамҳои кинаҷӯ, бадсиришт ва бадхоҳ, ҳучӣ ва аз мардумони инқилобӣ ҳастанд, ки агар ақли комил ба кор бибаранд дар ҳама корҳо пирӯз мешаванд.

  1. Бинии баланд каме саркаҷ бошад.

Мардумоне муваффақ ва пурсарусадо, дорои мақомҳои баланд ва аз касоне ҳастанд, ки агар ақли комил ба кор бибаранд дар ҳама корҳо пирӯз мешаванд.

  1. Бинии кӯчак ва зариф

Дорандаи ин бинӣ бисёр меҳрубон ва хушрафтор, шавҳари бисёр муносиб ва вафодор. Аммо агар зан бошад кӯтаҳфикр ва нодон аст.

  1. Бинии ноҳамвор ва ноҷӯр.

Дорандаи ин бинӣ лаим ва паст ва молпараст, дурӯғгӯ ва зоҳирсоз ва тақрибан метавон гуфт дорандаи чунин бинӣ аз доштани бисёре аз сифати хуб маҳрум аст.

Сурохҳои бинӣ

Агар сурохҳои бинӣ гушод ва даҳонадор бошад, мардумони хашмолуд ва даъвогар ва пурсарусадо ва дар ҳолати хашм қиёфаи тарсноке ба худ мегиранд.

Биниҳое, ки дорои сӯрохиҳои танге ҳастанд, ғолибан мардумоне аҳмақ ва сода ҳастанд.

лабҳо

  1. Лаби кулуфт.

Одами шаҳвонӣ, таммоъ ва бадчашм ва аз зумраи мардумоне аст, ки наметавонад хушбахтии касеро бубинад.

  1. Лаби борик.

Одаме маҳҷуб, меҳрубон, сарватманд ва пуравлод ва рӯи ҳамрафта хушбахт, аммо шикапараст аст. Лаби баргашта ҳарис ва дорои сифати ахлоқии нописанд аст. Аввал ин ки марде аст шаҳвонӣ. Барои занон дом меафканад, аз лиҳози ахлоқӣ марде бадхӯ ва риёкор, дурӯғгӯ ва ғолибан хатарнок.

Агар қади ин ашхос кӯтоҳ бошад, касе аст, ки барои донистани асрори дигарон пофишорӣ мекунанд ва аз он барои худ ва ба нафъи худ баҳрабардорӣ менамояд.

  1. Агар лабҳо овехта бошанд, одаме аст ҳарис ва барои нафъи шахсӣ даст ба ҳар коре мезананд, ҳар гоҳ лабҳо хеле нозук ва овехта бошад дурӯй ва мутамаллиқ, дурӯғгӯ ва риёкор аст.
  2. Лабҳои кӯчак ва ҷамъшуда.

            Соҳиби он одаме сода ва гулхӯр аст. Чунин шахс кӯтаҳфикр ва зоҳирбин аст.

            Агар лабҳо ҳар ду кулуфт бошад дорои ду сифати бисёр бад аст, ҳам шаҳвонӣ ва ҳам шикампараст ва барои дастёбӣ ба ин ду чиз аз ҳама навъ дурӯғгӯй ва ҳилагарӣ мазоиқа надорад.

  1. Лабҳои паҳн ва густурда.

Ба тавре ки рӯ ба поин мутамоил бошад, дорандаи он бетоифа ва номеҳрубон ва ғайр аз худаш касеро дӯст надорад.

Чонаҳо (манаҳ)

чонаи кӯтоҳ

Одаме маъюс ва беирода ва агар нӯки он каме баргашта бошад одаме беирода, камақл ва сададил, меҳрубон ва вафодор аст.

Чонаи баланд ва соф дорои эҳсосоти баланд ва хушфитрат ва ҳамеша моил аст вақти худро барои хидмати дигарон сарф кунад.

Чонаи баланд ва баргашта

Бадҷинс, тавдор (дарундор), риёкор ва бо ҳила ва тазвир ва метавонад ба мақоми баланд бирасад. Ин афрод агар дорои дандонҳои номураттаб бошанд афроде хатарнок ё қотил мешаванд.

Андомҳои дарунӣ

Ба ҳамон нисбат, ки индомҳои бурун монанди ингуштон ва тафовутҳои онҳо ва андомҳои чеҳра ҳокӣ аз хусусиёти инсон аст, андомҳои дарунӣ низ дар ин тафовутҳо дахолат доранд.

Ғуддаҳои дарунӣ

Мутаассифона ҳамон тавре ки мо тафовутҳои ангуштонро метавонем бибинем, ғуддаҳои дарунӣ, ки онҳо ҳам корҳое анҷом медиҳанд, қобили дидан нест ва ҳамин ғуддаҳо дар ғашои маҷории хунӣ шомили ҳурмонҳои махсусе аст, ки дар роҳравҳои тангу торики хун ҷорӣ аст ва тағйироте дар андомҳои хориҷӣ медиҳанд ва нақши бузургеро дар ахлоқ ва кирдор ва тарзи тафаккури мо бозӣ мекунанд. баъзе аз онҳо зудгузар ва дастаи дигар ҳамешагарӣ аст. Ҳолати тасаллут дар афроди фаъол, ки дорои ғуддаҳои сафровӣ ҳастанд ба нисбате мутафовит аст ва агар мо бигӯем, ки метавон аз рӯи ғуддаҳои сафровии афрод типҳои гуногуне ба вуҷуд меояд иғроқ нагуфтаем, зеро дар баъзе аз ин ғуддаҳои сафровӣ дар бадани касоне ёфт шуда, ки дорои аъсобӣ балғамӣ ё дамдамӣ ҳастанд.

Масалан вақте феъл ва инфиоли ғуддаҳои теруид ноқис аст ё суст дар ахлоқ ва кирдори мо тағйироти бузург медиҳад. Аммо вақте ғуддаҳои теруид фаъол бошад ҳаяҷоноти дарунӣ боиси бурузи баъзе рафторҳои ноҳинҷор мегардад ва бар хилофи он агар ин ғуддаҳо кор накунад ва ё кори ноқис анҷом диҳад, ҳолате шабеҳ ба буҳти зиндагӣ  хастагӣ ва беҳолӣ эҷод мекунад.

То имрӯз пизишконе пайдо шудаанд, ки рӯи озмоиши ғуддаҳои теруидӣ тавонистаанд дар бораи рафтор ва ахлоқи онҳо қазоват кунанд.

Гурӯҳҳои хун

Аҷиб аст, ки бо ин ҳама тафовутҳо дар таркиботи хуни мо низ тафовутҳое вуҷуд дорад. Вақте вуҷуди гурӯҳҳои гуногуни хун кашф шуд бар асари ин кашфи бузург донистанд, ки интиқоли хуни як гурӯҳ дар гурӯҳи дигар чи ҳавлноке ба вуҷуд меоварад.

Лонсар аз ин роҳ тавонист чаҳор гурӯҳ хуни мухталиф дар ашхос ба даст биёварад, ки иборатанд аз гурӯҳҳоои О ва Б, АБ ва ОБ. Ин чаҳор гурӯҳ хун ба таври тасовӣ дар афрод дида, нашуда. Ба таври мисол дар Фаронса ҳисоб кардаанд, ки байни сад нафар чиҳилу се нафар дорои хун аз гурӯҳи О ва 43 нафар аз гурӯҳи АВ ва ёздаҳ нафари дигар аз гурӯҳи Б ва бақия аз гурӯҳи ОБ ҳастанд. Аз он гузашта кашф карданд, ки ғолиб гурӯҳҳои хуни маврусӣ ва тобеи шароити рӯҳии инсон аст ва боз ҳам саъй карданд бидонанд оё байни дорандагони хун аз яке гурӯҳҳо аз лиҳози равонӣ ё вогирии бемории равонӣ шабоҳате вуҷуд дорад ё хайр? Леон Бурвул (1607-1666) равоншиносӣ фаронсавӣ пас аз бист соли заҳмат тавонист як табақабандии хос рӯи гурӯҳҳои инсонӣ ба даст биёварад.

дорандаи хуни гурӯҳи “О”

Одаме ҳассос ва мӯшикоф ва шадидултаъсир ва мусаллат бар ҳама чиз аст, ки онро хулқ ва хӯи ҳамоҳанг ном гузоштааст.

дорандаи хуни гурӯҳи “АВ”

Касест, ки ба осонӣ дар ҳар навъ муҳит созгор мешавад ва хеле зуд бо атрофиёни худ ҳамоҳангӣ пайдо мекунад ва онро типи ҳамоҳанги мутамаддин ва шаҳрнишин ном гузоштааст. 

дорандаи хуни гурӯҳи Б

Дар бархӯрд бо авомили хориҷӣ саҳлулвасл ва барои ӯ ҳар навъ муҳит ва ахлоқ бетафовут аст, ки онро муталаввинулмизоҷ гӯянд. 

дорандаи хуни гурӯҳи О ва Б

Ғанитар аз дигарон аст, зеро ӯ дорои сифоти гуногун мебошад. Дар айни ҳол одаме ғайрисобит ва манфибоф ва ҷиддӣ ва дорои ахлоқи ифротӣ (дарҳам, яъне ба таври ногаҳон аз як ҳолат ба ҳолати дигар меояд). Дар ин ҳол метавон ӯро муталаввинулмизоҷ донист, аммо бештар авқот дорандаи ин хун одаме хатокор ва гоҳе хатарнок ва музоҳим мешавад.

Албатта ба василаи тестҳо метавон сифоти ҳар навъ гурӯҳи хунро ба даст овард. Аз озмоишҳои зиёд ин натиҷа ба даст омада, ки байни 2500 нафар идаи зиёде дорандагони хуни гурӯҳи

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …