Главная / Ҷамъият / РУШДИ САНЪАТИ ШАШМАҚОМ, ФАЛАК – ҚАРОРИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ

РУШДИ САНЪАТИ ШАШМАҚОМ, ФАЛАК – ҚАРОРИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ

 ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ САНЪАТИ ШАШМАҚОМ, ФАЛАК ВА МАКТАБИ СУННАТИИ “УСТОД-ШОГИРД” ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2021

shamaqom-falak

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии “устод-шогирд” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи маблағҳои дар буҷети давлатӣ барои рушди фарҳанг, илм ва маориф пешбинишуда, инчунин маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва грантҳои фондҳои байналмилалӣ маблағгузории амалисозии Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии “устод-шогирд” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021-ро таъмин намоянд.
  3. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии “устод-шогирд” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 апрели соли 2017, № 159

ш. Душанбе

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …