Главная / Ҷамъият / Раисҷумҳури Тоҷикистон, Владимир Путинро бо зодрӯзаш табрик намуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Владимир Путинро бо зодрӯзаш табрик намуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Владимир Путин шахсан занг зада бо зодрӯзаш табрик намудааст.  Бино бар гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳури Русия, рӯзи 7 октябр Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат, Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози беҳтарин таманниёт Владимир Путинро ба муносибати 66-солагиаш сидқан табрик намуданд.

Президент РФ Владимир Путин и глава Таджикистана Эмомали Рахмон
© SPUTNIK / АЛЕКСЕЙ НИКОЛЬСКИЙ
Сӯҳбати самимӣ: занги телефонии Путин аз Ҳундустон ба Эмомалӣ Раҳмон

Ба иттилои манбаъ, инчунин дар ин рӯз Владимир Путинро раисҷумҳури Узбакистон Шавкат мирзиёев, президенти Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков, раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев, раисҷумҳури Белорус Александр Лукошенко, роҳбари Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва ғайраҳо табрик намуданд.

Ёдрас мешавем, ки ду рӯз пеш рӯзи 5 октябр Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш шодбош гуфта буд.
Владимир Путин раисҷумҳури Русия, ки 5 октябр бо сафари расмӣ дар Ҳиндустон қарор дошт, ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба Ҷопон занг зада, ӯро бо зодрӯзаш табрик кард.

Сухангӯи дафтари матбуотии раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков дар мусоҳиба бо расонаҳо хабар додааст, ки Владимир Путин зодрӯзашро дар атрофи наздикон, рафиқон ва ҳамкоронаш ҷашн мегирад.
Владимир Владимирович Путин 7 октябри соли 1952 дар шаҳри Ленингради Русия таваллуд шудааст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …