Главная / Маданият ва санъат / ПРОГРАММАҲОИ КОМПЮТЕРӢ

ПРОГРАММАҲОИ КОМПЮТЕРӢ

Тавре ки зикр карда шуд, ҳоло дар ҷаҳон намудҳои гуногун ва миқдори хеле зиёди мошинҳои электронии ҳисоббарор мавҷуданд. Компютер аз маҷмўи қисмҳои ба ҳам алоқаманди техникӣ ва программавӣ иборат буда, барои иҷро намудани амалҳои элементарии арифметикӣ, мантиқӣ ва умуман амалҳои табиати гуногун дошта пешбинӣ карда шудааст.

barnomaБа чунин амалҳо, масалан, ҷамъ ё зарб намудани ду адад, муқоиса намудани қимати ду бузургӣ, аз як ҷойи хотираи компютер ба ҷойи дигари он равон кардани информатсия, дохилкунӣ, таҳриркунӣ ва форматкунии (қолиббандӣ) матнҳо, кашидан ва ороиши расму графикҳо ва умуман коркарди ҳама гуна информатсияе, ки имрўз инсон дар ин ё он соҳаи фаъолияти худ истифода мебарад, дохил мешаванд. МЭҲ як амалро иҷро намуда, бо таври автоматӣ ба иҷрокунии амали дигар шурўъ менамояд. Ва ҳамин тариқ, вай метавонад пайдарпайии хеле дарози амалҳоро бе дахолати инсон иҷро намояд.

  • Пайдарпайии амалиёти (дастурҳо) барои компютер фаҳмо бударо программа мегўянд.
  • Моҳияти принсипи идоракунии програмавии кори МЭҲ аз он иборат аст, ки он бо ёрии программа кор мекунад.
  • Раванди навиштани программаро барои компютер программасозӣ меноманд.

Компютер аслан бо программаҳои дар забони мошинӣ навишташуда кор мекунад. Ин гуна программаҳо хеле якранг ва дилгиркунандаанд. Бинобар ҳамин ҳам, имрўзҳо қариб ҳамаи программаҳо дар забонҳои программасозӣ ё худ алгоритмӣ навишта мешаванд. Ҳар як компютер дар таркиби программавии худ программа-тарxумонҳоеро дорад, ки онҳо программаи кориро аз забони алгоритмӣ бо таври автоматӣ ба забони мошинӣ тарxума менамоянд ва пас аз ҳисобу китоб матни программа ва натиxаҳоро боз ба забони муқаррарӣ (алгоритмӣ) бармегардонанд. Чунин программаҳоро траслятор (tқanslatoқ -тарxумон) мегўянд.

Саволҳо:

  1. Компютер кадом намуди амалҳоро иҷро карда метавонад?
  2. Программа чист?
  3. Моҳияти принсипи идоракунии программавии компютер аз чӣ иборат аст?
  4. Компютер аслан бо кадом намуди программаҳо кор мекунад?
  5. Транслятор чист?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Намуди амалиётҳоеро номбар кунед, ки компютер онҳоро иҷро карда метавонад.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …