Главная / Маданият ва санъат / ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сабабҳо ва таърихи таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мувофиқи қисми 1 моддаи 64-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.

Аз рўи таълимоте, ки дар илми ҳуқуқшиносӣ вуҷуд дорад, Сарвари давлат шахси расмии мансабдор буда, дар табақабандии сохторҳои давлатӣ ҷои аввалро ишғол мекунад ва дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байналхалқӣ намояндаи олии давлат ба шумор меравад. Дар амалияи сиёсати ҷаҳонӣ 2 навъи сарвари давлат вуҷуд дорад – яке президент (раиси ҷумҳурӣ) ва дигаре монарх (шоҳ, султон, амир ва ғайра). Мансаби президент танҳо дар шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ арзи вучуд дошта метавонад.

Дар давлатҳои сохти ҷумҳуриявӣ президентро кулли шаҳрвандони дорои ҳуқуқи интихоботӣ, инчунин аъзои парламент ва дар баъзе давлатҳо (масалан, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) коллегияи интихобкунандагон бо роҳи овоздиҳӣ интихоб менамоянд.

Монарх бошад, дар давлатҳое, ки сохти мутлақият доранд, бо роҳи махсус, яъне ба мерос гирифтан таъин мегардад ва мўҳлати роҳбарии ў маҳдуд нест.

prezident

Бояд гуфт, ки ягон ҳодисаву зуҳуроти сиёсӣ бе асоси қонунӣ инкишоф ёфта наметавонад. Асоси ҳуқуқӣ барои таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои зерини ҳуқуқӣ буданд:

  1. Эъломияи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990;
  2. Қарори Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 «Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон».
  3. Изҳороти Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991».

Мазмуни асосии санадҳои зикршуда аз он иборат буд, ки ҳокимияти давлатӣ аз ин пас мебоист ба воситаи се шохаи ҳокимият-қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мешуд. Аммо ин гуна тақсими ҳокимият бе мансаби президент имкон надошт.

Ҳамин тавр, 29 ноябри соли 1990 Қонуни ҶТ «Дар хусуси таъсиси вазифаи Президенти ҶШС Тоҷикистон ва тартиби интихоби ў» қабул шуд. Дар ин қонун сабабҳои таъсиси ин мансаб шарҳ дода шудаанд.

Инҳо, пеш аз ҳама, ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиату амнияти шаҳрвандон, устувор сохтани сохти конститутисионӣ ва вусъат додани ҷараёни дигаргуниҳои сиёсиву иқтисодӣ буданд.

Ғайр аз ин, дар қонуни мазкур аниқ карда шуд, ки ба ин мансаб шахси синнаш аз 35 боло интихоб шуда метавонад. Президент бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ дар Шўрои Олӣ ва аз ҳисоби вакилони халқ ба мўҳлати салоҳияти ин Шўро интихоб карда мешавад. Агар аз се ду ҳиссаи вакилони халқ хоҳанд, Президент аз вазифа сабукдўш карда мешавад. Ҳамин тариқ, бори аввал 30 ноябри соли 1990 Қаҳҳор Маҳкамович Маҳкамов дар интихоботи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Мувофиқи Қонуни дигар аз 1 декабри соли 1990 «Дар бораи такмили сохти ҳокимияти иҷроия ва амрдиҳанда дар ҶШС Тоҷикистон ва дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосии) ҶШС Тоҷикистон» вазифаи ноиби Президент таъсис дода шуд. Инчунин, бо мақсади сари вақт ва бо сифати хуб иҷро кардани ваколатҳои Сарвари давлат Шўрои Олии Тоҷикистон Қарор «Дар бораи таъминоти хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти ҶШС Тоҷикистон»-ро қабул кард, ки ба ҳалли масъалаҳои муҳими фаъолияти Сарвари давлат – музди кор, таъминот бо манзил ва нақлиёт, муҳофизати шахсӣ, нафақа ва ғайра равона шуда буд.

Ҳар инсон, новобаста аз вазифа, баромади иҷтимоӣ ва мавқеи дар кору зиндагӣ ишғолкардааш мувофиқи қонунҳои мамлакат ҳуқуқи ҳимояро аз ҳар гуна дахолат, тўҳмат ва таҳқиру таъқиб дорад.

Президент низ мисли ҳар яки мову шумо инсон аст ва паст задани шаъну эътибори ў мисли ҳар шахси дигар мумкин нест. Аз ин хотир, 29 июни соли 1991 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи шаъну эътибори Президенти ҶШС Тоҷикистон» қабул гардид, ки мувофиқи он таҳқири оммавии Президент, тўҳмат кардан ба ў чи аз ҷониби шахсони алоҳида ва чи аз ҷониби воситаҳои ахбори умум кирдори ҷиноятӣ эътироф карда шуд.

Санади дигаре, ки ба таърихи таъсис додани мансаби Президент дахл дорад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 10 сентябри соли 1991 мебошад.

Мувофиқи ин қонун муқаррар карда шуд, ки ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш аз 35 боло буда, 10 соли охир дар кишвар зиндагӣ карда бошад, метавонад барои интихоб шудан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии худро пешбарӣ намояд. Як шахс паиҳам бештар аз ду мўҳлат Президент шуда наметавонад.

Тибқи ҳамин Қонун 24 ноябри соли 1991 якумин интихоботи умумӣ барои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар ин интихобот Раҳмон Набиевич Набиев дуввумин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби халқ интихоб гардид. Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 ноябри соли 1992 қонуни дигар қабул намуд, ки мувофиқи он ҳамаи меъёрҳои конститутсионӣ роҷеъ ба ҳокимияти Президент бекор карда шуд. Ваколату салоҳияти Президент ба Шўрои Олӣ ва Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуданд. Баъди асосан ба анҷом расидани кашмакашиҳои дохилӣ 20 июли соли 1994 Қонун «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва масъалаи аз нав таъсис додани мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуни асосии қонуни навро ташкил намуд.

Ҳамин тавр, 21 июли соли 1994 Қонуни дигар «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд ва дар асоси он 6-уми ноябри ҳамон сол дар ҳаёти кишвари мо ҳодисаи воқеан таърихӣ ба амал омад. Якҷоя бо интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов сеюмин сарвари давлат аст, ки бо роҳи интихоботи умумӣ ба боварии халқи Тоҷикистон сазовор шуд.

Ҳамаи воқеаҳое, ки дар боло номбар кардем, давраи аввали ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқиро ташкил медиҳанд. Давраи дуюми ин ислоҳот ба оғози марҳилаи сулҳу суботи умумӣ ва ризоияти миллӣ рост меояд.

Сухан дар бораи он меравад, ки ҳарчанд соли 1997 миёни Ҳукумати ҶТ ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида буд, вале то соли 1999 ҳанўз масъалаҳои ҳалношуда боқӣ монда буданд. Бо роҳи қонунӣ ҳал нашудани ин масъалаҳо боиси сар задании муноқишаҳои нав ва халалдор гардидани комёбиҳои сулҳи тоҷикон мегардид. Маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат Э.Ш.Раҳмонов корҳои омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба дохил намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд. Баробари дохил намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия шаҳрвандони дорои ҳуқуқи интихоботии Тоҷикистон дафъаи дуюм Э.Ш. Раҳмоновро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд.

Ислоҳоти конститутсионӣ баъди ин боз ҳам идома ёфт, зеро худи ҳаёт тақозо мекард, ки ҷараёни демократикунонӣ тезонида шавад ва ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ ва чамъиятиву сиёсӣ баробари ҷомеаи ҷаҳонӣ пеш равад. Аз ин сабаб, 22-уми июни соли 2003 оид ба даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат раъйпурсии умумихалқӣ гузаронида шуд. Мувофиқи натиҷаҳои ин раъйпурсӣ акнун шаҳрвандони кишвар Сарвари худро ба мўҳлати 7 сол интихоб мекунанд ва як шахс паиҳам беш аз ду мўҳлат ба мансаби Президент интихоб шуда наметавонад.

Тавре ки мебинем, таърихи таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чандон тўлонӣ набошад ҳам, аммо мазмуни амиқи сиёсиву иҷтимоӣ дорад. Воқеияти 15 соли истиқлолият гувоҳӣ медиҳад, ки ислоҳоти конститутсионӣ дар хусуси мансаби Президент барои расидан ба натиҷаҳои хеле назаррас имконият фароҳам овард.

Аввалан, маҳз тавассути ҷаҳду талош ва сиёсати оқилонаву дурандешонаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар саросари мамлакат барқарор гашт.

Дуввум, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъият- иқтисоду иҷтимоиёт, фарҳангу маънавиёт ва умуман ҳамаи самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ дигаргуниҳои азиме рух доданд, ки самараи онро мову шумо дар зиндагии ҳаррўзаи худ мебинем ва эҳсос мекунем.

Президент – сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат)

Баробари роҳбари умумии давлат будан Президент мувофиқи муқаррароти Конститутсия сарвари яке аз се шохаи ҳокимияти давлатӣ – ҳокимияти иҷроия, яъне Ҳукумат низ мебошад. Ҳукумат мақоми марказии ҳокимияти иҷроия ба шумор меравад.

Дар Конститутсияи Тоҷикистон оид ба фаъолияти Президент як боби алоҳида – боби 4-ум бахшида шудааст. Президент маҳз дар асоси ҳамин боб фаъолият намуда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар роҳбарӣ мекунад. Бояд гуфт, ки на дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон мақоми Президент як хел муайян карда шудааст.

Аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) фақат конститутсияҳои Ўзбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон Президентро сарвари ҳокимияти иҷроия муайян намуда, сардории Ҳукуматро ба ўҳдаи Президент гузоштаанд. Аммо баробари ин дар онҳо мансаби Сарвазир низ муқаррар гардидааст. Дар конститутсияҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Қирғизистон роҳбарии ҳокимияти иҷроия ба ўҳдаи Ҳукумат гузошта шудааст. Ҳамин тариқ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия нисбат ба президентҳои баъзе кишварҳои аъзои ИДМ салоҳияти васеътари конститутсионӣ дорад.

Мувофиқи Конститутсия Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдории давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳамкории онҳо ва риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Иҷрои вазифаҳои Президент аксар вақт бо фаъолияти Маҷлиси Олӣ ва мақомоти судӣ алоқамандӣ дорад.

Вале баробари ин Президент мураттабии фаъолияти ҳамаи соҳаҳои ҳокимияти давлатӣ ва масъулияти мақомоти ҳокимиятро дар назди қонун ва халқ таъмин менамояд.

Аз ин рў, мувофиқи Конститутсия Президент бояд шахси беғараз бошад. Ў наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул гардад (моддаи 68). Ин номгўй хеле маҳдуд аст, зеро аслан ҳар як мансабу

амале, ки Президент ба таври илова ишғол ё иҷро менамояд, набояд беғаразии ўро ба шубҳа гузорад.

Ҳатто иҷрои вазифаҳое, ки ҳамчун шаҳрванд ба ўҳдаи ў гузошта шудаанд, бояд бечунучаро ва қатъӣ риоя гарданд. Шакли идоракунии президентӣ бо мавҷудият ва фаъолияти мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузор, яъне Маҷлиси Олӣ алоқаманд

гардонида шудааст.

Дар муайян кардани ҳадди вазифаҳои Президент, хусусан алоқамандӣ ва фарқияти онҳо бо вазифаҳои Маҷлиси Олӣ ба таври конститутсионӣ риоя кардани усули боздорию мувозинати ҳокимияти ҳар яки онҳо мавқеи калон дорад.

Мувофиқи моддаи 67-уми Конститутсия Президент пеш аз оғози вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …