Портрет жанрест, ки тасвири инсон ё гурӯҳи одамонро дар наққошӣ фаро мегирад. Санъати портрет якчанд ҳазор сол пеш ба вуҷуд омад. Автопортрет – тасвири акси рассом аз ҷониби худи ӯ. Мақсади асосии рассомон танҳо тасвири портрети ҳамгун нест. Портрет бояд ботини инсон, мақоми ӯро дар ҷомеа инъикос намо- яд, ки ин талаботи асосӣ барои рассом аст.
Офарандаи портрет нисбат ба модели худ (инсони тасвирёбан- даро модел номидан мумкин аст) ба таври хос муносибат менамо- яд. Инсони тасвирёбандаро рассом бо назари шахсӣ мебинад, ӯро тарзе, ки эҳсос мекунад, тасвир менамояд.
Портретҳои тамсилӣ тасвири фиръавнҳои Мисри Қадим, образҳои Худо Осирис ва модархудо Исида.
Ба тасвири портретҳои зинданигорӣ дар давраи Таҷаддуд оғоз намуданд. Дар он замон портретҳо ба ду намуд тақсим шуда, «идо- на» ва «камеравӣ» ном гирифта буданд. Портретҳои идона дар вақти идҳо тасвир карда мешуданд. Вақте ба ин расмҳо менига- ред, дар ҳузуратон одамони хушлибос бо мукофотҳо ва аломатҳои хос дар сари сина тасвир меёбанд. Портретҳои камеравӣ, баръакс, нисбат ба идона тафовут доранд. Дар ин портретҳо одамонро на дар толорҳои бузург ва идона, балки дар биноҳо ва ҳуҷраҳои хурд тасвир менамоянд («камера» аз калимаи лотинӣ буда, маънояш «ҳуҷра» мебошад).
Дар портрети камеравӣ асосан одами наздик, хешу табор ҳатмӣ нест, шиносҳоро тасвир менамоянд, зимнан хислат, кайфият ва тарзи рафтори ӯ инъикос мегардад.