Главная / Биология / ПОЛИМЕРҲОИ БИОЛОГӢ – КИСЛОТАҲОИ НУКЛЕИНАТ

ПОЛИМЕРҲОИ БИОЛОГӢ – КИСЛОТАҲОИ НУКЛЕИНАТ

Аҳамияти кислотаҳои нуклеинат дар ҳуҷайраҳои организм ниҳоят калон аст. Хусусияти сохти химиявии онҳо имконияти нигаҳдорӣ, гузаронидан ва интиқоли ирсиятро таъмин менамояд. Азбаски сабаби аксарияти хосиятҳо ва аломатҳо дар организми зинда сафедаҳо мебошанд, бинобар ин фаҳмост, ки устувории кислотаҳои нуклеинат – шарти муҳимтарини мўътадили фаъолияти ҳаётии ҳуҷайра ва тамоми организм ба шумор меравад. Яъне, метавон гуфт, ки зуҳури хосият ва функсияи кислотаҳои нуклеинат ба хосият ва функсияҳои сафедаҳо дар организм сахт вобаста аст.

Ҳар гуна тағйирот дар сохти кислотаҳои нуклеинат ба тағйироти структураи ҳуҷайра ё фаъолияти равандҳои физиологӣ дар онҳо оварда мерасонад.

Структураи кислотаҳои нуклеинат бори аввал аз тарафи биологи америкоӣ Ҷ.Уотсон ва физики англис Ф.Крик омўхта шуда буд. Онҳо изҳор намуданд, ки тадқиқ ва фаҳмиши аломатҳо дар организми зинда, ҳамчунин тадқиқи қонуниятҳои иҷрои функсияи чӣ ҳуҷайраҳои алоҳида ва чӣ системаи ҳуҷайраҳо-бофтаҳо ва узвҳо аҳамияти хеле калон дорад.

Дар организм ду навъи кислотаҳои нуклеинат–кислотаи дезоксирибонуклеинат (КДН) ва кислотаи рибонуклеинат (КРН) мавҷуданд.

Кислотаи дезоксирибонуклеинат – КДН. Кислотаи дезоксирибонуклеинат полимери биологӣ буда, аз ду занҷири (силсилаи) полинуклеотидӣ, ки бо ҳамдигар пайваст шудаанд, иборат аст. КДН полимери массаи молекулавиаш хеле калон мебошад.

Мономерҳое, ки занҷирҳои КДН-ро таркиб медиҳанд, пайвастагиҳои мураккаби органикӣ буда, асосҳои нитрогенӣ доранд: аденин (А) ё тимин (Т), ситозин (С) ё гуанин (Г), қанди панҷатома-пентоза-дезоксирибоза, ки аз рўи он худи КДН ном гирифтааст, инчунин боқимондаи кислотаи фосфат. Ин пайвастагиҳо нуклеотидҳо номида шудаанд (расми 3.6).

полимерхои биологи

Дар як молекула 108 ва бештар нуклеотидҳо дохил мешаванд. Дар ҳар занҷир нуклеотидҳо бо ҳамдигар тавассути банди фосфодиэфирии байни як дезоксирибоза ва боқимондаи кислотаи фосфати нуклеотиди баъдина пайваст шудаанд. Ду занҷир дар молекулаи ягона бо ёрии бандҳои гидрогенӣ, ки байни асосҳои нитрогенӣ ба вуҷуд меоянд, муттаҳид мешаванд. Асосҳои нитрогенӣ ба таркиби нуклеотидҳо, ки силсилаҳои гуногун ба вуҷуд меоранд, дохил шудаанд. Миқдори бандҳои гидрогенӣ байни асосҳои нитрогении гуногун нобаробар аст, аз ҳамин сабаб онҳо фақат метавонанд ҷуфтҷуфт (дутоӣ) пайваст шаванд: асоси нитрогении А-и як занҷири полинуклеотидҳо ҳамеша бо Т-и дигар занҷир, вале

Г–бо се банди гидрогенӣ бо асоси нитрогении С муқобили силсилаи полинуклеотидӣ пайваст мебошанд. Ҳамин гунна қобилияти интихобии пайвастшавии нуклеотидҳо, ки дар натиҷаи он ҷуфтҳои А–Т ва Г–С ба вуҷуд меоянд, қобилияти комплементарӣ номида мешавад (расми 3.7).

555

Агар пайдарҳамии асосҳои нитрогенӣ дар як занҷир (ма- салан, Т–С–А–Т–Г) маълум бошад, он гоҳ ба туфайли принсипи комплементарӣ пайдарҳамии асосҳои нитрогении занҷири муқобил (А–Г–Т–А–С) маълум мегардад.

Занҷири нуклеотидҳо спиралҳои ҳаҷмии рост печутобхўранда ба вуҷуд меоранд, ки дар ҳар печ 10 ҷуфт асоси нитрогенӣ доранд. Гурўҳҳои қандфосфатии нуклеотидҳо аз берун, вале нуклеотидҳои пайвасташон комплементарӣ аз

дарун ҷойгир мебошанд. Занҷирҳо дар атрофи ҳамдигар, инчунин дар атрофи меҳвари умумӣ печутоб мехўранд (расми 3.8). Структураи чунин молекула асосан бо бандҳои гидрогенӣ нигоҳ дошта мешаванд.

спирралСпирали дучандаи Уотсон ва Крик Ҳангоми пайвастшавӣ бо сафедаҳои муайян (гистонҳо) дараҷаи спиралшавии молекулаҳо меафзояд. Молекула ғафстар ва кўтоҳтар мегардад (расми 3.9). Минбаъд спиралшавӣ ба дараҷаи олӣ мерасад ва спирали дараҷааш баландтар суперспирал ба вуҷуд меояд.

Функсияи КДН. Кислотаи дезоксирибонуклеинат функсияи бениҳоят муҳим – нигоҳ доштану аз нав ба вуҷуд овардани ҳаётро иҷро менамояд.

Якум, нигоҳдории ахбори ирсӣ, ки ба пайдарҳамии нуклеотидҳои яке аз силсилаҳои он асос ёфтааст. Воҳиди хурдтарини ахбори генетикӣ баъд аз нуклеотид се нуклеотиди пайиҳам ҷойгиршуда – триплет мебошад. Пайдарҳамии триплетҳоро дар занҷири полинуклеотидӣ пайдарҳамии аминокислотаҳо дар молекулаи сафеда муайян месозад. Дар пайи ҳамдигар ҷойгиршавии триплетҳо, ки сабаби структураи як занҷири полипептидӣ мегардад, мақоми ген калон аст.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …