Главная / Гуногун / Подшоҳ ва бегуноҳ

Подшоҳ ва бегуноҳ

Подшоҳе ба куштани бегуноҳе фармон дод.
Гуфт:
– Эй малик, ба мўҷиби хашме, ки туро бар ман аст, бозори худ маҷўй, ки ин уқубат бар ман як нафас барояд ва базаи он бар ту ҷовид бимонад.

Даврони бақо чу боди саҳро бигузашт,
Талхию хушию зишту зебо бигузашт.
Пиндошт ситамгар, ки ҷафо бар мо кард,
Дар гардани ў бимонду бар мо бигузашт.

Маликро насиҳати ў судманд омад ва аз сари хуни ў даргузашт.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

idi-qurbon

Иди Қурбон 2022 сол 9-уми июл ҷашн гирифта мешавад

Иди Қурбон соли 2022-ум дар Тоҷикистон кай ҷашн гирифта мешавад?  Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии …