Главная / Биология / ПАЙДОИШИ ОБХОКИҲО

ПАЙДОИШИ ОБХОКИҲО

Ҳамаи Обхокиҳо дар об тухм мегузоранд. Насли аввалашон дар об инкишоф меёбад, ки ба ҳаёти моҳӣ монанд аст. Олимон ҳисоб кардаанд, ки обхокиҳои қадима аз моҳиён пайдо шудаанд. Дар байни бозёфтҳои палеозоологй моҳиёни панҷапар маълуманд, ки онҳоро аҷдоди Обхокиҳо донистан мумкин аст. Онҳо устухонбандӣ доштанд, ҷуфти шиноварии онҳо барои хазидан дар рӯйи об мутобиқ буд. Ғайр аз ин пуффаки шиноварии моҳиён барои обхокиҳо сарчашмаи шуш гардид. Ҳоло хам намояндаҳои моҳиёни панҷапари қадима дар уқёнуси Ҳинд ҳастанд.

008

Дар давраҳои қадим дар натиҷаи хушк ё кам шудани об як қисми моҳиёни панҷапар аз як обанбор ба дигар обанбор рафта ба ҳаёти нимхушкию нимобӣ мутобиқ мешуданд ва хӯрокашойро аз хушкӣ низ пайдо мекарданд ва аз ҳавои атмосфера нафас мегирифтанд. Дар натиҷа ҷуфти шиновари пешашон ба пойи пеш пуффаки шиновариашон ба шуш, дили духонагиашон ба сехонагӣ табдил ёфтаанд. Бо дигар шудани иклим ва муҳити зиндагӣ бадани Обхокиҳои қадима хурд шуда, намудҳои онҳо хеле кам боқӣ мондааид. Ҳамин тариқ дар муддати 200 миллион сол Обхокиҳо инкишоф ёфта, якчанд Намудҳои он то ба замони мо омада расидаанд.

Савол ва супоришқо:

  1. Дар бораи пайдоиши обхокиҳо маълумот диҳед.
  2. Оид ба мушак, устухонбандӣ ва сохти асаби обхокиҳо нақл кунед.
  3. Узвҳои дарунии обхокиҳоро номбар кунед.
  4. Дар хусуси аҳамияту зарари обхокиқо мисолҳо биёред.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …