Главная / Гуногун / ПАРВОЗ БА ҚУЛЛАҲОИ ОРМОН

ПАРВОЗ БА ҚУЛЛАҲОИ ОРМОН

(Муҳит ва ҳаёти илмии Имоми муаззам раҳамуллоҳ).

Тавлид ва туфулият (кӯдакиву навҷавонӣ )-у умри бобаракати Ҳазрати Абӯҳанифа/р/ дар даврони   хилофати Абдулмулк ибни Марвони уммавӣ-хилофати оли уммавиёни араб, дар шаҳри Кӯфаи Ироқ гузашта аст ва дар давраи хилофати бани Аббоси араб ва эронитабор, яъне, Халифа Мансури Аббосӣ…

Гавҳари илҳому дарёи каромоти Худодод, ки дар ниҳоди Абӯҳанифа /р/ Нӯъмон ибни Собит ибни Марзбон ибни Қайс /р/ ҷӯш мезад ва шоҳини ҷавону тезчангро, ки ҷӯёи мурғи маънӣ буд, омодаи парвозҳои дӯродур, ба фарози қуллаҳои аҳдофу ормон мекард…

«Абӯҳанифа нозири як силсила ҳаводиси асри уммавӣ ва аббосӣ буд, зеро нимаи аввали навҷавонии зиндагонии илмиашро дар сояи давлати хонадони уммавӣ ва нимаи дигарро дар асри аббосӣ сипарӣ намуд ва бо пайравони фирқаҳову мазоҳибу ақоиди мухталиф, ки дар сарзамини Ироқ зиндагӣ ва фаъолият доштанд ҳамаср буд. Сарзамине, ки ба тарбияи мардони равишҳои мухталифи динӣ ва сиёсӣ шӯҳрат дошт. Имоми Аъзам дар ин вақт таъсири мутақобилаи маданияти исломӣ ва аҷнабиро эҳсос мекард». 47.- 42.

Ироқи онвақта, ки яке аз гӯшаҳои тараққиёфтаи марзи исломӣ буд, ба як маркази тамаддунҳои мухталиф табдил ёфта буд. Имоми Аъзам Абӯҳанифа аз овони хурдсолӣ сар карда, аз фарҳанги тамаддунҳои юнонӣ, арабӣ, ҳиндӣ, яҳудӣ ва эронӣ, яъне, форсӣ, ба хубӣ огоҳӣ ёфт ва аз хирмани файзбори маънавиёти ҳар як аз ин марзи тамаддунҳо (ба хусус аз таърих ва илму адаби фарҳанги форсӣ, ки худ намояндаи он маҳсуб мешуд С.Б). хушае баргирифт.

«…Абӯҳанифа (чуноне, ки гуфта шуд) дар асри Абдулмулк ибни Марвон-халифаи уммавӣ ба дунё омад ва дар асри вилояти Ҳаҷҷоҷи Сақфӣ, ки волии Ироқ буд, ба ҷавонӣ ва рушд расид ва давраи хилофати халифаи одил ва басо фозил Умар ибни Абдулазиз мусодиф бо давраи ҷавонии Имом буд. -Билохира ӯ нозири сарнавиште низ буд, ки уммавиён ба он мувоҷеҳ шуданд.

Имом бо Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Ҳусайн ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Абӯтолиб /р/ ва бародараш Иброҳим/р/ муосир буд ва шӯриши онҳо алайҳи ҳукмравойии Абӯҷаъфари Мансур-халифаи аббосӣ, дар ҳамон аср судат гирифт. Иллати шӯриши мазкур ин буд, ки Аббосиён дар ибтидои марҳала мардумро ба пуштибонии худ, ба Ибни Унвон, ки хилофатро барои алавиён (хонадони Ҳазрати Алӣ разиаллоҳ) мехоҳанд, даъват мекарданд ва чун якҷоя уммавиёнро аз саҳнаи сиёсат ва раёсат бубардоштанд, қудратро худ ба даст гирифтанд. Ин ҳаводиси сиёсӣ бо рӯйи кор шудан масойили каломӣ ва ихтилофи фарқаҳои исломӣ, дар он аср аз муҳимтарин авомиле буд, ки таваҷҷӯҳи Имомро ба сӯи худ кашида буд».47.-42.

Бале, Имом Абӯҳанифа дар ибтидо шомил ба фирқаи аҳли калом буд ва умед дошт, ки аз баракати афкори аҳли калом дар ҳалли бисёре аз масойил ба манзиле хоҳад расид. Аммо худ шоҳиди он гашт, ки фирқаи бузурги динӣ – фалсафии бо ном аҳли калом, ки корашон ба ҷуз ишғоли ҳокимияту ҷоҳу ҷалол ва насаббозӣ дигар чизе нест ва ҷудоиандозист ва бори «фирқаи калом»-ашон каҷ асту ба манзил нарасиданист, зуд аз ин роҳ баргашт ва худ мустақилона ва бо шуҷоати тамом мардона қадам ниҳод ва тавассути шоҳроҳи мурод-илми Калом ба ҷустуҷӯи ҳалли масойили мубрами иҷтимоие, ки барои мардум муфид асту Қуръон ҳидоят менамояд ва шариати ғурройи Муҳаммадия /с/ ҳам ҳамонро тақозо мекунад, қадам ниҳод. «Ва возеҳ аст, иштиғол ба мавзуоти каломӣ бидуни ин, ки инсон аз улуми динӣ, ба кадри иқтазойи илми Калом баҳрае дошта бошад, имкон надорад ва аз ин рӯ, маълум мешавад, ки Имоми Аъзам доройи истеъдод ва нишоти илмӣ буда, вале қабл аз интиқол ба фиқҳ, ба илми Калом таваҷҷӯҳи бештаре дошт. Устодони Имоми Аъзам (дар Ҳадис) чаҳор ҳазор нафар, аз тобеиъин нишон дода шуда, ки аз он ҷумла Лайс ибни Саъд ва Молик ибни Анас – Имоми Мадина аст…».47.-50.

Ва билкул ғалат аст, андешаи он муҳаққиқоне, ки каломро як роҳе мепиндоранду фиқҳро илме дигар. Илми фиқҳ он риштаи илми ҳукуқ ва илоҳиётшиносист, ки маҳз дар заминаи илми калом сабзида расидааст. Илми фиқҳ тарошае нест, ки аз боми фалак афтода бошад. Бинобар ҳамин Имом Абӯҳанифа (р) ба гуфтаи муҳаққиқи варзидаи ҷабҳаи каломии Имоми Аъзам, устоди фозил Иноятуллоҳи Иблоғ»… ва ӯ равиши хосеро (бо амри имону виҷдон) барои мусалмонон пайрезӣ менамуд ва ҳақро бо чеҳраи  воқеиаш,  ба мардум муаррифӣ мекард. Аз ҳамин ҷост, ки мулоҳиза мекунем, Имом дар паҳлӯи равиши хоси каломии худ доройи равиши хоси сиёсӣ низ буда».47.-43

Бале, ҳаводиси сиёсӣ ва кашмакашҳои хонадонӣ ва задухӯрдҳои хулафойи Уммавӣ ва Аббосӣ, сабабгори он шуда, ки Имом Абӯҳанифа назариёти сиёсии хешро дар асоси такя ба Қуръон ва Ҳадис, ба мардум ва ҳамчунин ба гурӯҳҳои мухолиф баён созад. Барои амалӣ гаштани ин ниятҳои басо нек ва ҷомеъасоз, Имомро зарур буд, ки аз рӯи Каломуллоҳ, яъне, Қуръони Маҷид ва аҳодиси Расули акрам /с/, равиши осонеро барои мардум муайян созад, ки ҳам ба мардум мақбул бошаду ҳам ба аҳли хос. Бинобар ҳамин Имом Абӯҳанифа /р/ назар ба баёни назариёти хеш, дар ҳикмати калом, бештар ба ҳалли масойили ҷабҳаи фиқҳӣ доштаи он машғул шуд, то ки ба иборае, як консепсияи роҳнамои ҷомеъасози хоси худро созмон диҳад, ки он битавонад дархӯри тамоми фирқаву мазоҳиб ва гурӯҳҳои сиёсии билоди исломӣ гардад. Ва маҳз ин ниятҳову ормонҳои ҷомеъасоз ва башарбунёду башарободу башардӯстонаи Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ сабабгори он шуда, ки ӯ битавонад дар умри бобаракати худ рисолаҳои бузурги каломии хеш ба монанди «Ал-фиқҳ ал- акбар» («Фиқҳи акбар»), «Ал-фиқҳ-ал-абсат», «Ал-олим-вал-мутааллим», «Рисолаи Абӯҳанифа ба Абӯмуслим Ал-Баттӣ -Имоми Басра», «Ал- Муснад»-и шариф ва «Ал-васият» (ё худ «Васиятномаи Имом Абӯҳанифа»)-ро рӯи коғаз биоварад, ки тамоми доройии ӯ сарфи ин корҳои наҷиб гашта буд. Бинобар ҳамин ӯст, яъне, Имом Абӯҳанифа, машҳур дар олами Ислом, бо номи Имоми Аъзам /р/ ва пешвойи муҷтаҳиддин ва сироҷи уммати Расулуллоҳ (с).

Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ аз оилаи сарватманд буд ва падари хирадманди ӯ Хоҷа Собит аз рӯи суннат сараввал назди устоди фунуни адаб ва балоғат бурд, ӯ ин улумро аз бар кард. Баъд мутаваҷҷеҳи улуми динӣ, иҷтимоӣ ва мантиқу калом ва ҳикмат гашт ва дар муддати кӯтоҳ кулли илми асри хешро фаро гирифт, яъне, аз қабили илми калом, фиқҳ (фиқҳи ибтидоӣ ва олӣ) тавҳид, сарфу наҳв, луғат, тафсир ва қироъату ҳифзи Қуръони Маҷид, ҳикмати Қуръон ва ҳикмати аҳодиси Паёмбари гиромӣ (с), ҳифзи ҳадис, илми тиб, лисони арабӣ ва ғайра мислуҳум. «Устодаш Шуъубӣ (р) маҳорати Абӯҳанифаро дида ба ӯ гуфт:

-Ман дар вуҷуди ту бедорӣ ва ҳаракати ғайбиро мулоҳиза мекунам, бояд илм ва тафаккурро аз даст надиҳӣ!» 63.-15-16.

«-Бо он, ки Имоми Аъзам бо уламо камтар ихтилоф мекард, вале асари заковат дар симояш машҳуд буд, аз он рӯ Шуъубӣ ӯро ташвиқ кард. Аз моҷаройи ӯ ва Шуъубӣ маълум мешавад, ки Имом дар аввал марҳала ба илми калом дастрас ва алоқа дошт ва Шуъубӣ хост ӯро бештар роҳнамоӣ кунад, зеро Имом бо вуҷуди ин, ки бо дигар уламо ихтилоф намекард, аз худ равиши хоси фикрӣ ва қудрате дошт, ки метавонист, ки бо табақоти мухолиф ва пайравони мазоҳиби ботила мунозира кунад, то ҷое, ки Шуъубӣ ин истеъдоди ӯро дарк кард» . 47.-50.

Хулоса, ки Имом Абӯҳанифа (р) тамоми улуми ройиҷи асри хешро ба қадри зарурӣ фаро гирифт ва ҳаёти моддӣ ва амалии худро ба тиҷорати матоъ оғоз кард ва бо вуҷуди иштиғол бо ин кор шуғли илмии худро аз даст надод ва «Дил ба ёру даст ба кор» буд. С.Б.Б.,) ва бештар таваҷҷӯҳи вай ба илми калом (ин лафзи арабӣ буда, маъниаш «калима», «сухан» ва «нутқ» аст; илми мазкур илми илоҳиёти назариявии мусалмонист, ки барои асосноккунии таълимоти динӣ, ба далелҳои мантиқи шаклӣ истинод меоварад, ҳамчунин аҳли каломро мутакаллимун ва мунтакаллим низ мегӯянд (С.Б.Б.;) ва таҳлили назариёти фирқаҳо ва асҳоби мухталифе буд, ки дар қарни аввали ҳиҷрӣ, зуҳур намуда буданд». 47.-49.

Ҳазрати Абӯҳанифа аз хурдсолӣ маълумоти кофие оиди улуми иҷтимоӣ пайдо кард, Қуръон ва забони арабиро хуб омӯхт ва аз он болидахотир буд, ки шунидани сӯҳбатҳои пурҳикмат ва қудсиёнаи се тан аз охирин асҳоби Паёмбари гиромӣ(с), яъне, Анас ибни Молик (р) Рофеъ ибни Хадич (р) ва Абдуллоҳ ибни Ҷазия (р) насибаш гашта буд, 49.-11. Дар оилаашон ҳама ба тоҷикӣ-форсӣ такаллум мекарданд. Муҳити зист ва вазъи Ироқи онрӯза (пойтахти хилофати Аббосиён соли 132 ҳиҷрӣ (740м) шаҳри Бағдод интихоб шуд, хулафои суннии уммавӣ бошанд, ба ҷои Мадина шаҳри Димишқро пойтахти хилофати худ қарор дода буданд), ки пешравии иқгисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, дар он ба назар мерасид, аксари аҳолиро низ ва ба хусус сарватмандонро ҳам, ба шуғли илму дониш ва ҳунармандӣ водор   менамуд. Дини Мубини Ислом муҳаррики ба ҳаракатдарорандае буд, барои пешравиҳову пирӯзиҳои пайдарҳамӣ, дар пешравӣ ва дигаргуншавии вазъи иқтисодиву сиёсӣ ва илмиву фарҳангии хилофати исломии уммавия ва абоссӣ. Дар ин давра байни гурӯҳҳо ва фирқаҳову табақоти динии онвақта баҳсу мунозираҳои тӯлонӣ доир мегардид. Имом Абӯҳанифа (р) – он дарахти пурсамар ва пурбору пуртавозӯъ ҳамеша шоҳиду иштирокчии баҳсу мунозироти доманадори динӣ ва фалсафӣ, байни намояндагони фирқаҳои гуногун буд. Баъдтар барои иштирок дар чунин баҳсҳо (ин кабки сармасти дарӣ) зиёда аз 20 маротиба, аз Кӯфа ба Басра сафар кардааст. Ва дар ҳар сафари худ як сол ва камтар аз он дар Басра мемонд. Бо намояндагони мазоҳибу фирқаҳои каломӣ ва гурӯҳҳову ҷараёнҳои динии замонаш, ба мисли азрақия (фирқаи охири асри VII-дар Ироқ ба вуҷуд омад, бо роҳбарии Нофия ибни Ал-Азрақ). Наҷдия (дар байни 73 фирқа худро биҳиштӣ меҳисобиданд; аз рӯи ҳадиси Паёмбар (с), шиъиён (дар асоси назариёти Ҳазрати Алӣ (р) ба вуҷуд омад, яъне, назариёти фирқаи аҳли байт) сабъиён, кайсония, зайдия, имомия (шиъайи имомия, ки мӯътақид ба ҷонишинии Ҳазрати Алӣ, баъди Паёмбар (с) мебошанд), ҷабрия, мӯътазилия, мурҷиъа ва табақоти хориҷ, аз қабили; абозия, суфрия,(дар охири асри VII- дар Басраи Ироқ ба вуҷуд омад, асосгузораш Зайд бинни Ал-Асфар) ва ғайра баҳсу мунозираҳои шадид мекард ва фатвои эшонро ботил мебаровард. Дар ибтидои ҳаёт Ҳазрати Имом Абӯҳанифа (р) илми каломро хуш пазируфта буд ва гумон дошт, ки тавассути ҳикмати калом метавон ба кулли суолҳои ҷомеъаи инсонӣ ҷавоб ёфт, аммо ин ақида аз ҷониби худи Имом Абӯҳанифа (р) ботил карда шуд. Аз ҷумла худи Имом Абӯҳанифа (р) чунин қайд карда:

Дар он ҷо (яъне, дар ҳавзаи Басра, С.Б.Б). иқомат меварзидам, дар ин муддат бо табақоти хориҷ, аз қабили абозия, суфрия ва ғайра мунозира кардам. Ман дар собиқ илми каломро беҳтарин улум мешуморидам ва мегуфтам, ки ин илм аз асл ва решаи дин баҳс мекунад ( ин аст хулосабарории бузурги Ҳазрати Ҳаким Имом Абӯҳанифа (р) С.Б.Б)., вале пас аз он, ки умреро дар ин роҳ сарф кардам, аз мафкураи сардарпечу ба решу бун баргаштам». 97.13., Ҳаким Имом Абӯҳанифа (р) низоъи беасосу ҷоҳилонаи намояндагони мазоҳиби замонашро бад медид, ӯ муваҳҳид ва устоди фақеҳу ягонаи асри худ буд. Вале инро ҳам инкор намекард, ки ҳақиқат зодаи баҳс аст. Ҳикмати мазҳабии ин фақеҳи кабиру Имоми шаҳир ба илми тавҳид -, Қуръони маҷид, Сунна – Ҳадисҳои Ҳазрати Муҳаммад (с) ва иҷмоъ (афкори ҷамъи асҳоби Паёмбар(с) ва афкори фуқаҳо ва уламои ҳанафӣ такя мекунад ва эҳтиром медораду медоранд мӯъминони ин мазҳаби беназир, чаҳор ёр, чаҳор ҳаким ва чаҳор ахтари тобон, чаҳор пири тариқат, яъне, чаҳор хулафойи рошиддин (иршодкунандаи дин ва барҳақ) Ҳазрати Абӯбакр (р), Ҳазрати Умар (р) Ҳазрати Усмон (р) ва Ҳазрати Алии Муртазо (ъ-с)-ро) аз рӯи васияти Ҳазрати Паёмбар (с), ки бо эшон дар «Меъроҷ» аз ҷониби Худованди ягонаву барҳақ амр шуда ва он кас гуфтаанд ба Ҳазрати Алӣ (ъ-с), ки: «Ё Алӣ, фармони Худои таъоло шуд, ки: – Эй Муҳаммад ъалайҳиссалом, баъд аз ту Абӯбакр ва Умар ва Усмон халифа шаванд, хатми хилофат бар Алӣ(ъ-с) шавад, чунон, ки хатми нубувват (паёмбарӣ) бар ту шуд». 9.35-36). Агар касе аз рӯи амри Худованд ҳурмати чаҳор ёри Паёмбар (с) – ро ба ҷой наёварад кофир аст, ба гуфти Расули акрам(с): «-Ихтилоф ва саркашӣ (дар Ислом) овардан кофирист!»

«Дар нимаи аввали асри VIII раёсати Кӯфа бо устоди фарзона ва муҳаддиси варзидаи худ бузургфақеҳ Ҳаммод ибни Абӯсулаймон ифтихор дошт. Мардум дар ҳосил кардани матолиби фиқҳии худ бо мазҳари ӯ иқдом меоварданд. Баъди вафоти Ҳаммоди фақеҳ садрнишини илми фиқҳ писари эшон таъин гардиданд. Ёрону пайравони падараш дар атрофи ӯ ҷамъ меомаданд. Мутаассифона писари Ҳаммод ниёзҳои фиқҳии мардумро посух гуфта натавонист, зеро тавоноии илмии ӯ дар наҳв ва илми калом буд. Он гоҳ ҷойгузини писари Ҳаммод Мӯсо ибни Касир шуд.

Мӯсо ибни Касир бо бузургони илми фиқҳ ҳамнишин буд, аммо ӯ дар фарогирии илми фиқҳ ҳуҷҷати қотеъи замони хеш набуд. Баъди чанде ӯ азми сафари Ҳаҷ намуд. Таваҷҷӯҳи мардум ба сӯи Абӯҳанифа шуд. Ӯ талаби мардумро пазируфта чунин гуфт: «-Намехоҳам, ки илм бимирад». Ба иборае харидорони дӯкони маънавии Имом Абӯҳанифа торафт зиёд мешуданд ва аз ҷоми саҳбои фиқҳу фаросати ӯ мутабаҳҳир мешуданд. Ӯ дар ин муддат -шогирдони зиёдеро ба камол расонид. Имомон Абӯюсуфи Қозӣ, Имом Муҳаммад ибни Ҳасан, Абӯмутеи Балхӣ, Абӯмуқотили Самарқандӣ, Зуфар ибни Ҳузайл, писараш Ҳаммод ибни Абӯҳанифа, Абдулло Ибни Муборак аз шогирдони хеле машҳури ӯ мебошанд. Имом Абӯҳанифа нисбати шогирдони худ, ҳам сахтгиру серталаб буду ҳам мушфиқу меҳрубон. Падари яке аз шогирдони пешқадамаш, яъне, падари Абӯюсуфи Яъқуб ба ҳузури Абӯҳанифа омад. Ӯ ибрози назар намуд, ки вазъи иқтисодии оилаашон бад аст. Аз ин рӯ, падар Абӯюсуфро аз дарс ҷавоб гирифтан хост. Имоми дилогоҳ Абӯҳанифа 1000 динори ироқӣ, ба падари шогирдаш дода, Абӯюсуфро дар ҳалқаи омӯзиши илм нигоҳ дошт. Ҳамин тавр Абӯҳанифа, дар майдони фиқҳ қадамҳои устувор ба пеш ниҳод, ки дигарон дар анҷоми он оҷиз буданд» (Иқтибоси ин ду ҳошия аз китоби олими ҷавон шодравон Бегиҷон Рустамзода, бо номи «Имоми Аъзам -Абӯҳанифа кист?»  саҳ. 8., Душанбе-1999).

Чуноне, ки гуфта шуд ҳаёти Ҳазрати Абӯҳанифа (р) дар даврони ҳокимияти хилофати сунниҳои уммавияи араб ва баъд аббосияи арабу эронитабор гузаштааст. Ӯ ҳамагӣ 70 сол умр дидааст ва ҳамасри  се саҳобаи мӯҳтарам: – Анас ибни Молик (р), Рофеъ ибни Хадич (р) ва Абдуллоҳ ибни Ҷазия (р) ва ба қавле ҳамасри 16 – саҳобаи киром (р) буд ва бо эшон дидор ҳам карда буд. Ҳамчунин бисёре аз кубарои замон чун Абӯ-Юсуфи Яъқуб Ал-Қозӣ (р), Муҳаммад Ҳасани Шайбонӣ (р)-ин ҳарду шогирдони Абӯҳанифа (р) буданд; Бишри Ҳофӣ (р), Қозии Ҳофӣ (р), Довуди Тоӣ (р), Нӯҳ ибни Марями Ҷомеъӣ (р); Сайид ибни Умар (р), Яъқуб ибни Аҳфас (р),  Зайд ибни Алӣ (р), Ҳасан ибни Зайд (р) ва Имом Зуфар  (шогирди Имоми Аъзам (р) ва Имом  Молик (р)  ва Имом Муҳаммади Боқир (р) ва бо Абдуллоҳ ибни Ҳусайн ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Абӯтолиб(р) ва бародараш Иброҳим (р), ҳамаср буд, ва бо Имом Ҷаъфар, яъне, Имом Ҷаъфари Содиқ (р) ва Сӯфёни Саврӣ ва Ҳаммод ибни Абӯсулаймон ва Иброҳими Нахъӣ, Иброҳими Адҳам, Ибни Муборак, Ибни Ато, Ибни Мусаъар ва ғайра ва сӯҳбатҳое, ки бо бархе аз эшон дошт, дар ҳаёти илмиву ирфонӣ ва динии хеш (ва бахусус, дар илми калом) баҳраҳои фаровоне бардоштааст ва эшон низ дар навбати худ аз илму дониши Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) баракате ёфтааст.

Ҳазрати Имоми Аъзам дар таълимоти хеш бештар ба Қуръон ва ҳадисҳои саҳеҳи Расули акрам (с) такя мекард ва онҳоро бештар аз нақли саҳобаи киром (р)-у тобиъин ва кубарои замони худ ҷамъ меовард ва истифода мекард. Аз машҳуртарин муҳаддисоне, ки дар замони Имом Абӯҳанифа (р) мезист, дӯст ва устодаш Имом Ҷаъфари Содиқ (р) буд, ки бештар аз ин бузургвор ҳадис меомӯхт. Яке аз муҳаддисон Солеҳ ибни Абул-Асвад гӯяд:

«Аз Имом Ҷаъфар ибни Муҳаммад (Содиқ) шунидам, ки мегуфт: -Пеш аз он, ки маро аз даст диҳед, аз ман зиёда Ҳадис бипурсед, чунки касе баъд аз сари ман ба Шумо мисли ҳадисҳои ман гуфта наметавонад».

Бале, ду имоми машҳури ҷамоаи суннимазҳабон-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ва Молик ибни Анас, аз шогирдони ӯ (Имом Ҷаъфари Содиқ) буданд. Ва «Аз Абӯҳанифа ривоят кунанд, ки гуфтааст: – Касеро аз Ҷаъфар ибни Муҳҳамад фақеҳтар надидаам».

Ҳамчунин дар кутуби «Тазкиратул-ҳуффоз»-и Аз-Заҳабӣ (Ҷ.1.С.166), «Хазинат-ул-асфиё»-и Ғуломсарвар Соҳиби Лоҳурӣ (ҷ.1.с.43), омада: «Абӯҳанифа бо Имом Ҷаъфари Содиқ сӯҳбат дошт ва файзи том аз он файёзи замон ҳосил кард» (110-31).

Муҳаққиқи дигар Аз-Зириклӣ, дар китоби худ «Ал-ъалом» (ҷ.2с. 121) «Овардааст, ки: «Ду Имоми аҳли суннат ва ҷамоъат аз ӯ (яъне, Имом Ҷаъфарӣ Содиқ, С.Б.Б). илм омӯхтанд: Имом Абӯҳанифа ва Имом Молик ибни Анас».( 110-31).

«Баъзе аз муаллифон, дар кутуби хеш зимни баҳс, аз маноқиби Имоми Аъзам, аз устодони ӯ низ ба тафсил сухан рондаанд.

Аз ҷумлаи муаллифини фавқуззикр, муаллифи асари «Ал-Хайрот-Ал-ҳисон» – Аллома ибни Ҳаҷари Байҳақӣ аст, ки аз кутуби маноқиб нақл карда, ва низ ба интиқоди бархе донишмандон ишора намуда, ки дар ҳақиқат ин интиқод муттаваҷҷеҳи тобиъин будани Имоми Аъзамро собит месозад. Муаллифи мазкур аз шонздаҳ тан саҳобае ба ҳайси устодони Имоми Аъзам(р), ки аз эшон ривояти Ҳадис (яъне, аҳодиси саҳеҳи Расули Акрам (б), С.Б.Б). намуда, қарори зайл ном мегирад:

Анас ибни Молик (р), Абдуллоҳ ибни Анас – Ал-Ҷиҳнӣ (р), Абдуллоҳ ибн Ал-Ҳорис ибну-ҷ-Ҷазъ – Аз-Зубайдӣ (р), Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р), Абдуллоҳ ибни Абӯ-Авфӣ, Восилат ибн Ал-Асқаъ (р), Маъқал ибни Ясор(р), Абӯтафил(р), Омир ибни Восила (р), Ойиша бинти Аҷрад(р), Саҳл ибни Саъд(р), Соиб ибни Холид ибни Сувайд(р), Соиб ибни Язид ибни Саъид(р), Абдуллоҳ ибни Басра(р), Маҳмуд ибни Ар-Рабеъ(р) Абдуллоҳ ибни Ҷаъфари Абӯамома(р).

Дар ривояти худи Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) аз бархе саҳобае, ки зикр шуд як идда ихтилофот мавҷуд аст, аммо ривояти вай аз Анас ибни Молик(р) мавриди яқини аксари донишмандон мебошад…».51-52.

Дар овони 29 солагӣ Абӯҳанифа (р) ба фақеҳу илоҳиётшиноси шаҳири давр Абӯисмоили Ҳаммод ибни Абусулаймон (р) дӯстӣ пайдо карда, ба омӯзиш ва пажӯҳиши илми Ҳадис ва илми фиқҳ, яъне, дӯстдоштатарин илми Паёмбар (с) машғул мешавад. Риштаи дӯстии эшон то вафоти Ҳаммод (р)-18 сол давом кард. Дар ин муддати тӯлонӣ Абӯҳанифа(р) аз шогирдӣ то ба дараҷаи ёвару мушовири беҳтарини устоди фарзонаи хеш расид. Қабл аз вафот Ҳаммод(р) васияти инкишофу тавсиъа ва такмили фиқҳро ба Абӯҳанифа (р) махсус донист. Баъд аз даргузаштани устоди хеш, Абӯҳанифа (р) муддати даҳ сол дар Кӯфа буд ва аз маъруфтарин фақеҳони воҳаҳои Кӯфа ва Басра гардид. «Абӯҳанифа (р) баъди дарёфти олитарин шаҳодатнома дар илми калом ва Ҳадис ва фиқҳро омӯхтан, аз Ҳаммод (р) мактаби фиқҳиро (баъди дарёфти номаи иршод) асос гузошт…». Яъне, бо номи «Мактаби фиқҳи ҳанафӣ (Абӯҳанифа)» 49-11. Дар бораи он, ки Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) дар назди кадомин устодон ва машойихи замон дарси илму адаб гирифтаанд ва ё аз эшон,   новобаста  аз  синну  солашон  ҳикмате  андӯхтаанд, байни муҳақиқон баҳсҳои зиёд мавҷуданд. Аммо такя ба китоби Имомалҳарамайни Шарифайн-Ҳоҷӣ Шаҳобиддин Аҳмад ибни Ҳаҷар Ал-Ҳайтамӣ Ал-Маккиӣ (тарҷумаи форсиаш «Маноқиби Имоми Аъзам раҳматуллоҳи алайҳ»), бо номи «Ал-Хайрот ал-ҳисон фӣ маноқиб Ал-Имоми Аъзам Абӯҳанифа Ан-Нӯъмон» баён медорем, ки «асотид ва шуюхи Ҳазрати Имом (р) бисёранд, ки ин мухтасар ғунҷоиши зикри ононро надорад». Намояндаи охири асри VIII ва ибтидои асри IX ва шогирди Имом Муҳаммад, донои замон «-Аллома Имом Абӯҳафси Кабир (яке аз бузурггарин фақеҳи аҳди Сомониён, ки аслан аз суғдиёни Бухоро аст, аз деҳи Нур ва писари ӯ ҳам фақеҳи машҳури аҳди Оли Сомонӣ буд бо номи Абӯҳафси Сағир ва ҳарду аз мубаллиғони ҳанафияанд,  С.Б.Б). чаҳор ҳазор тан аз асотид (устодон)-и Имоми Аъзам(р)-ро ном бурда аст ва ғайри Абӯҳафси фақеҳи  Кабир боз дигар сарчашмаҳо овардаанд, ки:-устодони Имом Абӯҳанифа (р) дорои чаҳор ҳазор шайх аз тобиъин будаанд, пас ту ҳисоб кун, асотиди дигари эшонро, ки чӣ қадар бояд бисёр бошанд.

Аммо аз асотиди маъруфи Ҳазрати Имом(р) метавон исми Лайс ибни Саъд(р), Молик ибни Анас-имоми Дорулҳиҷрат (ҳамчунин бояд илова кард исми асотиди ӯ Иброҳими Нахъӣ, Ҳаммоди Абӯсулаймон, Имом Ҷаъфари Содиқ ва ғайра С.Б.Б.,) -ро ном гирифт, чунонки Дори Қатнӣ ва ҷамъе дигар, ки охирини эшон Абӯмуҳаммади Айнӣ (р) аст гуфтаанд…

Дар бораи шогирдони Имоми Аъзам (р) гуфтаанд, ки шогирдони Имоми Аъзам (р) он қадар зиёданд, ки шуморидани эшон амри муҳол аст ва сабти он имкон надорад. Аз ин ҷиҳат баъзе аз аима (имомон) гуфтаанд, ки: «Барои ҳеҷ як аз аимаи машҳури Ислом, монанди он чи, ки барои Абӯҳанифа(р) аз ёрону шогирдон ба зуҳур расид, ин мунқабат ба ин поя нарасид ва он чунон, ки уламоу оммаи мардум, аз Имоми Аъзам (р) ва ёрони эшон, дар тафсири аҳодиси мушаббаҳу масоили мустанбата ва аҳкоми ҳаводису ақзияи дигар баҳра бурдаанд, аз дигарон ба ин паймона баҳра набурдаанд, ки Худои ъазза ва ҷалл эшонро подоши хайр диҳад.

Ва яке аз мутааххирини муҳаддисин, дар шарҳи ҳоли Имоми Аъзам (р) ҳудуди ҳаштсад тан аз шогирдони эшонро бо зикри ному насаби эшон муаррифӣ карда аст, ки нақли асомии онҳо ба тӯл меанҷомад (ва шояд малоли хонандаро бедор кунад). 62-51-52.

Аммо бо такрор, маъруфтарин шогирдони Имоми Аъзам(р) инҳо. будаанд: Сӯфёни Саврӣ (р) Имом Молик ибни Анас (р), Иброҳими Адҳам (р), Абдуллоҳ ибни Муборак (р), Имом Абӯюсуфи Яъқуб Қозиюлқузот (р), Имом Муҳаммад (р), Имом Муслим (р), Имом Зуфар ибни Ҳузайл (р), Имом Абӯмуқотили Самарқандӣ (р), Имом Ҳаммод ибни Абӯҳанифа (р), Имом Абӯмутеъи Балхӣ (р), Имом Музаннӣ (р), ва бародарзодааш Имом Таҳовӣ (р), Ибни Мисъар (р) Мотаридии Самарқандӣ ва ғайра мислуҳум.

Бале, сабаби зиёд шогирд доштани Имоми Аъзам (р) ҳам ин буда, ки он Ҳазрат (р) дар кофиаи улуми шаръӣ, аз ҷумлаи тафсиру Ҳадис ва дар кофиаи улуми абзорӣ, аз он ҷумла, сарфу наҳв, адабу мантиқ ва миқёсҳои ҳакамӣ ва улуми зоҳиру ботин, дарёе буд амиқ ва пешвое буд алалтаҳқиқ.

Ва чуноне, ки гуфта шуд, Имом Абӯҳанифа (р) аз хурдсолӣ, ба илми калом майлу рағбати беандозае дошт ва сабаби таваҷҷӯҳи хосаи ӯ нисбат ба илми мазкур, яъне, ба ҳикмати илми калом ин буд, ки ӯ тамоми асарҳои фиқҳии хешро дар заминаи ин илм рӯи коғаз овард.

Аммо ба гуфтаи устоди фозил муҳаққиқи ҷабҳаи каломии Имом Абӯҳанифа (р) мӯҳтарам Иноятуллоҳи Иблоғ, истидлоли қиёсии Имом тавре, ки аз бархе назариёти каломии ӯ бармеояд оройи асолат ва афзоиши зотӣ ва аслӣ буда, сабағаи самъӣ ва ривоятӣ надорад, то ба шиносоии устодии Имом эҳсоси зарурат намоем.

Аз далойили қиёсии Имом Абӯҳанифа (р) дар назариёти каломии вай яке он аст, ки дар мавзӯи иртиботи «Имон» бо «амал» ва ин, ки аз имон хориҷ аст чунин зикр намуда аст:

«-Мӯъминон ба иллати ин, ки имон доранд ба намоз, закот, рӯза ва фитри рӯза, ба зикри Худо мепардозанд, бандагӣ ба ҷой меоранд ва шукри Худой ба ҷо меоранд. Зеро имон доранд ва имон муқтазии аъмоли мутазаккира аст ва чунон нест, ки имон ба иллати он бошад, ки Ҳаҷ мекунанд, намоз мегузоранд ва рӯза мегиранд, зеро нахуст имон оварда ва баъдан ба фаройиз амал кардаанд. Бинобар он ибодати онҳо ношӣ аз имон аст, на он, ки имон ношӣ аз ибодат бошад, Ва ин нукта шабеҳи он аст, ки мадюн нахуст ба дин иқрор мекунад, сипас онро таъдия менамояд ва чунон набуда, ки нахуст адо ва баъдан иқрор кунад, яъне, адои дин ношӣ аз иқрор аст, на ин, ки иқрор ношӣ аз адои дин бошад. Ҳамчунон бардагон аз ин, ки ба бандагии хоҷагони хеш мӯътарафанд, эшонро хидмат мекунанд ва чунон нест, ки эътироф ба бандагӣ ношӣ аз хидмат бошад, балки хидмат ношӣ аз эътироф аст, зеро басо мардуманд, ки бо дигарон хидмат мекунанд, аммо ба бандагии онҳо эътироф надоранд ва низ касонеанд, ки ба бандагӣ эътироф доранд, аммо хидмат намекунанд ва накардани хидмат сабаби заволи ин иқрор намешавад». 47-50-51.

Ин  буд  як  хӯшае  аз  хирмани  пурғановати  истидлоли   Имом Абӯҳанифа (р) дар усули илми қиёс.

…Фиқҳи исломӣ (илми қавонин ва аҳкоми шаръӣ, ақоид ва ҳуқуқи исломӣ), ки ба Қуръон, сунна, иҷмоъ ва қиёс такя менамояд, аслан аз ҷониби  чаҳор тан аз бузургону  ҳакимони  илми  фиқҳу  илоҳиёти исломӣ; Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ибни Қайс ибни Марзбони Кӯфӣ (р)-асосгузори  мазҳаби  ҳанафӣ  (699-767),  Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Идриси Шофеъӣ (р) (767-819)-асосгузори мазҳабӣ шофеъӣ (шогирди Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳасан аш-Шайбонии Ҳанафӣ, ва Абӯюсуфи Яъқуб Ал-Қозӣ) Молик ибни Анас (р) (715-795)-асосгузори мазҳаби моликия ва Аҳмади Ҳанбал (780-855)-асосгузори мазҳаби ҳанбалия ва шогирдони эшон ташреҳ, танзим ва тартибу мукаммал карда шудааст, ки он на ин ки танҳо аз ҷониби уламои бузурги   фиқҳи исломӣ, балки аз ҷониби олимони барҷастаи ҳуқуқшиносии ҷаҳон низ ба ҳадди қойил эътироф карда шудааст. Ва то ба имрӯз ин асарҳоро тамоми олимони соҳаи ҳуқуқ, таърих, фалсафа ва улуми ҷомеъашиносӣ, илоҳиётшиносӣ, сиёсатшиносӣ ва ғайра ба таври васеъ мавриди омӯзиш ва истифодаи худ қарор додаанд ва ҳамчунин оиди дини мубини Ислом ва   аҳамияти он ҳамчун оини наҷотбахши башарият, ақидаҳои холисонаву пурҳикмати хешро иброз доштаанд, ки дар фароварди китоби ҳозир, яъне, дар бахши хотимавии рисола, ба марзи ин мавзӯъ ворид хоҳем шуд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …