Главная / Биология / ПАРРАНДАҲО: ТАРТИБИ АСАБ, УЗВҲОИ ҲОЗИМА ВА НАФАСКАШИИ 

ПАРРАНДАҲО: ТАРТИБИ АСАБ, УЗВҲОИ ҲОЗИМА ВА НАФАСКАШИИ 

Тартиби асаби паррандаҳо нисбат ба дигар ҳайвонҳо инкишофёфтатарин буда, майнаи сарашон аз майнаи сари хазанда калон асту сатҳи он чӯякҳо дорад. Майнаи паррандаҳо аз қисмҳои мағзи cap, ҳароммап ва аз асабҳои шохронда иборат мебошад. Майнаи паррандаҳо аз қисмҳои нимкураи пеши cap, майнаи миёна, майнача, майнаи дарозрӯя ташкил ёфтааст. Майнаи дарозрӯя ба тахтапушт аз байни мӯҳрахо мегузарад.

Расми 29. Дар расм нӯл ва панҷаи паррандагонро аз назар гузаронед. Ҳикоя кунед, ки ин паррандагон чӣ тавр хӯрок мехӯранд.
Расми 29. Дар расм нӯл ва панҷаи паррандагонро аз назар гузаронед. Ҳикоя кунед, ки ин паррандагон чӣ тавр хӯрок мехӯранд.

Рафтори паррандаҳо аз хазандаҳо бо лонасозӣ, тухмпахшкунй, чӯҷахояшонри хӯрондан, мавсимӣ будан ва ғайра фарқ мекунад. Сохти узви шунавоии паррандаҳо ба узви шунавоии хазандагон монанд буда, гӯши дарунию мнёна доранд, ки аз берун онро парҳои хурд пӯшидаанд.

сурат расми зог

Узви бӯи дар паррандаҳо суст инкишоф ёфта, узви биноиашон нағз инкишоф ёфтааст. Барои пурра дндан себаки чашм ҳаракатнок мебошад, ки он пеш аз ҳама ҳангоми парвозашон зарур аст. Масалан, уқобе, ки дар болои маргзор хеле баланд парвоз карда истодааст, муши дар алафзор давида истодаро мебинад.

Ба муносибати инкишоф сфтани нимкурахои майнаи пеш одатҳои шартӣ дар паррандаҳо нисбат ба хазандаҳо осонтар ба вуҷуд меояд. Масалан, дар саҳро ҳангоми заминронӣ шӯрнӯлҳо ҷамъ мешаванд, киштзори нав, мавҷудияти хӯрок (кирмаки ҳашарот, кирми лойхӯрак) онҳоро водор мекунад, ки баробари рондани трактор ё ҷуфти гов парида биёянд.

Arap соҳиби паррандаҳои хонагӣ бо даст хӯрок пошида «ту-ту» гуяд, ё ки дасташро холӣ афшонда, «ту-ту» гӯяд ҳам онҳо ҷамъ мешаванд. Ба паррандагоне, ки дар қафас нигоҳ дошта мешаванд, аз даст хӯрок хӯрданро ёд диҳед, дар онҳо рефлекси шартӣ ҳосил кардан осон аст.

Ғайр аз ин нимкураҳои мағзи cap парвози паррандаҳоро ба тартиб дароварда, кори аъзоҳоро идора мекунад. амалиёти ҷавобии паррандагонро ба таьсире, ки аз берун меояд, назорат ва мувофиқ мегардонад. Мисол, дар ҳавлй пайдо шучо селаи кабӯтарҳо ё тухми парранда, гунҷишкҳо дон хӯрда истодаанд, барои онҳо хавфи ғайричашмдошт мебошад. Ҳамаи онҳо саросема парвоз мекунанд, Қувваи шунавоӣ дар паррандаҳо ҳайратангез аст. Паррандаҳо садои аз ҳама пастро, ки аз хатар огоҳ мекунад. мешунаванд. Масалан. ба тӯдаи паррандаҳои нишаега сангеро ҳаво диҳем, санг ба замин нарасида паррандаҳо роҳи гурезрэ пеш  мегиранд. Ғайр аз ин паррандаҳои тезчанголи шабгард сайдро дар торикӣ бо ёрии аъзои шунавоӣ ҳис карда, аз пайи он мешаванд. Паррандаҳои ҷавон ба хониши паррандаҳои калон тақлид карда, ба сароидан cap мекунанд, ки барои он на танҳо қувваи шунавоии хуб балки маҳорати шунидану фарқ кардани овозҳоро низ бояд дошт.

Умуман, аксарияти фаъолияти паррандаҳо, ки ба назари мо аҷоиб аст, хусусняти одатии (инстинктивии) онҳо мебошад.

Тартиби хӯрокҳазмкунии паррандагон яке аз силсилаҳои мураккаб ба ҳисоб меравад. Паррандагон чӣ қадар дар парвоз фаъол бошанд, ҳамон қадар миқдори зиёди хӯрокро талаб мекунанд. Хӯроки паррандагон бояд серғизо бошад. Азбаски паррандагон дандон надоранд, хӯрокро бо нӯлашон гирифта яклухт фурӯ мебаранд. Хӯроки хӯрдаи онҳо аз даҳон ба ҳалқ, пас ба сурхрӯдаи дароз меравад.

Хӯрок аввал дар ҷиғилдон (қисми васеи сурхрӯда) ҷамъ мешавад ва бо луҳоби хӯрокҳазмкунӣ омехта шуда, баъд ба қисми пеши меъда дохил мешавад. Деворҳои ин қисми меъда аз ғалудҳон хӯрокҳазмкунӣ бой аст. Баъд аз ин хӯрок ба қисми дуюм, ки онро сангдон меноманд, дохил мешавад. Хӯроки сахт дар ин ҷо байни худ соиш хӯрда, майда мешавад ва тавассути сӯрохие ба рӯдаи борик гузашта он ҷо хӯрок тамоман ҳазм мешавад. Пас аз рӯдаи борик ба рӯдан ғафс гузашта, боқимондаи нолозимаш ба мақъад рафта, хориҷ мешавад.

Дар байни рӯдаи борик ва рӯдаи ғафс растаки рӯдаи сарбаста (кӯррӯда) ҳаст, ки ин чизро дар мӯҳрадорон бори аввал мушоҳида мекунем. Мубодилаи моддахо дар паррандаҳо тез мегузарад. Бинобар ин ҷуғз як мушро хӯрда, дар чор соат ҳазм мекунад. Фароштурук ба гуруснагӣ аз як рӯз зиёд тоқат надорад.

Лонаи паррамдагони гуногун.
Лонаи паррамдагони гуногун.

Аъзои нафаскашии паррандаҳо шуш буда, дар ковокии қафаси сина ҷо гирифтааст ва зоҳиран ҷисми исфанҷмонанди гулобиранг аст. Сохташ аз сохти шуши обхокиҳо мураккабтар аст ва хун оксигенро аз шуш бисёртар гирифта. ба ивази он гази карбонатро бештар хориҷ мекунад. Ҳаво аз берун бо роҳи даҳону бинӣ ба хирной рафта, ба ду бронхия (паллаҳои шуш), ки дар навбати худ, бронхия ба бронхиола ва бронхиола бошад ба алвеолаҳо (пуфак ё катакҳои-халтачахои ҳавоин шуш) тақсим мешаванд, мегузарад. Ғайр аз ин ба шуш халтаи ҳавоӣ пайваст аст.

Ҳавои шуши паррандагон дар рафти нафаскашию нафасбарорӣ дигар мешавад, яъне вақти нафасбарорӣ ҳавое, ки дар халтаҳои ҳавоӣ мавҷуд аст, аввал ба даруни шуш даромада, баъд ба берун мебарояд. Ин ҳодиса барои таъмини бадани паррандаҳо бо оксиген ҳангоми парвоз аҳамияти калон дорад.

Паррандаҳо дар поёни ҳалкашон 2-7 бандакҳои овоз доранд ва аз ҷиҳати овозбарорӣ ба ду гурӯҳ чудо мешаванд:

  1. Паррандаҳон хархелаовоз (ашӯлачиҳо). Мисол, гунҷишк, булбул, саъба, кабк…
  2. Паррандаҳон якхелаовоз. Мисол: зоғ, акка, ҷуғз ва ғайраҳо.

Дили паррандаҳо ба чор ҳуҷра тақсим мешавад. Дар нимаи чапи дил меъдачаи чапу даҳлези чап ва дар тарафи рост меъдачаи росту даҳлези рост ҷойгиранд, ки дар байни ҳар яки онҳо сарпӯшакхо ҳастанд. Ба нимаи чапи дил хуни артериалӣ ва ба нимаи рости он хуни венагӣ мерезад.

Дар паррандагон ҳам монанди обхокию хазандаҳо ду доираи гардиши хун ҳаст. Доираи калони гардиши хун аз меъдачаи чап баромада, ба воситаи артерияхо ба тамоми бадан паҳн мешавад. Хуни венаи аз гази карбонат сер ба воситаи шарёнҳо (венаҳо) ба даҳлези рости дил рехта, пас ба меъдачаи рости дил мегузарад. Дар шуш ивазшавин газҳо ба амал мсояд. Шарёнҳои шуш хуни сероксигенро ба дахлези чапи дил мебаранд. Хун аз ин ҷо ба меъдачаи чап ва рагҳои доираи калони гардиши хун мегузарад.

Ҳамин тариқ, хуни шарёнҳо бо хуни артерияҳо дар ягон чо омехта намешавад. Хуни паррандаҳо нисбат ба хуни хазандаҳо тозаю сероксиген мебошад. Паррандаҳо ҳайвони гармхунанд. Ин аст, ки ҳарорати бадани паррандаҳо ҳатто аз ҳарорати бадани ширхӯрхо баландтар (42-43 то +45) мешавад.

Узви ихроҷи паррандаҳо як ҷуфт гурда мебошад, ки дар қисми ақиби тан аз ду тарафи ақиби сутунмӯҳра ҷой гирифтаанд. Аз гурдаҳо найи пешобравӣ ба мақъад роҳ дорад.

Паррандаҳо ҷудоҷинса мебошанд. Ҳар парранда як чуфт ғадудҳои ҷинсӣ дорад. Масалан. дар насли модина ғадудҳои тухмаккунӣ ҳаст. Тухмакҳои тайёршуда хаҷман аз ҳамдигар хурд буда, ранги зард доранду ҳоло ҷилд надоранд. Он тухмакҳо аз ғадуд ҷудо шуда, бо навбат ба ковокии бадан мегузаранду ҷилди оҳакӣ пайдо карда, бо найчаи тухмакбарор ба макъад омада, хориҷ мешававд. Дар вақти инкишофи ҷанинии тухм аз найчаи тарафи чап пӯчоқи тухм хосил мешавад.

Тухмдон бо якҷоягии тухмҳо дар давраи афзоиш ба як хӯшаи калони ангур монанд аст. Паррандаҳо сертухм бошанд ҳам, яктой тухм мезоянд. Лекин тухмҳо аз рӯйн сохт ва хаҷм чунон ҷойгиранд, ки тухми поённи имрӯз хориҷшаванда нисбат ба тухмҳои рӯзҳои дигар хориҷшаванда калонтар аст.

Раванди он ҳангоми аз тухмдон баромадани ҳучайраи тухм то тухмгузорӣ дар лона қариб 40 соат давом мекунад.

Тухми паррандаҳо аз ҷиҳати хачм, ранг ва шакл фарқ карда, аз ҷихати сохту таркиб монандии умумӣ доранд. Ҳамаи онҳо аз берун пӯстпардаи сахти оҳакӣ, пардаи шаффофи болон сафеда, камераи ҳавой, моддаи сафеда (моеи шаффоф), моддаи зардӣ, дар марказ бошад ҷанини эмбрион доранд. Пардаи оҳакӣ то 7 ҳазор сӯрохиҳои ба назар ноаён дорад, ки он масома ном дошта, то эмбрион меравад. Мавсими афзоиши паррандаҳо вобаста ба шароит гуногун аст. Масалан, паррандаҳои хонагӣ, аз чумла мурғ метавонад, ки тамоми сол тухм гузорад. Аммо паррамдаҳои ёбоӣ дар як муддати муайян тухм мегузоранд. Мисол, шӯрнӯлҳо аввали баҳор баъд аз парида омадан ба таъмири лонаи кӯхна е ба сохтани лонаи нав шурӯъ мекунанд. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ шуда, дар болои шохаҳои зичи дарахтони баланд лона месозанд. Ҳар як гурӯҳ бсштар аз 100 лонаи ба ҳамдигар наздик месозад. Бештар лонаашонро дар наздикии истиқоматгоҳҳо дар ҳар ҷое, ки хӯрок бисёр аст месозанд. Шӯрнӯл химчаҳо ва шохчаҳоро бо нӯли бақувваташ шикаста, лонаи сабатчамонанд-месозад. Дар мавсими лонасозӣ тамоми рӯз шавқун ва қар-қари паррандаҳо шунида мешавад.

Моҳи апрел тухмгузорӣ cap мешавад. Ранги тухми шӯрнул сабзтоб буда, догҳои сурхи баланд дорад, ки ин аломати ноаёнии тухмҳо буда, хусусияти муҳофизатӣ дорад. Шӯрнӯли молина 4-5 тухм гузошта, пахш мекунад. Аз таъсири гармие, ки аз бадани парранда мебарояд, дар тухм эмбрион инкишоф меёбад. Эмбрион аз ҳисоби моддахои зардию сафеда инкишоф ёфта, аз ҳисоби оксигени ҳаво, аз сӯрохиҳои пӯстлохи тухм мегузарад ва аз ҳуҷраи (камераи) ҳавоии тухм нафас мекашад. Эмбрион якбора ба чӯҷа монанд намешавад. Аввал вай ба хазанда монанд шуда, думи дароз, пойҳои пешу ақиб ва ҷоғ дорад, ки ин хешигарии паррандаҳоро бо хазандаҳо нишон медиҳал. Эмбриони паррандаҳо дар давраи аввали инкишоф таркишҳои ғалсама доранд, ки ин нишонаи аҷдоди гузаштагони паррандаҳо ва хазандаҳоро ифода мекунад.

Баъд аз 17-18 рӯз аз тухмҳо чӯчаҳо мебароянд, ки ҳоло парида наметавонанд. Падару модар ба чӯҷаҳо хӯрокворӣ (асосан ҳашарот ва кирминаҳои онҳоро) оварда, ба даҳони васеъ кушодаи онҳо меандозанд. Мисол, кабӯтарҳо дар шаҳрҳо муқимианд, зимистон ба ҷое парида намераванд.

Кабӯтари нарина ва модина ҷуфт шуда, тамоми умр зиндагӣ мекунанд. Баҳорон, хатто дар моҳи феврал кабӯтари нарина бо овози баланд ғур-ғур карда, дар атрофи кабӯтари модина мегардад ва парҳои думашро пахн карда давр мезанад. Дар аввали моҳи март ҷуфти кабӯтари нарина ва модина дар тарқишҳои лаби бом, дар тарновҳо ё дар болохонаҳо аз шохчаҳои хушки борик якчоя лона месозанд. Кабӯтари модина хамагӣ 2 тухм мегузорад, ки пӯчокаш сафеди тунук аст. Наринаю модина бо навбат тухмро гарм мекунанд. Баъзан тухмҳоро тагу рӯ мегардонанд, то ки баробар гарм шаванд. Пас аз 17 рӯзи тухмпахшкунӣ чӯҷаҳо аз тухм мебароянд, ки бо мӯйчаҳои зард, пилки чашмҳояшон бо пӯст пӯшида шудаанд. Падару модар чӯҷаҳоро дар давоми як ҳафта гарм мекунанд ва қариб 25 рӯз ба онҳо аз ҷиғилдонашон шавлаи нимҳазм кардаашонро мехӯронанд. Кабӯтарҳои ром кардашуда дар давоми як сол 3-4 бор тухм монда, чӯҷа мебароранд.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …