Главная / Гуногун / Пандномаи Анўшервони Одил

Пандномаи Анўшервони Одил

Пандномаи Анўшервон. Таҳиякунандаи матн ва муаллифи дебочаву тавзеҳот Аълохон Афсаҳзод, Душанбе, «Маориф ва фарҳанг», 2008, 51 саҳ.

«Пандномаи Анўшервон»  аз осори ҷолибу мондагори пандиву ахлоқии ниёкони шакаргуфтори мост, ки номи нигорандаи равоншодаш алҳол номаълум буда, тақрибан дар асрҳои XI-XII офарида шудаааст.

poleznii_mudrie_sovetiМатни манзума, ки дар иттиқол ба навиштаҳои пандомўзи гузаштагони дилсўзамон иншо гардида, ахлоқи ҳамидаи инсониро ситойишу аъмоли ғализаро накўҳиш мекунад, соли 2005 интишор ёфта, дар муддати кўтоҳе камёбу касмаёб гардид.

 Ҳоло нашри дувуми каме таҳриру такмилёфтаи он дар ихтиёри шумо, хонандагони азиз, гузошта мешавад, то чароғи раҳнамойи рўзгору рафторатон бошад.

 Суннати андарзнависӣ ва пандофаринӣ, ки ҳамчун «андарзнома» машҳур аст, дар адабиёти форсии тоҷикӣ таърихи беш аз 2500 – сола дорад. Нахустин намунаҳои панду андарз дар бахши готҳои «Авасто» зуҳур намуда, дар адабиёти паҳлавии замони Сосониён (224-661 мелодӣ), хусусан, давраи подшоҳии Хусрави Парвез (531-579), ки бо лақаби Анўшервони Одил маъруф аст, басе ривоҷ пазируфта, дар охири аҳди Сосониён «Андарзномаки Анўшервон» ва «Пандномаки Бузургмеҳр» чунон машҳур будаанд, ки  ҳатто дар дабиристонҳо омўзонда мешудаанд. Дар замони ислом, аз асри VIII мелодӣ шурўъ карда, бисёр андарзҳо ба забони арабӣ тарҷума ва баъдтар ба форсии дарии тоҷикӣ баргардонда шудаанд. Устод Рўдакӣ, Абўшакури Балхӣ, Дақиқӣ, Абўалӣ ибни Сино, ба вижа Абулқосими Фирдавсӣ ва муосирони дигари онҳо дар адабиёти навини форсу тоҷик ба ин навъи адабӣ мақоми сазовор бахшида, суннати андарзофариниро ривоҷу густариш додаанд, ки то ҳанўз идома дорад. Андарзномаҳои шоири бузург Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» ва «Зафарнома»-и мансуб ба қалами ҳакими сутург Абўалӣ ибни Сино, ки манбаъҳои паҳлавӣ доранд, дар ганҷинаи мавъизаҳои форсии тоҷикӣ аз судмандтарин намунаҳои ҳикмати амалӣ ба шумор мераванд. Дар ин миён манзумаи «Андарзномаи Анўшервон» -и мансуб ба Бадеъи Балхӣ, ки яқинан асли он низ паҳлавӣ ва макони пайдоишаш Эрони Бостон будааст, аз осори басе ҷолиби ахлоқии форсу тоҷик мебошад. Андарзу пандҳо, ҳикмату насиҳатҳо ва васиятҳое, ки дар ин манзума эрод гардидаанд, хирад, дониш, адолат, инсоф, мурувват, саховат, сабр, шикебойӣ ва дигар арзишҳои маънавию ахлоқии шоистаи умумибашариро ситоиш намуда, худшиносӣ, порсойӣ, далерӣ, шуҷоъат, шарм, ҳаё, бурдборӣ ва амсоли инро тарғиб мекунанд.

Ҳамчунин, муаллифи «Андарзномаи Анўшервон» аз гуфтаҳои Ардаршери Бобакон, «Зардуштнома», «Синдбоднома», «Офариннома» ва бузургони таърих иқтибос оварда, ситам, зулм, кина, ҳасад, ғазаб, лавҳу лаъаб, шитобзадагӣ, аҷала, адоват, суханчинӣ, бухл, дурўғ, хашм ва дигар падидаҳои аъмоли ношоистаро зери тозиёнаи танқид қарор дода, талқин менамояд, ки инсони нек бояд ҷавониву тандурустӣ ва қудрату тавонойиро ғанимат шуморад, ба қадри неъматҳои Парвардгор бирасад, аз бадӣ, ҳаром, ғайбату буҳтон ва кибру ғурур дурӣ ҷўяд, ҳеҷ гоҳ дар амонате хиёнат нанамояд. Марди покманиш лаҳзае ҳам набояд аз хотир барорад, ки подоши хулқи некў некӣ ва ҷазои кирдори зишт бадӣ буда, хушон ба ҳоли ононе, ки ба омўхтани илм, андўхтани дониш, густариши корҳои хайр шуғл меварзанд, кўшойи танвири афкори мардуманд, дар кўшидану нўшидан ифрот намеварзанд, раҳм бар бечорагон, дастгирийи ҳоҷатмандон ва парвардани фарзандони ҳалиму солеҳро пешаи худ кардаанд, аз зиштиҳо ба изтироб меафтанд, аз аъмоли шоистаи ҳаммаслакону ҳаммашрабони худ сафо мепазиранду ҳаловат мегиранд. Ҳамагон бояд имон биоваранд, ки худшиносӣ худпарастӣ нест, далериро набояд бо арбадаҷўйӣ ва шуҷоъатро бо девонагӣ омехт, такаббур, ҳавасронӣ, шаҳват, ғафлат ҳама ҷазойи худро доранд, хиёнаткору ҷинояткор яқин бояд кайфар бибинад.

Ҳамаи ин матолибро гўяндаи «Андарзномаи Анўшервон» бо таҳрири шево ва сабки салису зебо ба риштаи назм кашида, ҳадяйи пурарзиши худро ба толибони фазл арза намудааст, ки беш аз ҳазор сол боз арбоби таълиму тарбия ва ҳамагон аз он файз мебаранд ва баҳра мебардоранд.

Аммо дар мавриди муаллифи «Пандномаи Анўшервон» фикри ягона вуҷуд надорад. Ризоқулихони Ҳидоят дар «Маҷмаъ-ул-фусаҳо» ин манзумаро мутаъаллиқ ба Бадоеъӣ ном шоире медонад, ки аз зумраи суханварони дарбори Султон Маҳмуди Ғазнавӣ (998-1030 мелодӣ) буда, Муҳаммад ибни Маҳмуди Балхӣ ном доштааст. Мавсуф меафзояд, ки Бадоеъӣ дорои ашъори маснўъ будааст. Ҳамчунин, ў бахше аз «Пандномаи Анўшервон»-и мавсум ба «Роҳат-ул-инсон»-ро ба номи Бадоеъии Балхӣ дар «Маҷмаъ-ул-фусаҳо» ҷой додааст.

Сипас аллома Саъид Нафисӣ ин манзумаро дар маҷаллаи «Меҳр» (соли дувум, шумораҳои 2 ва 3) мунташир сохта, хотирнишон менамояд, ки баъзеҳо муаллифи «Роҳат-ул-инсон»-ро Бадеъи Балхӣ, яъне Абўмуҳаммад Бадеъ бинни Муҳаммад бинни Маҳмуди Балхӣ, ҳатто аз ҳамасрони Дақиқӣ (ваф.976) ва Мунҷики Тирмизӣ, дониста бошанд ҳам, ин андеша хатост, зеро «Пандномаи Анўшервон», ки дар он байте аз Унсурӣ (ваф. 1037) оварда мешавад, гувоҳи он аст, ки муаллифи он дар замони Унсурӣ ва ё баъди ў зиндагӣ кардааст. Ба қавли Саъид Нафисӣ, дар муқаддимаи насрии «Роҳат-ул-инсон» ба «Шарафи шоир» ишора рафтааст, ки шояд гўяндаи маснавии мазкур ў бошад. Ин «Шарафи шоир» эҳтимол Абўшариф Муҷалладии Гургонӣ (асрҳои XI-XII) бошад.

Чун мо дар дасти худ маводу мадраки иловагӣ надорем, дар ин бобат чизи дигаре гуфта наметавонем.

Матни манзума дар асоси «Шарҳи аҳволу ашъори шоирони бедевон дар қарнҳои  III, IV ва V ҳиҷрии қамарӣ» (мусаҳҳеҳ Маҳмуди Мудаббирӣ, Теҳрон, 1370, саҳ. 503-520) ба нашр ҳозир карда шуд.

Аълохон Афсаҳзод

© Нашриёти «Маориф ва фарҳанг», 2008

ДЕБОЧА

Пандномаи Анўшервон

Сипос аз Худованди чархи баланд,
Ки дар дил нагунҷад аз ў чуну чанд.
Ҷаҳонофарин кирдигори сипиҳр,
Фурўзандаи пайкари моҳу миҳр,
Ба ҷуз бандагӣ мар туро кор нест,
Бад-ин парда-андар туро бор нест!
Ниҳоле зи дониш бикорам ҳаме,
Хирадро бар ў баргуморам ҳаме,
Ки чун чашм гардад варо шоху нард,
Аз ў баҳра гирад хирадманд мард!

Гуфтор андар хирад

Чу дониш бувад бо хирад, биҳтар аст,
Ки кон дониш асту хирад гавҳар аст!
Хирад барнишонад абар тахти оҷ ,
Хирад барниҳад бар сари мард тоҷ!
Хирадро биёмўз аз омўзгор,
Бар омўхтан – бар ту айбе мадор,
Ки чун бар хирад даст барёфтӣ,
Сар аз роҳи гумроҳ бартофтӣ!
Шавад бар ту равшан, ки Яздони пок
Буруноваранда-ст аз тира хок!
Худойи ҷаҳону ҷаҳонофарин,
Ки бар вай сазад, бегумон, офарин!

Дар оғози ин сухан гўяд

Ҷаҳондида диҳқон чунин кард ёд,
Ки Кисро чу тоҷи шаҳӣ барниҳод,
Ба пирўз рўзе яке сур кард,
Ҷаҳонро аз оҳарманон дур кард.
Ба доду диҳиш дар ҷаҳон фош гашт,
Ҳама фарши бедодҳо дарнавашт.
Равон шуд ба коми дилаш Моҳу Тир,
Бар ў офарин кард барнову пир.
Худойи ҷаҳон комгориш дод,
Ҷавонмардию бурдбориш дод.
Сипоси Худовандро кор баст,
Зи фарзонагон, лоҷарам, бурд даст.
Касеро, ки Эзад бувад раҳнамун,
Нагардад варо бахт ҳаргиз нагун.
Чу якчанд дар подшоҳӣ бимонд,
Ҳунарро ба тахти шаҳӣ барнишонд.
Яке тоҷи фармуд гавҳарнигор,
Бар ў дурру ёқут бурда ба кор.
Яке тоҷ тобонтар аз Муштарӣ ,
Ҳама кас мар ўро ба ҷон муштарӣ!
Чу Хуршед рахшон зи чархи баланд,
Чӣ аз баҳри пешӣ, чӣ аз баҳри панд!
Бар он тоҷ-бар бисту се кунгара ,
Ба зевар биёроста яксара!
Ҳама панду ҳикмат, ҳама банду ноз,
Дар ў карда андешаҳои дароз.
Бар он тоҷ-бар Хусрави додгар
Набишта яке «Панднома» ба зар.
Аз ў ҳар суханро баҳо ҷон ҳазор,
Чу бошад ба чунон сухан хостор.
Аз ин гуна тоҷе бар айвони ўй
Биёвехта буд ба фармони ўй.
Чу Хуршед додӣ ба Ховар навид,
Шудӣ зоғ пинҳон зи бози сапед.
Бипўшидӣ аз нури Меҳр осмон
Музаъфар яке ҷомаи парниён,
Ҷаҳонҷўй Кисро дар он зери тоҷ
Нишастӣ абар хусравӣ тахти оҷ.
Бидодӣ ба расми ниёкон-ш бор,
Шудандӣ ба хидмат бари шаҳриёр.
Аз он тоҷу он пандҳои сутург
Ҳаме дониш омўхт хурду бузург.
Ҷаҳондор ёри ҷаҳоншоҳ шуд,
Баландахтару афсари Моҳ шуд.
Набишта чунон буд абар тоҷ-бар,
Ки эй марди доно, ба худ дарнигар!

Хештаншиносро аз мо дуруд диҳед

Касе, к-ў тани хештанро шинохт,
Ба майдони ком аспи иқбол тохт.
Касе, к-ў шиносандаи хештан
Набошад, бувад дев ё аҳраман!
Гар ў хештанро шиносанда нест,
Шиносандаро чашм барканда нест.
Яке достон гуфт марди палос ,
Ки камтар касӣ, хештанро шинос!

Чизро ба арзониён арзонӣ доред

Ҳар он, к-ў ба арзониён чизи хеш
Диҳад, судаш аз моя доранд беш!
Ба арзониён гар диҳӣ ҷон, равост,
Бар ин гуфта – бар мардумон – бар гувост.
Чунин гуфт дар «Дафтари Синдбод»,
Ки шоҳӣ зи пешиниён кард ёд,
Ки ман бистадам ганҷ аз мардумон,
Ба арзониён додам аз баҳри ҷон!

Корро ба донандагон фармоед

Ҳар он кас, ки бинад хирад ёри хеш,
Ба наздики доно барад кори хеш.
Ба доно супорад зимому лагом,
Ки доно ба ҳар кор бошад тамом.
Зи доно тавон ёфт ороми дил,
Зи нодон наёбад касе коми дил.
Чунин гуфт дар «Дафтари Зардуҳишт»,
Ки мардони доно равад дар биҳишт.

Балоро пазира мешавед

Касе, к-ў бувад бар хирад мубтало,
Гурезанда бошад зи доми бало.
Бало чун бибинӣ, аз ў даргузар,
Макун дар бало хешро хирасар!
Балоҷўй мардум бувад ёри дев,
Набошад дар ў фарри геҳонхидев !
Чунин достон зад яке шоҳи нав:
«Ту ҳаргиз балоро пазира машав!»

Панди ҳақимон пазиред

Бибояд пазируфт панди ҳаким,
Ки панди ҳакимон биҳ аз зарру сим!
Танатро зи панд аст бисёр суд,
Аз он кас, ки гўяд, бибояд шануд!
Ҳар он, к-ў пазирандаи панд нест,
Ба ҷуз аз дари хорию банд нест!
Чунин гуфт фарзонаи пешбин,
Ки баргашта бисёр гардад замин.

Ногуфтанӣ сухан магўед

Зи ногуфтанӣ ҳар ки бошад хамўш,
Дилаш аз шунидан наёяд ба ҷўш.
Зи гуфтори беҳуда ҷуз ранҷ нест,
Чу хомўшӣ андар ҷаҳон ганҷ нест!
Басо мардумоно, ки андар ҷаҳон
Зи гуфтори беҳуда доданд ҷон.
Накў гуфт донандаи рўзгор,
Ки гуфтори беҳуда н-ояд ба кор!

Кори нокарданӣ макунед

Ҳар он, к-ў кунад кори нокарданӣ,
Бувад бар раҳи кеши оҳарманӣ !
Зи нокарданӣ корҳо дур бош,
Хирад подшо кун, ту дастур бош!
Ҳар онро, ки гардад хирад раҳнамун,
Бад-он кард, то кор донад, ки чун.
Зи нокарданӣ дур дорӣ барат,
Ба доми ҳавас дарнаёрӣ сарат!

Кори ноҷустанӣ маҷўед

Зи ноҷустанӣ кам шавад обрўй,
Кӣ гўяд, ки ноҷустаниро биҷўй?!
Ҳар он, к-ў ба ноҷустанӣ дил ниҳад,
Гуле барканад нағзу бар гил ниҳад.
Ба чизе, ки дар ҷустанаш суд нест,
Чу оташ, к-аз ў баҳра ҷуз дуд нест!
Накў гуфт он хусрави хубрўй,
Ки чизе, ки онро наёбӣ, маҷўй!

Ба корҳо шитоб макунед

Писандида ҳаргиз набошад шитоб,
Шитоб афканад ҷони мардум ба тоб!
Шитобандаро дар ҷаҳон ном нест,
Ба гетӣ шитобандаро ком нест!
Касе, к-ў ба коре шитоб оварад,
Пушаймон шавад зуд, кайфар барад !
Касе, к-ў шитобон ба роҳе равад,
Барояд зи гоҳе, ба чоҳе равад!

Ба корҳо сустӣ макунед

Чу хоҳӣ, ки коре кунӣ ногузир,
Чунон кун, ки бошад туро дилпазир!
Ба фарҷому анҷом андар нигар,
Бипаймой аввал накў пову Сар!
Чу вақт андар ояд, бад-ў даст ёз,
Макун кор бар хештан бас дароз.
Ҳар он кас, ки ў сустӣ орад ба кор,
Ба сустӣ фуруд оядаш рўзгор!

Чу дар коре шавед, берун омаданро некў бингаред

Ба коре, ки андар шудан ройи туст,
Бурун омаданро нигаҳ кун дуруст!
Бибин, гар тавонӣ бурун омадан,
Пас он гоҳ кун азми андар шудан,
Ки бо посбон паҳлавон Ардашер
Яке достон зад, ки рўбоҳи пир
Ба сўрох-андар шуданро шитофт,
Бурун омадан роҳ ҷусту наёфт!

Корҳоро ба газоф макунед

Газофа бувад кори девонагон,
Газофа надиданд фарзонагон!
Газоф аст гуфтору кори ту лоф,
Ба охир пушаймонӣ орад газоф!
Чунин гуфт дар дафтар он марди ҳур :
«Барандоз ҷома, пас он гаҳ бибур!»
Накў гуфт донои некўсахун,
Ки ҳаргиз ту кори газофа макун!

Даст ба камари ҳар кас мазанед

Надида касеро гаҳи сулҳу ҷанг,
Нашояд задан дар камаргоҳ чанг!
Ҳама кас чунон дон, ки аз ту биҳанд,
Агарчи ба зод аз ту киҳ ё миҳанд !
Ба зод андарун кард натвон ғалат,
На ҳар боз чанг оварад сўйи бат !
Шунидам ман аз мардуми пурҳунар,
Ки касро надида, маҷўяш камар!

Ба ноозмуда ҳамроҳӣ макунед

Касе, к-озмудиш дар неку бад,
Ба неку ба бад ёри ту ў сазад !
Накарда касеро касе озмун,
Бувад бехирад, гар кунад раҳнамун!
Чу норе ниҳад пеши ту марди ҳуш,
Чӣ донӣ, ки ширин бувад ё туруш?!
Яқинат шавад, гар варо бишканӣ,
Шак аз дил бад-он озмун бифканӣ!

Молро фидойи тан кунед

Зи баҳри тану ҷон бувад сўзиён ,
Касеро, ки хоҳад расидан зиён.
Чу ҷон гашт хоҳад ҳаме коста,
Чӣ дармон, ба ҷуз додани хоста?!
Касеро, ки аз ҷон дареғ аст мол,
Бувад зиндагонӣ бар ў – бар вубол !
Агарчӣ азиз аст ҳар ҷой чиз,
Набошад азизе чу ҷони азиз!

Танро фидойи дин кунед

Тан аз баҳри дин базл кардан равост,
Чу динро фурўшанд, ҷонаш баҳост!
Бувад марди диндор фархундабахт,
Мар ўро бувад дин биҳ аз тоҷу тахт!
Чу риҳлат кунӣ з-ин саройи сипанҷ ,
Табаҳ гардадат мулкати молу ганҷ !
Бад-он ҷойи ноком ҷуз ҷони пок
Ба корат наёяд, аё ҳушнок!

Аз ин ҷаҳон номи некў баред

Чу тан дорию бахту ҳар ду ҷавон,
Бияндўз номи накў дар ҷаҳон.!
Ҷавони накўном воло бувад,
Аз он номи некў ба боло равад!
Бувад зиштномӣ ба ҳар ҷой зишт,
Ба зиштӣ набинанд рўйи биҳишт!
Шунидам, ки Нўшинравон чун бимурд,
Зи гетӣ ба ҷуз номи некў набурд.

Камозориву бурдборӣ пеша кун

Чу равшан шавад ҷонат аз доду дин,
Камозориву бурдборӣ гузин !
Камозор мардум бувад камзиён,
Бувад шодмона ба ҳар ду ҷаҳон!
Аз озори мардум шавад обрўй,
Ба зорӣ бимурдаст озорҷўй!
Ҷаҳондида озори мардум нахост,
Камозор бошӣ, ду гетӣ турост!

Хештанро ба ростӣ маъруф кунед

Чу аз ростӣ номи ту шуд баланд,
Ду пойи дурўғ андаровар ба банд!
Ба ҷуз ростӣ, то тавонӣ маҷўй,
Ки раста шавад мардуми ростгўй!
Бувад растагӣ, бешак, аз ростӣ,
Зи кажжӣ падид оядат костӣ!
Накў достон зад дар ин марди нек,
Ки аз ростӣ ёфтам номи нек!

Хурсандӣ пеша гиред

Ба чизе, ки додат Ҷаҳонкирдигор,
Дилатро бад-он дода хурсанд дор!
Зи бешӣ бувад ҷони мардум фигор,
Чӣ биҳтар зи хурсандӣ, ай хуб ёр?!
Зи бешию оз аст ҷон дар гудоз,
Мабодо касе баста дар банди оз !
Чу хоҳӣ, ки ҳаргиз набошӣ хиҷил,
Ба неку бадӣ дор хурсанд дил!

Бар бало сабр кунед

Балое, ки пеш орадат чархи пир,
Ба ҷуз сабр кардан набошад гузир !
Бувад баста бо ҳар ғаме нозбоз,
Ки баста-ст бо ҳар нишебӣ фароз!
Ҳар он кас, ки талхии сабр озмуд,
Биёбад муроди дили хеш зуд!
Чунин гуфт гўянда, чун баршанид,
Ки сабр аст банди балоро калид!

Маргро фаромўш накунед

Чу манзил шинос ин ҷаҳони каҳун ,
Чунон дон, ки ҳар соъат ояд ба бун !
Ба сони яке корвонгоҳ дон,
Бар ў ҷумлагӣ халқро роҳ дон!
Ба манзил дарангӣ набошад касе ,
Аз ин достон ёд дорам басе!
Аз ў бигзарад ҷонвар неку бад,
Гурўҳе дарояд, гурўҳе равад!

Дунёро ба нодонӣ магзаронед

Ба нодонӣ – андар мапаймой роҳ,
Ба бедонишӣ зиндагонӣ махоҳ!
Мадиҳ умр бар бод, агар огаҳӣ,
Ба хорию нодонию аблаҳӣ!
Туро зиндагонӣ Худованди дод
На аз баҳри нодонию ҷаҳл дод!
Накў гуфт донои посухгузор,
Ки нодон бувад чун хари бефасор !

Ба андўҳи касон шод машавед

Чу бинӣ касе баста дар банди ғам,
Макаш бар дили худ зи шодӣ рақам.
Ба андўҳи ў шодмона машав,
Ки пеш оядат ончунон нав ба нав!
Чу ту ғам хурӣ дар ғами дигарон,
Надоранд ғам хўрдани ту гарон!
Ба пеши ҳама кас ситуда шавӣ ,
Ба ангушти халқон намуда шавӣ!

Бар рехтаву сўхта ғам махўред

Чу чизат шавад рехта, сўхта,
Макун дидаро боз бар дўхта!
Бувад чиз ҳар гаҳ, ки хоҳӣ ту низ,
Чи суд аст ғам хўрдан аз баҳри чиз?!
Шикаста бувад чиз ҳам з-ин нишон,
Набояд дар ин ҳеч будат зиён!
Накў гуфт фархунда марди хурам,
Ки беҳуда дилро макун ҷуфти ғам!

Аз балои касон ибрат гиред

Салоҳи ҷаҳон гарчи пайванди туст,
Балои касон ибратафканди туст!
Балои касонро ба ибрат бибин,
Сипоси Ҷаҳонофарин баргузин!
Дилу сар тиҳӣ кун зи боди ҳавас,
Намун аз якеву яке луқма бас!
Шунидам аз онҳо, ки роҳӣ буданд,
Шубон озмуданду сагро заданд!

Дар корҳо мудоро кунед

Мудоро ба ҳар кор кардан накўст,
Чи бо зишт душман, чи бо хуб дўст!
Чу ҳангоми тезӣ мудоро кунӣ,
Зи хоки сияҳ мушки соро кунӣ.
Мудоро балоро бидорад зи ту,
Ҷафову ано боз дорад зи ту!»
Нигаҳ кун, чи гўяд ҷаҳондида мард:
«Касе аз мудоро зиёне накард!»

Бо касе ситезаву лаҷоҷ макунед

Лаҷуҷӣ писандидаву нағз нест,
Лаҷуҷӣ ба ҷуз кори бемағз нест!
Макун бо касон, то тавонӣ, лаҷоҷ
Фузунтар макун пойи худ аз давоҷ !
Лаҷоҷ арчи воҷиб кунад бо хирад,
Бияндеш, то худ куҷо дархурад!
Яке пир гуфтаст ҳангоми кўҷ,
Ки саг биҳ газанда зи марди лаҷуҷ!

Фарзандонро пешаи некў биёмўзед

Биёмўз пеша ту фарзандро,
Ба ҷон бозхар ин накў пандро!
Гузида бикун пеша аз пешаҳо,
Дилатро барӣ кун зи андешаҳо!
Чу гўяндат, он гаҳ тавонӣ шанид,
Ки он мардро ҳаст пеша палид!
Чунин гуфт донойи тозаманиш ,
Ки бадпеша мардум бувад бадкуниш !

Пой ба андозаи гилем кашед

Аз андоза бартар маниҳ пойи хеш,
Хирадро нигаҳ дор бар ҷои хеш!
Чу бархезӣ аз хобгаҳ бомдод,
Ба худ дарнигар, то чи-т ояд ба ёд!
Чу аз пойгаҳ пой бартар ниҳӣ,
Шавад номи ту зишт дар аблаҳӣ!
Маро панд додаст марди ҳаким,
Ки поят фузунтар макаш аз гилем!

Ҷанги касонро ба хештан махаред

Ба худ боз ҳаргиз махар ҷанги кас,
Бипардоз дилро зи кому ҳавас!
Фариза набошад зи баҳри касон
Ба худ баркушодан касонро забон!
Касе, к-ў бувад аз мусолиҳ гурез,
Ба худ бо тани хеш ҷўяд ситез!
Чунин гуфт мўъбад , ки ҷанги касон
Табаҳ кард бояд ба ширин забон!

Харҷ ба андозаи дахл кунед

Чу дахлат бувад кам, макун харҷ беш,
Ба андозаи дахл кун харҷи хеш!
Макун харҷ даҳ-даҳ, чу дахлат нуҳест,
Ки аз «нест» андар ҷаҳон нанг нест!
Кас аз кадхудойӣ набошад дижам ,
Набояд табаҳ кард хира дирам!
Шунидам, ки гуфтанд: «Дар рўзи кор
Яке нониҳода, дигар бармадор!».

Ба худнониҳода тамаъ макунед

Ба чизе, ки ту ҷой нанҳодайӣ,
Макун тамъ, агар марди озодайӣ!
Накўҳида бошад бари халқ дузд ,
Бувад куштани дузд бар халқ музд!
Ба дуздӣ макун даст ҳаргиз дароз,
Агарчанд бошӣ асири ниёз!
Маро панд додаст марди ҷавон,
Ки камтар зи дуздон касеро мадон!

Аввал ниҳол бишнонед, он гаҳ дарахт барканед

Аз аввал дарахти ҷавона бикор ,
Пас он гаҳ куҳанро ҳаме бар зи кор!
Яке нонишонда, яке барканӣ,
Бувад, бегумон, хештандушманӣ!
Бад-ин ҳасбу ин ҳолу ин доварӣ
Яке байт гўяд аҷаб Унсурӣ:
«Чу аз кўҳ гириву нанҳӣ ба ҷой,
Саранҷом кўҳ андар ояд зи пой!».

Чашму забону даст нигаҳ доред

Чу хоҳӣ, ки шаккар хурӣ бекабаст ,
Нигаҳ дор чашму забону ду даст!
Чу ин ҳар се бошад ба фармони ту,
Бувад раста аз ҳар бадӣ ҷони ту!
Чу хоҳӣ, ки нек оядат рўзгор,
Хирадро бар ин ҳар се душман шумор!
Басо шермардо, ки дар рўйи хок
Зи дасту зи чашму забон шуд ҳалок!

Дар хонаи туҳматзадагон машавед

Чу хоҳӣ, ки ҳаргиз набошӣ дижам ,
Манеҳ пой дар хонаи муттаҳам!
Бари он, ки бадном бошад, мапўй,
Ки олуда гардӣ ба монанди ўй!
Касе, к-ў бари дег ҷўяд паноҳ,
Чу зери сияҳдег хезад сиёҳ!
Шунидам зи донои гарданфароз,
Ки аз хонаи боз гиранд боз!

Ба дуздон ошнойӣ мадиҳед

Ба дуздон магард, ошнойӣ мадиҳ,
Ба колои эшон гувойӣ мадиҳ!
Ба дуздон биёмехтан рой нест,
Ки колои дуздон дилорой нест!
Касеро, ки дуздӣ бувад роҳу кеш,
Аз ў бош тарсанда чун хар зи неш!
Маро гуфт ин панд пайвастамиҳр,
Ки чун дузд бинӣ, бигардон ту чиҳр!

Бо газофгўён маншинед

Касе, к-ў занад лофу гўяд газоф ,
Макун гирди ў, то тавонӣ, тавоф,
Ки аз лофзан кас набинад вафо,
Баланд аст мар лофзанро қафо!
Нишастан раво нест дар лофгоҳ,
Яке лоф бадтар зи сесад гуноҳ!
Чунин гуфт бо ман яке шуҳра зан,
Ки зан биҳтар аз мардуми лофзан!

Ба ҳамсоягии подшоҳ хона магиред

Чу бошад хирад мар туро дастгир,
Ба ҳамсояи мир хона магир,
Ки мир арчи бошад ба ту некрой,
Чу бадрой гардад, надорӣ ту пой!
Бари подшаҳ хосаву ома нест,
Ба наздики эшон ҳама кас якест!
Шунидам, ки оташ бувад подшоҳ,
Ба наздики оташ кӣ ҷўяд паноҳ?!

Бе ҳамроҳ ба роҳ маравед

Чу орӣ ба рафтан суви роҳ рўй,
Аз аввал яке нек ҳамроҳ ҷўй,
Ки ҳамроҳ бошад туро дастгир,
Чу коре ба пеш оядат ногузир!
Бувад ҳамраҳи нек ҳамрози ту,
Ба неку ба бад гашта дамсози ту!
Чунин гуфт бо ман яке устод,
Ки ҳамроҳу ҳамбози ту нек бод!

Дар замини шўра тухм макоред

Замине, ки бумаш бувад шўразор,
Дар ў тухм корӣ, наёяд ба кор!
Ба тухму ба шўразамин бингарад,
Касе, к-ў бар ин тар сухан раҳ барад:
Ҳама ҷойи дард асту ҷои ғам аст,
Киро бахт шўр аст, рўзӣ кам аст.!
Чунин гуфт бо ман яке ҳушёр:
«Ба шўразамин ҳеҷ тухме макор!».

Аз ғаммозон вафо маҷўед

Бувад дархури сад ҳазорон ҷафо,
Ҳар он, к-ў зи ғаммоз ҷўяд вафо!
Ҷуҳуде, ки бошад варо зишт рўй,
Бувад биҳтар аз мардуми ғамзгўй !
Агар дўст дорӣ ту эдар тамиз,
Макун ғамзу машнав зи кас ғамз низ!
Накў гуфт донойи покизаҷон,
Ки ғаммозро сар бибур ё забон!

Бо бандагон ҷангу бозӣ макунед

Макун бозию ҷанг бо бандагон,
Бипурс, ар надонӣ, зи донандагон,
Ки банда фурўмояву дун бувад,
Набошад чу озода, ҳарчун бувад!
Касеро, ки аз нафси худ шарм нест,
Мар ўро муҳобову озарм нест!
Шунидам зи донойи некўсахун,
Ки бо бандагон ҷангу бозӣ макун!

Касе, ки хештанро нашояд, аз ў бипарҳезед

Касе, к-ў нашояд ба худ, чун сазад,
Ки шояд ба ту, чун нашояд ба х(в)ад?!
Писар, к-он нашояд ба фаррух падар,
Набинад падар хуррамӣ з-он писар!
Яке гурба шуд назди шери жаён,
Ки шоистаи ту манам дар ҷаҳон!
Нашойӣ маро, гуфт шери шикор,
Ки ҳастӣ ту машъуми фарзандхор!

Аблаҳи модарзодро дору мадиҳед

Касе, к-аблаҳ аз модари хеш зод,
Нашояд ба доруйи ў сим дод!
На кори Худованд корест хурд,
Қазои набишта нашояд сутурд!
Ба гуфтори устоди пешин нигар,
Ки гуфтаст байте биҳ аз сад гуҳар:
«Агар марг дору бигардонадӣ,
Кас андар ҷаҳон ҷовидон монадӣ».

Девонаву аблаҳро панд мадиҳед

Ба оқил диҳӣ панд, бошад-т биҳ,
Ба девонаву масту аблаҳ мадиҳ,
К-аз ин ҳар се кас дур бошад хирад,
Дили бехирад пандро нангарад!
Ба мўъбад ҳаме дод панде Қубод ,
Чунин гуфт мўъбад, ки шаҳ бод шод,
Ки аз панди шаҳ яксара огаҳам,
На масту на девона, на аблаҳам!

Нон танҳо махуред

Чу Эзад диҳад мар туро нону ном,
Махур, то тавонӣ, ту танҳо таъом!
Бидиҳ нон ба мардум, бахилӣ биҳил,
Ки нонгар зи мардум бувад некдил!
Ба мардӣ касе баста дорад миён,
Ки ноне ниҳад пеши даҳ кас ба хон!
Чунин гуфт он, к-ў баландахтар аст,
Ки ному бузургӣ ба нон-андар аст!

Зердастонро чўб мазанед

Ба рух ҳар ки шуд пеши ту ҷойрўб,
Нашояд бар ў захм кардан ба чўб!
Дили зердастон маёзор ҳеҷ,
Ки озор гиранд, бар бад бисеч !
Аз озор хезад басе корҳо,
Аз озор хезад бас озорҳо!
Чунин гуфт озодаи гавҳарӣ,
Ки киҳтарнавозӣ бувад миҳтарӣ.

Нони худ хуред, сухани бад магўед

Чу дар хони худ нон хурӣ, бад магўй,
Касеро ба айбе, ки бошад, маҷўй!
Бувад нокасӣ гуфтани бад зи кас,
Набошад писандида бар ҳеч кас!
Агар нони худро хурӣ, носазо
Ҳадиси касон нест гуфтан раво!
Чу гардад бад аз ту бари дигарон,
Бад ояд туро рўзе аз ҳамсарон!

Ба тадбири кўдакон кор макунед

Агар бо дили ту хирад ҳаст ёр,
Ба тадбири кўдак макун ҳеч кор!
Дил аз ройи ҳар пиру кўдак битоб,
Хато ҳам хато, гарчи бошад савоб!
Яке кўдаки хурд даҳто намад,
Ту гўйӣ, ки ёрад ба об афканад.
Валекин гаҳи баркашидан зи об
Бибояд-ш сад марди бозўру тоб!

Бо занон машварат макунед

Агар ташна бошӣ, ба фармони зан
Махур обу бар оташат об зан!
Ҳар он, к-ў занонро мусаххар шавад ,
Зи мағзи харон мағз чун хар шавад.
Касеро, ки дил бар хирад подшост,
Ба фармони зан кор кардан хатост!
Накў гуфт донандаи гарму сард,
Ки занро чӣ кор аст бо кори мард?!

Пирзанонро ба хона магузоред

Чу хоҳӣ, ки бебок бошад-т дил,
Зани пир ҳаргиз ба хона маҳил,
Ки аз пирзан кас набинад фараҳ,
Ҷавон бо ҷавон, пир бо пир баҳ!
Зани пир ҳарчанд мастуртар ,
Зи назди зани нек биҳ дуртар!
Чунин гуфт бо ман яке ҳушманд,
Ки бо гург ҳамто макун гўсфанд!

Бар занон эмин мабошед

Зи дасти занон чун хурӣ обу нон,
Ҳазар кун, ки кажж аст ройи занон!
Занонро набошад ба як зарра бок,
На аз оташи тезу н-аз тира хок!
Чу зан дил бигардонад аз ростӣ,
Падид ояд андар замон костӣ!
Чунин гуфт марде зи зан пур зи дард,
Ки гар зан набудӣ, будӣ раста мард!

Забуни занон мабошед

Рухи худ зи андуҳ зарирӣ макун,
Ба дасти зан – андар асирӣ макун!
Ҳар он, к-ў асири зани хеш гашт,
Ҳама ҳашмату ҷоҳи худ дарнавашт!
Занон гарчи неканд аз хўю раг,
Забунгир бошанд монанди саг!
Касе то набошад асиру ҳақир,
Ба дасти зан – андар набошад асир!

Бар мардуми сифла ранҷ мабаред

Мабар дил ба ишва ба чуну магар,
Абар мардуми сифла ранҷат мабар.
Ки сифла бувад беҳифозу сафиҳ,
Наёбӣ хисолеву ло ҳусна фиҳ !
Бувад сифла монанди боди дурушт,
Гирифтан нашояд мар ўро ба мушт!
Чунин гуфт донандаи ҳушёр,
Ки аз сифлагон чашми некӣ мадор!

Ризои падару модар биҷўед

Бигардон зи беҳашматӣ рою рўй,
Ризои падар в-они модар биҷўй!
Бувад бар ту-бар ҳаққи эшон басе,
Набошад чу эшон туро ҳар касе!
Агарчӣ Худойи ҷаҳон-т офарид,
Туро аз адам дар вуҷуд оварид,

Яке модарат доду фаррух падар,
Ки парвардат андар бару дар ҷигар!

Ба ҷони касон зинҳор махуред

Махур, гар туро ҳаст ҷон ҳушёр,
Ба молу ба ҷони касе зинҳор,
Ки зинҳорхора бувад тирарой,
Накўҳида наздики халқи Худой!
Ҳар он, к-ў ба бад гашт ҳамдостон,
Ба некӣ назад з-ў яке достон!
Накў гуфт фархунда шоҳи Қубод,
Ки ман бад нахоҳам, ба ман бад мабод!

Касеро заволи давлат аз осмон мапурсед

Касе, к-аш бувад давлат аз осмон,
Мадор аз дили ў ба дил бад гумон,
Ки бо ҳар ки давлат бувад созгор,
Зи бадхоҳи ў кин кашад рўзгор!
Мадон биҳтар аз давлату бахт чиз,
Ки ў мекунад хору зишту азиз!
Чунин гуфт бо ман яке давлатӣ,
Ки камдавлатӣ биҳ зи бениъматӣ!

Аз табъи бад парҳез кунед

Аз аввал бидон мардро табъу хўй,
Пас он гоҳ бо вай баду нек гўй,
Ки бадтабъ мардум бувад бенамак,
Рутаб гар ниҳӣ пеш, донад хасак !
Қимор арчи бозӣ ту неку зариф,
Аз аввал бидон дасту захми ҳариф,
Ки мўъбад чунин гуфт бо шаҳрёр:
«Шиносад ҳариф, он ки бозад қимор!».

Бо дабирон лаҷоҷ макунед

Макун бо дабирон лаҷоҷу хилоф,
Ба хоса, ки донанд дурҷ аз давоҷ !
Дабирон , ки донанд расми қалам,
Тавонанд кардан басе бешу кам.
Қалам гарчи тезӣ надорад чу теғ,
Зи нўги қалам теғ гирад гуреғ!
Қалам кард банди ҷаҳонро калид,
Ҳунарҳо басе дар қалам офарид!

Аз забони шоъирон парҳез кунед

Зи шоъир битарс, ар туйӣ марди ҳур ,
Забоншон ба шамшери силлат бибур,
Ки бо шоъирон кас наёрад ситез,
Кунад ҳар кас аз табъи эшон гурез!
Суханҳои эшон ба сулҳу ба ҷанг
Чу нақше бувад канда дар хорасанг!
Шунидам зи донандаи гавҳарӣ,
Ки ҷинсест аз соҳирӣ шоъирӣ!

Меҳмонро азиз доред

Касе гар расад пеши ту меҳмон,
Бибанд аз пайи хидмати ў миён!
Чунон кун, ки хушнуд бошад зи ту,
Ба ҳар чиз пурсуд бошад зи ту,
Ки меҳмон накў доштан дарх(в)ар аст,
Тариқи бузургони номовар аст!
Чунин гуфт донандаи тозиён,
Ки бар дод додан бигардад забон!

Ба зиёрати некон шавед

Ба бад, то тавонӣ, тиҷорат макун,
Ба ҷуз назди некон зиёрат макун!
Касе, к-ў ба некон занад дасти хеш,
Ҳама некӣ ояд-ш ҳар ҷой пеш!
Зи некон шавад мардро ҳол нек,
Ки некон зананд аз бадон фол нек!
Чунин гуфт он хоҷаи солх(в)ард:
«Ман аз некмардон шудам некмард!».

Аз паси мурдагон сухани бад магўед

Касе, к-аш фариза расад эзадӣ,
Паси марг гуфтан бинатвон бадӣ,
Ки бо мурдагон доварӣ кас накард,
Чи суду зиён аз ту бар мурда сард?!
Ҳадиси касе чун кунӣ талху шўр,
Ки аз ту бинолад равонаш ба гўр,
Худои ҷаҳонат бигирад бад-он,
Намонӣ ту ҳам низ то ҷовидон!

Насиҳат аз кас бозмагиред

Насиҳат зи кас боз ҳаргиз магир,
На аз марди барно, на аз марди пир!
Масал гар бувад душмани бадкуниш,
В-аз ў мар туро буда бас сарзаниш,
Насиҳат куну дил зи кин дур кун,
Ки охир шавад огаҳ ў з-он сухун!
Чунон кун, ки то зиндагонӣ бувад,
Насиҳат зи ту ройгонӣ бувад!

Ба моли ҷаҳон кибру уҷб макунед

Ба моли ҷаҳон чун шавӣ бениёз,
Бипарҳез аз кибру кун иҳтироз,
Ки бар кас намонад на иззу на зул ,
Гаҳе хор пеш ояду гоҳ гул!
Макун ноз ҳаргиз ба моли ҷаҳон,
Нигаҳ кун ба гарданда ҳоли ҷаҳон!
Накў гуфт дастури шоҳи Пашанг :
«Макун карру фар, нестӣ ту паланг!».

Дар миёни зану шавҳар миёнҷӣ макунед

Миёни зану шўй дар ҷангу хашм
Миёнҷӣ макун, гўй, бикшой чашм,
Ки чун ҷангу шўр афтад андар миён,
Ту макшой аз баҳри эшон забон,
Ки чун з-оштишон саломат расад,
Туро з-он саломат маломат расад.
Чунин гуфт доно, чу барзад нафас:
«Туро бо зани хеш кор асту бас!».

Бо мардуми бад маёмезед

Ба бад мардумон хуш магардон маниш,
Битарс аз бади мардуми бадкуниш,
Ки ҳар к-ў бади халқ ҷўяд ниҳон,
Аз ў эманӣ кас наёбад ба ҷон!
Ҳаросон бувад марди озодмард,
Кас аз бадкуниш ёди некӣ накард!
Накў гуфт донандаи офият,
Ки баддин бувад мардуми бадният!

Сухани баду беҳуда магўед

Мадиҳ, чун сухан зишт бошад, ҷавоб,
Ки зиштӣ ба зиштӣ бувад носавоб!
Ту он гў, ки аз асли покат сазад,
Ҳамон, к-аз ҷавонмард хокат сазад!
Ба зиште, ки гўяд туро зиштгўй,
Чу посух диҳӣ, мешавӣ зиштрўй!
Чунин хондаам аз кутубогаҳон:
«Хамўшӣ биҳ аз посухи аблаҳон!».

Бекор манишинед

Ҳар он, к-ў ба коре барад даст пеш,
Намонад ба бекорӣ аз кори хеш,
Ки бекорӣ андеша бор оварад,
Зи кишта гулат хор бор оварад!
Сипоҳӣ диловар биҳу теғзан,
Раъият фурўтан биҳу камсухан!
Зи кўҳ ар ба нохун канӣ санги сахт,
Бувад биҳ зи бекорию шўр бахт!

Аз гуфтаи хеш бармагардед

Зи гуфтору кирдори худ бигзарон,
Ки бошад басе айбҳо андар он!
Зи бисёри карда бигў андаке,
Ки сад карда гуфта нашояд яке!
Бибояд чашидан басе гарму сард,
Чу хоҳӣ, ки хонандат озодмард!
Накў гуфт диҳқони мўъбаднажод,
Ки гуфтори ман беши кирдор бод!

Он чи ба забон доред, ба дил-дар ҳамон доред

Сухан чун бигўйӣ, магў бо забон,
Ба дил-дар ҳамон биҳ, ки дорӣ ниҳон,
Ки гар бо забон рост н-ояд дилат,
Пушаймонӣ орад аз ў ҳосилат!
Забону дилат рост бояд ба ҳам,
Миёни ду довар макун бешу кам!
Касеро, ки дил бо забон гашт рост,
Раво нест бар вай фузунию кост!

Ба гуфтори ҳар кас эмин мабошед

Агар ҳаст дар дил туро равшанӣ,
Ба гуфтори ҳар кас мадор эманӣ,
Агарчанд бошад зи пайванди ту,
Масал, гар зани тусту фарзанди ту!
Суханҳои мо гарчи неку бад аст,
Ба гуфтори пайғамбари Эзад аст!
Накў гуфт он марди покизадин:
«Ту аз бад нигаҳ дор худро, яқин!».

Дониш омўзед

Биёмўз дониш, к-аз омўхтан
Раҳонӣ тани хеш аз сўхтан!
Аз омўхтан нанг ҳаргиз мадор,
Чу омўхтан фахр бошад, на ор!
Нигаҳ кун, ки дар «Номаи офарин»
Чӣ гўяд сарояндаи покдин:
«Биёмўз, ҳарчанд битвониё,
Магар хештан шоҳ гардониё!».

Пеши адибон сухан бо адаб гўед

Касе, к-ў зи тан беш донад адаб,
Кушода макун пеши ў баста лаб!
Ҳар он кас, ки тадбир н-орад ба кор,
Ба кор андарун кори ў ҳаст зор!
Ҳушу рою тадбир бояд нахуст,
Чу хоҳӣ, ки кори ту ояд дуруст!
Ба Ҳиндустон гуфт мўъбад ба рой,
Ки коре макун, ҷуз ба тадбиру рой!

Аз бахилон дур бошед

Карона кун аз марди дуну бахил,
Чу хоҳӣ, ки набвад туро қолу қил !
Касеро, ки дил бар бахил аст фом,
Наёбӣ аз ў табъи некўву ном!
Бахилон дахилони олам буванд ,
Зи ҳар кас ба ҳар ду ҷаҳон кам шаванд!
Накў гуфт он хоҷаи камсахун,
Ки ҷонро бибахшу бахилӣ макун!

Ҷавонмардӣ пеша гиред

Ҳамеша ҷавону ҷавонмард бош,
Зи дунию беҳосилӣ фард бош,
Ки номи ҷавонмард андар ҷаҳон
Бувад зинда пеши киҳону миҳон!
Нигаҳ кун, ки шоъир чӣ гўяд ҳаме
В-аз ин хуб гуфтан чӣ ҷуяд ҳаме.
«Ҷавонмардӣ аз корҳо биҳтар аст,
Ҷавонмардӣ аз хўйи Пайғамбар аст!».

Сўҳбат бо миҳтарон кунед

Суханҳои некў шунидан равост,
Чи некў сухан дарди дилро давост!
Накўгўй мардум чу биштофтанд,
Зи некў сухан мардумӣ ёфтанд!
Сухан чун накў бошаду аслдор,
Бувад биҳ зи сад гавҳари шоҳвор!
Рухи зишт агарчи пуроҳу бувад,
Ба некў сухан зишт некў бувад!

Ба савганд хўрдан далерӣ макунед

Касеро, ки дар дил сухан ҳаст хайр,
Ба савганд хўрдан набошад далер,
Ки савганд хўрдан хатое бад аст,
На фармони Пайғамбари Эзад аст!
Дил он, к-ў ба савганд хўрдан ниҳод,
Набошад варо баҳра аз дину дод.
Накў гуфт он хусрави доддиҳ,
Ки савганд хўрдан зи алмос биҳ!

Ба моли ятимон тамаъ макунед

Макун тамъ ҳаргиз ба моли ятим
В-агар ҳаст худ ҷумла дурри ятим!
Зи суди ятимат бувад пур зиён,
Чу ў нолад андар Худои ҷаҳон,
Ки моли ятимону боли ту аст,
Заволи туву ҷону моли ту аст!
Ятим арчи дорад басе зарру сим,
Мар ўро ҳамон биҳ, ки бошад ятим!

Саройи фаноро ба сарои бақо арҷ макунед

Макун арҷа, ҳарчанд бошад ғано,
Сароqи бақо бо сароqи фано !
Шавӣ з-ин ҷаҳони ҷаҳанда ҷаҳон,
Туро он ҷаҳон бbҳ бувад з-ин ҷаҳон!
Агарчӣ дил аз нақд шодон бувад,
Бbҳ аз нақд нася фаровон бувад!
Накў гуфт он хусрави бодахор,
Ки хушшии бода наярзад хумор!

Дилро ба оз мадиҳед

Чу хоҳӣ, ки набвад туро дил ба ноз,
Макун баста дилро ба ҳирсу ба оз ,
Ки оз аст ҷони туро банди сахт,
Бувад мардум аз озҳо кўрбахт!
Ба хурсандӣ аз оз дилро бишўй,
Сухан, к-озро ҳаст, ҳаргиз магўй,
Ки б-Одам чунин гуфт хоку замӣ,
Ки аз озҳо шуд ба ноз одамӣ!

Ба мардумон бад махоҳед

Чу хоҳӣ, набошад туро кор бад,
Ба мардум ҳамон хоҳ, ки хоҳӣ ба х(в)ад!
Ҳар он, к-ў ба мардум бадӣ хоҳадо,
Тани ў ба бад-дар басе коҳадо!
Бадандеш мардум бувад баднажод,
Чунин ёд дорам ман аз марди род.
Писарро накў гуфт шоҳи Яман:
«Макун бад, ки бад бозгардад ба ман!».

Тўшаи он ҷаҳонро ба дасти худ кунед

Бидиҳ тўшаи онҷаҳонӣ ба даст,
Ки кас дар ҷаҳони ҷаҳон дил набаст.
Чу сад сол гардад ҷаҳон роми ту,
Ҳам охир барояд саранҷоми ту!
В-агар чархи гардон кашад зини ту,
Саранҷом хишт аст болини ту!
Ҷаҳон чун арўсест пуррангу бўй,
Дареғо, ки домодхор аст ўй!

Кори пирӣ ба ҷавонӣ бисозед

Чу бошӣ ҷавон, кори пирӣ бисоз,
Ки андар ҷавонӣ намонӣ дароз!
Расан гарчи бошад дароз, ай писар,
Ҳам охир ба чанбар дарояд-ш сар!
Ба сармову гармо туро ёд бод,
Ки сармо диҳад, он ки гармот дод!
Шунидам ҷавобе зи доно, пазир,
«Ҷавонам, валекин ба андеша пир!».

Зан ба гоҳи ҷавонӣ хоҳед

Ба гоҳи ҷавонӣ кун, ар зан кунӣ,
Чи арзан кунӣ, ҷуфти барзан кунӣ!
Ба дил орзухоҳро дил бибин,
Пас он гаҳ ҳаме зан ба муҳраш нигин!
Бидон неку бад, ошкору ниҳон,
Ки то зан ба ту ҳаст ҳамдостон!
Нигаҳ кун, ки бо шоҳ мўъбад чӣ гуфт:
«Сазовори худ ҷўй покиза ҷуфт!».

Доруйӣ ба тандурустӣ хуред

Чу дору тан аз дард хоҳад-т шуст,
Махур ҷуз бад-он гаҳ, ки бошӣ дуруст!
Ба бевақт хун кам кун аз тан бурун,
Бар он ода, к-ат ҳаст бекор хун!
Дили ту ба ҳар кор ҳушёр бод,
Ки чунон шунидам ман аз устод,
Ки позаҳр заҳр аст, к-афзун шавад,
Чу з-андозаи хеш берун шавад!

Ба пирӣ аз зани ҷавон тамаъи некӣ мадоред

Зи панҷоҳ чун мўйи ту шуд сапед,
Мадор аз ҷавонзан ба некӣ умед,
Ки бо пир ҳаргиз насозад ҷавон,
Чу созанд, хезад бало дар миён!
Ҷавонзан чу бинад ҷавони ҳажир ,
Ба некӣ наяндешад аз шўйи пир!
Арўсе ҷавон гуфт бо пир шоҳ,
Ки мўйи сапед аст мори сиёҳ!

Корҳо ба тадбир кунед

Чу хоҳӣ, ки бошад дилат бетаъаб,
Ба тадбир кун кору хуш худ талаб,
Ки чун ту сухан гўйӣ аз пеши ўй,
На дар бори ў оварад оби рўй!
Ба ҳам ҷўру ҳампар бувад моғу зоғ ,
Нашояд ба Хуршед бурдан чароғ!

Чунин гуфт симурғ, чун ин шанид,
Ки натвон фузун аз пари худ парид!

Аз илм баҳра гиред

Кунад илм кори ту ороста,
Биҳ аз илм набвад туро хоста!
Бияндўз илму маяндўз мол,
Ки молат ҳаром асту илмат ҳалол!
Ба олам наёбӣ биҳ аз илм ганҷ,
Мапарҳез, гар ганҷ хоҳӣ, зи ранҷ!
Накў достон зад Ҳакими Аҷам ,
Ки аз илм гаштам ба олам алам!

Сухан пухтаву баандеша гўед

Чу лаб баркушойӣ, сухан пухта гўй,
Чу нопухта гўйӣ, шавад оби рўй!
Суханро бипарвар ба дил дар нахуст,
Ба мизони ҳуш бар, ба дил кун дуруст!
Пас он гаҳ бигў, он чи бошад савоб,
Чунон чун тавонӣ шунидан ҷавоб!
Шунидам зи доно, ки ҷон аз забон
Ба рўзе дусад бор хоҳад Амон!

Суханҳои некў бишнавед

Чу хоҳӣ, ки бошад туро ному нон,
Макун дурӣ аз суҳбати миҳтарон!
Ҳамеша бари миҳтарон ҷой ҷўй,
К-аз эшон фазояд туро оби рўй!
Зи доми фурўмоягон бозгард,
Чи хезад зи гунҷишки рав боз гард!
Яке достон зад бар ин мард санг
Ки ангур гирад зи ангур ранг!

Ҳоҷат аз хешон хоҳед

Чу хоҳӣ ту ҳоҷат зи хешони хеш,
Бибозанд ҷону равонро зи пеш.
Бувад ҷон дар андешаи костан,
Зи бегонагон ҳоҷате хостан!
Надонанд қадри ту бегонагон,
Шуморандат аз хайли девонагон!
Чунин гуфт доно, ки доно манам,
Ки ман даст дар тўбраи худ кунам!

Қадам аз дўстон мабуред

Чуноне ки дилпок шуда дўст, ту
Сазовортар чун тану пўст ту!
Мабур зуд, дар дўстӣ кун фазун,
Ҳам аз баҳри вай даст дарзан ба хун!
Ҳар он, к-ў зи дил дўстдори ту шуд,
Чунон дон, ки аслу табори ту шуд!
Накў гуфт донандаи несту ҳаст:
«Маро дўсти нек аз бародар биҳ аст!».

Дўстони куҳанро фаромўш макунед

Зи бахт ар кунад давлатат бахтёр,
Ниҳода дил аз дўстон бармадор!
Сипоси Ҷаҳонофарин пеша кун,
Мабур ҳиммат аз дўстони куҳун,
Ки чунон шунидам ман аз дўстон,
Зи ҳамшаклу ҳамшгўшт, ҳампўстон,
Ки ҳар, к-ў кунад дўстиро ният,
Ба андўҳу шодӣ кунад таҷрибат!

х х х

Яке достон зад баландахтаре,
Ки мастур кам дидаам духтаре!
Ба чизе, ки набвад туро хайру шар,
Мабош аз Худованд дилсўзтар!
Якеро ҳамесўхт доман ба дашт,
Яке сўхтадил бар ў баргузашт.
Варо, гуфт, дил сўхта буд ба ман,
Ки дил сўхт моро, туро пираҳан!
Ба нармода наспурд ҳаргиз касе,
Шунидам зи донои пешин басе!
Чӣ гуна чахад хира бо бодгард?!
Касе пунба аз ҷуфти оташ накард!
Ба олам кӣ ҷўяд, зи хурду бузург,
Қасобӣ зи гурба, шубонӣ зи гург?!
Бувад марди густох беқадру ҷоҳ,
Набошад бари кас варо пойгоҳ!
Ҳар он кас, ки бошад ба дил ҳушёр,
Надорад ба бад душмани хеш хор,
Ки душман бувад баччаи пиргург,
На то дер бинӣ, ки гардад бузург.
Сиришт аст мар гургро реманӣ ,
Нашояд бар ў доштан эманӣ!
Чунин гуфт бо Баҳман Исфандёр :
«Зи душман макун дўстӣ хостор!
Агар донишу дин туро ҳасту кеш,
Магў, то тавонӣ, ба кас рози хеш,
Ки ҳарчанд кўшӣ дар ин рўзгор,
Наёбӣ касе ростгў, роздор!».
Чунин гуфт доно, ки роз аст ганҷ,
Ниҳон биҳ бувад ганҷ, мафзой ранҷ!
Накў гуфт донандаи бостон:
«Зи беномунангон мазан достон!
Бихур заҳр дар хонаву шав бадар,
Чунин гў, ки акнун бихўрдам шакар!
Басе гуфтан, ай дўст одат макун,
Ки некў бувад мардуми камсахун!».
Накў гуфт шоҳи араб дар Араб,
Ки бикшода биҳ дидаву баста лаб!
Агар марди донандаи боҳушӣ,
Марон биҳтар аз зиндагонӣ хушӣ!
Накў гўяд он пири дидаҷаҳон,
Ки чизе биҳ аз зиндагонӣ мадон!

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …