Главная / Ҷамъият / ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶТ

ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

(Ахбори маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011, №6, мод. 460; Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 с., №1425; аз 30.05.2017 с., №1426)

Қонуни мазкур масъалаҳои вобаста ба вазъи ҳуқуқӣ, ваколат, сохтори ташкилӣ, вазифа, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медарорад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Палатаи ҳисоб) мақоми олии назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аудити мустақили берунаро оид ба баҳодиҳӣ ба иҷрои буҷети давлатӣ анҷом дода, ҷиҳати такмили он пешниҳод омода месозад.
  2. Ваколати Палатаи ҳисоб вобаста ба гузаронидани аудити мустақили беруна ба тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад. Палатаи ҳисоб дорои ваколатҳои иҷроия, қонунгузорӣ ва ҳифзи ҳуқуқ набуда, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста мебошад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1426)
  3. Палатаи ҳисоб наметавонад ба афзалият ва норасоиҳои сиёсати  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молияи давлатӣ ва истифодабарии моликияти давлатӣ баҳо диҳад. Палатаи ҳисоб ҳуқуқ дорад  ба татбиқи сиёсати мазкур баҳо диҳад ва аз рӯи натиҷаҳои он хулосаҳои худро пешниҳод намояд.
  4. Палатаи ҳисоб шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ном ва аломати худ аст. Маҳалли ҷойгиршавии доимии Палатаи ҳисоб шаҳри Душанбе мебошад. (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

palatai-hisobi

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

– аудити беруна – аудите, ки аудиторони нисбат ба ташкилоти санҷидашаванда мустақил ва ба роҳбарияти он ҳисоботдиҳанда набуда  мегузаронанд;

– аудити самаранокӣ – омӯзиш ва таҳлили фаъолияти объекти аудит доир ба сарфанокӣ,маҳсулнокӣ ва натиҷанокӣ;

– аудити натиҷанокӣ – омӯзиш ва таҳлили самаранокии барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳо, самтҳои фаъолият ва кори мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои буҷетӣ (минбаъд – ташкилотҳо) барои расидан ба мақсадҳояшон ва иҷрои супоришҳо;

– аудити молиявӣ –  омӯзиш ва таҳлили ҳисоботи молиявӣ ва низоми баҳисобгирии объекти аудит, ки ба аудитор имкон медиҳад ақидаи худро оид ба ҳисоботи молиявӣ, ки бо риояи талаботи қонунгузорӣ дар бораи стандартҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ таҳия карда шудааст, изҳор намояд;

– маблағҳои ғайрибуҷетӣ – маблағҳои пулии  давлат, ки ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дохил карда нашуда, бо таъиноти мақсадноки муайян истифода мешаванд, ҳамчунин маблағҳое, ки дар ихтиёри  ташкилотҳо қарор дошта, аз буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҷудо карда нашуда, аз ҳисоби дигар сарчашмаҳо ташаккул ёфтаанд;

– маблағҳои махсус – маблағҳое, ки ташкилотҳо ба ғайр аз маблағи аз буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҷудошаванда мегиранд. Маблағҳои махсус даромади ташкилотҳо мебошанд, ки аз ҳисоби фурӯши маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ё амалӣ намудани фаъолияти дигар ба даст меоянд;

– истифодабарии ғайримақсадноки маблағҳо –  истифодабарии ғайримақсаднок, бесарфа ва бемаҳсули маблағҳо аз буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ҳамчунин маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва махсус;

– бархурди манфиатҳо – ҳолате, ки манфиатҳои шахсии корманди Палатаи ҳисоб бо талаботи поквиҷдонона ва беғаразона иҷро намудани ӯҳдадориҳои хизматии ӯ мувофиқ намеоянд.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Палатаи ҳисоби  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1426)

Моддаи 4. Принсипҳои фаъолияти Палатаи ҳисоб 

Фаъолияти Палатаи ҳисоб мутобиқи принсипҳои зерин амалӣ мегардад:

– қонуният;

– мустақилият;

– беғаразӣ, саҳеҳӣ, поквиҷдонӣ;

– ошкорбаёнӣ то андозае, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта бошад;

– риояи стандартҳои касбӣ;

– риояи принсипи коллегиалӣ.

Моддаи 5. Мақсад ва вазифаҳои Палатаи ҳисоб

  1. Палатаи ҳисоб бо тартиби муқарраргардида оид ба лоиҳаи буҷети давлатӣ ва иҷрои он хулоса пешниҳод менамояд.
  2. Палатаи ҳисоб бо мақсади пешниҳоди маълумоти беғаразона ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат ба назорати истифодабарии маблағҳои гирифташуда ва харҷгардидаи буҷети давлатӣ ва идоракунии зарурии захираҳои давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷишҳо мегузаронад.
  3. Аудити аз ҷониби Палатаи ҳисоб гузаронидашаванда сохторҳо ва намудҳои фаъолияти зеринро дар бар мегирад:

–  тамоми мақомоте, ки аз буҷети далатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, аз ҷумла сохторҳое, ки қисман ё пурра дар ҳисоби хоҷагӣ қарор доранд;

– тамоми ташкилотҳое, ки дар онҳо ҳиссаи сармояи давлат ба таври назоратӣ маҳсуб меёбад;
– Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар бонкҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– фондҳои ғайрибуҷетӣ ва барномаҳои мақсадноки умумидавлатӣ;

– Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа;

– ташкилотҳо бо шаклҳои гуногуни моликият, ки ба онҳо маблағҳои буҷетӣ дар намуди кӯмаки молиявӣ (дар асоси бебозгашт) ҷудо мегарданд;

– амалӣ намудани созишномаҳои байниҳукуматӣ, ки оқибатҳои молиявӣ ва оқибатҳои дигари хоҷагӣ доранд;

– хусусигардонии моликияти давлатӣ, аз ҷумла иҷрои шартномаҳои хусусигардонии бо давлат басташуда аз ҷониби соҳибони нав;

– идоракунӣ ва истифодабарии захираҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи созишномаҳо оид ба тақсимоти маҳсулот;

– истифодабарии кӯмакҳо ва хизматрасонии маблағҳои қарз ва захираҳои давлатӣ бо асъори хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– воридоти маблағҳо ба буҷети давлатӣ аз сарчашмаҳои хориҷии сармоягузорӣ ва мувофиқи мақсад сарф кардани онҳо.

  1. Мақсадҳои асосии аудите, ки Палатаи ҳисоб мегузаронад, инҳоянд:

– арзёбии эътимоднокии низоми идоракунии молиявӣ, инчунин саҳеҳии ҳисоботи молиявӣ, ки сохтори дахлдор омода намудааст (аудити молиявӣ);

– арзёбии комёбшавӣ ба иҷрои вазифаҳои дар назди ташкилот ё ягон сохтори он гузошташуда (аудити самаранокӣ);

– арзёбии сарфанокӣ ва мақсаднокии истифодабарии маблағҳои буҷетие, ки ба сохтори дахлдор ҷудо карда шудаанд (аудити натиҷанокӣ). 

  Моддаи 6. Мустақилияти Палатаи ҳисоб

  1. Палатаи ҳисоб бо мақсади ҳимояи мустақилияти амалиётӣ корҳои зеринро иҷро менамояд:

– объектҳоро барои санҷиш интихоб менамояд ва новобаста аз дигар сохторҳои давлатӣ ва шахсони мансабдор, ки ин сохторҳоро роҳбарӣ менамоянд, аудит мегузаронад;

– агар дар Қонуни мазкур тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, мустақилона мавзӯъ, усул ва мӯҳлати санҷиш, инчунин шакли пешниҳоди хулосаҳои дахлдорро муайян менамояд;

– агар  мақомоти иҷроия ё қонунгузори ҳокимияти давлатӣ ба он бо дархост ҷиҳати гузаронидани аудити ғайринақшавӣ муроҷиат намоянд, дар ҳар як ҳолати мушаххас оид ба қонеъ гардонидани дархости мазкур қарор қабул менамояд. Дар сурати рад кардани дархост он ба мақоми дархосткунанда ҷавоби асосноки хаттӣ ирсол менамояд.

  1. Кормандони мақомоти дигари давлатии назоратӣ ҳуқуқ надоранд дар биноҳои Палатаи ҳисоб бе иҷозати хаттии раиси он чорабиниҳои назоратӣ гузаронанд.
  2. Маблағгузории фаъолияти Палатаи ҳисоб бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатри алоҳида пешбинӣ карда мешавад.

БОБИ 2. СОХТОР, ВАЗЪИ ҲУКУҚИИ АЪЗОИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ ВА БАРХӮРДИ МАНФИАТҲО

Моддаи 7. Сохтори Палатаи ҳисоб

  1. Ба ҳайати Палатаи ҳисоб раис, муовини раис ва панҷ сараудитор, ки аъзои Палатаи ҳисоб мебошанд, дохил мешаванд.
  2. Ба Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб раис, муовини раис ва сараудиторон дохил мешаванд.
  3. Дар ҷаласаҳои Ҳайати мушовара раиси Палатаи ҳисоб ё дар  сурати набудани раис муовини ӯ раисӣ мекунанд. Дар сурати набудани раис ва муовини ӯ ин вазифа ба ӯҳдаи сараудитори собиқаи бештари коридошта, ки дар ҷаласаи мазкур иштирок дорад, вогузор карда мешавад.
  4. Аъзо ва кормандони  Палатаи ҳисоб наметавонанд вазифаи  дигареро иҷро намоянд, вакили мақомоти намоядагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошанд, ба соҳибкорӣ машғул шаванд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.
  5. Сохтори дастгоҳи марказӣ, низомномаи Палатаи ҳисоб ва  низомномаҳои воҳидҳои сохтории онро раиси Палатаи ҳисоб тасдиқ менамояд.

Моддаи 8. Вазъи ҳуқуқии аъзои Палатаи ҳисоб

  1. Раис, муовин ва сараудиторони Палатаи ҳисоб ҳуқуқи дахлнопазирӣ доранд. Онҳоро бе розигии мақоме, ки онҳоро ба вазифа таъин намудааст, ҳабс кардан, дастгир намудан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан, ба истиснои дастгир намудан дар ҷои содиршавии ҷиноят, манъ аст. Раис, муовини раис ва аъзои Палатаи ҳисоб ҳамчунин мавриди кофтукови шахсӣ қарор дода намешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои амнияти дигарон муқаррар намудааст.
  2. Раис, муовин ва сараудиторони Палатаи ҳисоб бе розигии мақоме, ки онҳоро ба вазифа таъин намудааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ, ки бо тариқи судӣ таъин гардидааст, кашида намешаванд.
  3. Дахлнопазирии раис, муовин ва сараудиторони Палатаи ҳисоб ҳамчунин ба манзили онҳо, утоқҳои корӣ ва нақлиёти хизматиашон паҳн гардида, дар онҳо гузаронидани кофтуков ва гирифтан, гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ ва кофтукови шахсии онҳо, инчунин гирифтани мукотибот, молу мулк ва ҳуҷҷатҳо танҳо бо иҷозати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба раис, муовин ва сараудиторони Палатаи ҳисоб амалӣ карда мешавад.
  4. Нисбат ба раис, муовин ва сараудиторони Палатаи ҳисоб парвандаи ҷиноятӣ танҳо аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешавад.
  5. Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба раис, муовин ва сараудиторони Палатаи ҳисоб танҳо аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.
  6. Андозаи музди меҳнати раис, муовин ва сараудиторони Палатаи ҳисоб, инчунин шарт ва тартиби пардохти онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  7. Аъзои Палатаи ҳисоб ҳуқуқ доранд дар ҷаласаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои вобаста ба соҳаи фаъолияти Палатаи ҳисоб иштирок ва маърӯза намоянд. Раиси Палатаи ҳисоб ё дар набудани ӯ муовини раис ҳуқуқ доранд дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои вобаста ба ҳисоботи солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ ва иштирок дар муҳокимаи парламентӣ оид ба иҷро буҷети давлатӣ, инчунин доир ба масъалаҳои дигари вобаста ба вазифаҳои Палатаи ҳисоб  иштирок ва маърӯза намоянд.
  8. Нисбат ба ҳар гуна амалҳое, ки бо мақсади  монеъ шудан ба аъзоён ва кормандони Палатаи ҳисоб зимни иҷрои ӯҳдадораҳои хизматиашон ва ба хотири маҷбуркунии он (онҳо)  барои қабули қароре, ки хилофи Қонуни мазкур аст, сурат мегиранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешида мешаванд.

Моддаи 9. Бархӯрди манфиатҳо

  1. Агар узв ё корманди Палатаи ҳисоб дар ҳолате қарор дошта бошанд, ки дар он метавонад бархӯрди манфиатҳо пайдо шавад, онҳо дарҳол дар ин хусус роҳбари бевоситаи худро огоҳ месозанд.
  2. Ҳолатҳои пешгирӣ ва бартараф намудани бархӯрди манфиатҳо аз тарафи аъзо ва кормандони Палатаи ҳисоб дар Кодекси одоби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда мешаванд, ки он аз тарафи раиси он пешниҳод гардида, аз ҷониби Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб тасдиқ карда мешавад. Риояи Кодекси одоби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аъзо ва кормандони он ҳатмӣ мебошад. Ҳар  шахси манфиатдор метавонад бо Кодекси одоби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос  шавад.

БОБИ 3. ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ, ТАРТИБИ ТАЪИН,  МӮҲЛАТИ ВАКОЛАТҲО ВА ҚАТЪИ ВАКОЛАТҲО 

Моддаи 10. Талаботи тахассусӣ нисбат ба раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоб

Ба номзад ба вазифаи раис ё муовини раиси Палатаи ҳисоб талаботи зерин пешниҳод мегарданд:

– доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1426)

– донистани забони давлатӣ;

– таҳсилоти олӣ дар соҳаи иқтисод ё ҳуқуқ;- таҷрибаи корӣ дар вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаҳои ба вазифаҳои Палатаи ҳисоб алоқаманд дар муддати на камтар аз панҷ сол;

– синни на камтар аз сию панҷсола;

– надоштани доғи судӣ.

 Моддаи 11. Тартиби ба вазифа таъин намудани раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоб

(ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

Раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоб ба вазифа бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати ҳафт сол таъин карда мешаванд. Раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоб наметавонанд ба ин вазифа зиёда аз ду маротиба таъйин карда шаванд.  (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

Моддаи 12. Талаботи тахассусӣ ба сараудиторони Палатаи ҳисоб

Ба номзад ба вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоб талаботи зерин пешниҳод мегарданд:

– доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1426)

– донистани забони давлатӣ;

– таҳсилоти олӣ дар соҳаи иқтисод ё ҳуқуқ;

– собиқаи кории на камтар аз панҷсола дар соҳаҳои ба вазифаҳои Палатаи ҳисоб алоқаманд;

– синни на камтар  аз сисола;

– надоштани доғи судӣ.

Моддаи 13. Тартиби ба вазифа таъин намудани сараудиторони Палатаи ҳисоб

(ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

Сараудиторони Палатаи ҳисоб бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати ҳафт сол ба вазифа таъин карда мешаванд. Сараудиторони Палатаи ҳисоб наметавонанд ба ин вазифа зиёда аз ду маротиба таъйин карда шаванд. (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

Моддаи 14. Боздоштан ва қатъ гардидани ваколатҳои раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоб

  1. Ваколатҳои раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоб дар ҳолати мавҷуд будани яке аз асосҳои зерин боздошта мешаванд:

– бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бедарак ғоибшуда эътироф шуда бошанд;

– бинобар вазъи саломатӣ муддати тулонӣ ӯҳдадориҳои худро иҷро карда натавонанд;

– ба сифати номзад ба вакили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ба қайд гирифта шуда бошанд.

  1. Қарор дар бораи боздоштани ваколатҳои раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоб аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
  2. Раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоб пеш аз мӯҳлат бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин аз вазифа озод карда мешаванд:

– дар асоси ариза бо хоҳиши худ;  (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– бинобар вазъи саломатӣ ё бо сабабҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда натавонистани уҳдадориҳои хизматӣ;  (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1426)

– эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд нисбати ӯ;  (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал эътироф шудани ӯ;  (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– эътибори қонунӣ пайдо намудани қарори суд дар бораи татбиқ гардидани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ;  (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– вафот ё эътибори қонунӣ пайдо намудани қарори суд дар бораи фавтида эътироф гардидани ӯ;  (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– ба кори дигар гузаштан;  (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– расидан ба синни нафақа;  (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан;  (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– машғул шудан ба фаъолияте, ки ба вазифаи ӯ номувофиқ аст;  (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо.  (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

Моддаи 15. Боздоштан ва қатъ гардидани ваколатҳои сараудиторони Палатаи ҳисоб

  1. Ваколатҳои сараудиторони Палатаи ҳисоб дар ҳолатҳои мавҷуд будани яке аз асосҳои зерин боздошта мешаванд:

– бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бедарак ғоибшуда эътироф шуда бошанд;

– бинобар вазъи саломатӣ муддати тулонӣ ӯҳдадориҳои худро иҷро карда натавонанд;

– ба сифати номзад ба вакили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ба қайд гирифта шуда бошанд.

  1. Қарор дар бораи боздоштани ваколатҳои сараудиторони Палатаи ҳисоб аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
  2. Сараудиторони Палатаи ҳисоб пеш аз мӯҳлат бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин аз вазифа озод карда мешаванд:

– дар асоси ариза бо хоҳиши худ;  (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– бинобар вазъи саломатӣ ё бо сабабҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда натавонистани уҳдадориҳои хизматӣ;  (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1426)

– эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд нисбати ӯ;  (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал эътироф шудани ӯ;  (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– эътибори қонунӣ пайдо намудани қарори суд дар бораи татбиқ гардидани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ;  (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– вафот ё эътибори қонунӣ пайдо намудани қарори суд дар бораи фавтида эътироф гардидани ӯ;  (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– ба кори дигар гузаштан;  (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– расидан ба синни нафақа;  (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан;  (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– машғул шудан ба фаъолияте, ки ба вазифаи ӯ номувофиқ аст;  (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо.  (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

Моддаи 16. Талаботи тахассусӣ ба роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоб

Ба номзад ба вазифаи роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоб талаботи зерин пешниҳод мегарданд:

– доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1426)

– донистани забони давлатӣ;

– таҳсилоти олӣ;

– собиқаи кории на камтар аз панҷсола дар вазифаҳои роҳбарикунандаи вобаста ба идоракунии маъмурӣ ё молиявӣ дар мақомоти давлатӣ;

– надоштани доғи судӣ.

Моддаи 17. Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоб

Роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоб аз ҷониби Раиси Палатаи ҳисоб бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Моддаи 18. Кормандони дастгоҳи Палатаи ҳисоб

  1. Дастгоҳи Палатаи ҳисоб аз ҷумлаи мутахассисон ва дигар кормандон ташкил карда мешавад.
    2. Роҳбарии умумии дастгоҳи Палатаи ҳисоб аз ҷониби роҳбари дастгоҳ амалӣ карда мешавад. Ҳуқуқ, ӯҳдадориҳо ва масъулияти кормандони Палатаи ҳисоб тибқи Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, қонунгузории меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 19. Кодекси одоби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Раис, муовини раис, сараудиторон ва кормандони Палатаи ҳисоб ӯҳдадоранд Кодекси одоби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки қоида ва меъёрҳои рафтори кормандони Палатаи ҳисобро ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳо ва вазифаҳои хизматӣ ба танзим медарорад, риоя намоянд.
  2. Раис, муовини раис, сараудиторони Палатаи ҳисоб баъд аз таъини онҳо ба вазифа дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мазмуни зайл савганд ёд мекунанд:

“Ман, (насаб, ном ва номи падар), ба иҷрои ваколатҳои раиси (муовини раиси, сараудитори) Палатаи ҳисоб шурӯъ намуда, бо арзи садоқат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунам. Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда, поквиҷдонона, беғаразона ва ба дараҷаи баланди касбӣ вазифаҳои худро ба манфиати давлат ва мардуми Тоҷикистон иҷро менамоям. Агар ҳамин савганди ёдкардаамро вайрон кунам, дар назди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошам”.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1426)

  1. Аз ҷониби раис, муовини раис, сараудиторон ва кормандони  Палатаи ҳисоб иҷро накардани қоидаҳои Кодекси одоби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарии онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

БОБИ 4. МАҚСАДИ САНҶИШҲОИ АУДИТОРӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРИИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ 

Моддаи 20. Мақсади санҷишҳои аудиторӣ

Мақсади гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ аз ҷониби Палатаи ҳисоб инҳоро дар бар мегирад:

– арзёбии мувофиқати истифодабарии захираҳои давлатии буҷетӣ ва захираҳои дигар ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– арзёбии харидории сарфакорона ва истифодабарии самараноки захираҳои давлатӣ барои комёбшавӣ ба мақсадҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда ва натиҷанокии хароҷоти маблағҳои буҷетӣ.

Моддаи 21. Методологияи аудит

  1. Палатаи ҳисоб барои амалигардонии фаъолияти аудитории худ  методологияи заруриро таҳия ва татбиқ менамояд, аз ҷумла:

– дастурамал оид ба гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ, ки методикаи Палатаи ҳисоб  дар соҳаи аудитро дар бар мегирад;

– стандартҳои аудит бо назардошти таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ.

  1. Методологияи аудит қисми таркибии Дастури Палатаи ҳисоб мебошад.

Моддаи 22. Мазмуни фаъолияти аудитории Палатаи ҳисоб

  1. Палатаи ҳисоб санҷишҳоро, ки аз марҳилаҳои зерин иборатанд, мегузаронад:

– банақшагирии санҷишҳои аудиторӣ;

– иҷрои корҳои аудиторӣ дар маҳалҳо;

– омода намудани хулосаҳои аудиторӣ;

– назорати бартараф намудани камбудиҳои аз тарафи аудиторҳо ошкоршуда.

  1. Палатаи ҳисоб нақшаи санҷишҳои аудиториро барои соли оянда таҳия менамояд, ки дар он ташкилотҳо (ё сохторҳои ташкилотҳо) ва намудҳои фаъолияти онҳо, ки бояд санҷида шаванд, нишон дода мешаванд. Палатаи ҳисоб ҳуқуқ дорад илова ба нақшаи санҷишҳо, санҷишҳои ғайринақшавӣ гузаронад.
  2. Ҳангоми муайян намудани мавзӯъ ва намуди санҷиши аудиторӣ, ки бо истифодаи муносибат дар асоси арзёбии таваккал иҷро мешавад, Палатаи ҳисоб меъёрҳои зеринро ба назар мегирад:

– аҳамиятнокии мавзӯи санҷиши аудиторӣ;

– дараҷаи таваккал, ки  ба амалиёти мазкур хос аст;

– мӯҳлате, ки аз лаҳзаи анҷом ёфтани санҷиши қаблӣ гузаштааст;

– ҳаҷми маблағҳои буҷетӣ, ки ба ташкилот ё барномаи мазкур ҷудо карда мешаванд;

– норасоиҳо дар низоми идоракунии дохилӣ, ки дар ҷараёни санҷиши қаблӣ аз ҷониби Палатаи ҳисоб  ё дигар идораҳои санҷишӣ  ошкор карда шудаанд.

  1. Барои ҳар як санҷиши аудиторӣ сараудиторон мустақилона ё якҷоя  лоиҳаи нақшаи гузаронидани аудитро тартиб медиҳанд, ки сипас ба Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб  барои тасдиқ пешниҳод мегардад.
  2. Дар ҳар як нақшаи гузаронидани санҷиши аудиторӣ мақсади муайян нишон дода мешавад, ки дар рафти аудит бояд амалӣ карда шавад.
  3. Ҳангоми зарурат, дар доираи санҷиши аудиторие, ки аз ҷониби  Палатаи ҳисоб гузаронида мешавад, мумкин аст таҳлили  умумии низоми молиявӣ ва низоми идоракунии дохилии ташкилот гузаронида шавад. Мақсади таҳлили мазкур аз муқаррар кардани камбудиҳои ҷиддӣ дар низоми молиявии ташкилотҳо ва мувофиқати ҳисоботи молиявӣ ба стандартҳои ҳисоботдиҳӣ, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоикистон тасдиқ намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 23. Огоҳкунӣ дар бораи  аудити гузаронидашаванда

  1. Палатаи ҳисоб на дертар аз 5 рӯзи корӣ роҳбари ташкилоти санҷидашавандаро дар бораи санаи оғози санҷиш ва давомнокии он огоҳ мекунад.
  2. Пас аз гирифтани огоҳинома роҳбарияти ташкилоти санҷидашаванда барои таъмини  шароити мувофиқи корӣ ба кормандони Палатаи ҳисоб, инчунин дастрасии бемаҳдуд ба кормандони масъули ташкилоти санҷидашаванда ва маълумоти зарурӣ дар тамоми мӯҳлати гузаронидани аудит чораҳо меандешад.
  3. Агар сараудиторе, ки барои санҷиши мазкур масъул аст, тахмин намояд, ки огоҳкунии пешакӣ метавонад барои расидан ба мақсадҳои он таҳдид кунад, огоҳкунии пешакӣ амалӣ намегардад. Дар ин ҳолат сараудитор ба роҳбари ташкилоти санҷидашаванда мактуби раиси Палатаи ҳисобро бо талаби фавран  андешидани чораҳо оид ба бетаъхир гузаронидани аудит месупорад.

Моддаи 24. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони Палатаи ҳисоб  ҳангоми гузаронидани санҷиш, дастрасӣ ба иттилоот,  махфият ва санҷиши минбаъдаи бартараф намудани камбудиҳои аз ҷониби кормандон нишондодашуда

  1. Санҷиш аз тарафи кормандони Палатаи ҳисоб гузаронида мешавад, ки онро сараудитор роҳбарӣ менамояд.
  2. Кормандони Палатаи ҳисоб ба ҳамаи ҳуҷҷатҳо, ки дар ихтиёри ташкилоти санҷидашаванда қарор доранд ва ба ақидаи онҳо  ба мақсади аудит алоқаманданд, ҳуқуқи дастрасии бемаҳдуд доранд. Онҳо ҳуқуқ доранд ин ҳуҷҷатҳоро нусхабардорӣ намоянд.
  3. Кормандони Палатаи ҳисоб ҳуқуқ доранд ба мавҷудият ва санҷиши шароити нигоҳдории  арзишҳои моддии ташкилоти санҷидашаванда, ки дар ихтиёри  ташкилот мебошанд,  новобаста аз он, ки арзишҳои мазкур  дар биноҳои худи ташкилот  ва ё таҳти нигоҳдории масъули дигар ташкилот қарор доранд, боварӣ ҳосил кунанд.
  4. Кормандони Палатаи ҳисоб ҳуқуқ  доранд аз шахсони масъул шарҳу маълумоти зарури шифоҳиро бо дархост барои мақсадҳои хизматӣ дар ҳар вақт ба даст оранд. Онҳо инчунин метавонанд аз кормандони ташкилоти санҷидашаванда пешниҳоди  маълумотро  дар шакли ҷадвал ва рӯйхатҳои махсус  талаб намоянд.
  5. Кормандони Палатаи ҳисоб ҳуқуқ  доранд  ба биноҳои ташкилоти санҷидашаванда бо мақсадҳои хизматӣ ҳар вақт ворид шаванд.
  6. Агар ташкилоте, ки дар он Палатаи ҳисоб санҷиш мегузаронад, ба кормандони Палатаи ҳисоб барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дархостшуда ва дастрасӣ ба кормандони масъул монеа шавад, сараудитор оид ба ин масъала дарҳол роҳбарияти худро дар шакли хаттӣ огоҳ месозад.
  7. Ба кормандони Палатаи ҳисоб паҳн намудани  маълумоте, ки дар натиҷаи санҷиш дастрас шудааст, манъ аст. Кормандони Палатаи ҳисоб ӯҳдадоранд ба тамоми маълумоте, ки ҳангоми аудит ба онҳо ошкор гардидааст, ҳамчун маълумоти махфӣ муносибат намоянд. Онҳо  бо кормандони ташкилоти санҷидашаванда танҳо он масъалаҳоеро муҳокима менамоянд, ки  ба санҷиш муносибати мустақим доранд.
  8. Ҳуҷҷатҳои корӣ, ки аз ҷониби кормандони Палатаи ҳисоб дар ҷараёни санҷиш тартиб дода мешаванд, махфӣ ба ҳисоб рафта, моликияти  Палатаи ҳисоб мебошанд. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳо бояд тавре ба роҳ монда шавад,  ки шиносоии кормандони ташкилоти санҷидашаванда бо мазмуни ҳуҷҷатҳои мазкур ғайриимкон бошад.
  9. Пас аз анҷоми санҷиш сараудитор бояд роҳбари ташкилотро аз натиҷаҳои санҷиш шинос намояд ва дар мавриди розӣ будани ӯ бо хулоса ва натиҷаи санҷиш ба санади санҷиш имзоҳои худро гузоранд. Дар мавриди розӣ набудани роҳбари ташкилот бо натиҷаи санҷиш ва рад кардани баимзорасонии санади санҷиш, сараудитор, ки барои гузаронидани санҷиш масъул аст, бо иштироки комиссия санад тартиб дода, ба он имзо мегузорад. Роҳбари ташкилот бояд ба таври хаттӣ сабаби рад кардани баимзорасонии санадро асоснок намояд.
  10. Агар аз ташкилоте, ки дар он санҷиш гузаронида шуда буд, то мӯҳлати муқарраршуда ба эроду тавсияҳо шарҳи ҷавобӣ пешниҳод нагардад ё ин ки он мақсади худро дар бораи пурра ё қисман ислоҳ накардани камбудиҳои дарҷгардида изҳор намояд, дар ин маврид сараудитор нусхаи хотимавии хулосаро омода намуда, ба он ҷавоби ташкилоти санҷидашударо (агар  он мавҷуд бошад) замима мекунад ва онро барои баррасӣ ба Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб пешниҳод менамояд.
  11. Дар сурати аз ҷониби Палатаи ҳисоб ошкор гардидани  ҳолатҳои азонихудкунӣ, исрофкорӣ, тасарруф ва норасоии маблағҳои давлатӣ маводҳои санҷиш ба мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ фиристода мешаванд.
  12. Дар сурати ризоияти ташкилоти санҷидашаванда барои бартараф намудани камбудиҳо тибқи тавсияҳои пешниҳоднамудаи Палатаи ҳисоб ҳатман протокол тартиб дода мешавад, ки дар он мӯҳлати иҷрои тавсияҳои мазкур нишон дода мешавад. Бо мақсади назорати иҷрои тавсияҳои пешниҳоднамудаи Палатаи ҳисоб ва бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида сараудитор санҷиши минбаъдаи иҷрои тавсияҳо ва бартараф намудани камбудиҳоро амалӣ менамояд.
  13. Агар  сараудитор дар ҷараёни санҷиши назоратӣ ба хулоса ояд, ки тавсияҳои Палатаи ҳисоб аз тарафи ташкилоти санҷидашуда пурра ё қисман иҷро нашудаанд ва камбудиҳои қайдгардида бартараф нагаштаанд, далелҳои мазкур барои баррасӣ ба Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб пешниҳод карда мешаванд.

Моддаи 25. Ҳуқуқ ва  ӯҳдадориҳои ташкилоте, ки дар он аудит гузаронида мешавад

  1. Шахси мансабдори ташкилоте, ки дар он аудит гузаронида мешавад, ҳуқуқ дорад:

– вақт ва мӯҳлати гузаронидани аудити самаранок, натиҷаҳои он, хулоса ва тавсияҳоро (агар онҳо мавҷуд бошанд) донад;

– ба кормандони Палатаи ҳисоб, ки ҳуҷҷати дахлдорро барои гузаронидани аудити самаранок пешниҳод накардаанд, иҷозат надиҳад;

– асоснокии пурраи хаттӣ дар бораи тамдиди мӯҳлати гузаронидани аудитро дастрас намояд ва дар ҳолате ки агар шахси мансабдор ба хулоса ояд, ки тамдид намудани мӯҳлати гузаронидани аудит беасос аст, ба суд муроҷиат намояд;

– ҷуброни зарарро, ки дар натиҷаи ҳаракатҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби кормандони Палатаи ҳисоб расонида шудааст, талаб намояд;

– дар мавриди ҳаракатҳои ғайриқонунии кормандони Палатаи ҳисоб, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро огоҳ созад.

  1. Шахси мансабдори ташкилоте, ки дар он аудит гузаронида мешавад,  ӯҳдадор аст:

– ба кормандони Палатаи ҳисоб  барои  гузаронидани аудит шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда, тамоми маълумоти дархостшавандаро  пешниҳод кунад, дурустӣ ва пуррагии маълумотҳои мазкурро таъмин намояд;

– ба амалҳои кормандони Палатаи ҳисоб дахолат накунад, онҳоро ба иштибоҳ набарад, барои гузаронидани аудит монеа нашавад ва миқёси гузаронидани онро маҳдуд насозад;

– ба кормандони Палатаи ҳисоб барои гузаронидани аудит ва омӯзиши ҳуҷҷатҳо дар давоми вақти корӣ бе қатъ намудани фаъолияти ташкилоти санҷидашаванда иҷозат диҳад.

  1. Барои рад ё саркашӣ намудан аз пешниҳоди саривақтии маълумоти зарурӣ ё ҳуҷҷатҳо тибқи талаби Палатаи ҳисоб, ҳамчунин пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ва саркашӣ аз додани ҷавоб ба саволҳои ба таври қонунӣ додашуда, шахси мансабдори ташкилоте, ки дар он аудит гузаронида мешавад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Моддаи 26. Ҷалб кардани экспертҳои беруна

  1. Палатаи ҳисоб барои кӯмак дар иҷрои кори аудиторӣ метавонад аз хизматрасонии экспертҳои беруна истифода барад.
  2. Хароҷоти маблағи хизматрасонии экспертҳои беруна аз ҳисоби сметаи хароҷоти   Палатаи ҳисоб  пардохт карда мешаванд.
  3. Интихоби  экспертҳои беруна дар доираи тартибе, ки аз ҷониби раиси Палатаи ҳисоб пешниҳод ва Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб тасдиқ намудааст, амалӣ мегардад.

БОБИ 5. ВАЗИФАҲО ВА САЛОҲИЯТИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ 

Моддаи 27. Вазифаҳо ва салоҳияти Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб

  1. Мақоми олии Палатаи ҳисоб Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб мебошад.
  2. Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб Дастури Палатаи ҳисоб ва мазмуни кори соҳаҳоеро, ки сараудиторон роҳбарӣ менамоянд, тасдиқ мекунад.
  3. Маҷлиси Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб аз рӯи зарурат аз ҷониби раиси он ё бо талаби аз се як ҳиссаи аудиторони Палатаи ҳисоб, вале на кам аз як маротиба дар як моҳ, даъват карда мешавад.
  4. Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб дар мавриде салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки агар дар он на кам аз се ду ҳиссаи аъзои Палатаи ҳисоб иштирок дошта бошад.
  5. Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб дар маҷлиси худ қарор қабул менамояд, ки он аз ҷониби раиси Ҳайати мушовара имзо карда мешавад.
  6. Маҷлисҳои Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб ба таври кушода гузаронида мешаванд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ ва Дастури Палатаи ҳисоб маҷлисҳои пӯшида низ гузаронида мешаванд.
  7. Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб:

– нақшаи кории солона ва тағйиру иловаҳоро ба нақша тасдиқ менамояд;

– лоиҳаи сметаи хароҷоти Палатаи ҳисобро тасдиқ менамояд;

– оид ба қонеъ гардонидани дархост барои гузаронидани аудити ғайринақшавӣ қарор қабул мекунад;

– хулосаҳои аудитории Палатаи ҳисобро тасдиқ менамояд;

– Дастури Палатаи ҳисоб ва дастурамал оид ба тартиби гузаронидани санҷишҳои аудиториро тасдиқ мекунад, инчунин ба ҳуҷҷатҳои мазкур тағйирот ворид менамояд

– Кодекси одоби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;

– ҳисоботи роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисобро мешунавад;

– ҳисоботҳои солона ва фосилавии Палатаи ҳисобро мешунавад;

– тартиби интихоби экспертҳои берунаро тасдиқ менамояд;

– оид ба дигар супоришҳое, ки ба аудиторон дода мешаванд, қарор қабул мекунад.

БОБИ 6. ҲИСОБОТДИҲӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРӢ

Моддаи 28. Ҳисоботдиҳии солона оид ба фаъолияти аудиторӣ

  1. Палатаи ҳисоб ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи аудиториро оид ба ҳисоботи солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  иҷрои буҷети давлатӣ барои соли гузашта пешниҳод менамояд. Хулосаи Палатаи ҳисоб бояд аз ҷамъбастҳои зерин иборат бошад:

– иҷрои буҷети давлатӣ дар асоси қонун, сарфакорӣ ва самаранокӣ;

– ба мақсад мувофиқ будан ва самараи иқтисодии пешбинишудаи тағйирот  дар андозаи  қарзи давлатии дохилӣ ва хориҷӣ;

– оқибатҳои пешбинишавандаи кафолати қарзҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда;

– саҳеҳии баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявии ташкилотҳое, ки маблағҳои буҷети давлатиро харҷ менамоянд.

  1. Палатаи ҳисоб ҳар сол ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи ҷамъбастиро оид ба фаъолияти аудитории худ пешниҳод менамояд.

Моддаи 29. Ҳисоботи даврӣ

Палатаи ҳисоб ҳуқуқ дорад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаҳои аудиториро доир ба масъалаҳои хусусияти фавридошта, ки қабули чораҳои таъхирнопазирро талаб менамоянд, пешниҳод намояд.

Моддаи 30. Ҳисоботи солона доир ба фаъолияти Палатаи ҳисоб

  1. Палатаи ҳисоб ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз охири семоҳаи аввали соли молиявии навбатӣ ҳисобот оид ба иҷрои буҷети Палатаи ҳисобро пешниҳод менамояд.
  2. Дар ҳисобот маълумотҳои зерин пешниҳод мегарданд:

– масъалаҳои кадрӣ;

– такмили ихтисоси кормандон;

– такмили методологӣ;

– технологияҳои иттилоотӣ;

– масъалаҳои маблағгузории Палатаи ҳисоб. 

Моддаи 31. Интишори хулосаҳои аудиторӣ

Палатаи ҳисоб ҳисоботҳои худро дар воситаҳои ахбори омма интишор менамояд. 

БОБИ 7. ҲАМКОРИИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ БО МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢВА БАЙНАЛМИЛАЛӢ 

Моддаи 32. Ҳамкории Палатаи ҳисоб бо мақомоти назорати давлатии молиявӣ

  1. Палатаи ҳисоб бо мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва  воҳидҳои назорати дохилии молиявӣ дар сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки пурра ё қисман аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд ё моликияти давлатӣ ба ҳисоб мераванд, ҳамкорӣ менамояд.  Барои амалӣ намудани чунин ҳамкорӣ Палатаи ҳисоб ҳуқуқ дорад тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва хулосаҳои мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва воҳидҳои назорати дохилиидоравии молиявиро, ки тайёр карда шудаанд, ба даст орад, бо кормандони онҳо машваратҳо гузаронад ва мубодилаи маълумот намояд.
  2. Палатаи ҳисоб ба кормандони мақомоти назорати молиявии дохилиидоравӣ барои иштирок дар чорабиниҳо оид ба такмили ихтисос, ки аз ҷониби Палатаи ҳисоб гузаронида мешаванд, иҷозат медиҳад ва низоми коромӯзиро дар Палатаи ҳисоб барои такмили ихтисоси кормандони онҳо ташкил менамояд.
  3. Палатаи ҳисоб аудити самаранокии назорати молиявии дохилиидоравиро дар ташкилотҳо мунтазам мегузаронад.

Моддаи 33. Ҳамкории байналмилалии Палатаи ҳисоб

  1. Палатаи ҳисоб дар доираи ваколатҳои худ ҳамкории байналмилалиро бо мақомоти олии назорати молиявии  кишварҳои хориҷӣ амалӣ менамояд.
  2. Бо ин мақсад Палатаи ҳисоб:

– ба ҳамкориҳои бевоситаи иттилоотӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва дигар намудҳои ҳамкориҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё созишномаҳои байналмилалӣ пешбинӣ намудаанд, мусоидат  менамояд;

– дар такмили ихтисоси кадрҳо, ки дар мақомоти барои гузаронидани аудит вазифадор фаъолият мекунанд, инчунин дар гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи аудити беруна кӯмак мерасонад ва кӯмак мегирад;

– оид ба лоиҳаҳои созишномаҳои байналмилалӣ, инчунин доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаҳои байналмилалии амалкунанда пешниҳод таҳия менамояд;

– дигар ӯҳдадориҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

БОБИ 8. САНҶИШҲОИ МУСТАҚИЛИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ 

Моддаи 34. Аудити самаранокӣ

  1. Мақсади аудити самаранокӣ аз сифатан беҳтар намудани ҷараёни идоракунии захираҳои давлатӣ дар асоси пешниҳоди маълумоти пурра, саҳеҳ ва беғаразона оид ба фаъолияти ташкилотҳое, ки ба раванди буҷет ҷалб гардидаанд, иборат мебошад.
  2. Аудити самаранокӣ ҳисоботро оид ба масъалаҳои иқтисод, молия, самаранокии фаъолияти амалиётӣ ва маъмурии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин тавсияҳоро оид ба такмили қонунгузории буҷетӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод менамояд.
  3. Ҳисобот метавонад масъалаҳои зеринро дар бар гирад:

1) масъалаҳои ба фаъолияти маъмурии бахши давлатӣ, ки нисбат ба он Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бартарии аудитӣ муайян намудааст;

2) қайдҳои муҳосибӣ ва дигар қайдҳо, ки аз таҷрибаи умумии қабулшудаи пешбурди баҳисобгирӣ фарқ мекунанд;

3) баҳисобгирии нодурусти воситаҳои давлатӣ, коммуналӣ ё воситаҳои ташкилоти санҷидашаванда;

4) мавҷуд набудани қайдҳои баҳисобгирӣ ва дигар қайдҳо ё амалиёти нокифоя барои:

а) ҳифзи моликияти давлатӣ ё моликияти ташкилоти санҷидашаванда;

б) таъмини аудити самаранокӣ оид ба ҷамъоварӣ ва ҷойгир намудани маблағҳои пулӣ ва пардохтҳо.

  1. Вазифаҳои асосии аудити самаранокӣ инҳоянд:

– санҷиши назоратии фаъолияти ташкилоти назоратшаванда ва муайян намудани сабабҳои ғайрисамаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ аз тарафи гирандагони онҳо;

– ҷустуҷӯи таҳлилӣ ва муайян намудани алоқамандии сабабу натиҷаҳои кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва хулосаҳои он;

– ташаккули таркибӣ, муайян намудани тавсияҳо барои беҳтар кардани самаранокии фаъолияти ташкилотҳои санҷидашаванда;

– ба мақомоти қонунгузор додани имконияти баҳодиҳӣ ба натиҷанокии қабули қарорҳо оид ба танзими раванди буҷетӣ;

– таъмини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо маълумот ва тавсияҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии истифодабарии захираҳо.

Моддаи 35. Аудити молиявии Палатаи ҳисоб

  1. Фаъолияти Палатаи ҳисоб ҳар сол аз ҷониби ширкати аудитории касбӣ бояд таҳти аудити молиявӣ қарор дода шавад, ки он аз ҷониби раиси Палатаи ҳисоб пас аз  гузаронидани озмун (тендер) таъин мегардад.
  2. Ба вазифаи ширкати аудитории мазкур омода намудани хулоса оид ба сатҳи риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор аз ҷониби Палатаи ҳисоб ҳангоми харҷи маблағҳои буҷетӣ дохил мешавад.
  3. Хулосаи ширкати аудиторӣ дар маҷлиси Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб баррасӣ карда мешавад.
  4. Пардохти ҳаққи хизматрасонии ширкати аудитории касбӣ аз ҳисоби маблағҳои дар сметаи хароҷоти Палатаи ҳисоб пешбинигардида амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 36. Баҳодиҳии мустақил ба сифати аудитҳо, ки аз ҷониби  Палатаи ҳисоб гузаронида мешаванд

Ба сифати аудитҳое, ки Палатаи ҳисоб гузаронидааст, дар панҷ  сол на камтар аз як маротиба бо тартиби муқаррарнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳо дода мешавад ва хулосаи он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

 

БОБИ 9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 37. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 38. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

          Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 Эмомалӣ РАҲМОН    

 

ш. Душанбе,

28 июни соли 2011,

№ 749

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …