Главная / Гуногун / ПАЁМБАР МУҲАММАД РАСУЛУЛЛОҲ САВ

ПАЁМБАР МУҲАММАД РАСУЛУЛЛОҲ САВ

Ҳамду сипоси бепоён Худовандро, ки моро бо фиристодани пешво ва Т0ҶИ паёмбарон Муҳаммад (с) сарбаланд кард ва аз зумраи пайравони ӯ қарор дод. Дуруд ба Паёмбари гиромй (с), ки дар роҳи саодати башарй хуршеди хуршедҳо, нури ҳақиқат ва ҳидоят аст. Худованд Муҳаммад (с) – ро дар  холе чун борони раҳмат фиристод, ки аҳли башар гарка дар дарёи ҷаҳлу зулмат буд ва сангинтарин даврони зиндагиро паси cap мекард. Омадани Паёмбар (с) дурахшидани нуреро мемонд, ки пардаи ваҳшат ва ғафлату исёнро дарид ва дунёро дубора рушанй бахшид. Худованд уро ба тамоми офарида хояш, хоса барои инсоният ба масобаи раҳмати бемунтахое фиристод, ки василаи ҳидоят ва наҷот гардид.

imagesМуҳаммад (с) раҳмат аст, зеро коинот ба эҳтироми ӯ офарида шуд ва Худованд қадру манзалати инсонро низ дар дустдорй ва пайравии Паёмбараш карор дод.

у раҳмат аст, зеро аз лутфу меҳрубонияш на танҳо инсоният, балки тамоми махлукоти дигар бархурдор буданд. у раҳмат аст, зеро Худованд уро сарчашмаи абадии ақлу дилҳо ва асоси саодати виҷдон ва баракати доимй қарор дод.

у раҳмат аст, зеро Худованд бо фиристодани Қуръон – дастури ҷовидонаи ҳидоят ва растагорй икромаш кард.

у раҳмат аст, зеро шарифтарин офаридаи Худованд, дустдоштатарин паёмбари Уст, ки дар шаби меърод ба мулокоти хеш хонд.

у раҳмат аст, зеро бе вуҷудаш дунё ба биёбони холиву ваҳшатборе мемонд.

у раҳмат аст, зеро коинот дар икроми ӯ офарида шуд ва қимати ҳастӣ дар пешгоҳи Худованд ба андозаи муҳаббат ба эшон муайян хоҳад гашт.

у раҳмат аст, зеро зебоии олам ҳама инъикоси ҷамоли уст.

у раҳмат аст, зеро Худованд бо салому дуруди пайваста мақом ва эътибори ӯро ард гузошт.

Ҳамин тариқ, дар сояи паёмбарии ӯ тамоми олам оромиву осудагии воқеиро дарёфт ва башарият, ки дар кучароҳи ҷаҳлу нодонй ғарқа дар дуди исён буд, бо баракати боз шудани дарҳои илму маърифат аз нафасхои тоза баҳраёб гардид. Дилҳои сангбаста дар дасти ӯ табдил ба хоки нарм шуданд.

Зангу қудурате, ки солҳои сол дилҳоро сияҳ, карда буд, бо оби раҳмати ӯ шуста шуд.

Ваҳшии ҳабашӣ кабл аз он ки ислом оварад, марди сангдил ва бераҳме буд, ки мардум мекушт, вале чун мусалмон шуд, аз ёрони нармдили Паёмбар (с) гардид, ки дар як он даме ашк дар чашмонаш ҳалқа мезад.

Мисоли ин гуна мардон зиёд аст. Эшон чун аз чашмаи ҳидоят об хурданд, зиндагии ҷовидонӣ, бузургиву иззат ёфтанд ва номашон дар таърих бо ин таъбири ифтихорӣ «Ерони Паёмбар (с) »сабт шуд.

Ин ҳама шаходат бар он дорад, ки Паёмбари акрам (с) бузургтарин муъҷиаи Худовандист. Оре, ҳама сифоти ӯ, чи дар зоҳир ва чи дар ботин, муъҷизаи ошкорост. Зеро ӯ раҳмат, ҳидоят ва эхсоне аз чониби Парвардигори оламиён аст ва ҳама авлиёву ҳукамо, фотеҳони мактби ҳақиқат аз бани башар пайрави ин намунаи олии инсомниянду бас. Он мисли моҳе мебошад, ки нури офтобро акс мекунад, вале дар зоти худ он нурро надорад. Аз ин хотир аст, ки роҳ ба дарёфти хушнудии Худованд аз тариқи дустдорй ва пайравии суннати Паёмбар (с) убур дорад ва ҳақиқати ин нуқта дар оёти илоҳи зерин тавзеҳ, ёфтааст.

Уммати кӣ ҳастӣ? Муҳаммади пайғамбар, салла-л-Лооҳу алайҳи ва саллам.

Номи падари Пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва сал- лам, чӣ буд? Абдуллох,.

Номи модараш чӣ буд? Омина.

Номи разиааш чӣ буд? Ҳалима.

Номи бобояш чӣ буд? Абдулмутталиб.

Номи амакаш чӣ буд? Абутолиб.

Пайғамбари мо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, дар куҷо таваллуд шудааст? Дар Маккаи Мукаррама.

ӯ кай таваллуд шудааст? 20 апрели соли 571.

Волидайни пайғамбари мо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва

саллам, кай бимурданд? Падари Пайғамбар ду мох, пеш аз таваллуд шудани ӯ бимурд. Модараш, вақте ки ӯ шашсола буд, бимурд.

Дар каlом синну сол уро пайгамбарӣ ДоДанД? Дар чиҳилсолагӣ, ӯ рисолати худро дар муддати 23 сол ба анҷом расонид.

Пайғамбари мо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, дар кадом синну сол аз ин дунё даргузашт? Дар шасту сесолагӣ.

Қабри пайғамбари мо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва сал- лам, дар куҷо воқеъ аст? Дар Мадинаи Мунаввара.

Пайғамбари мо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, чанд фарзанд дошт? Ҳафт нафар.

Духтарон: Зайнаб, Рукайя, Умму Гулсум ва Фотима.

Писарон: Қосим, Абдуллоҳ,, Иброҳим. Ҳамаи фарзандони пайғамбар, салла-л-Лоху алайҳи ва саллам, ба ғайр аз Фотима, разия-л-Лjҳу анҳо ҳангоми зинда будани ӯ бимурданд.

Занони пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, барои мо кӣ ҳастанд? Занони пайғамбар, салла-л-Лоху алайҳи ва саллам, модари ҳамаи мусулмононанд.

Зани нахустини пайғамбари мо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, кӣ асту зани охиринаш кӣ? Зани нахустинаш

  • Хадиҷаи некӯкор, разия-л-Лоҳу анҳо ва зани охиринаш
  • Оишаи некӯкор, разия-л-Лоху анҳо

Пайғамбари мо, салла-л-Лоху алайҳи ва саллам, чанд набера доштанд? Ду набераи писар – Ҳасан, разия-л-Лоҳу анҳу ва Ҳусайн, разия-л-Лоҳу анҳу; ва ду набераи духтар

– Зайнаб, разия-л-Лоҳу анҳо ва Сукайна, разия-л-Лоҳу анҳо

Онҳо фарзандони кистанд? Алӣ, разия-л-Лоху анҳу ва Фотима, разия-л-Лоҳу анҳо

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …