Главная / Гуногун / Падар (Ҳикоя)

Падар (Ҳикоя)

Аз ҳавои хуши зодгоҳаш чуқур нафас кашида, Тоҷинисо бо писараш чун наврўзи баҳор ба остонаи хонаи падар қадам мегузорад. Ва эҳсоси он ки модараш ўро пешвоз намегирад, сараш ба шўр омада, дилаш пурғусса мегардад.

Ҳа, бе модараш ҳавлӣ холӣ, хона тиҳӣ!

pritcha-01Вале эҳсоси он ки падараш ҳаст, акаҳову хоҳараш ҳастанд, дили ўро таскин медиҳад.

Вале гўё ба оғўши сарди тирамоҳ афтода бошад, якбора лолу карахт мегардад. Ба ў чунин менамояд, ки ба манзили бегонае афтодааст. Ва чун дузде, ки ба даст афтодааст, бо ҳарос ба чор сў чашм медавонад. Хонаю дарро дар як ҳоли табоҳ мебинад. Деворҳои гирди ҳавлӣ ҷо-ҷо афтода буданд. Оташдонҳои модараш ба замин яксон, оғилхонаву каҳдон на дар доштанду на бом. Аз гулбуттаҳои модар ному нишоне намонда. Аз дарахтони ҳавлӣ кундаҳо боқӣ монда буданду халос. Саҳни ҳавлиро шўраю янтоқ пахш карда буданд. Дар мобайни ҳавлӣ тўдаи хокистар ва хокрўба ба назар мерасид. Гирду атрофи хона пур аз ифлосӣ, гўё солҳо ин ҷониб тамиз нашуда ва ҷорўб надида бошад.

Дари хона яктарафа овезон, чашмакҳои тиреза шикаста. Ҳама ҷо ҷим-ҷит, садое шунида намешуд, гўё ин ҷо касе намезист. Тарсу ларзе ба тамоми вуҷудаш медавад. Ҳазор фикру хаёл ба сараш ҳуҷум меорад. Дилаш таҳ мекашаду сараш чарх мезанад. Ҷомадон аз дасташ раҳо шуда, ба рўи замин меафтад. Шўҳрат ҳайратзада ба рўи ў нигоҳ мекард. Шараққоси дарвоза Тоҷинисоро аз банди хаёлоти мағшуш раҳо мекунад. Вай тоб хўрда, падарашро мебинад. Падараш на риш дошт, на фаш. Басо хаставу ранҷуру нотавон менамуд. Як эҳсоси номаълум дили Тоҷинисоро фишор медиҳад. Ин лаҳза чашми падараш ба ў меафтаду як қад мепарад:

– Ҳой, ту кистӣ?!

Ҳайрону музтар Тоҷинисо ба Шўҳрат ва Шўҳрат ба ў менигарад. Падараш оҳиста-оҳиста пеш меомад ва мегуфт:

– Ҳой, ин ҷо чӣ мекобӣ?! Дуздӣ даромадӣ?!

Нафаскашии пиронаи падар баръало ба гўши Тоҷинисо мерасад.

– Салом, падар!

Гўё дар ҳамин дам тамоми пешонаи падарро чин пахш мекунад.

– Ту кистӣ?

– Ман… Ман Тоҷинисо, – бо ҳаяҷону овози ларзон мегўяд Тоҷинисо.

Падараш ба ў бегонавор ва сангин нигариста:

– Эҳ, ин тўӣ, Тоҷинисо, – мегўяд.

– Падарҷон! – Тоҷинисо ба сўяш давида, ба гарданаш маҳкам мечаспад. Аз чашмонаш ашк ҷорӣ мешуду аз сару рўи падар гаштаву баргашта мебўсид.

– Бас! Шуд! – норозиёна нидо менамояд падараш. – Сар те!

Аммо Тоҷинисо падарашро аз оғўшаш ҳеҷ раҳо карданӣ набуд. Мехост ўро ба сари синааш зер кунад, бўй кашаду ашк резад. Ашк резаду бўй кашад.

Аммо падараш бехудона:

– Сар те! – гўён, дод зада, ўро тела медиҳад.

Қадаме қафо рафта, Тоҷинисо дасту по мехўрад.

Парда-бобо гиребонашро дошта, ба сари синааш туф мекунад. Сипас бо абрўвони гиреҳ ва хашмолуд ба ў нигариста, бо адоват нидо мекунад:

– Ин чӣ афту андом аст?! Худатро маймун кардаӣ-ку?!

Гўшҳои Тоҷинисо қулф мезананд. Парда-бобо ғур-ғуркунон идома медиҳад:

– Охир, занро бо мўю рў гуфтаанд.

Дар ниҳоди Тоҷинисо чизе канда мешаваду аламе таконаш медиҳад, вале худро ба даст мегирад. Мехоҳад бигўяд, ки: “Мардро бошад бо ришу фаш!” Вале худдорӣ мекунад. Ва ба писараш мегўяд:

– Рав, бо бобоҷонат салом кун.

– Не, не, намехоҳам, – мегўяд Шўҳрат ва дар паси модараш пинҳон мешавад.

– Не нагўй! – хитоб мекунад Тоҷинисо. – Тез рафта, салом кун!

Аз паногоҳи худ оҳиста сар мекашад Шўҳрат ва бо тарсу ҳарос ба бобояш менигарад.

– Э, гўсолаи бешох! – ба сари ў дод мезанад бобояш. – Биё, ман бобоят.

Ин ҳангом ба ҳавлӣ Мавлуда-хола, зани миёнсоли мавзунқомати гандумгун ворид мегардад.

– Кўдакро сарзаниш накун! – танбеҳомез ба Парда-бобо мегўяд ў. – Айби ў чӣ? Кўдак фаришта аст, неку бада тез мефаҳмад. Ин сазои худат. Беҳуда нагуфтаанд, ки: “Гандум корӣ – гандум даравӣ, ҷав корӣ – ҷав!”

– Хайр, бас! – сухани ўро бурида, дўғ мезанад Парда-бобо. – Саг барин наҷак!

Вале Мавлуда-хола ба ин суханони ў заррае аҳамият надода, ба назди Тоҷинисо меояд ва бо як муҳаббати бепоёне оғўш кушода, ўро канор мегирад ва сарашро ба сандуқи дилаш зер мекунад. Аз пешонааш бо лабони ларзонаш гаштаву баргашта мебўсад. Ва бо садои пур аз шодиву сурур ҳолу аҳвол мепурсад:

– Оҳо, омадӣ, Тоҷинисо, садқат шавам! О, ин қадар дер омадӣ, моро пазмон кардӣ, қурбон!

Баъд ба Шўҳрат ишора карда, бо саросемагии бачагона мепурсад:

– Ин кавкбача писарат?

Табассум менамояд Тоҷинисо ва аз симои гулгуни ў чашм наканда:

– Ҳа, – мегўяд.

Аз хуршеди рухи Мавлуда-хола вазъи вазнину ноҳинҷори Тоҷинисо каме сабуктар мегардад.

– Оҳо, гулписар муборак шавад! – мегўяд Мавлуда-хола ва Шўҳратро ба оғўш мекашад ва бо як меҳри беандозаи модарона бўсаборон мекунад.

Хурсандиву нишот Мавлуда-холаро торафт бештар фаро мегирифт. Ҳис карда мешуд, ки майли сўҳбату дил холӣ кардан дорад. Вале Парда-бобо ба ин имкон намедиҳад.

Дар чашмони Тоҷинисо оташи дарду алам аланга мезанад. Ва ў бо ҳасрат оҳе мекашад.

– Ҳеҷ гоҳ оҳ накаш, – мегўяд Мавлуда-хола. – Хуб нест. Фаҳмидӣ? Хайр, сўҳбат боқӣ.

Мавлуда-хола сабук-сабук по партофта, ҳавлиро тарк мекунад.

– Худоё, тавба! – мегўяд Парда-бобо. – Зан ки пир шуд, майнаашро мехўрдааст.

Як чизи лўндае дар гулўи Тоҷинисо дармемонад.

– Х-а-айр, – норозиёна абрў бар ҳам мекашад Парда-бобо. – Ба хона даро.

Дар хона бўи ба ҳам омехтаи пўпанак, рутубат ва косаву табақи ношуста ҳукмфармоӣ мекард. Аз қолинҳое, ки пеш ба девор овезон буданд, на ном буду на нишон. Ҷо-ҷо андоваи деворҳо рехта, сақф рангпаридаву сиёҳгашта. Гилеми рангпаридаи фарш ҷо-ҷо суда шуда, аз байни он замини фарш ба чашм менамуд. Панҷ-шаш кўрпача ва се-чор болишти чиркин бисоти асосии хона буданд.

– Уф-фу! – бо нафрат бинӣ инҷ мекунад Шўҳрат.

– Чӣ бинӣ инҷ мекунӣ?! – бо иллату итоб ба сари ў дўғ мезанад бобояш. – Ин ҷо шаҳр не, деҳа.

Ногоҳ аз кунҷи хона муше чолокона сўи дар медавад. Шўҳрат тарсида, худро ба оғўши модараш мезанад. Бобояш қоҳ-қоҳ механдад.

– Э, шаҳрии буздил-е! О, ин муш аст, муш! Ё фил гумон кардӣ?! Шаҳриҳо тарсончак мегуфтанд, рост будааст.

Ин суханон ба Тоҷинисо намефоранд. Вай як табассуми ранҷишомез карда, бо тамасхур:

– Ҳа, ин муш аст, писарам, – мегўяд. – Муши наҳс.

– Муши маро таҳқир накун! – хушҳолии яклаҳзаинаи Парда-бобо ғайб мезанад. Рўяш турш, абрўвонаш чин мешаванд.

Хона ҷим-ҷит мегардад.

Онҳо якчанд дақиқа хомўш менишинанд. Ниҳоят Парда-бобо сар бардошта, ба гап медарояд. Акнун ў беист гап мезад. Гап мезаду худ намедонист, ки чиҳо гуфта истодааст. Ба қавле яке аз боғу яке аз роғ. Яъси ногуворе Тоҷинисоро ба доми худ мекашад. Дилаш ба дард даромада, паи ҳам сих мезанад. Суханони падарашро бо эҳсоси мағшуш гўш мекард. Вай беист гап мезад, Тоҷинисо наметавонист пеши даҳони ўро бигирад. Оқибат Тоҷинисоро дигар тоқати шунидани суханони падар намемонад. Аъсобаш таранг мешаванд. Ҳар як калимаи падар ўро ба сутўҳ меовард. Вай чуқур-чуқур ва вазнин-вазнин нафас мекашид, гўё ба қуллаи кўҳе баромада истода бошад. Хайрият дар кушода мешаваду писараке калла мекашад. Шўҳрат зуд мехезаду дартоз берун меравад.

Боз хона ҷим-ҷит мегардад.

Ин лаҳза дар болои раф муш пайдо мешавад. Вай қимир-қимир нонреза мекофт. Тоҷинисо мушро меронад.

– Ба муши ман кордор нашав! – ба сари ў дод мезанад падараш.

Аз ин гапи падар ў як қад парида, худро гум мекунад. Сипас худро ба даст гирифта:

– Магар дигар гапи мегуфтанӣ надоред? – мегўяд.

– Надорам, – оташин шуда, мегўяд падараш.

Ким-чӣ хел як ҳаросе ба дили Тоҷинисо ҷо мегардад. Вай лаҳзае чанд ҳайратзада ба падараш чашм медўзад. Падараш оҳе мекашаду мегўяд:

– Ту чӣ медонӣ. Хаёл мекунӣ, ки ман ғам надорам.

– Ғам?

– Ҳа, ғам, ғами гарон, – падараш бадқаҳрона ба сўи ў назаре меафканад ва ба гилаву ҷингила меоғозад. – Э, шаб нагуфтам, рўз нагуфтам – меҳнат кардам, заҳмат кашидам, азобу уқубат кашида, ҳамаатонро ба воя расонидам. Омада-омада, дар пеши мардум шармандаву шармсор, забонкўтоҳу рўсиёҳам кардед.

Гулўгир мешавад Тоҷинисо ва вазнин-вазнин нафас кашида, бетоқатона мепурсад:

– О, чӣ хел?

– Чӣ хел?! – бо димоғи сўхта ва озурдадилона мегўяд падараш. – Акаҳоят ба гапам гўш надоданд. Ба Россия рафтанд. На хату на хабар. Бе ному нишон. Занҳояшон баромада рафтанд. Хоҳарат ҳам думи як боевикро гирифта рафт. Аз ў ҳам дигар на хат шуду на хабар. Беному нишон, мурдаю зиндааш маълум не. Ман мондаму сари сахтам.

Парда-бобо дурўғ гуфт ва гумон кард, ки Тоҷинисо дурўғгўии ўро пай мебарад – хомўш мешаваду дигар чизе намегўяд. Дурўғҳои падарро Тоҷинисо дарк мекунад. Дилаш гиреҳ зада, чашмонаш хира мешаванд. Дигар худдорӣ карда наметавонад. Гиря банди гулўяшро мегирад. Рўймолчаро лаҳзае ба чашмонаш зер карда, ҳуҷуми ашку гиряро пасанда месозад.

Падараш ба берун мебарояд, вале ба зудӣ бозмегардад.

– Ман ба масҷит рафтам, – гўён, дубора бадар меравад.

Яъси гароне Тоҷинисоро ба доми худ мекашад. Худро басо хору залил ҳис мекунад. Муддати зиёде ноҷунбон, чун суроби сангине менишинад. Саранҷом аз ҷояш мехезад, то ки паи коре шавад. Ва ин лаҳза эҳсос мекунад, ки хеле гурусна мондааст. Аз ин рў тасмим мегирад, ки хўроки шом омода мекунад. Ин сў, он сўро мекобад. Ба ҷуз чанд дона пиёзи намкашида, қадре равған ва каме орди кўҳна, дигар чизе намеёбад.

– Худоё, чӣ пазам?

Аз хаёлҳои бе сару нўг мағзаш гиҷ мешавад. Ногоҳ ба ёдаш атола меояд. Модараш онро хеле бомаза мепухт. Вай атола мепазад.

– Э, ин бекора, намехўрам, – бинӣ инҷ мекунад Шўҳрат ва бо қаҳр косаро тела медиҳад.

Дар ин асно Мавлуда-хола меояд. Бо худ ошу нон оварда буд. Шўҳрат хурсанд шуда, ошро боиштиҳо мехўрад. Мавлуда-хола Тоҷинисоро дилбардорӣ мекунад, ба зурӣ аз оши овардааш мехўронад. Вақти рафтан бо лаҳни ороме мегўяд:

– Зиқ нашав. Сабр пеша намо. Ҳамааш хуб мешавад.

Лаҳзае пас падараш аз масҷит бармегардад.

– Масҷит набошад, аз зиқӣ мекафию аз гўшнагӣ мемўрӣ, – худ ба худ мегўяд ў ва чашмаш ба табақи ошолуд меафтад.

– Ҳа-а, ҳам ош пухтӣ, ҳам атола?! – чашмонаш калон кушода мешаванд.

– Не, ошро Мавлуда-хола овард, – ғамгинона ҷавоб медиҳад Тоҷинисо.

Парда-бобо бо андоми туршу абрўвони овезон ба Тоҷинисо менигарад. Ин лаҳза чароғ хомўш мешаваду ҳама ҷойро торикӣ фаро мегирад. Якбора Шўҳрат ба инҷиқӣ медарояд.

– Тоқат кун, ҳоло дар мегирад, – ўро ором карданӣ мешавад Тоҷинисо.

– Не, дар намегирад, – бо зарда мегўяд падараш. – Ҳар шаб ҳамин вақт мекушанд. Чароғро дар гирон.

– О, ин чароғ бутун нобуд-ку? – бо ҳайронӣ мегўяд Тоҷинисо. – Боз натаркад…

– Э, забоната ғунда газад! – дағалона мегўяд Парда-бобо.

– Охир, ин сўрох…

– Як беимон нав гуфта, ба ман фурўхт. Сақич часпон, шудан мегирад.

Чароғ хира-хира месўхт.

– Ин қадар хира?! – дили Шўҳрат тамоман танг мешавад. – Модарҷон, баланд кунед.

Нав Тоҷинисо даст ба чароғ мебурд, ки падараш дод мезанад:

– Баланд накун!

Як қад парида, Тоҷинисо дасташро қафо мекашад.

– Шиша мекафад! – мегўяд падараш. – Шиша қимат!

Аз зиқӣ Шўҳратро хоб зер мекунад, чашмонаш нимпўш мешаванд. Вай ба модараш рўй меорад:

– Модарҷон, хоб дорам.

– Хайр, хоб кунед, – мегўяд Парда-бобо ва хонаи хоби худаш меравад.

Барои писараш Тоҷинисо ҷойгаҳи хоб омода мекунад.

– Мо-дар-ҷон… Хобида наметавонам. Ҷойгаҳ бўй мекунад.

– Хайр, нозу нуз накун, писарҷон, – бо овози орому нарм мегўяд Тоҷинисо. – Тоқат кун. О, ту мард-ку.

Баъд ҷойгаҳи худро ҳам омода карда, ноилоҷ зери кўрпа медарояд. Бўйи баде ба димоғаш мезанад. Чашмонаш пури ашк мешаванд. Ин лаҳза доду войи падараш баланд мешавад.

– Тоҷинисо, чароғро гирифта, биё!

Саросема чароғро гирифта, ба хонаи хоби падараш меравад. Падараш дасту по меҷунбонд, доду вой мегуфт.

– Тоҷинисо, ёрӣ деҳ!

– Чӣ шуд? – мепурсад Тоҷинисои ҳайратзада.

– Лаънатӣ, маро мехўрад, – дасту по ҷунбонда мегўяд падараш. – Маро мехўрад.

Ин вақт аз даруни шалвори падараш як мушбача баромада, худро ба сўрохии бехи девор мезанад.

– О, ин муши худатон-ку?

Аз шиддати завқ Шўҳрат дасташро болои дилаш гирифта, механдид ва пойҳояшро ба замин мекўфт.

Парда-бобо ба як ҳолати ногуворе афтода, оҳе мекашаду ба рўи замин мешинад.

– Бобо, ёрӣ лозим нест?

Аз ин саволи ногаҳонии набера бобо гаранг мешавад ва якбора чӣ гуфтанашро намедонад. Сипас ба худ омада, дўғ мезанад:

– Рав, хоб кун!

pdfМодару писар ба хонаи хабашон бармегарданд. Шўҳратро тез хоб мебарад. Ба чашмони Тоҷинисо то дер вақт хоб меҳмон намешавад. Посе аз шаб мегузарад. Хомўшии пурасроре ҳукм меронд. Бо чароғ: “Чашмаки ту, чашмаки ман” – гўён, андешаҳояш дар олами рўъёву таҳайюл сайр мекарданд. Ногоҳ пардаи хомўширо даронда, овози дурушту хашмолуди падараш ба гўшаш мерасад:

– Чароғро кушӣ, намешавад. Охир, каросин мехўрад.

Ноилоҷ Тоҷинисо беҳолона аз ҷой бархоста, чароғро хомўш мекунаду боз ба ҷогаҳ медарояд.

Аз нав чашмонаш пури ашк мешаванд.

Китобро ба пурраги борбардори намоед >>>>>

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …