Главная / Маданият ва санъат / Азимтарин оят дар Қуръон

Азимтарин оят дар Қуръон

Аз Ҳазрати Убай ибни Каъб (раз) ривоят шудааст, ки  Расулуллоҳ (с) фармуд:

quron

  • Эй Абӯмунзир, оё медонӣ кадом ояти Қуръон дар назди ту аз ҳамаи оятҳои Қуръон азимтар аст?

Дар посух гуфтам:

  • Аллоҳ ва Расулаш (с) беҳтар медонанд.

Дубора Расулуллоҳ (с) пурсид:

  • Эй Абӯмунзир, оё медонӣ, ки кадом ояти Қуръон дар назди ту аз ҳамаи оятҳои Қуръон азимтар аст?

Ҷавоб додам, ки:

  • “Ояти Курсӣ” аз ҳамаи оятҳои Қуръон бартару азимтар мебошад.

Ҳазрати Убай ибни Каъб (раз) мефармояд: Расулуллоҳ (с) дасти муборакро бар синаам ниҳод ва фармуд:

  • Эй Абӯмунзир, ин илму биниш бар ту муборак бод!

Аз ин ҳадис маълум мегардад, ки «Ояту-л-Курсӣ» аз ҳамаи оятҳои Қуръон азимтару бартар мебошад. Ин оят ба ин хотир ба нисбати оятҳои дигар муҳимтару бартар мебошад, ки дар ин оят тавҳиди зоти Илоҳӣ ва сифоти Илоҳӣ баён гардидааст.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …