Главная / Гуногун / Овозаю дарвоза

Овозаю дарвоза

Маъракаи қиморбозӣ, ки баъзан аз шом то субҳ давом мекард, рўз аз рўз аз авҷу барор мемонд. Ва оқибат тамоман хунук шуд.

– Бас! Ба дилам зад! – фиғон кард Касой ва қартаҳоро пора-пора карда ҳаво дод.

– Рост! Ба дили ман ҳам зад! – қартаҳои дасташро даронда гуфт Седой, ки ҳамагӣ ду моҳ пеш аз ҳабсхона озод шуда буд.

– Ҳамту гўед! – ба онҳо рўй овард Храмой.

duxtaroni-tojik-98Онҳо нафаҳмиданд, ки вай ин гапро бо тамасхўр гуфт ё бо тааҷҷуб. Бо вуҷуди ин ҳарфе ба забон наоварданд. Дигарон лаҳзае шах шуданд. Хомўшии гароне лангар партофт.

– Ё тавба! – яхи хомўширо Храмой шикаст.

– Чӣ тавба?! – баробар сўи ў чашм ало карданд Касойю Седой.

– Хайр, ба дилатон зада бошад, кори табъи дилатонро ёбед, – гуфт Храмой.

– А-а-а, фаҳмо! – мад кашид Седой.

– Рост! Ягон кори серравған ёфтан лозим, – бо ҳасрат гуфт Касой.

Вай моҳии ба соҳил афтода барин худро ба ҳар тараф мезад. Гоҳ-гоҳе озмоишкорона ба гўшаи чашм ба рафиқонаш менигарист. Ва оҳи сард мекашид.

– Ин қадар худатро обу адо накун, – нохост ба ў рўй овард Храмой. – Ин рўз танҳо ба сари мо омадагӣ не-ку. Душвор, хеле душвор, лекин тоқат кардан даркор…

– Аз ғўра ҳалво мепазад-а?!

– Ҳа, ҳар як рўзи сахт фардои боумед ҳам дорад.

– Эъ, фақат кори ту гапфурўшӣ, – якбора қаҳри Касой ҷўш зад. – Чора ёб, чора!

– Эҳ-ҳ, дар ин замонаи пурмоҷаро, бесару нўг, чӣ чора ҳам меёбӣ, – бо ҳасрат оҳ кашид Храмой.

– Баръакс, замонаи мо омадагӣ! – бо тантана гуфт Седой.

Ҳама ба ў чашм дўхтанд.

– Ҳа-ҳа! Ҳама сари калобаро гум кардагӣ. Пишакатро касе пишт намегўяд. Ихтиёр ба дасти Бахтиёр. Дилат чӣ кашад, мекунӣ. Ба хонадўздӣ гузаштан лозим.

– Не, – розӣ нашуд Касой. – Майда-чўӣда қати овора шудан лозим не, ягон амалиёти калон гузаронидан лозим. Нона газӣ калонтар газ.

– Рост, рост! – розигӣ баён намуданд дигарон.

Ҳама ба андеша рафтанд. Лаҳзае ҳама ҷоро сукунат фаро гирифт.

– Ёфтам! – ногаҳон дод зад Касой. – Ёфтам!

– Хўш, хўш, канӣ шунавем, чӣ будааст он?

– Овоза! – бо тантана нидо намуд Касой.

– Овоза? – ҳайрон шуд Храмой. – Чӣ хел овоза? Ё дарвоза будагист?

– Сари қаврат будагист! – дўғ зад ба ў Касой. – Танҳо овоза метавонад ба мо ёрӣ диҳад.

– О, чӣ хел овоза? – бо ҳайрат пурсид Храмой.

– Ба қарта овора шуда, аз гапу кори дунё бехабар мондаӣ, – писхандомез Храмойро маломат намуд Касой.

– Ту бохабар, одам барин фаҳмотар гап зан, ки фаҳмам-да, – ранҷишомез эрод гирифт Храмой.

– Овоза – яъне воҳима, – ба нақл шурўъ кард касой. – Ба ягон деҳаи бою бадавлат рафта овоза – яъне гапи дурўғ паҳн мекунем, ки масалан душманҳо ГЭС-и Норака кафонда баҳра сар медиҳанд.

– Хайр чӣ?

– Хайр чӣ, хайр чӣ?! Баъд одамон гурехта мераванд…

– Нагурезанд-чӣ? – шубҳа кард Храмой.

– Эъ, нодон. Ҷон ҳамин қадар ширин, ки бе пайку пойтоба гурехта мераванд.

– Бовар накунанд-чӣ? – боз шубҳа кард Храмой.

– Ҳоло эътиқоди ҳама аз садову симо гаштагӣ. Ба овоза бештар бовар мекунанд.

– Хайр, ана гурехтанд, баъд чӣ?

– Баъд чӣ, баъд чӣ?! – ба ғазаб омад Касой. – Баъд кор ванг! Онҳо он сў, ки шуданд, мо бо чанд мошин ба деҳа даромада, чизу чораашонро рўфта мебарем. Як умр кайфу сафо карда мехўрем. Фаҳмо?!

– А-а-а, фаҳмо! – хандид Храмой ва ин ду мисраро хонд:

                   Мискин хараке орзуи дум кард,

                   Наёфта дум, ду гўш гум кард.

– Агар ҳамин хел тухм монда зер карда шинем, ҳам аз думу ҳам аз гўш мемонем. Амал кардан лозим, амал!

– Рост! Амал лозим! – гуфт Седой, ки то ин дам хап менишаст. – Дар ҳақиқат овоза аз бомбаи атомӣ ҳам зўртар аст. Лекин…

– Боз чӣ лекин?

– Лекин аввал деҳаи бойро ёфтан лозим. Баъд овозаро кӣ паҳн мекунад? Одамон метавонанд ба мо бовар накунанд.

– Эъ, ҳамин ҳам гап шуд! – бо қаҳр гуфт Касой. – Ман аллакай ёфтагӣ.

– Наход? Канӣ шунавем.

– Деҳа деҳаи Меҳнатобод. Одамонаш меҳнатӣ, пулу молашон бисёр.

– Кадом Меҳнатобод? Дар кишвар чӣ бисёр деҳаи Меҳнатобод.

– Меҳнатободи ноҳияи худамон.

– Дар ноҳияи худамон ҳам се деҳаи Меҳнатобод ҳаст.

– Меҳнатободи боло. Дар ин деҳа ман як тағо дорам. “Як тағо ба ҷои ҳафт падар” гуфтаанд. Бо боварӣ мегўям, ки тағоям корро панҷ мекунад. Ба гапи ў дусад фоиз бовар мекунанд.

– Розӣ мешуда бошад? – пурсид Седой.

– Эъ, содда! Пул оҳана об мекунад. Ў-ку одам. Боз чӣ хел одам? Баднафс.

Маслиҳат пухт. Улфатҳо то субҳ чапак заданд. Ду рўз пас дар деҳаи Меҳнатобод бомба кафид. Овозаи “Баҳри Норак ҳуй шудааст!” чун раъду барқ паҳн гашт.

– Ҷони худойӣ! – гўён, ҳама хурду калони деҳа рў ба гурез ниҳоданд. Фиғон андохта, ҷонҳавл медавиданд. Меафтоданду мехестанд ба қафо нимнигоҳе намекарданд. Гўё ҳар қадаре аз зходгоҳ, аз деҳа, аз хонаҳояшон дур бишаванд, ҷонашон амон меёфта бошад. Овоза ба ҷону танашон чунон даҳшат андохта буд, ки на санг мегуфтанду на харсанг, на ҷариву баландӣ. Дар кўҳ паноҳ ёфтанд. Ду шабу ду рўзро бо азоби алим ташнаву гурусна паси сар карданд. Рўзи сеюм дарак ёфтанд, ки ин ҳама овоза дурўғ будааст. Бо тарсу ларз ба деҳа хамиданд. Не, деҳа дар ҷояш. Вале ёфту тофташонро рўфта бурда буданд…

21 июни соли 1993

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …