Главная / Ҷамъият / Овардани дӯзах ба арасот

Овардани дӯзах ба арасот

Овардани дӯзах ба арасот

Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, ки дӯзахро ҳафтод ҳазор маҳор аст, яъне ҷои кашидан. Ҳар маҳореро ҳафтод ҳазор фаришта мекашаду меоварад. Ҳанӯз миёни дӯзах ва аҳли арасот чандсола роҳ монда бошад, дӯзах  чунон меғуррад, ки тамоми пайғамбарон аз аввал то охир ба ду зону дарафтода мегӯянд: нафсӣ, нафсӣ, яъне, эй бор Худоё, худи моро наҷот деҳ.

Аз тарсу ҳайбати қиёмат умматону хешу табори худро фаромӯш карда, фақат барои халос ёфтани худашон дуо мекунанд. Дар он ҳол аз аҳли арасот ҳеҷ кас бар по истода  намонад, магар ҳазрати Муҳаммади Мустафо салаллоҳу алайҳи  ва саллам, ки истода бошаду асо ба даст гирифта ва чодари  шафоат бар дӯш.

Дӯзахро бинад меояд пурҷӯшу хурӯш ва аз хашм худ ба худ меҷӯшад. Чун ҳазрати Набӣ салалоҳу алайҳи ва саллам дӯзахро бинад, ки ба он ҷӯшу хурӯш меояд, пеши дӯзах равад.

Хитоби Ҳазрати Худованд даррасад, ки, эй дӯзах, ҳабиби моро мутеъ ва фармонбардор бош.

Чун Саиди олам салаллоҳу алайҳи ва саллам наздики дӯзах расад, бонг бар дӯзах занад, ки, эй дӯзах, сокин бош.

Дӯзах сокин шаваду гӯяд: – Ё Расулаллоҳ, маро бо ту чи  кораст, чун Ҳак таъоло ҳаром гардонида аст бар ман гӯшти туро?

Дар он ҳол, ки ҳамаи пайғамбарону расулони мукаррам  нафсӣ, нафсӣ, – гӯянд ва ҳазрати Муҳаммади Мустафо  салаллоҳу алайҳи ва саллам умматӣ, умматӣ, гӯяд.

Эй осии бечора, вақте ки пайғамбарони бокамоли нубувватро ҳол чунин бошад, ҳеҷ медонӣ, ҳолӣ мо осиёни харобрӯзгор чӣ гуна хохад шуд?!

Рӯзест рӯзи фардо пурваҳму шӯру ғавғо,

Оқил чаро насозад имрӯз кори фардо?

Халкон чунон бигирянд аз ҳайбати қиёмат,

К-аз оби чашми эшон гардад замин чу дарё.

* * *

Рӯзи қиёмат рӯзест, ки мард аз бародари худ, фарзанд аз модару падари худ, шавҳар аз зани худ ва падар аз писар бигурезад.

Эй бародару; хоҳари азиз, ёд кун аз он соат, ки туро дар мавқифи ҳисоб бидоранд ва як-як гуноҳи туро ба рӯи ту оранд ва агар мункир шавӣ, дасту пои ту бар ту гувоҳӣ диҳанд.

Имрӯз коре макун, ки фардо дасту пои ту бар ту гувохӣ диҳанд.

Он рӯзи адлу ростӣ хоҳад буд, ки доди мазлумонро аз золимон бигиранд, то ҳадде ки агар гӯсфанди шохдор бар гӯсфанди бешох зулм карда бошад, онро ҷазо хоҳанд дод. Он гоҳ дигар ҳайвонот, ки ғайри фариштагону одамиёну париён ва девон бошанд ва он чи Худои таъоло хоста бошад, ки монад фармон шавад. ки хок шавед ва ҳама хок шаванд. “Ва якулул кофиру ё лайтани кунту туробо”.

Одами кофир чун он ҳолро бинад, орзӯ кунад, ки эй кошке, хук ё хар мешудаму ин вақт хок шуда, аз азоб халос мешудам. Шайтон низ дар он рӯз иззату акроми одамизодро дида, орзӯ мекунад, ки эй кош, ман ҳам аз хок мебудам ва намегуфгам, ки ман аз одам беҳтарам, то имрӯз иззату икром меёфтам.

Ҳар киро номаи аъмоли ӯ ба дасти роста ӯ диҳанд, ҳисоби вай осон бошад.

Фардои қиёмат чун номаи аъмоли бандаро ба дасташ диҳанду дар номаи худ як некӣ набинад, гӯяд: – Худовандо,- агарчи ин гуноҳон кардаам, аммо ба сафҳои ҷамоат низ ҳозир шудаам ва некиҳо низ кардаам, ҳикмат чист, ки дар номаи худ имрӯз ҳама бадӣ мебинам?

Фармон расад, ки, эй банда, ин бадиҳои ту аст, ки бар як рӯи нома навиштаанд. Некиҳои туро дар тарафи дигар навиштаанд, ту бадиҳои худро бихон, то бидонӣ, ки чи кори бадкардаӣ.

Банда баланд-баланд хонданро cap кунад.

Фармон расад, ки, эй банда, оҳиста бихон, то ҳамсоягони ту нашунаванд ва дигарон аз гуноҳи ту огоҳӣ наёбанд.

Бандаи бечора номаи худро хондан гирад, ба ҳар гуноҳе, ки расад, гумон кунад, ки ин соат аз вай ба вуҷуд омадаасг.

Чун баъда хонданро тамом кунад, сари хиҷолат дар пеш афканаду тарсон дил бар азоб биниҳад.

Фармон расад, ки бандаи ман, ҳарчи кардаӣ, биёмурзидам гуноҳҳони туро. Аз ту афв кардам, эй банда, бихон некиҳои худро.

Банда хонданро, оҳиста cap кунад. Фармон шавад, ки, эй банда, баланд бихон то ҳамсоягони ту бишунаванд, ки чи некиҳо аз ту ба вуҷуд омадааст.

Банда номаи некиҳои худ баланд бихонад. Хитоби Ҳазрати парвардигор даррасад, ки, эй бандаи ман, ҳама некиҳои туро қабул кардам, ба фазли ман ба биҳишт рав.

Расули акрам (с) фармуданд, ки чун кофирро даьват карда шавад ба сӯи ҳисоб ва меояд фариштаи азоб ва пора кунад синаи ӯро ва бароварад дасти чапи ӯро аз паси пушти вай, дар миёни ду китфи вай. Пас диҳад ӯро амалномаи вай ба дасти чапи ӯ.

Гузошта мешавад дар рӯзи қиёмат тарозуи баркаши аъмол. Як паллааш дар ҷониби рости арш ва ин паллаи некиҳо бошад. Ва ниҳода шавад паллаи дигар аз ҷониби чапи арш ва ин паллаи гуноҳон бошад. Дар миёни тарозу монанди кӯҳҳо аз амалҳои ҷину инс пур бошад аз некиҳо ва бадиҳо дар рӯзе, ки баркашида шаванд.

Гуфта шудааст, ки оварда шавад шахсеро, ки наваду нӯҳ нома дошта бошад. Дарозии ҳар нома ба миқдори дарозии дидани чашм бошад. Дар он хатоҳо ва гуноҳони вай навишта шуда бошад. Пас дар паллаи тарозу он номаҳо ниҳода шаванд ва бароварда шавад барои ӯ коғазе мисли ангушти дасте.  Дар он навишта шудааст. ки “Ло илоҳа илаллоҳ Муҳаммаду-р- расулуллоҳ”.

Чун нихода шавад ин коғази калимаи тайиба дар паллаи дигар, пас вазнин шавад ин палла ба сабаби ин коғази калимаи тайиба бар ҳама гуноҳони вай. Касеро, ки паллаи некиҳояш зиёд бошад, пас он кас дар айшу роҳат аст ва  айш мекунад дар ҷаннат чӣ гунае ки хоҳад. Касеро ки паллаи гуноҳонаш зиёд бошад ва паллаи некиҳояш сабук бошад, пас ҷои бошиши ӯ дӯзах бошад, наъузу биллоҳ.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …