Главная / Гуногун / Ҳорун ар Рашид

Ҳорун ар Рашид

Ҳорун -ар-Рашидро чун мулки Миср муссалам шуд, гуфт:
– Ба хилофи он тоғӣ, ки ба ғурур малики Миср даъвои худоӣ кард, набахшам ин мамлакатро магар ба хасистарини бандагон.
Саёҳе дошт номи ў Хазиб. Мулки Миср ба вай арзони дошт ва гуянд: «Ақлу дирояти ў то ба ҷое буд, ки тоифаи хурроси Миср шикоят овардандаш, ки пунба кошта будем бар канори Нил ва борон бе вақт омаду талаф шуд». Гуфт: «Пашм боисти коштан». Ҳаким гуфт:

egypt-e1577520557743-1024x623Агар рўзи ба дониш дарфузуд,
Зи нодон тангрўзитар набудӣ.
Ба нодонон чунон рўзи расонад.
Ки доно андар он оҷиз бимонад.
***
Бахту давлат ба кордони нест,
Ҷуз ба таъйиди осмони нест.
Уфтодааст дар ҷаҳон бисёр
Бетамиз-арҷманду оқил-хор
Қиёмигар ба ғусса мурдаву ранҷ,
Аблаҳ андар хароба ёфта ганҷ.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …