Главная / Маданият ва санъат / Оростани дастурхон

Оростани дастурхон

Ороиши дастурхон ин тайёрии миз барои тановули таом ва тартиби гузоштани асбобҳо дар рӯи он мебошад. Рӯи миз зебо бошад он гоҳ ҳолати хуш, табъи гуворо ва иштиҳои таомро таъмин мекунад. Дар вақти оростани дастархон ба ягон масолеҳро ки рӯи мизро аз гармӣ нигоҳ дорад мегузоранд Баъд дастурхони рангубораш равшанро аз болои инҳо паҳн менамоянд.

Ба миз аввал он чизҳое, ки барои таноул лозим атвиёт ва боз асбобҳои ошхонагӣ (қошуқ, корд, чойнак) гузошта мешавад ва таомнома (меню) миқдори ҷои нишастро дар миз нишон медиҳанд. Таомнома (меню) – ин номгӯи таомҳо, газаку хуришҳо ва барои пагоҳи, хӯроки нисфирӯзи ва шом аст.

????????????????????????????????????

Сипас табақчаи таомро назди ҳар кас гузошта аз тарафи чап чангак ва аз тарафи рост корду қошуқ мегузоранд. Чой ё нӯшокиҳои дигар, ширавориҳо ва меваҳоро баъди истеъмоли таом ба дастурхон бояд гузошт, зеро дастурхон барои ҳамагон оро додашуда касро ба тановули бомаънию бо низом, истифодаи дурусти қошуқу корд ва чангак одат кунанд. Истифодабарии ин асбобҳо чандин садсолаҳо идома дорад ва чун унсуру одоби таомхӯрӣ қабул шудааст.

Истифодабарии онҳо нафақат барои завқ овардани гирду отрофиён, балки ахлоқу одоби таомхӯрии онҳоро нишон медиҳад. Барои ёд гирифтан ва тайёр кардани миз барои истеъмоли таом талаботҳои санитарии гигенӣ, амалӣ, эстетики (зебоӣ) ва бехатарии корро риоя кардан лозим аст. Дастурхон яке аз унсурҳои асосии ороиши низ мебошад. Дастурхонҳо гунногунранг, гунногунматоъ ва гунонгуннақш мешаванд. Шумо метавонед онҳоро мувофиқи зарфияташон интихоб кунед.

Хонанда ба дараҷаи ифлосшавӣ дар асбобҳои ошхонагӣ зарфҳо ва ғайра аҳмият диҳанд пеш аз шустан ба навҳо ҷудо кунанд. Навбатдор вазифадор аст, ки ҳама асбобҳои истифодашудаи синфхонаи технологияро тоза карда монад. Ва умуман нафақат пеш аз ороиши дастурхон барои меҳмонон ё рўзҳои ид, мавлуд, балки ҳаррўз таомро бо ороиши дастархон истеъмол кардан лозим аст, чунки он тартиботро дар миз таъмин кардани ҳозирон бо асбобҳои зарурӣ ва асбобҳои ошхонагӣ истифодабурданро меомўзонанд.

Зебо гузоштани миз дуруст гузоштани ассбобҳи зарурӣ ва ороиши таом табъи касро болида ва иштиҳоро баланд мекунад. ороиши дастурхонро ҳаррўз иҷро кардан лозим аст. Барои худ чун истфодабурдани корд, қошуқ, чангак, ки он зарурияти ҳар як инсони бо маданӣ мебошад, қабул намояд. Дар тарабхона ороиши мизро пешхизмат дар ҳавопаймо стюардесса ва ғайра иҷро мекунад.

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …