ОРИЁН

Соли 2002, аниқтараш дар арафаи ҷашни 2500-солагии шаҳри бостонии Ур (нур) ҳоло Истаравшан, тавасути нашриёти “Сурушан” китоби файласуф Иброҳим Умарзода “Ориён” ба теъдоди 500 нусха дастраси хонандагон қарор гирифт.

Азбаски теъдоди нашри китоб хеле кам буда, он на ба ҳама дастрас мегардад, мусоҳибаи мо бо муаллифи китоб Иброҳим Умарзода дар атрофи масоили гуногуни дар китоб баррасишуда сурат гирифт.

МУСОҲИБ: Дар бораи Ориён бисёр навиштаанд. Аз гуфтаи худи Шумо ҳам бармеояд, ки ҳанӯз дар Юнони қадим алакай мафҳуми “Ориёни Бузург” пайдо шуда буд. Пас, чӣ зарурате ба миён омад, ки дар ин бора китоби махсусе нависед?

МУАЛЛИФ: Ҳақ ба ҷониби Шумо аст, ки “бисёр навиштаанд” мегӯед. Вале бисёр гуфтан кам аст. Агар теъдоди китобҳои чопшударо дар бораи Ориён чи  дар Шарқ ва чи дар Ғарб ба ҳисоб гиред, шумораи онҳо ба садҳо мерасад. Ғайр аз ин, боз навиштаҳои пароканда ё лаҳзавии дар қомусу луғатҳо ҷойдоштаро бигиред, шумораи онҳо хеле зиёданд.

Вале дар кадоми он ҳақиқати таърихӣ дар бораи Ориён инъикоси пурра ва дурусти худро ёфтааст?!

Мо аз чунин савол гузоштан шарм намекунем. Зеро ин ҳақиқати таърих аст. Барои он ки Ориён “моли” тоҷикон аст. Пас, “бегонаро ба ту чӣ кор”?!

Ҳар чи “бегонагон” дар хусуси Ориён навиштаанд, барои манфиати худ кардаанд. Вале ҳақиқат аз Офтоб зӯртар аст, зеро вай ба Ҳақ вобаста аст.

Аз ин лиҳоз, чун вазифаи мо таҳлили навиштаҷоти гузаштагон ва имрӯзиён нест, дар сарсухани китоб ба хонанда муроҷиат карда гуфтем:

“Хонандаи ҳушманд! Ҳар чи ки мо дар ин ҷода ба ту муарифӣ мекунем, чизи нав нест, ки туро ба ҳайрат оварад. Ҳамаи он дар гузаштаи дур, дар китобҳову таърихҳо, қиссаҳову кутуботи динӣ, хотираҳову саргузаштҳо сабт гардида ва имрӯз аз ёди ҳамагон рафта,  ё ба ибораи дигар, барои мову ту ҳайратовар ва ҷолиби диққат шуда мондаанд… Шояд аз ҳамин лиҳоз аст, ки қиссаи саргузашти тоҷикон дар тӯли асрҳо дар дасти дигарон буду ҳақиқати таърихиро ба қавли Умари Хайём “на ту дониву на ман”.

МУСОҲИБ: Шумо зери унвони китоби “Ориён” чанд савол гузоштаед. Аз ҷумла: “Ориён кай пайдо шуданд?”, “Ватани аслии ориён дар куҷост?” ва ғайра.

МУАЛЛИФ: Бале. Дар ягон китоб мо нахондаем ва ақаллан кӯшише нашудааст, ки ба ин саволҳо посух дода бошанд. Дар “Ориён” на фақат ба ин саволҳо ҷавоб дода шудаанд, балки ба бисёр масъалаҳои ҷиддии таърихӣ, ки боиси аз байн бурдани тамаддуни волои ориёнажод гардидаанд, рӯшанӣ андохта, ҷавобҳои саҳеҳ ҳам дода шудаанд. Ҳақиқат ин аст, ки ин масъалаҳоро дар тӯли чор ҳазор сол ҳеҷ яке аз муаррихин ё файласуфҳо ошкор накардаанд.

МУСОҲИБ: Ориё чӣ маънӣ дорад?

МУАЛЛИФ: Дар Мовароуннаҳру Хуросон “орӣ” ба маънии “сарвар” “маъруф” ва ҳамчун “дастури Аҳуро Маздо” пиндошта мешуд. Зеро маънои Аҳуро – сарвар ва маънои Маздо – дониш аст, яъне Ориён маънои  “дастури Сарвари Доно – Худо” –ро дорад.

Маънои Ориён асилзода, накуном буда, номи халқи қадимиест, ки дар нишебиҳои Ҳиндукуш ва дар соҳилҳои дарёи Оксус (дарёи Ому) зиндагӣ мекарданд, – навишта шудааст дар “Большая энциклопедия”-и соли 1903. – Тадқиқотҳои лингвистӣ шаҳодат медиҳанд, ки Ориён ҳамчун табақаҳои ҳукмрони форсӣ ба ҷануб-Эрон ва Ҳиндустон ворид гардида, ҳукмронии худро барқарор кардаанд, аз тариқи дигар Ориён дар Ҳиндустон ҳамчун кастаи олӣ ба шумор мерафтанд”.

МУСОҲИБ: Маълум мешавад, аврупоиён баромади Ориёнро аз Осиёи Миёна эътироф мекардаанд.

МУАЛЛИФ: Бечуну чаро. Вале ин ба осонӣ ба даст наомад. Аврупоиён дар тӯли 300 сол Ориёнро тадқиқ кардаанд. Дар хусуси мабдаъи ибтидоии Ориён дар Аврупо баҳсҳои зиёде ба амал меомаданд, то саргаҳи Ориён муайян карда шавад. Иддае аз олимон дар асрҳои ХVII- ХVIII ақидае доштанд, ки Ориён аз қисми шарқӣ ё миёнаи Аврупо баромадаанд. Вале тадқиқотҳои олимон Кун, Макс Мюллер, Шрадер ва дигарон дар бораи тамаддуни волои Ориён ин ақидаро нисбати баромади Ориён ба куллӣ дигаргун сохт. Онҳо исбот намуданд, ки Ориёни аслӣ  ба дараҷаи олии тамаддун расида буданд. Онҳо ба  деҳқонӣ ва чорводорӣ машғул буданд. Дар асоси дини онҳо ибодати “Нур” меистодааст. Нур бошад, парастиши табиат аст.

Олимон дар бораи баромади асосии Ориён фикрҳои гуногун доранд, – менависад С. Пеше дар асри ХVIII. – Вале аксарияти кулл чунин мепиндоранд, ки он кишвар байни дарёҳои Яксарт (дарёи Сир) ва сароби Окс (дарёи Ому) аст”.

МУСОҲИБ: Ҳаракати Ориён кай оғоз гардид?

МУАЛЛИФ: Аз сарчашмаҳои хати мехӣ бармеояд, ки Наҳзати Ориён ба Месопотамия ҳанӯз пас аз марги подшоҳи машҳури силсилаи аввали тӯрониён қонунгузор Ҳаммавараббӣ (солҳои 2123-2080 пеш аз милод) оғоз ёфта буд. Ҳаммавараббӣ ҳамаи қабилаҳо ва давлатҳои қабилавии Ориёнро муттаҳид намуда, дар Осиёи Миёна як давлати муттамаркази Шумеру Аккадро  ташкил кард. Муаррихи эронӣ Ҳасани Пирниё мегӯяд: Замони Чамшедиҳо замони мусарраҳи ҷузви воҳидест, ки қавмҳои ориёнии… Осиёи Васатӣ ба ҳам будаанд”.

Ватани Ориёне, ки ба Месопотамия меомаданд, дар Шарқ воқеъ мегардид, ватани Ориёне, ки ба Ҳиндустон мерафтанд, дар шимолу ғарбии Ҳиндустон қарор мегирифт, мегӯяд Ҳеродот. Ин ақидаи юнониён боз як далели раднопазир аст, ки баромади Ориён аз Мовароуннаҳр мебошад. “Вале, – мегӯяд Ҳеродот, – тасаввурот дар бораи ин диёр (Мовароуннаҳр) дар дили муҳоҷирон боқӣ мемонд”.  Қабилаҳои ориёие, ки дар охири ҳазорсолаи дуюм ва ибтидои ҳазорсолаи якуми пеш аз милод ба Эрони ғарбӣ омада буданд, бо аҳолии маҳаллии ин ҷо ва Месопотамия махлут шуда мерафтанд. Қабл аз махлутшавӣ онҳо забону урфу одат ва тамаддуни волои ориёниро дар ин ҷойҳо паҳн мекарданд. Ва билохира, баъди ин ҷо омадани қабилаҳои ориёнӣ “эроникунии” мамлакат оғоз мегардад, ки акнун номи ин мамлакати афсонавии оянда аз калимаи “Аирянам”, яъне Эрон вирди забон мегардад.

Ориён пас аз фатҳи Эрони ғарбӣ, Ҳиндустон, Бобулистон ва тамоми ҳудуди Осиёи ғарбӣ ба Аврупо гузаштанд.

Кӯшиши Куриши Кабир дар бобати мутаҳид намудани Шарқу Ғарб натиҷаи таъсири Наҳзати оламгири Ориён буд, ки инро бо эҳтироми махсус муҳаққиқону уламои масеҳӣ то Аҳди Исо пайғамбар ёдовар шудаанд.

Пас аз давраи дурударозе, гуфтаанд олимони асри ХVIII Аврупо, Наҳзати Ориён аз Аврупо ба василаи муҳоҷирони Ориёӣ ба қитъаи Амрико, Австралия, Африқо ва галаҷазираҳои Полинезия паҳн шудааст.

МУСОҲИБ: Аз гуфтаи шумо маълум мешавад, ки ҳаракати Ориён чандин ҳазорсоларо дар бар гирифтааст. Наҳзати Ориён чӣ тавр тақсим шуда мерафтанд? Ба онҳо ягон кас сарварӣ менамуд, ё худи онҳо ба таври стихиявӣ ҳаракат мекарданд? Умуман бунёдгари ин наҳзат кист?

МУАЛЛИФ: Бунёдгар ва эҳёгари Наҳзати Ориён Тӯрониёнанд. Тӯрониён, ба гуфтаи Авесто,  қадимтарин халқи Мовароуннаҳр мебошанд. Онҳо аҷдоди тоҷикони имрӯзаанд, ки билохира,  дар ибтидои асрҳои миёна номи тоҷдории хеш – “тоҷикон”-ро барқарор намудаанд. Наҳзати Ориён хусусияти илмӣ, маърифатӣ дошта, аз худопарастӣ фориғ набудааст.

Дар китоби, “Ориён” роҷеъ ба ҳаракати Ориён хеле зиёд ва муфассал сухан ронда шудааст. Вале ҳоло мо дар ин хусус тадқиқоти олими олмонии асри ХVIII Шлейхерро мисол меорем. Ӯ дар натиҷаи тадқиқоти дурудароз ба хулосае омад, ки аввал шохаи нахустини Ориён ташаккул ёфта, баъдан ба қабилаҳои гуногун тақсим шуда рафтаанд. Дар Аврупо ҳам, масалан, қабилаҳои олмонӣ, литвонӣ, славянӣ ва дигарон аввал худ Ориёнро пазируфта, сипас дар байни дигар халқу қабилаҳо паҳн мекардаанд. Шохаи дигари асосии паҳншавии Ориён аз келтҳо, юнониён (бо қабилаҳои фраки юиллирӣ) ва итолёӣ  иборат буданд, ки онҳо низ аввал худ орӣ гардида, сипас ба паҳн намудани он камар бастаанд.

МУСОҲИБ: Дар китобатон мегӯед, ки “… имрӯз забони Ориён мабдаъи асосии забонҳои Осиё ва Аврупо, Амрико ва Австралия,  Африқо ва Полинезия гардидааст”.

МУАЛЛИФ: Ин ақидаи нав нест. Дар китоби “Ориён” ба даҳҳо муаллифони асрҳои гузаштаи Аврупо истинод карда ва асарҳои онҳоро, ҳам ба забони худашон ва ҳам ба тоҷикӣ овардаем, ки муҳаққиқони оянда аз он истифода кунанд. Хизмати олимони Аврупо дар  ин хусус бебаҳо аст. Вале тадқиқотҳои илми ҳозира шаҳодат медиҳанд, ки забони Ориён имрӯз мабдаъи зиёда аз 500 забони Сайёра гардидааст. Забони Ориён дар таърихи башар ягона забонест, ки қариб дар тамоми кураи арз доман паҳн кардааст. Чунин забонро фақат халқе офарида метавонад, ки тамаддуни воло дошта бошад. Вале тамаддуни моро бошуурона ва аз рӯи нақшаи пешакӣ мураттабгардида аз байн бурданд. Нафақат ҳазорон китобхонаҳои мо аз замони Арасту сар карда, то қатли оми умумии соли 1937 ба оташ андохта шуданд, балки шаҳрҳоро ҳам ба боди фано бурданд. Дар замони Бохтари Кабир шаҳрҳои бузурге бунёд шуданд, ки онҳоро артиши Искандари Мақдунӣ батамом вайрон сохт.

МУСОҲИБ: Мо аз таърих медонем, ки забони аз ҳама қадимтанрин забони Ҳиндии қадим – санскрит аст ва бесабаб нест, ки мафҳуми “ҳиндуаврупоӣ”, “ҳиндуолмонӣ” пайдо шудааст.

МУАЛЛИФ: Бале, забони санскрит забони аз ҳама қадимтарин аст. Вале забони санскрит 1500 сол пеш аз милод ба вуҷуд омад. Ҳол он ки дар ин давра Ориён ба Ҳиндустон ворид гардида буданд. Яъне Ориён дар Ҳиндустони бостон нафақат сабабгори бунёди тамаддуни олӣ, балки сабабгори бунёди забони нав ҳам гардиданд. То ин вақт дар Ҳиндустон гурӯҳи забони дравидӣ ҳукмрон буд.

Забони лотинӣ бошад, тақрибан аз солҳои 500 пеш аз милод ба вуҷуд омад.

Забони койна (Юнони Қадим) дар замони Искандари Мақдунӣ, дар арзи ҳамагӣ 8 соли ҳукмронии Искандар, забони умумиҷаҳонӣ гардид.

Забони славянии қадим аз асри Х мелодӣ, шохаи забони литвонӣ аз қарни 16 мелодӣ арзи вуҷуд кардаанд. Дар ин хусус китобҳои зерин далолат мекунанд: Й.Шмидт “Муқоисаи забонҳои ҳиндуолмонӣ” (1878), Делбрюк “Муқаддимаи омӯзиши забонҳо” (1893), Бругманн “Оид ба муқоисаи забонҳои ҳиндуолмонӣ” (1869),  Бодуэн де Куртенэ “Бархе мулоҳизаҳои умумӣ дар хусуси забоншиносӣ ва забон” (1871) ва ғайра.

Дар хусуси мафҳумҳои “ҳиндуаврупоӣ” ва “хиндуолмонӣ”, ки Шумо гуфтед аз китоби “Ориён” иқтибос меорем: “Сабаби ба Ҳиндустон ин қадар эътибори хоса додани аврупоиён дар асрҳои ХVIII- ХIХ аз он иборат аст, ки англисҳо Ҳиндустонро ба мустамликаи худ дароварда сарвату тамаддуни бостонии онро ба оғӯши худ кашида, ба ғайр аз Ҳиндустони афсонавӣ боз дар Осие мавҷуд будани ягон хел мамлакат ё тамаддунро намепазируфтанд”.

МУСОҲИБ: Устод, агар наранҷед, ман баъзе чизҳоро ошкор бигӯям. Бисер мафҳумҳои таърихиро ба мо мувофиқи аслаш маънидод кардаанд ва мо одат кардаем ҳамон тавр фаҳмем ва истеъмол кунем. Баъзе шумораҳо, санадҳо, ҳатто номҳое аз қабили Навохудоносор мавҷуданд, ки то кунун мо нашунидаем.

Соли 2001 мелодӣ 2700-солагии “Авесто”-ро дар Тоҷикистон ҷашн гирифтем. Имсол, аз гуфтаи академик Раҳим Масов, онро дар Ӯзбекистон низ ҷашн мегиранд.

МУАЛЛИФ: Якум, мафҳумҳо ифодагари таърих мебошанд. Дар “Ориен” дар ин хусус гуфта шудааст: “Аҳли таърих мебоист гуфтаҳои хориҷиенро ба тарозуи ақл ва ҳикмат бар мекашиданд, то ин ки ҳақиқатро дарёбанд. Кӯр-кӯрона қабул кардани мафҳумҳо, онҳоро шарҳу баст надодан таърихи гузаштаи халқи тоҷикро ба кӯчаи сарбаста овардааст. Муайян накардани мафҳумҳо мазмуни таърихро мутеи мафҳум сохта, ба тавассути ҷаҳониён рафти таърихи халқи тоҷик ва гузаштаи бою нодири онро ба партгоҳи скептитсизм вогузор кардааст”.

Дуюм, “Авесто”-ро дар Ӯзбекистон ҷашн намегиранд, балки дар Хоразм (Ховарзамин) ҷашн мегиранд.

Сеюм, 2700-солагии “Авесто” барои онҳое, ки аз таърих бехабаранд, мақбул аст, вале шахсе, ки ба таърихи қадим даст задааст ва бо фалсафаи таърих сару кор дорад, онро намепазирад ва аз ин лиҳоз мо нисбати ин масъала дар “Ориен” ба китоби мутафаккири Юнони Қадим Ҳермодор “Роҷеъ ба илм”, китоби Диоген Лаэртси “Доир ба ҳает, таълимот ва гуфтаҳои мутафаккирони бузург”, китоби Ксеркси Лубнонӣ ва ғайраҳо истинод карда, ҳисоб кардем, ки аз замони Зардушти Тӯронӣ то имрӯз чанд сол сипарӣ гардидааст.

Ба шарофати ҳахоманишҳо дар Юнони Қадим аз “Авесто” огоҳ шуда буданд. Маҳз дар замони онҳо бо ибтикори Дорои номвар “Авесто” дар рӯи 1200 пӯсти барзагов навишта шуд, ки он вақт Юнони Қадим мустақил шуда бошад ҳам, дар ҳамаи соҳаҳо мутеъи Тӯрониён буд.

Акнун бигӯед, ки ҳақ бо ҷониби кӣ – донишмандони юнонӣ, ки аз “Авесто” огаҳанд, ё донишмандони замони мо?!

Ҳамаи шаъну шӯҳрати Юнони бостон ба шарофати Тӯрониен ва бевосита бо кӯмаки Куруши Кабири Тӯронӣ  ба арши аъло расид. Ва онҳо бо мурури замон аз саҳнаи таърих ғайб заданд ва боз пас аз партави Тамаддуни Исломӣ аз тарафи мутафаккирони тоҷик аз нав эҳё карда шуданд. Бояд эътироф кард, ки баробари ба саҳна омадани дини Ислом аллакай аз асри якуми ҳиҷрӣ сар карда, олимони номӣ бо маблағи бисёр ба Рум фиристода мешуданд то аз он ҷо китобҳои нодир ҷамъоварӣ карда, ба забони арабӣ тарҷума кунанд. Дар китоби “Одоб-ул-луға” гуфта шудааст: “Китобҳое, ки  дар он замон ба арабӣ тарҷума шуданд, аз садҳо ҷилд мутаҷовиз мебошанд. Ва мин ҷумла аз китоби Афлотун 8 ҷилд, аз Арасту 19 ҷилд, аз Буқрот 10 ҷилд, аз Ҷолинус 38 ҷилд ва аз осори Уқлидус, Аршамидус, Аблуниюс, Диюфантас чандин ҷилд ва ҳамчунин… аз лотину ибруву сурёнӣ  ва набатӣ чандин ҷилд”.

МУСОҲИБ: Дар “Ориен” доир ба Тӯрониен банди махсус ҷудо кардаед, ҳол он ки дар китоб саҳифае нест, ки дар ин хусус сухан наравад.

МУАЛЛИФ: Тӯрониен нафақат ба давлатдорӣ асос гузоштанд, на фақат эҳёгари Наҳзати Ориён гардидаанд, балки онҳо забони ягонаи ориро дар Шарқ ба по монда, поягузори забонҳои тоҷикӣ, курдӣ, балуҷӣ, осетӣ, славянӣ, олмонӣ, келтӣ,  романӣ, юнонӣ, арманӣ ва ғайра гардиданд. “Дар Авесто, – мегӯяд Ҳ.С Нюҳерт,  – ба ҷузъ тӯронӣ чизе нест”.

МУСОҲИБ: Дар “Ориен” дар бораи форсҳо, эрониҳо, ҷанги байни Тӯрону Эрон, Тӯрониени муосир ва ғайра сухан рафта, дар банди “Ду қаноти як уқоб” ҳам мафҳуми порсову тӯронӣ, ҳам аз як авлод будани ҳардуи ин қавм зикр гардидааст. Вале дар ду банд “Интиқоли тамаддуни заҳромез” ва “Ҳирси мутафаккир хиёнат ба наслҳои оянда” файласуфи машҳури ҷаҳонӣ Арастуро танқид кардаед, ҳатто ӯро “хиёнаткор” ҳам номидаед. Охир, ҳамагон ӯро “ҳаким” мегӯянд.

МУАЛЛИФ: Ба ин мисраҳои Муҳаммад Иқбол диққат диҳед:

              Тарош бо тешаи худ ҷодаи хеш,

              Ба роҳи дигарон рафтан азоб аст.

              Гар аз дасти ту кори нодир ояд,

              Гуноҳе ҳам агар бошад, савоб аст.

Дар бораи Арасту Абӯалӣ ибни Сино мегӯяд:

“…ҳар касе баъди Арасту меомад, бояд хатоҳо ва иштибоҳоти ӯро  дар илм ислоҳ намуда, усулҳои овардаи ӯро ба шохаҳо тақсим менамуд. Лекин касоне, ки баъди Арасту омадаанд, аз ӯҳдаи дарки мероси ӯ набаромадаанд ва умри худро сарфи фаҳми ҷиҳатҳои беҳтаринаш намуда, тарафҳои нуқсони онро  кӯр-кӯрона ва бо ифрот омӯхтаанд. Бале, онҳо умри худро сарфи омӯзиши мероси гузаштагон намуда, фурсати баррасии ақли худро надоштанд, агар фурсат ҳам медоштанд, рово намедиданд, ки он чиро гузаштагон гуфтаанд, ислоҳу баррасӣ намоянд”.

МУСОҲИБ: Шумо китоби “Ориен” –ро ба ҷашни 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан бахшидаед. Дар китоб баромади Ориенро аз Осиеи Миена, аниқтараш мобайни ду наҳр – Омӯ ва Сир мепиндоред, шояд аз ҳамин ҷиҳат китобро ба ҷашни ин шаҳр бахшидаед?

МУАЛЛИФ: Ба Истаравшан бахшидани китоби “Ориен” аз ин аст, ки он яке аз шаҳрҳои қадимтарини тоҷикон буда, ҳанӯз дар китобҳои таърихии  дунеи қадим,  дар Китоби муқаддас, Тавроту Инҷил ва дар тамоми китобҳои таърихии аврупоиен ҳамчун шаҳри бузурги таърихӣ бо номи Ур (Нур) ёд шудааст. Мо дар китоби “Ориен” ҳамаи номҳои таърихии ин шаҳр ва сабабҳои ҳар сари чанд вақт иваз шудани номи шаҳрро оварда, дар бораи кофтуковҳои археологии аз тарафи олимони аврупоӣ гузаронидашуда низ иттилоъ додаем.

Муаррихи эронӣ Ҳасани Пирние мегӯяд: “… ҳанӯз таҳқиқоту ковишҳо роҷеъ ба гузаштаҳои ин  миллат ба поен нарасида, чи иҷолатан таърихи он то  се е чаҳор ҳазор сол қабл аз милод рӯшан гардида ва ҳар қадар ковишҳо дар Ур пеш меравад, рӯшантар мешавад, ки аз ин тамаддун тамаддунҳои дигар вуҷуд дошта ва тамаддуни шумерӣ ба мамолики дурдаст то Балуҷистон интишор ефта буд”.

Дар бораи Ур ва маънои он ҳамчун “нур” ман дар як мақолаи мубоҳисавӣ дар рӯзномаи “Ҷавонони  Тоҷикистон” (24 январи соли 1991) навишта будам. Ба ин мақола се нафар файласуфи маъруфи Тоҷикистон ҷавоб навишта, ақидаҳои маро тасдиқ карда буданд.

Акнун доир ба мабдаъи асосии баромади Ориен таваққуф мекунем. Ҷиҳати аз ҳама муҳими китоби “Ориен” ин аст, ки дар он мабдаъи асосии баромади Ориен исбот карда шудааст. Ҳатто бо гуфтаи Авесто номи ин ноҳия – Ваҳви Датия вирди забон карда шудааст.

Шояд рӯзе наслҳои оянда ин китобро бо таҳаммул хонда мефаҳманд, ки Ориен аз куҷо сар задааст ва тақозо мекунанд, ки дар даромадгоҳи ин кӯҳандиер дарвозаи пурҳашаммате сохта ва дар ду табақи он дарвоза ба сони ду саҳифаи як китоб ҳаракати бадарравии зану марди оришударо таҷассум кунанд. Охир, онҳо ватани бобоии хешро баҳри тарғиби ғояи бикр, баҳри бедории инсоният, баҳри илму амал омӯхтани вай иваз карданд.

                                                                                                                                    Мусоҳиб С. Сайфуллоев

(Иқтибос аз рӯзномаи

«Омӯзгор», 21.02.2003)    

 

Инчунин кобед

mongolia_during_the_manchu_rule

Вазъи иқтисодӣ ва сиёсии Муғулистон

Дар нимаи дуюми асри XIX ҳукумати Чин дар Муғулистон баъзе дигаргуниҳои иқтисодию сиёсиро ба амал …