Главная / Биология / Органогенез чист ?

Органогенез чист ?

Баъди ба охир расидани гаструлятсия дар ҷанин узвҳои марказӣ ба монанди, найчаи асаб, хорда, найчарўда пайдо мешаванд. Дар нештаршаклҳо узвҳои марказӣ ба чунин роҳ ташаккул меёбанд (расми 7.4). Эктодермаи тарафи тахтапушт хам гашта, ба новача табдил меёбад. Эктодермаи ҷонибҳои чап ва рост бошад, меафзояд ва болои новачаро мепўшонад. Новача ибтидои силсилаи асаб буда, ба эктодер ма фурў меравад ва паҳлўҳои он бо ҳам пайваст мешаванд.

organonezҲамин тавр, найчаи асаб ба вуҷуд меояд. Аз қисми дигари боқимондаи эктодермаи ибтидоӣ пўстпарда пайдо мешавад. Дар ин зина ҷанинро нейрула меноманд. Қисми тахтапуштии энтодерма, ки дар зери асаб ҷойгир аст, аз дигар қисмҳо ҷудо шуда, печутоб мехўрад ва тасмаеро ба вуҷуд меорад, ки онро хорда меноманд.

Аз қисми боқимондаи энтодерма, мезодерма ва эпителяи рўда инкишоф меёбад. Тафриқашавии минбаъдаи ҳуҷайраҳои ҷанин ба пайдо шудани баргакҳои бисёри озод, яъне узву бофтаҳо оварда мерасонад.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …