Главная / Варзиш / Қомати инсон

Қомати инсон

Шумо эҳтимол аҳамият дода бошед, ки варзишгарон, ҳунарпешагони балет, ҳарбиён қомати зебо доранд.

789

Қомат ҳолати ҳамарӯзаи бадан ҳангоми нишастан, рост истодан ваҳаракати инсон мебошад.

Инсони қомати дурустдошта сарашро рост медорад, тахтапуш- таш рост, китфҳояш дар як самт ва каме ба қафо кашида шудаанд, шикамаш кашида шуда, қафаси синааш каме ба пеш баромадааст. Дар назди оина ба қомати худ чунин шаклҳоро бидиҳед ва бубинед чӣ тавр қаду қомати шумо зебо гашт. Албатта, ғайриодат ҳама вақт чунин ҳолатро доштан душвор аст. Вале вақте ки шумо машқҳои махсусро иҷро мекунед ва ҳамеша аз болои қомати худ назорат мебаред, пас аз якчанд вақт қоматро зебо нигоҳ доштан ба шумо ҳеҷ душворие намео- рад.

Инсони қомати нодурустдошта сари хам, китфони ба пеш баро- мада – яке боло, дигаре поён, шиками баромада, қафаси синаи ҳамвор ва қатшуда, тахтапушти каҷ, сутунмӯҳраи каҷу килеби дутарафа дорад.

Ҳангоми қомати нодуруст ва кафи пойи ҳамвор доштан сутунмӯҳра ва кафи пойхо қобилияти қат шуданро хангоми зарбаҳо гум мекунанд. Кори мӯътадили дил, шуш, меъда ва дигар узвҳои дарунӣ гум мешавад. Дар мушакхо, буғумҳо, миён ва кафи пойҳо дард пайдо мешавад. Х,амаи ин кайфият ва табъи инсонро бад мегардонад.

Кафи пойи дурустгузошташуда.
Кафи пойи дурустгузошташуда.
Кафи пойи хамвор.
Кафи пойи хамвор.

Сабабҳои вайроншавии қомат дар чист?

Дар бисёр холатхо вайроншавӣ аз сабаби мушакҳои сустинкишоф- ёфта ба вуҷуд меояд. Рохи осони санҷидани қомати худ – бо тахтапушт ба девор дар холати одӣ истодан аст. Агар хис кунед, ки тахтапушт, шона, суринҳо ва пошнаи пой ба девор мерасанд, қомататон рост аст. Дар акси ҳол қомататон вайрон шудааст. Аз ин рӯ фавран ба ислоҳ намудани он шурӯъ кардан лозим аст.

Барои хубтар гардондани қомат чӣ кор кардан лозим аст?

Чизи аз хама одӣ – сохти ҷойгах (ҷойи хоб) аст. Бадани худро барои дар болои болишт ва кӯрпаи хамвор ва сахтии миёнадошта хоб рафтан одат кунонед.

80

Анбон (портфел)-и худро танҳо дар як даст доштанро одат наку- нед. Беҳтараш борхалта гиред. Вай шинам аст ва ба шумо барои рост кардани сутунмӯҳра ёрӣ мерасонад.

Дар паси миз ё парта қоматро рост ва сарро каме хам карда нишастан хуб аст. Тахтапушт бояд ба пуштаки курсӣ бирасад, дастҳо бояд дар як мавқеъ дар болои миз истанд, қафаси сина бояд ба миз нарасад.

81

Мушакҳои худро бо машқҳои ҷисмонӣ обутоб диҳед.

Машкхои зеринро 5-6 маротиба иҷро кунед. Ҳамаи ин машқҳоро ба машқҳои пагоҳирӯзӣ дохил намудан шарт нест. Баъзеи онҳоро метавонед ба машқҳои ҳаррӯзаи худ дохил намоед.

Ҳангоми тахтапушти хамгашта (расми 1)

82

1.     Рост истед, дастҳоро дар самти қафаси сина қат кунед. Дастҳо- ро сахт ба ду тараф, то расидани шонаҳо ба якдигар ҳаракат диҳед.

2.     Дар ҳолати рост истода, пойҳоро кушода, дастҳоро ба пушт карда, кафи дастхоро ба ҳам расонед. Ҳолати дастхоро иваз карда, қалам ё худ тӯбчаро аз як даст ба дасти дигар додан лозим аст.

3.      Ба зону истода, ба қафо хам шуда, бо ду даст пойро доред.

82

4.     Ба зону истода, тоб хӯред. Аввал бо дасти рост – пошнаи рост, сипасбодасти чап пошнаи чапродоред.

5.     Дастҳоро ба миён карда, нишаста ба қафо хам шавед, пойҳо ростдарпеш.

6.      Ба шикам хобида, пошнаи пойҳоро бо дастхо дошта, онҳоро ба тарафи cap кашед.

7.      Аз ҳолати дарозкашида «кӯпрукча» созед.

Барои мустахкамгардонии мушакхои шикам ва тахтапушт (расми 2)

1.     Ба тахтапушт хобида, дастхо ба ду тараф, пойхоро ба боло бардоред ва оҳиста-охиста ба поён фуроред.

2.     Ба тахтапушт хобида, бо пойҳо харакат кунед (мисли велоси- педрон).

Расми 2
Расми 2

1.   Ба шикам хобида, пойҳоро ба боло бардоред. Якчандсония дар хамин ҳолатнигоҳдошта оҳиста-оҳиста фуроред.

2.   Ба тахтапушт хобида, бо кафи пой кунҷи ҷевонро доред ва бе ёрии дастҳо нишинед ва дароз кашед.

Барои мустаҳкамкунии ыушакхои кафи пой (расмҳои 3,4) восита- ҳои гуногунро истифода бурдан мумкин аст: мустаҳкамкунии умумии бадан бо хӯрокхӯрии мунтазам ва саривақтӣ, сайругашти дуру дароз дарҳавои тоза, харакатҳои гуногун, машқҳои ҷисмонӣ ва монанди ин.

Кафи пойи мӯътадил ё хамвор? Шакли кафи пойро ин тавр муайян намудан мумкин аст: Ба кафи пойҳо равғани офтобпараст ё пахта молида, дар болои когази сафед истед. Пас аз 1-1,5 дақиқа коғазро гирифта ба изи кафи пойҳоятон нигаред. Агар изи поятон шакли лӯбиё дошта бошад, кафи поятон дуруст инкишоф ёфтааст. Бо ин пойҳо метавонед ҳама гуна ҳаракатро иҷро намоед. Агар изи хамаи кафи пой дар варақ нақш баста бошад, ин оғози ҳамворкафӣ аст. Агар хангоми рохгардӣ дард пайдо шавад, ба духтури ортопед муроҷиат намудан лозим аст.

84
Расми 3

Дар пешгирии ҳамворкафӣ пойафзоли мувофиқ нақши мухим мебозад. Пеш аз хама ҳаҷми пойафзол бояд мувофиқи пой бошад (фаромӯш насозед, ки пойафзоли кӯдакона, асосан, самти ҳамвор дорад ва ин ба зич шудани кафи пой оварда мерасонад). Хонандагони синни хурди мактабӣ бояд пойафзоле пӯшанд, пошнааш каме баланд асту (5-8мм) пуштаки мустаҳкам дорад.

Ҳамворкафиро инчунин бо воситаи машқҳои махсус, ки иҷрои онхо буғумҳои зону, кафи пой ва ангуштонро инкишоф дода, мустаҳ- кам мекунанд, пешгирӣ кардан мумкин аст.

Бо мақсади пешгирии ҳамворкафӣ ичро кардани машқхои зерин натиҷаи хуб медихад:

1.     Рох гаштан бо нӯги пой, пошнаи пой, бо тарафи дарунӣ ва берунии кафи пой.

2.     Давидан ва роҳ гаштан пойи бараҳна дар фасли тобистон, дар болоиалафёрег.

3.      Роҳгаштан дарболои гуллачӯбёресмониғафс.

4.     Ба болои курсӣ нишаста, кафи пойҳоро бо навбат, аввал ба тарафи рост, сипас ба тарафи чап тоб додан.

5.      Аз нӯги пой ба кафи пой ғелидан.

6.      Аз кафи пой ба нӯги пой ғелидан.

7.      Ғелондани тӯб, чӯбҳои кулӯла ва ғайра.

Хдмаи ин машқҳое, ки мо барои бехтар кардани қаду қомат тавсия додем, танхо дар ҳолати мунтазам иҷро намудан фоидабахш мегарданд (расмҳои 3-4).

Дилатонро эхтиёт кун!

Дилатонро бо иҷрои машқхои ҷисмонӣ – ба велосипед, конкиҳои чархдор, чана савор шудан, шино кардан, давидан, бозихои серҳара- катро иҷро намудан, дар машқгоххои варзишӣ ширкат намудан мус- тахкам кунед.

Одатҳои зарарнокро аз худ дур кунед, онҳо дил ва системаи асабро вайрон мекунанд

85

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …