Главная / Ҷуғрофия / Омӯзиши атмосфера

Омӯзиши атмосфера

Омӯзиши атмосфера. Омӯзиши атмосфера ҳамчун манбаи ҳаёт ниҳоят муҳим аст. Ҳоло қабатҳои гуногуни атмосфера ба воситаи асбобҳои замонавии автоматикӣ, радио, мошинҳои электронии ҳисоббарор, аз ҷумла бо аэростат, кура-зонд, радиозонду самолётҳо, қабатҳои болоии он бо ёрии мушакҳои метеорологӣ, радифҳои маснӯии Замин тадқиқ карда мешаванд.

Атмосфера асосан таҳти роҳбарии ташкилоти умумиҷаҳонии метеорологӣ, ки ба он бисёр мамлакатҳо дохиланд, омӯхта мешавад.

Барои мушоҳидаи атмосфера дар шароити гуногунн табиӣ дар сатҳи Замин стансияҳои заминии метеорологй вуҷуд доранд ва онҳо  бо асбобҳои ченкунӣ таҷҳизонида шудаанд. Чунин стансияҳо дар маҳалҳои гуногун (кӯҳҳо, ҳамвориҳо, биёбон ва ҳатго болои пиряхҳо, яхҳои қутбӣ) мавҷудаид. Мушоҳидагарони стансияҳо нишондиҳандаҳои асбобҳоро дар як шабонарӯз камаш чор маротиба навишта, ҳарорат, фишори ҳаво, абрнокй, миқдори боришот, самт ва суръати бодро муайян мекунанд.

Омӯхтани атмосфераи болои уқёнусҳо муҷим аст ва онро ба воситаи киштиҳои илмни тадқиқотӣ меомӯзанд. Ғайр аз ин самолётҳо ва киштиҳои тиҷоратӣ низ аз хусуси ҳолати атмосфера ба марказҳои гидрометеорологӣ маълумот медиҳанд. Дар Тоҷикистон ҳам стансияҳои метеорологии дар шаҳру ноҳияҳо мавҷудбуда ба маркази гидрометеорологии пойтахтамон – шаҳри Душанбе маълумот медиханд.

Ғафсии атмосфераро ба воситаи радиозондҳо меомӯзанд. Дар стансияҳои аэрологӣ дар хушкӣ ва дар киштиҳои илмии тадқиқотӣ дар як шабонарӯз кураҳои ҳавой, ки ба онҳо  асбобҳо гузошта шудаанд, ду-се маротиба ба баландии 30-40 км бардошта мешаванд. Онҳо  дар бораи ҳарорат, фишор, рутубат ва ҳаракати ҳаво дар баландихои гуногун маълумо  ҷамъ меоранд. Ин маълумотҳо ба стансияҳои метеорологӣ ба воситаи радиопередатчикхои хурд фиристода мешванд.

Мушакҳои метеорологӣ боз ҳам баландтар, то 120 км мебароянд. Дар баландии муайян як қисми мушакҳои асбобдор ҷудо шуда, бо парашютҳо ба сатҳи Замин мефароянд. Чунин мушакҳое низ ҳастанд, ки атмосфераро то 400-500 км ва баландтар аз он тадқиқ мекунанд. Ба воситаи онҳо  таркиби ҳаво дар баландиҳои зиёд омӯхта мешавад.

Радифҳои маснӯии Замин маълумотҳои бағоят муҳим медиҳанд. Масалан, радифҳои махсуси метеорологии Русия ’’Метеор”, ки бо теле- ва фотоаппаратҳо ҷиҳозонида шудаанд, аз баландии то 900 км дар бораи ҳолати атмосфера, протсессҳои обу ҳаво, ки дар сатҳи Замин дар майдони васегиаш то 2000 км ба амал меоянд. ба Замин маълумот медиҳанд. Маълумот дар бораи сарҳадҳои барфпӯши сатҳи Замин, ифлосин атмосфсра, сӯхтори ҷангал, оташфишонии вулқонҳо  ва паҳншавии хокистари онҳо аҳамияти калон дорад. Аз стансияхои мадории дарозмуддат ба зуҳуроти дар атмосфера баамаломада мушоҳида кардани кайҳоннавардон ниҳоят пуркимат аст.

Акидаи Ибни Сино онд ба ҳодисаҳои атмосферӣ. Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илмҳои география, иқлимшиносӣ, ботаника, зоология, риёзиёт, ҳандаса (геометрия), астрономия, физика, химия ва ғайра бисёр (400) асарҳои пурмазмун эҷод иимудааст, ки номи ӯро чи дар Шарқ ва чи дар Ғарби авропи онвақта машҳуру маъруф гардондаанд. Бесабаб нест, ки Абӯалй ибни Синоро яке аз бузургтарин мутафаккирони ҳамаи замонҳою халкҳо шуморидаанд.

Дар асарҳои Ибни Сино доир ба илмҳои география, аз ҷумла оид ба иқлимшиносӣ маълумотҳои гаронбаҳо дода шудаанд.

Ибни Сино сохт ва ходисаҳои атмосоерӣ, раъду барқ, моҳияти нуриофтоб, инъикоси шуоъ, тиру камон ва ғайраҳоро мавриди тадқиқ қарор додааст. Дар бораи аксарияти ходисахои зикршуда ақидахои илмии олим ба хулосаҳои илмии замони ҳозира наздик мебошад.

Ибни Сиио доир ба гармшавй ва ба боло ҳаракат кардани ҳавои атмосфера ақидаи ба хақиқат наздикро дошт. Вай буғи оби атмосфераро ҳамчун манбаи боришот меҳисобид. Олим Дар ҳосилшавии тиру камон дар атмосфера мавҷуд будани буғи оберо, ки шуои-офтоб онро равшан мекунад, шарт меҳисобад.

Аз тасвири баъзе ҳодисаҳои атмосферӣ аён мегардад, ки олим ба фаҳмишии илмии ҳодисахои буғшавй, нами ҷамъшавй наздик буд. Сабаби пайдоиши бодро олим дар нобаробар гармшавии сатҳи Замин ва ба вуҷуд омадани фарқи фйшор меҳисобид.

Савол ва супориш

  1. Аз расми 63 истифода бурда дар бораи атмосфера нақл кунед.
  2. Дар тропосфера кадом ҳодисаҳо рух медиҳанд?
  3. Чаро омӯхтани ат-мосфера муҳим аст? Бо далелҳо онро исбот кунед.
  4. Атмосфераро чй тавр меомӯзанд?

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …