Главная / Гуногун / ОЛИМ ШУДИЮ ОДАМ НЕ

ОЛИМ ШУДИЮ ОДАМ НЕ

Рўзи шанбе, баъд аз зўҳр, Меҳмон ба тамошои шаҳр баромада, дар кўчаи калон бо шиносаш Ризвон рў ба рў омад. Вай чорчашма ба занҳои зебо менигарист. Ризвон азми гурехтан карда буд, ки Меҳмон ба ў расиду даст ба салом дароз кард:

– Чӣ хел, Ризвон?

20200119_135240Ризвон пеш шитофтанӣ мешавад, аммо Меҳмон дасташро сар намедиҳад. Вай дар фикри халос хўрдан дасташро мекашад, вале раҳо хўрда наметавонад.

– Сар те, – ба худ қиёфаи ҷиддӣ гирифт Ризвон. – Ман шитоб дорам.

– Чӣ ҳолу аҳвол дорӣ?

– Ҳолу аҳволам нағз, хуб, соз, – бо ситеза гуфт Ризвон ва бо қаҳр пурсид: – Шуд-мӣ?

– Не, нашуд, – чашм аз ў наканда, гуфт Меҳмон. – Ҳа, нашуд, чашмонат беҷо.

Ризвон нигоҳашро гурезонд.

– Агар хато накунам, ту ба шикор баромадӣ-а?

Чунин саволи ошкоро барои Ризвон ниҳоят ногувор буд. Аз ин рў бетоқат шуду бо нўги забон лаб лесида, чи гуфтанашро надонист. Он гоҳ Меҳмон бо нафрат ба чеҳраи ў нигариста, бо таассуф пурсид:

– Ҳамсари зебою оқила дорӣ-а?

– Ҳа, дорам. Ба ту чӣ?!

– Чаро аз қафои занҳои дигар мегардӣ?

Вай бо нигоҳи истеҳзоомез ба Меҳмон нигарист:

– Э, ту чиро медонӣ: ҳар гуле, як бўе. Фаҳмидӣ?

Меҳмон ҳуштаки дурударозе кашид. Баъд гуфт:

– Шарм намедорӣ?

– Эъ-ъ… ҳамааш айби дил. “Ман ба фармони дил, кай дил ба фармони ман аст”.

– Тақозои табиатам ҳамин аст гўй… Чӣ, имрўз шикор барор нагирифт?

Ризвони шигифтзада лаҳзае сокит монд ва сипас:

– Ҳа, – гўён, иқрор шуду пасон бо овози канда-канда пурсид: – Аз куҷо фаҳмидӣ?

– Аз лабу лунҷи овезонат…

– Хайр шуд! – ситеза кард Ризвон. – Беҳтараш ба ман ёрдам медодӣ?

Лаби поёнашро зери дандон гирифта, Меҳмон муддате ба Ризвон нигарист. Нигоҳаш озмоишкорона буд. Вай аз ёрӣ даст кашидан хост. Вале фикри тозае дар сараш чун барқ мавҷ зад. Ва ба Ризвон рў оварда гуфт:

– Хуб, мекўшам мадад расонам.

Сипас илова намуд:

– Охир шоир беҳуда нагуфта:

                   Дўст он бошад, ки гирад дасти дўст

                   Дар парешонҳоливу дармондагӣ.

– Офарин! – ўро таҳсин кард Ризвон. – Сар кардем!

Онҳо кўчаро муддате зери назар гирифтанд. Занҳо бисёр буданд. Меомаданду мерафтанд. Лекин ба Ризвон маъқул намешуданд. Ба ҳар яке ягон айб мечаспонд. Ниҳоят зани ба қавли Ризвон “қашанг”-ро диданд. Вай зебову бошукўҳ қадам мезад. Меҳмон бо овози паст аз Ризвон пурсид:

– Хўш, чӣ хел? Ба ту маъқул?

– Ҳо-о-о, олиҳаи ҳусн! – пичиррос зад Ризвон. – Нодираи замон! Аз пасаш мешавем! То ба даст надарорам, намемонам!

– Метавонӣ? – бо мароқ пурсид Меҳмон.

– Чӣ, ту ба истеъдоди ман шубҳа мекунӣ?! – чашмони бозингарашро аз зан наканда, гуфт Ризвон.

– Не, не, ба булҳавасии ту заррае шубҳа надорам…

– Булҳавасӣ не! – сухани Меҳмонро бурид Ризвон. – Ман занҳоро бениҳоят дўст медорам.

– Фаҳмо, – гуфт Меҳмон ва ба ў латифае нақл кард: “Ҷавон аз мўйсафеде мепурсад:

– Тақсир, бо духтар хоб кардан магар гуноҳ аст?

Мўйсафед дар ҷавоб мегўяд:

– Не, писарам гуноҳ нест. Вале гап дар ин, ки шумо – ҷавонҳо хоб намекунед-да”.

Ин дам онҳо ба зан наздик шуданд. Ризвон ин мисраҳоро баланд замзама кард:

                  Ду абрўи хамида чун ҳилолат,

                  Гирифторам ба он ҳусну ҷамолат…

– Оҳ, оҳ, чӣ шеъри олӣ! – бо хушҳолӣ гуфт Меҳмон. – Шеъри худат?

– Ҳа, боз аз кӣ мешуд, – бо фахру ғурур гуфт Ризвон. – Худи ҳозир мурғи илҳомам ба парвоз омаду шарти бофтам.

– Гўш кун, Ризвон!

– Гўшам ба шумо, дўсти азиз, – ширингуфторӣ намуд Ризвон.

– Рисолаи номзадиатро ҳимоя карда, олим шудӣ, а?

– Ҳа-а, олим шудам, дўсти азиз.

– Пас тўйро кай мехўрем?

– Кадом тўйро?

– Тўйи хонадошавиатро, – ҷавоб дод Меҳмон. – Охир то кай муҷаррад мегардӣ?

– Бале, гапат рост, – баланд гуфт Ризвон, то ки зан шунавад. – Худам ҳам дар ҳамин андешаам. Чанд вақт шуд, ки арўс мекобам.

– Рост? Пас Ҳилолӣ дар ҳақи ту гуфта будааст-да:

         Ман ошиқи девонаву мастам, чӣ тавон кард?

         Майхорву маъшуқпарастам, чӣ тавон кард?

– Не, не, ман на девонааму на майхора, – гуфт Ризвон ва баъд ин мисраҳоро суруд:

                      Аз дараи Камароб

                      Анор овардаме…

– Магар дар Камароб анор мерўяд?

– Не, – ҷавоб дод Ризвон, – намерўяд.

– Пас чаро ин тавр мегўянд?

– Анор номи арўс аст, – шарҳ дод Ризвон.

– Ҳа-а, фаҳмидам, – гуфт Меҳмон. – Ту ҳам аз Камароб арўс оварданӣ ҳастӣ?

– Не, ман аз ҳамин шаҳр арўс меёбам.

– “Ҳарчӣ дилам хост на он мешавад, ҳарчӣ Худо хост ҳамон мешавад” гуфтаанд.

– Рост. Худо ба ман меҳрубон аст.

Ризвон ҳис кард, ки зан ба сўҳбати онҳо таваҷҷўҳ дорад. Даҳонаш аз хурсандӣ то баногўш расид.

– Дилам гувоҳӣ дода истодааст, ки имрўз Худо бонуеро насиби ман мегардонад. Бин, ҳатто офтоб ҳам ким-чӣ хел меҳрубон, навозиш мекунад, умеду боварӣ мебахшад.

– Офтобро мону гўё, ки худат ба домодӣ тайёр ҳастӣ охир?

– Набошад чӣ? Домоди таппа-тайёрам. Чун Юсуф зебо, чун Қорун сарватманд, чун Ҳотам саховатманд, чун Рустам пурзўр..

– Ба фикрам хона дорӣ, а?

– О-о, хонаи олиҷаноб дорам, – бо ифтихор гуфт Ризвон. – Се ҳуҷра, тамоми шароит муҳайё.

– Дил чӣ, дорӣ?

– Дил ҳам дорам. Ана бин, тиқ-тиқ мезанад. Танҳо дилбар лозим. Як мошини хориҷӣ дораму як дачаи дака-данг, намедонам, ки кадомашро фурўшам. Маслиҳат бидеҳ, ки кадомашро фурўшам.

– Надонам, – гуфт Меҳмон.

– Агар зани хуб ёбам, ҳам мошину ҳам дачаамро мефурўшам. Ҳа, ҳеҷ чизро дареғ намедорам.

Ин лаҳза буд, ки зан истоду қафо гашт. Ва Ризвон дар рў ба рўяш хоҳарарўсашро дид.

– Ҳой, Ризвон! – бо қавоқи гирифта гуфт ў. – Ту на мошин дориву на дача.

Ризвон, ки чунин зарбаро интизор набуд, аз даҳшат сари ҷояш бо чашмони боз карахт шуд.

– Ҳа, Рустами достон, чӣ шуд?

Дили Ризвонро тарсу ваҳм фаро гирифт. Ҳис кард, ки аз тахтапушташ як мавҷи сарде давида гузашт.

– Гап зан? – бесаброна тақозо кард хоҳарарўсаш.

– Як сатил оби сард биёред, ки аз сараш резем, аввал ҳушёр шавад, баъд гап мезанад, – бо табассум гуфт Меҳмон.

– Чӣ, ў маст аст?

Ризвон андак ба худ омада, саросема гуфт:

– Не, не, ман маст нестам.

Сипас илтиҷоомезу канда-канда илова намуд:

– Бу… бубахш… мо… мо шўхӣ кардем.

– Эҳ, Ризвон, Ризвон! – бо тассуфу нафрат гуфт хоҳарарўсаш. – Олим шудию одам не!

Ризвон нимпайкараи сангинро мемонд.

2 феврали соли 2006

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …