Главная / Гуногун / Ҳолати ниммустамликавии Эрон

Ҳолати ниммустамликавии Эрон

Баъди ҷанги солҳои 1856 1857 Эрон ба ниммустамлика табдил меёбад. То солҳои 70- уми асри XIX Эрон аллакай ба Англияю Русия вобаста буд. Вобастагии Эрон баъди ба ширкатҳои хориҷӣ доднии иҷора (консессия) ва қарордодҳо дар бораи вомбарг (заём)-и хориҷӣ боз ҳам зиёдтар мешавад. Солҳои 1862-1874 англисҳо оид ба дар Эрон сохтани хатҳои телеграф барои таъмини алоқаи Лондон бо Ҳиндустон бо ин давлат созишнома ба имзо расониданд. Истифода ва идораи онҳо дар ихтиёри англисҳо буд. Шоҳроҳҳои ҷанубу ғарбии Эрон низ аз тарафи мустамликалорони англис сохта ва назорат карда мешуданд. Дар шимоли мамлакат бошад, сохтмон ва истифодаи шоҳроҳҳо дар ихтиёри Русия буданд. Англия ва Русия Эронро вазифадор карданд, ки дар қаламрави худ ба сохтмони роҳҳои оҳан роҳ надиҳад.

iran_14

Соли 1872 соҳибкори англис Ю. Рейтер аз шоҳи Эрон барои истифодаи ҳамаи захираҳои ашёи саноагии мамлакат ба мӯҳлати 70 сол иҷораи инҳисорӣ гирифт. Норозигии халқи Эрон ва дипломатияи Русия аз ин қарордод чунон пурзӯр буд, ки шоҳ маҷбур шуд онро бекор кунад. Ба ҳар ҳол Рейтер бо розигии Руо барои ташкили банки Шоҳаншоҳӣ иҷозатнома гирифт. Ин бонк барои баровардани қоғазҳои кпматнок, аз он ҷумла пул ҳуқуқи инҳисорӣ ба даст даровард. Соли 1890 соҳибкори рус Поляков дар Теҳрон бонки қарздиҳии Форсро кушод, ки он иқтисоди Эрони Шимолиро ба зери назорати худ гирифт. Ин шахс соли 1891 барои ташкили кори суғурта ва нақлиёт ҳам соҳиби иҷозатнома шуд. Ба давлатҳои хориҷӣ инчунин як қатор иҷораҳои дигар низ дода шуданд: иҷораи сармоядори англис Линч барои киштигардӣ дар дарёи ягонаи Эрон – Корун, иҷораи саноатчии рус Лианозов барои моҳигирӣ дар Баҳри Хазар, иҷораи ширкати англис Талбот барои хариду фурӯш ва коркарди тамоку аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Соли 1901 шаҳрванди Англия дар Арси бapoи истифодаи ҳамаи сарчашмаҳои нефт, ғайр аз шимоли Эрон иҷораи инҳисорӣ гирифт. Баъдтар он номи ширкати “Иҷораи ШАЭН-АИНК” (ширкати нефти Англия ва Форс)-ро мегирад.

Иқтисоди Эрон бе ёрии молиявии хориҷӣ пеш рафта наметавонист. Аз ҳамин сабаб Носируддиншоҳ (1848-1896) соли 1892 аз бонки англисӣ ба маблағи 500 ҳазор ф.-ст. Вомбарги авалини хориҷиро гирифт. Солҳои 1900-1902 Русия ҳам ба Эрон ба маблағи 32,5 млн. рубл вомбарг дод. Вомбаргҳои хориҷӣ Эронро ба асорати молиявӣ гирифтор карданд.

Дар даҳсолаҳои охирини асри XIX ва оғози асри XX ба Эрон ворид сохтани молҳои саноатии хориҷӣ зиёд шуд. Молҳои саноатии нисбатан арзони хориҷиён соҳибони молҳои косибӣ, саноати хонагӣ ва корхонаҳои саноатии фабрикавию заводии дар охирҳои асри XIX – аввали асри XX сохташудаи Эронро муфлис гардонданд. Содироти молҳои кишоварзӣ ва ашёи хоми Эрон сол то сол меафзуд. Кишоварзӣ ба талаботи бозори хориҷӣ (парвариши тамоку, пахта ва зироатҳои дигари техникӣ) мувофиқ карда мешуд. Эрон ба манбаи ашёи хоми саноатии мамлакатҳои империалистӣ табдил меёфт.

Дар ин давра на танҳо иқтисодиёт, балки идораи давлатии Эрон низ ба зери назорати аҷнабиён медарояд. Соли 1879 дар зери роҳбарии афсарони рус аз ҳисоби эрониҳо бо номи “полки казакҳо” артиш ташкил карда шуд, ки баъдтар он ба бригада ва дивизияи алоҳида табдил меёбад. Соли 1898 сарвари гумруки Эрон Наус ном белгиягӣ таъйин мегардад, ки ӯ баъдтар вазири почта, сарвари хазина ва узви Шурои олии давлатӣ таъйин мешавад.

Дар шимоли мамлакат онхое ба вазифаҳои баланд гумошта мешуданд, ки ба ҳукумати подшоҳии Русия маъқул бошанд. Ҷануби Эрон дар ихтиёри англисҳо буд. Онҳо дар ин ҷо фаъолияти чудоихоҳии ашрофони маҳаллиро ҳарҷониба дастгирӣ менамуданд, Дар натиҷаи ин англисҳо қисми Сиистон ва Балуҷисгонро аз Эрон ҷудо карда, дар он ҷойҳо ҳукмронӣ мекарданд. Нерӯҳои Ҳарбии баҳрии Англия дар амал халиҷи Форсро ишғол карда буданд. Мувофиқи гуфтаи нахуствазири Англия Кёрзон “резиденти англисии дар Буширбуда шоҳи тоҷутахтнадоштаи халиҷи Форс мебошад”.

Ҳамин тариқ, то оғози асри XX рафти ба ниммустамлика табдил ёфтани Эрон ба охир расид. Дар натиҷаи истисмори якҷояи халқи Эрон иттифоқи табақаи болоии марлуми Эрону имиериалистони хориҷӣ ба вуҷуд омад. Шоҳ, вазирони вай ва аъёну ашрофи Эрон ба ҷосусони мамлакатҳои империалистӣ табдил ёфтанд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …