Главная / Биология / Оксигенро хориҷ кардани баргҳо

Оксигенро хориҷ кардани баргҳо

Дар рӯшноӣ гази карбонатро фуру бурда, оксигенро хориҷ кардани баргҳо

Чӣ тавре ки қаблан қайд кардем, фотосинтез равандест, ки дар рӯшноӣ аз моддаҳои ғайриорганикӣ об ва гази карбонат дар барги сабзи растаниҳо моддаҳои органикӣ (қанд, оҳар) ҳосил мегардад ва оксиген хориҷ мешавад. Растаниҳо гази карбонатро аз ҳаво қабул мекунанд (фурӯ мебаранд). Дар таркиби ҳаво 0,03 фоиз гази карбонат мавҷуд аст.

Барои аниқ кардани он, ки гази карбонати ҳаво ҳақиқатан дар раванди фотосинтез иштирок мекунад, таҷрибаи зерин ёрӣ мерасонад. Ду тубаки на он қадар калонро, ки дар онҳо растании хонагии анҷибар ё гули тӯтиё нашъунамо мекунад гирифта, дар ҷои торик мегузорем, то ки моддаҳои органикии дар барг мавҷудбуда пурра истифода шаваид. Баъди 2-3 рӯз тубакҳои растанидорро ба рӯи як порча шиша гузошта онҳоро бо сарпӯши шишагин мепӯшонем. Ба зери сарпӯши тубаки якум дар пахдуи гули тӯтиё як стакан маҳлули ишқори тез мегузорем. Ба зери сарпӯши дуюм бошад, стакани маҳ- лули содадоштаро, ки ба он маҳлули сусти кислотаи гидрогенхлорид илова карда шудааст, мегузорем. Ҳар ду сарпӯшҳоро пӯшонида, ба гирдаш рӯғанак (вазелин) молида, ба рӯшноӣ мемонем.

barg-oksigenДере нагузашта, дар зери сарпӯши тубаки якум гази карбонат намемонад, чунки онро ишқор тез фурӯ мебарад. Дар зери тубаки дуюм.бошад, баръакс, микдори гази карбонат зиёд мешавад. Чунки бо таъсири содаю кислота ба миқдори зарурӣ гази карбонат хориҷ мешавад.

Пас аз як рӯз сарпӯшро аз болои растаниҳо гирифта, аз ҳар кадоми онҳо яктогӣ барг гирифта, чун дар таҷрибахои гузашта гузаронидаамон (саҳ. 64), ҳосил шудан ё нашудани оҳарро месанҷем. Мебинем, ки барги аз растании тубаки якум гирифтаамон (дар ша- роити ниҳоят ночиз будани микдори гази карбонат ё набудани он) бо таъсири йод кабуд намешавад, яъне оҳар ҳосил нашудааст. Баръакс, барги аз растании тубаки дуюм гирифтаамон (дар шароити гази карбонати барзиёд) бо таъсири йод кабуд мешавад. Ин чунин маъно дорад, ки дар чунин шароит ба микдори зиёд оҳар ҳосил шудааст.

Ҳамин тавр, дар ҳосил шудани оҳар (ё қанд) мавҷудияту иштироки гази карбонат ҳатмӣ мебошад. Растаниҳои рӯизаминӣ гази карбонатро аз ҳаво мегиранд. Растаниҳои обӣ бошанд, гази карбонати дар об ҳалшударо фурӯ мебаранд. Масалан, чунин таҷриба мегузаронем. Шохчаи растании обӣ — элодеяро ба банкаи обдор андохта, болояшро бо қиф мепӯшонем. Ба иӯги қиф пробиркаи пуробро чаппагардон карда мепӯшонем. Баъд банкаро ба ҷои равшан мегузорем.

Дар рӯшноӣ дере нагузашта, аз шохчаҳои элодея ҳубобчаҳои гази номаълум хориҷ шуда, аз пробирка обро фушурда берун мекунад В& Баъди якчанд соат газ тамоми пробиркаро пур мекунад. Он гоҳ пробиркаро берун бароварда, ба он дарҳол чӯбчаи нимсӯзро дохил мекунем. Чӯбча шӯълавар мешавад. Аз ин чунин мебарояд, ки дар пробирка гази оксиген, ки баргҳои сабзи элодея дар равшанӣ (дар раванди фотосинтез) хориҷ кардааст, ҷамъ шудааст.

Агар банкаи элодеядор ё тубаки растанидорро, дар ҷои торик гузорем, оксиген хориҷ намешавад, зеро растанӣ фақат дар рӯшноӣ гази карбонатро фурӯ бурда, оксигенро хориҷ мекунад.

  1. Дар растаниҳои сабз оҳар аз кадом моддаҳо ҳосил мешавад?
  2. Кадом таҷриба нишон медиҳад, ки растаниҳои сабз дар рӯшноӣ гази карбонатро фурӯ мебаранд?
  3. Растаниҳои обӣ оё оксигенро хориҷ мекунанд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …