Главная / Гуногун / Ҳокимияти “Сегона’’-и олмонимаобҳо

Ҳокимияти “Сегона’’-и олмонимаобҳо

Германия мехост, ки Туркияро бар зидди Англия ва Русия истифода барад. Барои ҳамин сиёсати пешгирифтаи ҷавонтуркҳоро дастгирӣ мекард. Аз ҳамин сабаб дар доираҳои ҳукмронӣ Туркия гурӯҳи германимаоб пурзӯр шудан мегирад. Мақоми ин гурӯҳ махсусан баъди охири соли 1913 дар Туркия ба дасти “сегона”-и ҷавонтуркҳо гузаштани ҳокимият – вазири ҳарбӣ Анварпошшо, вазири умури дохила ва раиси Кумитаи Марказии “Иттаҳод ва Тараққӣ” Талъатпошшо ва вазири баҳр ва губернатори Истамбул Ҷамолпошшои хурд боз ҳам пурзӯртар мешавад.

657_1

Ду нафари аввали “сегона” – Талъатпошо ва махсусан Анварпошшо ҷонибдори бо роҳи Германия рафтани Туркия буданд. Онҳо мегуфтанд, ки Туркия бо ёрии Германия метавонад аз режими таслимкорона халос шуда, баъд нақшаҳои пантуркии худро татбиқ кунад. Бо ҷидду ҷаҳди Анварпошшо соли 1913 генерали немис Лиман фон Сандерс бо супориши махсус ба Туркия ташриф овард. Аз ҳамин вақт cap карда артиши Туркия ба зери назорати Германия дохил шуд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …