Главная / Гуногун / ОЁ МУМКИН  АСТ АЗ МАВҚЕЪИ  ИЛМИ  МУОСИР МАВҶУДИЯТИ  ПАРВАРДИГОРРО  ИСБОТ  КАРД? 

ОЁ МУМКИН  АСТ АЗ МАВҚЕЪИ  ИЛМИ  МУОСИР МАВҶУДИЯТИ  ПАРВАРДИГОРРО  ИСБОТ  КАРД? 

Ин новеллаи фалсафӣ дар асоси мубоҳисаи нависанда Азизи Азиз баъд аз чопи китоби банда «Пайдоиши Олам ва Одам», ба забони русӣ, рӯй дода буд. Пас аз андешаи бисёре хостем онро ба муҳокимаи хонандагони тоҷик низ бирасонем.

НАВИСАНДА: Устод, оё ҳақиқат вуҷуд дорад?

ФАЙЛАСУФ: Бале, вуҷуд дорад.

НАВИСАНДА: Мегӯянд, ҳақиқат нисбист.

ФАЙЛАСУФ: Ҳақиқат нисбӣ намешавад.

НАВИСАНДА: Охир пири Шумо – Эйнштейн назарияи нисбиро кор карда баромада буд-ку? Оё ҳақиқатро ҳам нисбӣ намепиндошт? Устод, маро бубахшед аз ин алфози ноҷӯрам, дар китобатон дар чанд ҷой ба ӯ бо як эҳсоси махсус сухан мекунед.

ФАЙЛАСУФ: Бале, банда на ин ки ба ӯ, балки ба ҳамаи гузаштагон эҳтироми бузург дорам. Арасту мегӯяд: «Афлотун азиз аст, аммо ҳақиқат пеши ман азизтар аст». Аммо банда ба иттилои Шумо бояд бирасонам, ки дар адабиёти даврони шӯравӣ Эйнштейн ҳам аз призмаи идеологияи коммунистӣ мегузашт. Дар ягон китоб хондаед, ки Эйнштейн Худоро эътироф карда бошад?

НАВИСАНДА: На.

ФАЙЛАСУФ: Эйнштейн ҳам ба мисли ҳамаи мутафаккирони гузашта бунёди Оламро аз тарафи Парвардигор эътироф мекард.

НАВИСАНДА: Мавҷудияти Парвардигор ҳаққоният аст…

ФАЙЛАСУФ: Бале, ҳақиқат аст.

НАВИСАНДА: Аммо Шумо дар як сӯҳбат гуфта будед, ки мавҷудияти Парвардигорро рад кардан мумкин аст.

ФАЙЛАСУФ: Оре, гуфта будам.

НАВИСАНДА: Дар кадом ҳолат Худо рад карда мешавад?

ФАЙЛАСУФ: Дар ҳолати аз ақл бегона будан.

НАВИСАНДА: Дар дигар вазъият ҳамеша эътироф карда мешавад?

ФАЙЛАСУФ: На ҳаргиз! Масалан, дар ҳолати ваҷд, ҳолатҳои депрессионӣ, ҷаҳолат ва ғайраҳо. Ҳамаи инҳо сабаби лағв намудани ақли солим гардида, хирадро поймол мекунанд ва роҳ ба бегонагии ақл боз мегардад. Дар ин ҳолат, гарчанде Худо бо мост, вале мо бо Худо нестем.

НАВИСАНДА: Ашхосе, ки ақли солим доранд, ҳолатҳои депрессионӣ, ҷаҳолат ва ғайраҳо ба онҳо бегонаанд. Онҳо Худоро рад намекунанд.

ФАЙЛАСУФ: На, онҳо ҳам Худоро рад мекунанд.

НАВИСАНДА: Чи тавр?

ФАЙЛАСУФ: Бисёрии онҳо ба мавҷудияти Парвардигор шубҳа доранд ё умуман ба Худо боварӣ надоранд.

НАВИСАНДА: Пас ҳақ  ба ҷониби онҳост?

ФАЙЛАСУФ: На.

НАВИСАНДА: Чаро?

 ФАЙЛАСУФ: Эшон ақли солим доранд, фаҳму фарост доранд, вале саводи кофӣ надоранд ё ба ибораи дигар гӯем, чашми басират надоранд. Чунин ашхос ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: гурӯҳи якум гарчанде бесаводанд, ба василаи ақл дар натиҷаи талоши зандагӣ, пастиву баландии он, воқеъаҳои олами маввоҷ ва ғайра, бо роҳи ақли солим ба мавҷудияти Худо мӯътақиданд.

НАВИСАНДА: Иддаи дигар?

ФАЙЛАСУФ: Иддаи дигаре, ки саводи кофӣ надоранд, онҳо қобилияти маърифаткунӣ ҳам надоранд, ба идроки ҳақиқии ҳаводиси олам қудрат надоранд, аз ин лиҳоз, онҳо модда ва ё ягон чизи дағали дар атрофии худ бударо мебинанду эътироф мекунанд, ҳатто бидуни эҳсосот, яъне чизҳое, ки ба таври объективӣ вуҷуд доранду онҳоро эҳсос карда наметавонанд, онро ҳам рад менамоянд, ҳол он ки асрори олам бекарон аст. Аз ин рӯ, онҳо ба Худо ҳам боварӣ надоранд.

НАВИСАНДА: Аҳли илм чи?

ФАЙЛАСУФ: Кадом илм? Илмҳо зиёданд. Ба ғайр аз илмҳои илоҳӣ (теологӣ) фақат як илми табиатшиносӣ қариб ҳазор фанро дар бар мегирад. Ба ҷузъ ин, дар замони мо илмҳои хеле ва хеле зиёди ҷамъиятшиносӣ, илми санъат, илми шеъру шуаро, илми меъморӣ, илми рузноманигорӣ, илми ахлоқ, илми эстетика ва ғайраҳо мавҷуданд.

НАВИСАНДА: Кадоме аз инҳо дар роҳи Ҳақанд?

ФАЙЛАСУФ: Ҳеҷ кадоме.

НАВИСАНДА: Ло илоҳа ил-лавлоҳ! Устод, Шумо чи мегӯед?

ФАЙЛАСУФ: Он чи ки шунидед.

НАВИСАНДА: Магар аҳли дину диёнат дар роҳи Ҳақ нестанд?

ФАЙЛАСУФ: Онҳо худро дар роҳи Ҳақ мепиндоранд, вале на ҳамаашон дар роҳи Ҳақанд. Ғайр аз ин, дар роҳи Ҳақ будан як тарафи масъала асту ба Ҳақ расидан тарафи дигар аст.

НАВИСАНДА: Пас ки ба Ҳақ мерасад? Барои ба Ҳақ расидан чи бояд кард?

ФАЙЛАСУФ: Ҳоло, азизам, мо аз саволи асосӣ «Аҳли илм ба Худо боварӣ доранд ё на» дур шудем ва риштаи баҳсро ба сӯйе бурдем, ки соатҳои хеле зиёд баҳс кунем ҳам боз беҷавоб мемонад. Фақат ҳаминро гуфтанием, ки баъзе аз ашхоси динӣ ва ҳатто баъзе гурӯҳҳои калон ё мазҳабҳои динӣ ба ҷои маърифат, дарёфти роҳи Ҳақ динро ба яроқ табдил медиҳанд ва барои манфиати хеш маъниндод мекунанд ё ақоиди ботили хешро аз номи дин ҷомаи амал пӯшониданӣ мешаванд ва ё бисёр вақт бозиҳои сиёсии хешро аз номи дин муаррифӣ карда, ҳатто «баҳри» Ислом ба куштор, террори ба ғайри ҳақ даст мезананд ва бо ҳамин теша ба пояи динашон мезананд. Чунин «диндорон» бадтар аз кофиранд. Худо дар забони онҳост, на дар қалби эшон.

НАВИСАНДА: Аҳли илми илоҳиёт чи хеланд? Онҳо низ ба сони эшонанд?

ФАЙЛАСУФ: На, на! Аҳли илми илоҳӣ ба Худо мӯътақиданд. Онҳо  бо роҳҳои мухталиф ба Ҳақ мераванд. Бузургии баъзе аз ашхоси илми илоҳиётро ба қалам додан оҷизӣ мекашем. Онҳо ба маънои том донишманданд. Сад афсӯс, ки дар замони мо мафҳуми дониш ҳам коста гардид. Вале аз рӯи адолат бояд эътироф кард, ки дар гузаштаи начандон дур аксари кулли аҳли дини Ислом ба мафҳуми «илм» фақат намозу рӯзаро мепиндоштанду ва имрӯз ҳам баъзеҳо ин ақидаро идома медиҳанд. Яъне илми табиатшиносиро ҳамчун илм эътироф намекунанд. Албатта ба ин шубҳае нест. Вале ба даҳриён ситеза намуда куртаи хешро ба оташ андохтан чи ҳоҷат?! Баъзе аз ашхоси бузургвор ҳам, аз қабили Ғазолӣ, (бо он бузургии беҳамто, муаллифи 400 асари безавол) илми табиатшиносиро на ҳамчун тифли илоҳӣ қабул кардаанд, балки онро ба илми даҳрия ҲАВОЛА КАРДА БО ИН АМАЛИ ХЕШ ҶОМЕЪАРО АЗ ИЛМИ ИЛОҲИЁТ ДУР  андохтаанд. Омма фақат ба василаи илми табиатшиносӣ метавонад ба асрори илоҳиёт сарфаҳм биравад. Дар замони Ибни Сино баракс ба илми табиатшиносӣ бештар эътибор медоданд. Ин  ҳам ба шарофати ӯ буд. Аз ин даҳриён сӯиистеъмол намуда, ба таҳрифи ҳақиқат даст заданд. Пас аз Ибни Сино, хусусан ҳуҷуми Ғазолӣ ба муқобили ӯ илми табиатщиносӣ қариб, ки аз лавҳи хотирҳо дур шуд. Ғазолӣ ҳикмати Синоро фаҳмида натавонист ва фалсафаи ӯро ба бист тақсим намуда, ӯро ба кофарӣ маҳкум кард. Ҳарчанде Ғазолӣ ба илми физика таваҷҷӯҳ дошт, бо вуҷуди он, мустақилияти ин фанро ҳам, ба дарёфти  ҳақиқат маҳдуд карда буд. Умуман физика дар миқёси ҷаҳонӣ фақат аз солҳои шастӯми садаи бист худро бишинохт  ва чун тифли навзоди илоҳиёт муаррифӣ мекардагӣ шуд. Ҳарчанд аз авохири асри ХIХ то солҳои 1923 паи ҳам кашфиётҳои зиёде дар ин ҷода ба амал омаданд, бо вуҷуди он табаддуллоти куллӣ дар ин фан маҳз аз ниммаи дуюми асри ХХ оғоз ёфт.

НАВИСАНДА: Устод, банда бо ҳар гуфтаҳои Шумо ризо шуданам мумкин аст, вале бо вуҷуди он чизе, ки роҷеъ ба илми табиатшиносӣ мегӯед ва онро «тифли улуми илоҳиёт» мепиндоред, розӣ шуданам душвор аст.

ФАЙЛАСУФ: Бале. Банда ҳам дар ин ҷода душворӣ мекашам. Охир фақат дирӯзакак улуми табиатшиносиро мо ҳамчун яроқи буррои материалистӣ истифода мекардем. На даҳриён (метериалистон) фикри онро ба илоҳиёт додан доштанду на аҳли улуми илоҳӣ онро пазируфтан.

НАВИСАНДА: Пас чӣ ҷои шубҳа?! Аз оне ки яке онро мепазирад ва ё намепазирад, боке нест. Вале возеҳтар он аст, ки илми табиатшиносӣ – физика, кимиё, зистшиносӣ, антропология, генетика, палеонтология ва ғайраву ва ғайра ба илми илоҳиёт чи муносибате доранд?

sdФАЙЛАСУФ: Пас гӯш кунед: Бузургии Ибни Сино дар он аст, ки  аз қаъри асрҳо, аз тарқиши торикистони асри ҷаҳолат нуреро дид, ки ин нур нав – яъне фақат дар айёми мо ба шӯълапошӣ оғоз менамояд. Гӯиё Ибни Сино ба Ғазолӣ ва ба муҳаққиқони таҳрифкори имрӯзаи мо ҷавоб медода бошад: «… шинохтани Офаридагори ҳамаи чизҳо ва ягонагии вай ва пайванди ҳамаи чизҳо ба вай ҳам андар ин илм (илоҳиёт – И.У.) бошад. Ва ин пора аз ин илм, ки андар тавҳид нигарад, варо хос «илми илоҳӣ» хонанд ва илми рубубият (илоҳӣ – И.У.) гӯянд. Ва аслҳои ҳамаи илмҳо андар ин илм дуруст шавад ва ин илмро ба охир омӯзанд, ҳарчанд ба ҳақиқат аввал аст. Валекин мо ҷаҳд кунем, ки ба аввал биёмӯзонем ва лутфе ба ҷой оварем, то мафҳум кунем ба нерӯи Худои таъоло, ҷалла ҷалолуҳу».

НАВИСАНДА: Замони Ибни Сино дигар буд. Чунон, ки худ гуфтед, 40 соли охир асри ХХ, солҳои кашфиётҳои бемислу монанди илми табиатшиносӣ ба шумор мераванд, ки дар таърихи инсоният дида нашуда буд.

ФАЙЛАСУФ: Маҳз ҳамин кашфиётҳо буданд, ки маҷроро дигаргун сохтанд.

НАВИСАНДА: Устод, далел мехоҳам.

ФАЙЛАСУФ:

Далели якум

Кашфиёти нурпошии реликтӣ (соли 1965) физикҳоро маҷбур сохт, ки назарияи васеъшавии Кайҳонро бипазиранд. Дар сарчашмаи  ин васеъшавӣ, 15 миллиард соли муқаддам аст. Яъне ин оғози Кайҳон буд. 

Далели дуюм

Фотонҳо бо дарозии мавҷ дар сантиметр, ки аз тамоми Кайҳони мушоҳидашаванда мегузаранд, барои астрофизикҳо далели он гардид, ки материя ҳамчун объекти қонунҳои физикии замони мо абадӣ нестанд, балки маҳсули таърихианд.

Далели сеюм

Кашифиётҳои авохири асри ХХ физикҳоро маҷбур сохтанд, ки «марги ҳарорати кайҳониро» на дар охири таърихи он, балки дар ибтидои он эътироф кунанд. Тартиби тавсифи Кайҳони айёми мо қатъи назар аз шиддати таназзулаш – ба тартиб, дар натиҷаи Таркиши ибтидоии энтропӣ ба вуҷуд омадааст. Ин «Таркиш» сабаби эҳёи Кайҳон гардид. Аз ин рӯ, мо бояд пайдоиши Оламро дар мафҳуми пайдоиши материя – ҳаракат андеша бикунем, на дар консентратсияи беохири он.

Далели чорум

120 нафар олим – ҳама мутахассис – асари бузурги якҷоя эъҷод намуданд, ки аз 30 боб иборат буда, зиёда аз 800 саҳифаро дар бар мегирад. Барои он, ки таърихи палеонтологияро дуруст тасаввур кунем, дар ин китоб қариб 2 ҳазору 500 намуди наботот ва ҳайвонотро мисол овардаанд, ки аз лиҳози илмӣ ҳаматарафа тадқиқ карда шудаанд. Исбот карда шуд, ки ҳар шакли асосӣ ё насли наботот ва ё ҳайвонот таърихи махсуси худро доранд, ки аз дигар шакл ва ё насл ба куллӣ фарқ доранд. Гурӯҳи наботот ва ҳайвонот дар таърихи палеонтология ногаҳон (якбора) пайдо мешаванд.

Далели панҷум

Эҳтимоли тасодуфан пайдо шудани ҳаёт, мегӯяд зистшинос Эдвин Конклин, баробари эҳтимолест, ки дар натиҷаи таркиш дар матбаа китоби Қомус эҳё гардида бошад.

Далели шашум

Зистшинос Френсис Крик мегӯяд: – Одами боинсоф, одаме, ки имрӯз бо маърифати дастрасбуда мусаллаҳ гардидааст, муайян карда метавонад, ки дар айёми мо пайдоиши ҳаёт қариб мӯъҷизот аст. 

Далели ҳафтум

Тадқиқоти олимон ба субут расониданд, ки генофонди Инсон дар тамоми мавҷудияти таърихии хеш дигаргуние аз сар нагузаронида аст. Одами муосир аз лиҳози ҷисмонӣ нисбат ба гузаштагони дури худ солимтару пурқувваттар аст. 

Далели ҳаштум

Аз ҳамаи мавҷудоти олам, дар рӯи Замин, инсонро майна фарқ мекунонад. Тақрибан 100 миллиард нейрон ахборе, ки дар майнаи инсон маҳфуз аст, қариб 20 миллион ҷилд китобро ба вуҷуд меоварад. Аз ин лиҳоз, нейрохирург Роберт Уайт, тадқиқотҳоро ҷамъбаст намуда, ба чунин хулоса  меояд: – Ман Ақли Куллро эътироф накарда наметавонам, зеро вай муаллифи бинои матлуб, ба мақсад мувофиқ ва равобити ғайриэҳтимолии дутарафаи байни майна ва хирад – финомене мебошад, ки барои инсон тамоман дастнорас аст. Ман маҷбурам бовар кунам, ки ҳамаи ин сарчашмаи оқилона дорад. Касе ҳамаи инро ба ҳаракат даровардааст.

Далели нӯҳум

Ҳар касе, ки бо мифологияи (эволютсионӣ) машғул нест, – мегӯяд табиатшинос Маггераҷ, ҷаҳиши бемаънии аз як майна ба майнаи дигар гузаштанро ба ҷузъ фантазияи хушку холӣ дигар хел намепиндорад.

Далели даҳум

То солҳои 1960 олимон умуман намедонистанд, ки дар митохондриҳо ягон хел ген вуҷуд дошта бошад. Дар охири солҳои 1970 онҳо кашф карданд, ки КДН-и митохондриалӣ дорои давомияти авлод аст, ки фақат аз модар мерос мегирад.

Дар натиҷа соли 1987 генетикҳои Донишгоҳи Калифорнияи шаҳри Беркли пас аз заҳмати тоқатфарсои бистсола билохира исбот намуданд, ки ҳамаи мо – Одамон насли як Модарем.

Далели ёздаҳум

Ақоиде, ки ба шарофати мутатсия тасдиқ карда шуд, чунин аст: – Организмҳои зинда фақат аз ҳисоби (ворисияти) насли хеш афзоиш меёбанд.

Далели дувоздаҳум

Мувофиқи ҳисобу китоби олимон аз Нахустмодар то айёми мо 10 ҳазор пушт (авлод) сипарӣ гардидааст. Аз ин рӯ, генетикҳо умри Нахустмодарро, ки гени он Зани Яккаву Ягона аст, 200 ҳазор сол муқаррар кардаанд.

Далели сенздаҳум

Протсеси фотосинтез чи? Ба ҳеҷ кадом олим муяссар намегардад, ки дар найчашишаи таҷрибавии худ протсесси фотосинтезро ба вуҷуд оварда тавонад. Ҳуҷайраи кӯчаку оддӣ гӯё, ки ба таври фавқуллода ба фотосинтез атмосферае, ки дорои кислороди озод набуд, ба атмосферае табдил меёбад, ки ҳар як панҷумин молекулаи он, молекулаи кислород аст. Дар натиҷа ҳайвонот ва ҷонварон нафас кашида, ҳаёт ба сар мебаранд ва қабати азон ташаккул ёфт, ки ҳамаи мавҷудотро аз таъсири марговари радиатсияи моварои бунафш эмин нигоҳ медорад.

Далели чордаҳум

Ҳуҷайра чист? Ҳуҷайраҳои зинда хеле ва хеле мураккабанд, аз ин рӯ, мо акси ҳуҷайраро бо пешгуфтораш аз китоби «Ҳаёт чи сон эҳё гардид? Бо роҳи эволютсионӣ ва ё офариниш?» гирифта ба тавассути Шумо мерасонем: «Зистшиноси маъруф Френсис Крик мехост, ки фаъолияти ҳуҷайраро ба забони оддӣ баён кунад, вале имконнопазирии онро дарк намуда, иқрор шуд, ки ин корро карда намешавад. Агар дастури дохилии Ҳуҷайраи КДН-ро нависем ҳар як ҳуҷайра аз ҳазор китоб иборат хоҳад шуд, ки ҳар як китоби он дорои 600 саҳифа аст. Ҳар як ҳуҷайра ин оламеро мемонад, ки 200 триллион гурӯҳи атомҳои кӯчак – молекулаҳоро дар бар мегирад. Агар «риштаи» хромосоми 46-уми худро ҳамроҳ кунем, пас дарозии он қариб 2 метрро ташкил медиҳад. Ҳол он ки ҳамагӣ аз 100 як миллиметр мебошад.

Маҷаллаи «Нюсуик» барои он ки фаъолияти ҳаётии ҳуҷайраро тасаввур кунем як мисоли хеле ҷолиби  диққат меорад: «Ҳар яке аз 100 триллион ҳуҷайра вазифаеро адо мекунад, ки ба сони девори қаҳ-қаҳавии як шаҳри азим аст:

Стансияҳои электрикӣ барои ҳуҷайра қувваи барқ истеҳсол мекунанд. Фабрикаҳо барои мубодилаи маҳсулот сафеда истеҳсол менамоянд. Системаҳои мурраккаби нақлиётӣ моддаҳои муайяни кимиёиро барои дохили ҳуҷайра аз як ҷой ба ҷои дигар ва инчунин хориҷ аз он мекашонанд. Дар нуқтаҳои сарҳаддӣ бошад, посбонҳо содирот ва воридотро назорат мекунанд ва аз хавфи ҳаводиси беруна эмин нигоҳ медоранд. Қувваҳои ҳарбии бонизоми биологӣ дар посбонӣ омодаи онанд, ки ягон истилогар сарҳадро убур накунад. Ҳукумати генетикии марказӣ тартиботро нигоҳ медорад».

ФАЙЛАСУФ: Агар як ҳуҷайра ин қадар мураккаб бошад ва дар организми Шумо 100 триллион ҳуҷайра амал кунад, пас оё Шумо баъд аз ин бовар мекунед, ки ҳамаи инҳо тасодуфианд?

НАВИСАНДА: На, на. Ҳаргиз! Далелҳоятон раднопазиранд. Вале, бубахшед устод, аз гуфтугуи мо як масъалаи диагр ба миён омад. Ин масъала ҳарчанд барои мо возеҳ менамояд, вале аз гуфти шумо маълум мешавад, ки маълум нест. Ин мафҳуми «илм» аст.

ФАЙЛАСУФ: Илм калимаи арабӣ аст, тарҷиами таҳтуллафзии он ба забони русӣ «наука, знания» мебошад. Ва мо, имрӯз вақте, ки «илм» мегӯем, маънои «знания»-ро дорад. Аммо дар дини Ислом ин хел нест. «Илм»- нисбат ба «знания» хеле абстракт аст, яъне маънои хеле васеъро дар бар мегирад. Масалан, «знания» ҳамаи мазмуни амалӣ  ва кайфияти ақлии донишро-чунон, ки дар Ислом ҳаст, ифода карда наметавонад. Дар дини Ислом «илм» ақоиди (концепция) ҳукумрон ба шумор меравад, ки ба тамаддуни  исломӣ қудсу ҳусни тоза бахшидааст. Ба мисли илм ягон ақоиди дигареро пайдо карда наметавонем, ки тамаддуни исломиро ин қадар  бо салобаташ ифода карда тавонад. Ҳатто бисёр мафҳумҳои муҳими дини Ислом аз қабили тавҳид-«эътирофи ваҳдат бо Худо», ад-дин-«эътиқоди ҳақ таъоло» ва ғайраҳо бо илм баробар шуда наметавонанд. Ва, аз ҳама муҳимаш он аст, ки вақте аҳли дин «илм» мегӯянд-Исломро дар назар доранд. Ислом аз илм мутлақо ҷудоӣ надорад.

Мувофиқи таълимоти Қуръон ҳамаи донишҳои инсонӣ аз Худо Сар мезанад. Вале дониши инсонӣ бо дониши Парвардигор баробар шуда наметавонад. Ба ҳамаи пайғамбарон ҳам, дониш аз Худо илқо шудааст. Аз ин лиҳоз, мувофиқи ақидаи Муҳаммад илм бояд бо дониши аз Парвардигор нозил шуда баробар гардад, чунон ки худи Муҳаммад ва пайғамбарони дигар ҳам аз ин баҳраманд гардидаанд.

Бубинед, азизам, то чи андоза ин ақидаи дини Ислом прогрессивӣ ва демократӣ аст. Мутобиқи суннати пайғамбар алайҳи-с-салом, илм аз ду қисми ҷудонашаванда иборат аст: «якум, дониши инсонӣ – ин дониши дунявии инсонӣ аст, ки оддӣ ё як андоза инкишофёфта мебошад; ва дуюм, дониши инсонӣ ин дониши динӣ буда, инкишофи олии дониш аст, ки ба инсон дастнорас намебошад. Ин дониши асосӣ буда, дар Қуръон ба ин дониш эътибори бузург дода мешавад. Вале ғайр аз ин, ду намуди дониши инсонӣ – яъне дониши дунявӣ ва дониши динӣ боз дониши илоҳӣ мавҷуд аст, ки ба донишҳои инсонӣ мувофиқати том дорад, вале аз лихози мартабаву зарофат хеле Оли аст.».

Хулоса, нусрат ва шигифти тамаддуни Исломӣ ба ҳамин ақидаи пайғамбарии «Илм» вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, як қаноти онро дур андохтан ин зарба ба дини мубини Ислом аст. Ва инак, дар ҳамин масъала мо як тафовутро дар байни таркиби (системаи) илмии Муҳаммад алайҳи-с-салом ва дини расмӣ ба илм мушоҳида мекунем. Аз ин лиҳоз, мо бо қатъият иброз медорем, ки аз асри ХI мелодӣ – яъне аз замони Имом Ғазолӣ сар карда, системаи Муҳаммад алайҳи-с-салом, нисбати «илм», ба маҷрои маҳдудият андохта шуд. Имом Ғазолӣ дар фалсафаи Ислом – яъне Калом шахси беҳамто бузургу забардасте бошад ҳам, вале ӯ ба илмҳои табиатшиносӣ аз диди замонааш назар афканда, онҳоро, чунон ки дар чанд ҷои ҳамин китоб хотирнишон кардем, маҳдуд кардааст. Ин амали Ғазолӣ хоҳу нохоҳ гуфтаи хирадмандони куҳанро ба ёд меорад, ки дур суфтаанд: «Ҳар як ҳикмат дониш аст, вале на ҳар як дониш ҳикмат аст».

НАВИСАНДА: Чаро муҳаққиқон инро ошкор накардаанд?! Онҳо инро нафаҳмидаанд ё ба ибрози он ҷуръат накардаанд? Аниқтараш ҷуръат накардаанд – барои он ки нафаҳмидаанд?

ФАЙЛАСУФ: Аҳли илми илоҳиёт инро мефаҳмиданд, вале шарҳ намедоданд. Мефаҳмиданд, барои он ки мефаҳмиданд. Шарҳ намедоданд, барои он ки ба шаккокӣ будани он боварӣ доштанд – ин аз як тараф. Аз тарафи дигар – як роҳи хеле мураккаб ва дар айни ҳол хеле ва хеле ҳам олӣ тантана мекард. Ин шоҳроҳи олӣ – тамаддуни исломӣ буд, ки сол аз сол инкишоф меёфт ва қуллаи олии ин тамаддун замони сомониён, эҳёи ҳақиқии Аҷам гардид. Дар ин давра нафақат дини Ислом ва қонуну қоидаҳои он ба авҷи аъло расид, балки тамоми соҳаҳои илм, фалсафа, таълиму тадрис, педагогика ва ғ. ба дараҷаи олӣ тараққӣ карда, теъдоди олимон беандоза афзуданд. Бо ибораи шоиронаи устод Турсунзода, ба мисли кӯҳи Помир азим гардиданд, ки мо имрӯз фақат бо сангрезаҳои ин кӯҳи азим сару кор дорем ва меболем.

НАВИСАНДА: Ташаккур устод.

ФАЙЛАСУФ: Шумо бигӯед, магар дар паси ҳар як далели банда тараннуми ҳақиқат нест?!

НАВИСАНДА: Тараннуми ҳақиқат аст!

* * *

Эзоҳ: Дар замоне, ки дарвиниён системаҳои эволюционии худро муаррифӣ мекарданд, аз ин далелҳо огоҳӣ надоштанд, даҳриён – материалистон бошанд дар натиҷаи побанди догматизм будан ба кашфиётҳои илми табиатшиносӣ аз призмаи идеалогияи беқурбшудаи коммунистӣ нигариста, ҳамчун саррофи гавҳарношинос гавҳарро ҷӯроб зада, хаспораҳои нӯги ҷорӯбро чида мегирифтанд. Аҳли дин бошад, чунон ки дар боло ишора кардем, ба даҳриёну материалистон ситеза намуда аз гавҳарии ноёби илми табиатшиносӣ бенасиб мемонданд. Ин амал 900 сол тӯл кашид. Дар тӯли ин давраҳо, бо як хатои Имом Ғазолӣ инсоният аз системаи илмӣ-прогрессивии Муҳаммад Пайғамбар дур андохта шуда буданд. Ба ҳамаи ин шикасти давлати сомониён сабаб шуд. Шикасти давлати сомониён ба таназзули ақлу хирад, ҳукмронии ҷаҳолат, ва билохира, ба тантанаи беилмию бединию бехудоӣ бурда расонид. Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки асри оянда – асри ақлу хирад ва дар кишвари тоҷикон – давлатдории муқтадиру бо салоҳият хоҳад гардид. Ва шояд, барҳақ рӯҳи Исмоили Сомонӣ эҳё мегардад?!

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …