Главная / Биология / Оилаи кадугулҳо

Оилаи кадугулҳо

Ба ин оила 900 намуди растаниҳо дохил мешаванд. Онҳо бештар дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикии кураи Замин, аз ҷангалҳои тропикии намнок то дашту биёбонҳо, паҳн гардидаанд. Хусусан, намудҳои зиёди худрӯи оилаи кадугулон дар Африқо, Осиё ва Америка бештар вомехӯранд. Дар минтақаҳои иқлимашон мӯътадил бошад, микдори кадугулон камтар ба чашм мерасанд.

Кадугулон растаниҳои яксола ё бисёрсола, хобанда ё хазандаи алафӣ, баъзан буттагӣ мебошанд. Барги онҳо панҷашакл, панҷашакли пармонанд ё соддаи канорҳояш яклухт буда, таври ҷойгиршавиашон дар поя навбатӣ мебошад. Дар аксари намояндагони ин оила танобак дида мешавад, ки он як шакли тағйирёфтаи навда мебошад.

Кадугулон растаниҳои як ва ё духонагӣ буда, баъзе намояндагонашон дуҷинса мебошанд. Гулҳо ба таври алоҳида ё ин ки дар хӯшагули хӯша, ҷорӯбак, чатрак ҷойгир шудаанд. Гулпӯш дар якҷоягӣ бо сутунчаи (ресмонӣ) гардбаргҳо найчаи гулро пайдо кардаанд, ки он ба ғӯра часпидааст. Косабарг ва гулбаргҳо 5-тогӣ буда, онҳо бо ҳамдигар часпидаанд ва шакли қиф ё зангӯларо ги- рифтаанд. Баъзан гулбаргҳо озоданд. Гулбаргҳо ранги зард, сафед, баъзан сабзранг ё сурх доранд. Гардбаргҳо дуто, дар аксари ҳолатҳо панҷто, ки аз ин микдор чортоаш бо ҳам ҷуфт часпида, яктоаш озод мебошад. Баъзан ҳамаи ресмонҳои гардбаргҳо ё ин ки гарддонҳо бо ҳам часпида мебошанд. Тухмдон аз се ё чор-панҷ мевабарг таркиб ёфтааст. Ғӯраашон поёнӣ буда, бештар селонагӣ ва дар ҳар як лона микдори зиёди тухммуғҷаҳо мавҷуданд.

Кадугулон растаниҳое, мебошанд, ки тавассути хашаротҳо гар- долуд мешаванд. Дар гулҳои кадугулон шаҳддонҳои калон ташаккул ёфтаанд ва шаҳди ширини он барои тақрибан 150 намуди ҳашарот ва аз он ҷумла занбӯри асал хело хуб дастрас мебошад. Гули бисёр растаниҳои кадугул бӯи диққатҷалбкунанда надоранд ва аз ин рӯ, онҳо диққати ҳашаротро ба туфайли гулбаргҳои калону хушранг (чунончи, дар каду, харбуза, тарбуз, бодиринг ва ғайраҳо)- ашон бештар ҷалб мекунанд. Меваашон кадумонанд аст.

Дар ҳудуди Тоҷикистон 8 авлод ва 15 намуди оилаи кадугулон вомехӯрад, ки аз ин чор намудаш худрӯянд.

Тарбуз, пояаш палаки дарози шохаронда буда, баргҳои сепарра дорад. Гулаш қифмонанди зард буда, ҷудоҷинса мебошад. Меваи тарбуз мудавваршакли калон ё дарозрӯя буда, рангаш сабзи сиёҳтоб ё алобуло аст. Мағзи мевааш сероби ширин буда, рангашон гулобӣ, сурх, баъзан сафед ё зард мебошад. Дар таркиби меваи тарбуз вобаста ба навъҳояш миқдори зиёди қанд, витаминҳо, пектин ва дигар моддаҳои барои саломатй зарурӣ мавҷуд аст.

Умуман, ҳамагӣ 7 намуди тарбуз маълум аст. Дар Тоҷикистон бошад, фақат як намуди он мавриди парвариш қарор дорад.

Тарбуз ҳамчун растании хушкидӯст ба камобӣ тобовар аст. Онро дар заминҳои обӣ ва лалмӣ мекоранд. Онро асосан дар шакли тару тоза истеъмол мекунанд. Дар саноати қаннодӣ низ истифода меба- ранд.

Саравлоди тарбузи мазрӯъ тарбузи худрӯи хӯрданибоби биёбон- ҳои Африқо мебошад. Киштукори тарбуз дар Африқо оғоз гарди- да, сипас ба Осиёи Хурд, Кавказ, Осиёи Миёна паҳн гардидааст. Инсоният дар натиҷаи истифода бурдани усулҳои гуногуни инти- хоб дар давоми асрҳои тӯлонй навъҳои гуногуну хушсифати тар- бузро ба вуҷуд овардааст. Дар Тоҷикистон зиёда аз 5 навъи тар- бузи хӯрданибоб ва 3 навъи тарбузи хӯроки чорво кишт карда мешавад.

Харбузаро қариб 4000 сол пеш аз эраи мо дар мамлакатҳои қитъаи Осиё кишт мекарданд. Харбуза растании яксолаи полизӣ мебошад. Пояпалакаш дароз, баргаш калони яклухт ё панҷашакл, гулаш ҷудоҷинса, баъзан дуҷинса мешавад.

Мевааш сертухми гуногуншакл (дарозиаш аз 4 см то 2 м, вазнаш вобаста ба навъҳояш аз 150-200 г то 16-18 кг) аст. Ба ақидаи оли- ми барҷастаи рус, яке аз тадқиқотчиёни набототи Тоҷикистон, ака- демик Н. И. Вавилов харбуза зироати қадимии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, шимоли Афғонистон ва Эрон мебошад. Инчунин, қайд кардан ҷоиз аст, ки аз 500 навъи харбуза, ки дар Осиёи Миёна парвариш карда мешавад, 230 навъаш номи тоҷикӣ дорад.

Таркиби меваи харбуза аз моддаҳои барои организм ниҳоят му- ҳим – қанд, равған, оҳар, сафеда, витаминҳои гуногун ва ғайраҳо бой мебошад. Меваи харбузаро ба таври тару тоза ё хушконидашуда истеъмол мекунанд. Аз меваи он инчунин мураббо, ширинӣ ва асали харбуза тайёр мекунанд.

Дар ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон дар байни майдонҳои пахта, кунҷиту полизҳо ва баъзан дар соҳилҳои дарё харбузаи даштӣ (ё харбузаи сагак) вомехӯрад. Дар тибби халқӣ мева ва ҷӯшоби ре- шаи онро барои табобати касалиҳои истисқо, зардпарвин ва ғайра истифода мебаранд.

Каду растании як ё бисёрсола буда, 20 намудро дарбар меги- рад. Намудҳои худрӯи он асосан дар Африқо паҳн гардидаанд. Баъ- зе намудҳои он дар замонҳои қадим мазрӯӣ карда шудаанд. Ҳоло навъҳои зиёди кадуи истеъмолӣ, хӯроки чорво ва ороишӣ ба вуҷуд оварда шудааст. Дар айни замон се намуди каду — гаҳворакаду, палавкаду ва ошкаду мавриди парвариш қарор доранд. Дар заминаи ин намудҳои каду навъҳои гуногун ба вуҷуд оварда шудааст, ки онҳо аз ҷиҳати тезпазакӣ, калонии мева, қанднокӣ ва ғайраҳо аз якдигарашон фарқ мекунанд.

kadugul

Гулбаргҳои каду гуногунранги зард, норинҷӣ буда, меваи калони шаклаш ҳархела дорад.:

  • – намуди умумӣ;
  • – гули нарина;
  • – гули модина;
  • – меваи истеъ- молшаванда; буриши кӯндалан- гии мева;
  • – меваи пухпгара- сида.

Гули каду нисбатан калон буда, баргаш соддаи яклухт ё панҷашакл мешавад. Пояи каду гирдшакл ё қира- ноки хобанда мебошад.

Дар меваи каду аз 11 то 20 фоиз қанд, сафеда, моддаҳои пектинӣ. витаминҳо ва намакҳои маъданӣ мавҷуд аст. Тухми каду то 25 фоиз равған дорад ва онро ба сифати давои киҷҷарон дар тиб истифодг мебаранд.

Бодиринг растании полизии яксола буда, дарозии палакан аз 0,5 то 1,5 м (дар гармхонаҳо то 6-7 м) мерасад. Баргу думчааш ва палаки он бо мӯякчаҳо иҳота гардидааст.

Гулбаргҳо ранги зард дошта, гул шакли зангӯла ва қифро дорад. Гули бодиринг ҷудоҷинса буда, гулҳои модина яктогй ва гулҳои нарина ҷудо дар бағали баргҳо ҷойгиранд. Бодиринг меваи дарозрӯяи борик дорад.

Бодиринг 25 намуд дорад, ки аз ҳама паҳншудатаринаш бодиринги киштшаванда мебошад. Ватани аслии ои ноҳияҳои тропикии Ҳиндусгон мебошад, ки онро тақрибан 3000 сол пеш дар ин мамлакат парвариш мекарданд. Дар сарзамини тоҷикон аз асри 16 инҷониб маълум аст.

Бодиринг сабзавоти фоиданок буда, дар таркиби меваи тару тозааш 95— 96% об, 0,86% моддаҳои нитрогендор, 1,8 —2,8% қанд, 0,4% клетчатка, инчунин витаминҳои С, А, В,, В,, намакҳои калий, калсий ва фосфор дорад. Меваи бодирингро дар шакли тару тоза ё намакикунондашуда истеъмол мекунанд.

Бодирингро ба ҷуз дар майдонҳои киштшаванда, инчунин дар гармхонаҳо парвариш карда, дар фасли зимистон метавон ҳосили дилхоҳи меваи тару тозаи онро ба даст овард.

  1. Оилаи кадугулон чӣ хел аломатҳои умумӣ доранд?
  2. Кадугулон бештар дар кадом минтақаҳои ҷаҳон паҳн шудаанд?
  3. Чаро ҳашарот ба гули бодиринг, харбуза, тарбуз ва каду бештар шавқу рағбат дорад?
  4. Кадугулон чӣ аҳамият доранд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …