Главная / Биология / Оилаи обнусиҳо

Оилаи обнусиҳо

Ба оилаи обнусиҳо ду авлод ва 500 намуди растаниҳо мансубанд. Онҳо растаниҳои дарахтӣ ва бутгагии ҳамешасабз ё хазонрез (агар дар иқлими хунук ва хушк сабзанд) мебошанд. Растаниҳои алафӣ ва чӯбрости (лианмонанди) онҳо маълум нестанд. Аксари растаниҳои ин оила дар минтақаҳои тропикӣ нашъунамо карда, қисми ками онҳо дар шароити иқлими субтропикӣ ва ё ноҳияҳои иқли- машон мӯътадил ва гарми қитъаи Осиё ва Америкаи Шимолӣ паҳн шудаанд.

obnusБарги растаниҳои ба ин оила дохилшаванда калону содда, сабзи сиёҳтоби тухмшакл ё дарозрӯяи нӯгтез буда, дар навда ба таври навбатӣ ё рӯ ба рӯ ҷойгиранд.

Гулҳо дар бағали барг ё хӯшагули хурд ҷойгиранд. Онҳо дуҷинса ё якҷинса буда, чортогӣ гулбарг ва косабарг доранд. Косабаргхо то нисфашон бо хам часпида, бо мева ҳамроҳ боқӣ мемонанд. Тоҷгуяҳо зангӯлашакд ё қадаҳмонанд буда, адади гардбаргҳо 4 ё 16 (баъзан 24-то) ва онҳо даврашакд яктогӣ, дутогӣ ё бисёртогӣ ҷойгиранд. Тухмдон аз 2 – 8 мевабарг иборат буда, ғӯраи болоӣ 2 – 16-лонагӣ аст. Мевааш сертухми тару (ғучуммева) сершира. баъзан чарммонанди ба паҳлӯҳо кушодашаванда мебошад. Тухмҳо эндосперм дошта, бо пӯстпардаи тунук пӯшида шудаанд.

Меваи ҳамаи намудҳои оилаи обнусиҳо хӯрданибоб буда, андозаашон аз 2 то 8 – 10 см (кутрашон) мерасад. Онҳоро дар шакли тару тоза ё хушконидашуда истеъмол мекунанд ва аз онҳо шарбат, мураббо тайёр менамоянд.

Дар Тоҷикистон аз ин оила як намуд — хурмои кавказӣ (чилванг) ҳамчун растании худрӯй маъмул аст. Ин намуд растанӣ нисбатан васеъ паҳн шуда, дар бисёр мамлакатхои ҷаҳон вомехӯрад. Ҳудуди паҳншавии ин намуд аз мамлакатҳои Япония, Хитой аз шимоли Ҳиндустон сар шуда, то ғарби Баҳри Миёназамин ва Испания тӯл мекашад. Дар ҳудуди Тоҷикистон асосан дар ҷануби каторкӯхҳои Ҳисору Дарвоз дар баландиҳои 1100-1400 м аз сатҳи бахр вомехӯрад.

Дарахти хурмои кавказӣ одатан дар ҳамҷоягӣ бо дарахтони тӯғ, шунг, фарқ, чормағз, чинор вохӯрда, то 16 м кад мекашад.

Дарахти хурмои кавказӣ бештар дар заминҳои санглох, соҳилҳои дарёҳҳои ва ҷойҳои сернам нашъунамо карда, то ҳарорати – 25°С хунукӣ тоб меоварад.

Меваи хурмои кавказӣ мудавваршакли (қутраш то 2 см) норинҷӣ, зардчатоб буда, меваи хушки он то 40% канд дорад.

Хурмои кавказӣ аз тухмаш меафзояд. Ниҳоли хасакиашро чун растании пайвандшаванда зиёд карда, ба он хурмои шаркӣ ва дигар навъҳои пурарзишро пайванд мекунанд.

Дар қатори хурмои кавказӣ дар Тоҷикистон, инчунин хурмои шарқӣ ва вирҷинӣ ҳамчун дарахти мазрӯи мевадиҳанда парвариш карда мешаванд.

Меваи хурмои шарқӣ андозаи калон дошта (кутраш то 10 см аст), дар вақти хомиаш маззаи тақир дорад ва ҳангоми пурра пухтанаш ё бо таъсири сармо ин хусусияташро гум карда, хушлаззат мешавад.

Хурмои шарқӣ навъҳои зиёд дошта, то 15 метр қад мекашад ва дар ноҳияҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон парвариш карда мешавад. Чунин навъҳои хурмои шарқӣ, аз қабили навъҳои “Хиакуми”, “Зенҷи Мару”, “Гошо-Гаки” ба шароити Тоҷикистон мутобиқ гардонда шудаанд.

Дар Пажӯишгоҳи илмӣ — тадқӣқотии боғу токпарварии Тоҷикистон чунин навъҳои хурмои шарқӣ, ба монанди навъи “Гулистон”, “Тоҷикистон”, “Шарқ”, “Вахш” ва “Ҳисор” ба вуҷуд оварда шудаанд, ки бо тезпазакӣ, ҳосилнокӣ ва сифати хуби меваашон аз дигар навъҳо бартарӣ доранд.

Меваи хурмои боғӣ дар таркибаш то 25% қанд, витаминҳои гуногун, каротин, йод, оҳан дорад. Дар тиб барои табобати бемориҳои чоғар, камхунӣ, назла, захми меъда.ва ғайраҳо истифода бурда мешавад.

Дарахти хурмо, ба ҷуз меваи ширину шифобахш, боз чӯби пурқимат дорад. Аз замонҳои қадим инҷониб чӯби онро барои сохтани чевонҳои (мебелҳои) ҳархела ва олотҳои рӯзгор истифода мебаранд.

  1. Оилаи обнусиҳо чӣ гуна аломатҳои умумӣ доранд?
  2. Кадом намуди худрӯи ин оила дар Тоҷикистон мерӯяд?
  3. Кадом навъҳои хурморо медонед?
  4. Олимони тоҷик кадом навъҳои нави хурмои шарқиро ба вуҷуд овардаанд?
  5. Намояндагони оилаи обнусиҳо чӣ аҳамият доранд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …